Асосгузори Викиликс дастгир шуд

Бунёдгузори сайти ифшогари Викиликсро дар Лондон пулиси Британия дастгир кард.

Ҷулиан Осонж, ки аз ҳафт сол пеш дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурда буд, эҳтимолан дар Британия муҳокима хоҳад шуд.

Ӯ, асосгузори сайти ифшогари Викиликс, дар Лондон ба дасти пулиси Британия дастгир шудааст. Ин рӯзноманигориавстралиёӣ аз соли 2012ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурда буд.

Давлати Эквадор ба тозагӣ эълом карда буд, ки вазъияти паноҳандагиро аз Ҷулиан Осонж бозпас гирифта ва ӯ бояд сафорати он кишварро тарк кунад.

 Сайти Викиликс дар як паёми Твитерӣ эълом кардааст, ки бархилофи хабарҳои расмӣ Осонж ба хоҳиши худ аз сафорат хориҷ нашуда, балки маъмурони Британия ба дохили сафоратхона рафта ва ӯро дастгир кардаанд.

Сайти Викиликс иддао карда, ки иқдоми давлати Эквадор аз бозпасгирии паноҳандагӣ аз Осонж ғайриқонунӣ будааст.

Ҷулиан Осонж дар июни 2012 аз тарси дастгир шудан тавассути пулиси Британия ва эъзом ба Шветсия ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд. Дар он замон пулиси Шветсия қасд дошт, ӯро ба иттиҳоми "таҷовузи ҷинсӣ" боздошт кунад.

Ҳамзамон ИМА хоҳони истирдоди Ҷулиан Осонж буд, зеро ӯ бо ифшои асноди муҳимме дар робита бо дахолати Амрико дар ҷангҳои Афғонистон ва Ироқ, ба назар додгустарии ИМА "хиёнат" кардааст.

 Дар баробари ин додгустарии Британия низ ба думболи дастгир кардани Ҷулиан Осонж буд, бо ин иттиҳом, ки ӯ "шароити васиқаи молӣ"- ро зери по гузоштааст.

Ленин Мавриниёно, раиси ҷумҳури Эквадор борҳо гуфта буд, ки аз иқомати дарозмудати Ҷулиан Осонж дар сафорати он кишвар дар Лондон хурсанд нест.

Гуфта мешавад, ки Ҷулиан Осонж ба хотири тахаллуф аз қавонини Британия дастгир хоҳад шуд, аммо муҷозоти сангине дар интизори ӯ нест.

Ба гуфтаи Мавриниёно давлати Британия ҳақ надорад, Ҷулиан Осонжро ба ИМА бисупорад, зеро тибқи қонун, истирдоди фард ба кишваре, ки ҷонаш дар хатар аст, мамнуъ аст. Ва чун Ҷулиан Осонж дар Амрико ба "хиёнат" муттаҳам шудааст, ҳукми марг ӯро таҳдид мекунад.

 Сайти Викиликс эълом карда, ки мақомоти додгоҳии ИМА додхосте алайҳи Ҷулиан Осонж танзим кардаанд. Гуфтамешавад, ин додхост, ки то кунун пинҳон нигаҳ дошта мешуд, акнун ба сурати иттифоқӣ фош шудааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97