МИРЗО ЗИЁЕВ БА ХОК СУПОРИДА ШУД

Сиёсат 12.07.2009 22:38

Ахиран Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ки Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқуллода ва фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, дар як тирандозии гурӯҳи номаълум кушта шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи якшанбе, 12 июл, дар конфронси матбуотӣ барои нахустинбор шарҳи муфассале дар бораи вақеъаҳои чанд рӯзи ахир дар ноҳияи Тавилдара ироа кардааст. Тибқи баёнияи вазорати корҳои дохилӣ, Мирзо Зиёев субҳи рӯзи шанбеи 11 июл дар дидбонгоҳе бо писараш ва Ҳикматулло Азизов, сардори идораи хадамоти фавқулодаи ноҳияи Тавилдара нигоҳ дошта шуда ва дастгир карда шуданд.

Дар ин баёния омадааст: "Худи ҳамон рӯз М. Зиёев бо хоҳиши худаш розӣ мешавад, ки ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаро нишон дода, бо аъзои боқимондаи гурӯҳи ҷиноии Неъмат Азизов гуфтушунид бо мақсади таслим шуданашон ташкил намояд. Дар рафти гузаронидани ин амалиёт дар роҳбаладии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва кормандони умури дохилӣ дар деҳаи Ағбаи дараи Сурхоби ноҳияи Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадасти ғайриқонунӣ ҳамлаи ногаҳонӣ ба амал омада, ки дар натиҷа Мирзо Зиёев ба ҳалокат расида, якчанд кормандони умури дохилӣ ва кумитаи амнияти миллӣ ярадор шудаанд."

Бино ба хабарҳои ғайри расмии як рӯз қабл расида, Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва собиқ Вазири ҳолатҳои фавқуллода, шоми ҷумъа 10 июл зинда боздошт шуда буд. Рӯзи аввали боздошт масъулони Вазорати корҳои дохилӣ аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карда буданд.

Имрӯз соати 10 Мирзо Зиёев дар зодгоҳаш ноҳияи Тавилдара ба хок супорида шуд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97