Як ҳафта, ки 18 сол идома дорад!

Хотироти Раҳматкарими Давлат, хабарнигори тоҷик , ки 18 соли пеш ба ҳайси гузоришгари радиои "Озодӣ, дар рӯзи 7 октябри соли 2001 шоҳиди оғози ҳамлаи Амрико ба Афғонистон буд. 

Раҳматкарими Давлат, муҳаққиқ ва хабарнигори тоҷик,  ки дар 18 соли пеш шоҳиди бевоситаи ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон буд ва барои инъикоси амалиёти “Озодии шикастпопазир” ба Афғонистон рафта буд, мегӯяд, ҷангҳои Амрикоро дар телевизион дида будем ва фикр мекардем, ки дар як ҳафта Амрико толибонро шикаст медиҳад ва ҷанг хатм хоҳад шуд, аммо он ба дарозии солҳо кашида шуд. Ӯ ёдовар мешавад, тӯшаи роҳ, ки хабарнигорон барои як ҳафтаи маъмурият бо худ гирифта буданд, тамом шуд, аммо ҷанги Амрико бо толибон ҳамчунон идома дошт.

Аз Раҳматкарими Давлат, ки қабл аз ворид шудани нируҳои низомии Амрико барои пӯшиш додани хабар ба Афғонистон рафт, дар 18 умин солгарди вуруди ИМА ба Афғонистон суол мекунем, ки чӣ гуна дар ин рӯзҳои ҳасос ба Афғонистон рафт, интизорот аз ин ҳамла чӣ буда ва ин амалиётро бо гузашти ин ҳама сол чӣ гуна мебинад?

 Аббоси Ҷаводӣ, раиси вақти радиои “Озодӣ” дар дафтари ин радио дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ба ман пешниҳод дод, ки барои пӯшиши хабарии ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Афғонистон биравам. Ӯ гуфт, ки қабл аз ҳама бо хонавода машварат кунед, эҳтимолан амалиёти “Озодии шикастнопазир” як ҳафта идома кунад. Ва мо барои пӯшиши хабарии ин амалиёти “якҳафтаина” озими Афғонистон шудем. Бо ҳамроҳии ду Андрей, яке Бабитский ва дигарӣ Кандрашов ҳоло муовини директори ВГТРК (РТР) бо чархбол аз Тоҷикистон ба Панҷшер парвоз кардем. Вақте мо рафтем, дар он ҷо хабарнигорони CNN ва чанд хабарнигори рус ва як ду нафар хабарнигорони ҷопонӣ ва кишварҳои хориҷ ҳузур доштанд. Баъдан хабарнигорони зиёде ҳамроҳ бо тарҷумонҳо ба ин корзор сарозер шуданд.

Дар Панҷшер ҳама чашмҳо бар пойтахт Кобул духта шуда буд. Ҳафтаи эҳтимолӣ сипарӣ шуд, ду ҳафта пушти сар шуд, ҳафтаи баъдӣ ва захираи пулу ғизои мо тамом мешуд, аммо аз оғози амалиёти “Озодии шикастнопазир” хабаре набуд. Билохира, тамоми дороии мо тамом шуд, Андрей Бабитский (писари Марат Орифов), хабарнигори бахши русии  радиои “Озодӣ”, ки низ ҳамроҳи ман барои пӯшиши хабари додани ин амалиёт ба Афғонистон омада буд, охирин пасмондаи сигорро дуд дода, бо нигаронӣ аз ман суол кард, ки чӣ қадар пул дорем? 100 доллар доштем. Гуфт, инро имшаб барои меҳмонхона медиҳем, баъд чӣ? Боз худ бо дилпурӣ гуфт, ки инҳо (бо ишора ба намояндагони Эътилофи зидди толибон) туро бисёр эҳтиром мекунанд, метавонӣ пул қарз бигирӣ. Аз Ҳоҷӣ Абдулло, муовини вазири хориҷаи Афғонистон қарз хостам ва пешниҳод додам, ки мо пулро дар Душанбе ба намояндаашон бидиҳем ва онҳо инҷо ба мо қарз бидиҳанд. Хеле хуб, гуфту ба мо қарз дод, ҳамкоронамон дар Душанбе ҳамзамон пули қарзро ба намояндаи онҳо доданд. Он замон дар хатти набарди Афғонистон на интернет дастрас буд, на телефон. Мо тавассути  телефони моҳвораӣ дар тамос мешудем. Вале онҳо намедонам, чи гуна тамос гирифтанд, вале бо эҳтимоли зиёд тамос надоштанд ва танҳо ба тоҷикони ин суи Ому эътимод доштанд ва маҳз ҳамин садоқат моро дар шароити ҷанг аз дармондагӣ наҷот дод. Пас аз бозгашт дигар ҳеч Ҳоҷӣ Абдуллоро надидам, то барои эътимодаш аз ӯ сипосгузорӣ кунам.

 Билохира, он амалиёт кай ва чӣ гуна оғоз ёфт ва Шумо он рӯз дар куҷо қарор доштед?

