МИРЗО ЗИЁЕВ БОЗДОШТ ШУД

Сиёсат 11.07.2009 19:17

Тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, Мирзо Зиёев, собиқ Вазири ҳолатҳои фавқуллода ва Неъмат Азизов аз қумондонҳои собиқи опозитсиюн шоми ҷумъа 10 июл дар маҳали Чилдараи ноҳияи Тавилдара зимни як амалиёти Вазорати корҳои дохилӣ зинда боздошт шудаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ин хабарро на тасдиқ ва на рад кард. Муфасалтар дар ин бора баъдтар гузориш дода мешавад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97