Соро Голден, мудели амрикоии 29 сола аз Ҳомид Вардак, писари Абдурраҳим Вардак, вазири дифоъи пешини Афғонистон дар як додгоҳи амрикоӣ шикоят кардааст.
Ба гузориши хабаргузории садои афғон “Ово”, ин мудели амрикоӣ дар додгоҳи федералии минтақаи Минҳтани Ню-йорк даъво пеш овардааст, ки Ҳомид Вардак бар вай таҷовуз кардааст.
Ин духтари 29 солаи амрикоӣ ба рӯзномаи "Ню- йорк пост" гуфтааст, ки Ҳомид Вардак пас аз он бар ӯ таҷовуз кард, ки ӯ дархости вайро барои издивоҷ рад кард.
Соро Голден Ҳомид Вардакро муттаҳам сохтааст, ки дар соли 2018, дар ҷараёни як сафар, ду бор бар ӯ ҳамла кардааст ва сипас ба ин духтар гуфта, ки касе ба гуфтаҳояш бовар нахоҳад кард.
Ҳомид Вардак, донишомӯхтаи донишгоҳи Ҷорҷ Тоуни Иёлоти муттаҳидаи Амрико аст ва ба иддаои ин мудел дар рӯзномаи “Ню йорк пост”, аз пулаш барои нуфуз бар дигарон кор мегирад.
Аммо, вакили мудофеъи Ҳомид Вардак, даъвои ин муделро нодуруст медонад ва ӯро ба талош барои суистифода аз фазои кунунии сиёсӣ ва зидди муҳоҷирати Амрико ба суди худаш муттаҳам месозад.
Ҳомид Вардак дар соли 2009, барандаи як қарордоди 360 миллиондоларӣ барои интиқоли таҷҳизоти низомиёни амрикоӣ ба Афғонистон шуда буд.