– Як ҳафтаи интизорӣ пушти сар шуд, ҳафтае пушти ҳафтаи дигар низ. Тӯли ин муддат мо дар меҳмонхонае будем, ки онро ба далели омадани Ҳоҷӣ Қадир, ки баъдан муовини Карзай дар  Идораи муваққат интихоб шуд, вале ба қатл расонида шуд, хостанд онро холӣ кунанд. Хабарнигоронро ба меҳмонхонаҳои дигар интиқол доданд. Аммо чун шароити он меҳмонхонаҳо номусоид буд, ман нахостам меҳмонхонаро тарк кунам, чун пули онро пешпардохт карда будем. Доктор Абдулло аз ин вазъият хабардор шуд ва дастур дод, ки то ҷои муносибе пайдо кардан, ману Андрей Бабитскийро ба иқоматгоҳи худаш бубаранд.  Агарчӣ қаблан бо бархе аз шахсиятҳои барҷастаи Афғонистон ошноӣ доштам, ин маъмурият маро бо аксари кулли шахсиятҳои раддаи аввали сиёсат ва иҷтимои Афғонистон, аз устод Раббонӣ сар карда то дигарон ошно кард.

Шоми 7 октябри соли 2001 дар қисмати аввали барнома, ки соати 7 шуруъ мешуд, ҳанӯз ҳамла шуруъ нашуда буд ва ман дар гузориш гуфтам, ки ҳамоно ҳама мунтазири оғози амалиётанд. Ва пас аз чанд лаҳза, дар қисмати дуввуми барнома  ба таври зинда аз шуруъи ҳамлаи Амрико ба мавқеъҳои толибон гузориш додам. Барои аввалин бор бо чашмони худ манзараи ба замин бар хӯрдани ракетаҳои болдори байниқоравиро медидам, ки ба алангаи азиме қиёмат барпо мекарданд, дунё равшан ва торик мешуд, як ҷанги тамомайёре буд, кам касе чунин манзараеро шоҳид будааст. Ҳамлаи ракетӣ ҳамагӣ як рӯз ва чанд даъфа идома кард, шояд ҳудуди ним соат бештар идома надошт. Дар Кобул ва атрофи он дигар ҳамлаи мушакӣ нашуд, шояд баъди ду ё се соати он, яъне аз нимашаби 7 ба 8 октябри соли 2001 ҳамлаи ҳамовпаймоҳои ИМА  ба мавқеъҳои толибон оғоз шуд, ки ҳанӯз идома доранд.  Ин ҳама ҳоло ҳам пеши назари ман зинда аст, ки онро ба таври зинда барои шунавандагони радио гузориш мекардам. Он замон имкониятҳои фаннии имрӯзӣ барои пӯшиш додани он хабарҳои муҳим ва ҷолиб мавҷуд набуд, дастрасӣ ба интернет он ҷо набуд, танҳо тавассути телефони моҳвораӣ мо хабарҳои тозаро гузориш медодем. Барои қувват додани батареяи телефон барқ надоштем, қуввати онро эҳтиёт мекардем.

 Аз он рӯзе, ки Шумо аз ҷабҳаи ҷанги Амрико бо толибон ба таври зинда гузориш мекардед, ҳамин лаҳзаҳо 18 сол сипарӣ мешавад. Яъне ҳоло пас аз як ҳафтаи интизории шумо дар соли 2001, ки Амрико кори толибонро тамом мекунад, ҳафтаҳои бешуморе, ки 18 солро тартиб медиҳад, сипарӣ мешавад ва дар ин муддат чӣ ҳодисаҳое пушти сар шуданд; дар чанд нуктае аз дунё таҳаввулоти азиме иттифоқ уфтод, ҷангҳое оғоз ва анҷом ёфтанд ва гузоришгари хабарҳои амалиёти “Озодии шикастнопазир” ҳафтае пеш дар мавзӯъи  “Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон ва рақобати Амрикову Эрон дар ин кишвар дар солҳои 1992 -2015” рисолаи илмӣ низ дифоъ кард, Амрико дар пойи музокироти сулҳ бо толибон нишастааст. Шумо ба ҳайси шоҳид ва муҳаққиқи таҳаввулоти Афғонистон фикр мекунед, ин ҷанг дар куҷо хатм хоҳад шуд? Ва оё поёни ин амалиёт ба сулҳ хатм мешавад ва ё ба шикаст?

– Ман намехоҳам, ки боз ҳам хушбоварӣ ва пешдоварӣ кунам. 18 соли пеш ман воқеъан бовар карда будам, ки дар як ҳафта масъала ҳал хоҳад шуд ва мо ба Душанбе бар хоҳем гашт, аммо ин хушбоварӣ 18 сол давом кард. Душвор аст пешбинии масъалаи ҷанг ва сулҳ, бо назари ман ҷанг ба ягон шакле ҳамчунон идома хоҳад дошт. Ба ин зудӣ хатм нахоҳад шуд. Аммо он чи мусаллам аст, ин аст, ки мутаассифона Амрико дар ин ҷанг дар муқобили як ҳаракати иртиҷоӣ, ифротӣ, террористӣ ва намояндагони як фарҳанги таҳаҷҷургаро шикаст хӯрдааст. Ҳоло дубора ин ҳаракати ифротии бунёдгаро ҳамчун шамшери дудамаи овезон болои сари Осиёи Марказӣ қарор дода хоҳад шуд. Даъвои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА дар бораи он ки дар давоми як ҳафта дар ҷанги Афғонистон пирӯз мешавад, даъвои беасос аст. Ҷанги Амрико дар Афғонистон поёнёфта аст, аммо ҷанги худи Афғонистон идома хоҳад дошт. Далелҳои идомаи ҷанг ва сабабҳои шикасти Амрико ҳам масъалаҳои ғайри қобили дарк нестанд, масъалаҳои зиёди дигарро ҳам омӯхтам, ки мавзӯи баррасии ҷудогонае аст.

– Барои суҳбат аз Шумо сипосгузорем.

– Сипос аз шумо.

Мусоҳиб Лола Раҳимова

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97