ОЁ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ БОЯД ИҶОРА ТАЛАБ КУНАД Ё НЕ?!

Сиёсат 19.09.2009 15:55

Қосими Бекмуҳаммад - хабарнигор

- Ба назари банда вуҷуди ҳар гуна пойгоҳи низомии хориҷӣ дар ҳар кишваре, бахше аз истиқлоли миллии онро кам мекунад. Ва агар имрӯз Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар кишварамонро лозим медонад, пас бояд ҳадди ақал ба хотири эҳтиром ба истиқлоли миллии Тоҷикистон барои ҳузури ин пойгоҳ, Маскав ҳазинаҳои муносибро пардохт бикунад. Зеро пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳест, ки пас аз фурӯпошии шӯравӣ дар хориҷ аз Русия эҷод шудааст ва мутаносибан бо ин ҷойгоҳ бояд Душанбе аз Кремлин тақозои пардохти ҳазинаҳоро кунад.

Агар ин корро Душанбе анҷом бидиҳад, ман фикр мекунам, ки ҷойгоҳ ва мартабаи сиёсии Душанбе дар муодилот ва муомилоти сиёсӣ ҳам бо Русия ва ҳам бо тарафҳои дигари хориҷии Душанбе дар шароити ба маротиб беҳтар ва бартар қарор хоҳад гирифт. Чунки ҳузур ва вуҷуди ин пойгоҳ, бо таваҷҷуҳ ва ҳасоссияти авзои минтақа ё Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла мухолифати бархе аз ҳамсояҳои Тоҷикистон, бо тақвияти ҳузури низомии Русия дар минтақа, барои мо дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя мушкилотеро дар пай хоҳад дошт, ки тамоми инҳо ҳазина мебаранд ва ин ҳазинаҳоро Душанбе аз кадом ноҳия бояд пардохт бикунад? Бинобарин дар баҳси иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мо бояд ҳадди аксари имтиёзро аз Русия ба даст биёварем.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97