Поп Франсис рӯзи 25 март дар боздид аз як зиёратгоҳи католикҳо дар шаҳри Лурта дар Италия борҳо талош кард, то аз бӯсидани дасташ тавассути мардум ҷилавгирӣ кунад.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар ҳангоми мулоқот бо мардум ва зоирине, ки барои бӯсидани ангуштаридасти рости вай дар сафи тӯлонӣ истода буданд, чандинбор барои мамониъат аз ин кор дасти худро пас кашид. Аксҳои мунташир шуда аз ин рӯйдод дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди истиқбол қарор гирифт ва аз сӯи дигар боиси эҷоди баҳсҳои бисёре аз сӯи католикҳои муҳофизакор шуд.
«Lifesitenews», веб-сайти муҳофизакори католик дар мақолае зимни интиқод аз ин мавзӯъ бо ишора ба таърихи тӯлонии ҳалқаҳои мутааллиқ ба попҳои пешин ва аҳамияти онҳо, ин ҳаракати поп Франсисро нигаронкунанда хондааст.
Бархе дигар аз хабарнигорон дар ҳавзаи Ватикан низ мегӯянд, ки ҳатто поп Бенедикт ва поп Жан Пул, ки ҳар ду аз раҳбарони муҳофизакори католикҳо буданд, бо вуҷуди ин ки алоқае ба бӯсидани даст ва ангуштарашон тавассути мардум надоштанд, аммо ба хотири зоирон ва сафи тӯлонии онҳо аз анҷоми он монеъ намешуданд.