ПОСУХИ МУЛЛО УМАР БА РАМИЛ НОДИРОВ

Сиёсат 01.10.2009 15:13

Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари ҷумбиши Толибони Афғонистон, зимни номае ба муносибати хатми моҳи Рамазон ба ташреҳи сиёсатҳои гурӯҳи Толибон пардохта ва гуфтааст, хуруҷи низомиёни хориҷӣ ҳамчунон муҳимтарин шарти бозгашти субот ба кишвар аст. Дар айни ҳол, ба гуфтаи коршиносони умури Афғонистон, ин паёми раҳбари Толибон аз куллия изҳороти ӯ то кунун фарқ доштааст. Яке ин ки лаҳни нармтаре дорад ва имкони музокира бо давлатро рад намекунад. Ва ҳам ба фарқ аз паёмҳои пешини Толибон ба кишварҳои ҳамсоя на ҳушдор, балки навъе итминони хотир дода мешавад.

Мулло Умар дар паёми худ гуфтааст, Толибон бо ҳусни нияти ҳамҷаворӣ ба ҳамсояҳо нигоҳ мекунад ва кишварҳои ҳамсоя набояд нигарони нуфузи Толибон бошанд.

Ин дар ҳолест, ки мавқеъи Толибон дар шимоли Афғонистон зарфи чанд моҳи охир тақвият шудааст. Ва ахиран машқҳои низомии кишварҳои узви СПАД дар Тоҷикистон доир шуд, ки ривояти он эҳтимоли вуруди Толибон аз шимоли Афғонистон ва муқобила бо онҳо буд.

Таъкиди раҳбари Толибон ба масъалаи ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсояро бархе коршиносони афғон навъе посух ба ин нигаронии кишварҳои узви СПАД дар баргузории ҳамин машқҳои низомӣ унвон кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Толибон дар баёнияҳои қаблии худ ба кишварҳои ҳамсоя ва хоса Тоҷикистон умдатан ҳушдор медоданд. Аммо чаро акнун ин навбат Мулло Умар мехоҳад ба кишварҳои нигарони фаросуи Омӯ ба ҷои ҳушдор итминон бидиҳад? Исмоил Раҳматов, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари масоили Афғонистон инро навъе сиёсати тактикии Толибон медонад ва мегӯяд, бо истифода аз шиддати авзоъи дохилии Афғонистон Толибон мехоҳанд таваҷҷӯҳи кишварҳои ҳамсояро ҷалб кунанд.

Бархе мақомоти тоҷик низ ин баёнияро, дарвоқеъ, навъе тағйир дар сиёсатгузории Толибон медонанд, аммо мегӯянд, чунин баёнияҳое наметавонад боиси коҳиш ё афзоиши нигарониҳои амниятии кишварҳои фаросӯи Ому шавад. Чун Толибон як идеологияи собит ва таълимоти ошкоре доштаанд, ки наметавонанд ба осонӣ аз он сарфи назар кунанд. Ва Тоҷикистон бар асоси ёфтаҳо ва маълумоти ниҳодҳои худ ва кишварҳои шарикаш тасмим мегирад, на дар асоси чунин баёнияҳо.

Вале ҷамъе дигар коршиносон ин имконро низ баъид намедонанд, ки дар воқеъ раҳбари Толибон ва ё шахсиятҳое дар ҳайати раҳбарии онҳо эҳтимолан ба ин натиҷа расида бошанд, ки бархе воқеъиятҳоро дарк намуда ва таҷдиди назар кунанд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, агар ҳатто ин назари воқеъии Мулло Умар бошад, барои дарозмуддат коромад воқеъ нахоҳад шуд, яз як сӯ мудохилаи хориҷиҳо дар сиёсати Толибон ва аз сӯи дигар ба саҳна омадани толибони нав метавонад ҷойгоҳи насли бузургтаре аз онҳоро тангтар кунад Оғои Бекмуҳаммад мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба шиддати бозиҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ наметавон мудохилаи Толибонро дар ин бозиҳо сарфи назар кард.

Ин дар ҳолест, ки Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеъаи низоҳои минтақаӣ мегӯяд, бино ба баровардҳои ӯ агар раҳбари» ҳам наметавонад итминони амният ба ҳамсояҳои шимолии худро дода бошад. Зеро нирӯҳои фароафғоние, ки дар ҳайати Толибон ҳастанд, ҳадафи ниҳоии онҳо кишварҳои ин сӯи Омӯ аст. Оғои Искандаров мегӯяд, дар ҳайати Толибон феълан нирӯҳои ҲИУ, гурӯҳҳои чеченӣ, чиниҳо, қазоқу қирғизҳо ва аз ҷумла тоҷикон низ ҳастанд, ки онҳо танҳо барои кӯмак ба Толибон ба он ҷо нарафтаанд, балки ниҳояти ҳадафашон кишварҳои худашон аст.

Қосимшоҳ Искандаров, Афғонистон ва ҷомеъаи байналмилалиро дар ин кишвар дар баробари як дуроҳа мебинад. Ӯ мегӯяд, бояд ё муборизаро бо Толибон идома дод, бо он гурӯҳҳое, ки ҷонибдори низоми қаблии Толибонанд ва гурӯҳҳои ғайриафғони радикал ва ал-Қоидаро дар канорашон роҳ додаанд ва пирӯз шуд ва ё роҳи дигар ин аст, ки агар сиёсати бархурди дугона бо Толибон идома кунад, онҳо ба ҳамаи нукоти Афғонистон тасаллут хоҳанд ёфт.

Аммо масъалаи дигар ҳам ин аст, ки худи ҳукумати Афғонистон аз панҷ моҳ ба ин сӯ бештарин таваҷҷуҳи худро барои баргузории интихобот ва амнияти он машғул доштааст. Кишварҳои ғарбие низ, ки нируи низомӣ дар Афғонистон доранд, интизори натиҷаҳои ҳамин интихоботанд. Агарчанд ихтилофоте дар навҳаи баргузории амалиётҳои низомӣ миёни ин нируҳо, ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, як сабаби дигари афзоиши нуфузи Толибон шудааст. Ва ин хушбинӣ низ вуҷуд дорад, ки бо фурӯкаш кардани баҳси интихобот, афзоиши эҳтимолии нирӯҳо ва шурӯъ ба кори ҳукумати нав шояд авзоъи амниятӣ ва мубориза бо Толибон низ беҳбуд ёбад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97