Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Фолбинҳои Руминия бо ҷоду сиёсатмадоронро ба роҳи рост ҳидоят кардан мехоҳанд

Дар ҳоле ки шаҳрвандони Руминия худро барои ширкат дар интихоботи порлумони Аврупо омода мекунанд, гурӯҳе аз «ҷодугарон» и ин кишвари Аврупои шарқӣ мегӯянд, талош доранд бо ҷоду ва ҷанбал, вуруди намояндагони дурусткор ба ин ниҳодро тазмин кунанд.

Миҳоило Минко (Mihaela Minca) яке аз ин «ҷодугарон» дар тавзеҳи барномаи гурӯҳӣ ба Евронюз гуфтааст: «Мо дар ҳоли баргузории як ниёиш/вирдхонии гурӯҳӣ ҳастем то бо таъсир гузоштан бар зеҳни номзадҳо, онҳоро ба гирифтани беҳтарин тасмимҳо барои мардуми Руминия водор кунем.»

 Интихоботи ин давраи порлумони Аврупо аз 23 то 26 май дар 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад. Руминия яке аз фақиртарин аъзои ин ниҳод аст ва дар шохисҳои бисёре, аз ҷумла омӯзиш ва беҳдошт аз дигар кишварҳои Аврупоӣ ақибтар аст.

Миҳоило мегӯяд: «Мо дар ҳоли омода кардани як модаи (моеъи ҷодуӣ) бисёр қудратманд барои интихобот ҳастем. Духтаронам рӯзи25 май онро ба сохтмони давлати Руминия хоҳанд пошид.» Ба гуфтаи вай, гурӯҳи ҷодугарон «маросим вирдхони»- ро аз нимашаби9 май оғоз кардаанд. Онҳо барои дуруст кардани ин ҷоду аз «аъзои ҳайвонот, гулҳо ва шамъҳои гуногун» истифода мекунанд.

Гурӯҳе аз ҷодугарон ва фолгирониРуминия, ки токунун барои «ҳалимушкилотиишқӣ ва молии» муроҷиаткунандагон кор мекарданд, ахиран таваҷҷуҳихудро ба сиёсат ва ба вежа намояндагонимаҷлис дар ин кишвар равона кардаанд.

 Миҳоило ва духтаронаш аз ҷумлаи ин ҷодугарони «сиёсишуда» ҳастанд. Ў мегӯяд: «Мо ду навъ вирдхонӣ барои сиёсатмадорон Руминия дорем: вирдхонии ҷодуи сафед барои равшан кардани зеҳнҳо ва додани ниру ба сиёсатмадорон барои инки онҳо барои мардум ва чизҳои хуб биҷанганд. Дигаре вирдхонии ҷодуи сиёҳ алайҳи сиёсатмадороне аст, ки ба қавлҳояшон барои як Руминияи беҳтар вафо намекунанд. Онҳо бо дуоҳои мо дар зиндагӣ даргири мушкил мешаванд... Масалан ба зиндон меафтанд ё бемор мешаванд.»

Руминия яке аз фосидтарин низомҳои сиёсӣ дар Аврупоро дорад ва барномаҳои мубориза бо фасоди давлатҳо ва аҳзоби мухталифи он, асосан ноком мондааст. Руминия ҳамакнун раёсати давраииШӯрои Аврупоро бар ӯҳда дорад. 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97