ОЁ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ БОЯД ИҶОРА ТАЛАБ КУНАД Ё НЕ?!

Сиёсат 22.09.2009 16:49

Абдулло Ҳабибов, генерал-майори мустаъфӣ,

раиси Ҳаракати дӯстони Русия:

- Ин ки Русия бояд пули иҷора бидиҳад ё не, тасмим аз давлатмардон ё худ сарварони ҳарду давлат аст, яъне вобаста ба он аст, ки онҳо сари чӣ тавофуқ хоҳанд кард, ба ивази иҷора сари пул ё имтиёз тавофуқ мекунанд. Ин ки Тоҷикистон бояд ҳақи иҷора бигирад ё не, пазируфта дар дунёи имрӯз аст, ки вақте порчае аз замини кишвареро иҷора мегирӣ, бояд ҳақи он пардохт бишавад ва ё ин ҳақ ҷуборон шавад. Инро аллакай дар мақомоти болоӣ дарк кардаанд ва ин ҳеч ангезаи дигаре ҷуз талаби ҳақи табиӣ надорад.

Аммо дар мавриди зарурати ҳузур доштан ё надоштани пойгоҳи низомии Русия ҳаминро бояд гуфт, ки ин пойгоҳ бояд бошад. Зеро ки бо он вазъияте, ки имрӯз дар атрофи Тоҷикистон ҳукмфармост, ба хусус таҳдидҳи террористӣ аз кишварҳои ҳамсоя, ҳузури низомиёни Русия дар кишвари мо барои таъмини амният ва субот ногузир аст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97