Қосим – Жомарт Тоқаев, раҳбари феълии Қазоқистон бо нахустин сафари расмии хориҷӣ аз Русия боздид мекунад
Хабаргузори русии “РИА Новости” иттилоъ додааст, ки сафари нахустини расмии Тоқаев 3 апрел ба Русия дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин сафар гуфтушуниди Тоқаев бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳуррии Қазоқистон дар ин маврид хабар додааст: “Бахши асосӣ дар барномаи сафар ба Русия, гуфтушунид бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст”.
Ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ - тиҷорӣ, фарҳангӣ ва масоили муҳимми минтақа ва ҷаҳон дар дастури кор ва баррасии ин гуфтушунидҳо арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои сомонаи Спутники Русия, қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, Нурсултон Назарбоев қабл аз эълони истеъфояш аз мақоми раиси ҷумҳури Қазоқистон Владимир Путинро огоҳ карда буд.
Сухангӯи Кремл таъкид дошт, ки Назарбоев бо Путин дар мавриди ҷойгузинаш машвара накарда, балки танҳо зарур дониста, то ӯро огоҳ созад.
Дмитрий Песков дар шарҳи ин ҳолат мегӯяд: “Назарбоев зарур дониста то В. Путинро чанд соат қабл аз он, ки ин масъала маълуми ом гардад, огоҳ созад. Ин шояд як навъ қадршиносӣ аз муносибатҳои хуби ду кишвар ва бевосита равобити шахсии Назарбоев ва Путин буда бошад.”
Шоми 19 март Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон бо муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад. Аммо қабл аз ин В. Путинро огоҳ кардааст. Дигар чӣ касе аз ин мавзуъ огоҳ буд, ҳанӯз маълум нашудааст.
То интихоботи президентӣ дар Қазоқистон раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад.