Муҳимтарин руйдодҳои соли 2018 аз диди DW

Дар Калифорния фурӯши марихуана дар фурӯшгоҳҳое, ки муҷаввизи виза доранд, қонунӣ аст

Аввалҳои соли ҷорӣ масрафи марихуана дар Калифорния, Массачусетс, Невада ва Мэни Амрико қонунӣ шуд. Ба ин тартиб, беш аз 50 миллион шаҳрванди амрикоӣ метавонанд ба таври маҷоз аз марихуана барои тафреҳ истифода кунанд. Баъд аз ин чаҳор иёлат, Мичиган низ истифода ин моддаи нашшаоварро маҷоз кард. Дар ҳоли ҳозир истифода марихуана дар 10 иёлати Амрико хилофи қонун ба шумор намеравад.

Маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпии зимистонии 2018-оташи олимпӣ

Аз 9-ум то 25-уми феврали соли ҷорӣ бисту саввумин даври бозиҳои олимпии зимистона дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Кореяи Шимолӣ низ дар ин бозиҳо ширкат дошт. Ин иттифоқи варзишӣ дидори намояндагони баландпояи ду Кореяро пас аз чанд соли дурӣ аз якдигар муяссар кард.

Вашингтон-“роҳпаймоӣ барои зиндагӣ”

Беш аз як миллион нафар дар 800 минтақаи Амрико бо “роҳпаймоии барои зиндагӣ” алайҳи қонунҳои заъифи истифода аз силоҳи гарм тазоҳурот карданд. Ин ҳаракати эътирозиии вокунишӣ буд нисбат ба ҳамлаҳои мусаллаҳонаи паёпай дар мактабҳо, ки охирин намунаи он дар мадрасаи Парклэнд рух дод.

Расвойи ҳифозат аз иттилоъот дар Фейсбук

Дар ҷараёни муборизоти интихоботии Амрико афроде аз иттилоъоти 87 миллион корбари Фейсбук барои таъсиргузорӣ бар раванд ё натоиҷи интихобот суъистифода карданд. Марк Зукерберг бунёнгузори Фейсбук масъулияти ин иттифоқро ба уҳда гирифт ва рӯзи 11 апрел дар робита ба ин мавзуъ дар кунгураи Амрико шаҳодат дод.

Иванка Трамп дар маросими ифтитоҳи сафорати Амрико дар байтулмуқаддас

Дар рӯзи 14 май Амрико сафорати худро аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас мунтақил кард. Дар Ғазза тазоҳуроти густурдае алайҳи ин иқдом таҳрикомез сурат гирифт. Сарбозони исройилӣ 52 тан аз муътаризон, аз ҷумла чанд кӯдакро ба зарби гулӯла куштанд.

Хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ

Доналд Трамп дар моҳи май хурӯҷи кишвараш аз тавофуқи ҳастаӣ бо Иронро эълом кард ва гуфт, сахтарин таҳримҳоро алайҳи Ирон эъмол хоҳад кард. Аз ин пас риёл воҳиди пули Ирон суқути бесобиқаеро оғоз кард ва бисёре аз ширкатҳои байналмиллалӣ ҳамкориии худ бо ҷумҳурии исломиро қатъ карданд. Ба эътиқоди бисёре аз коршиносон, ин иқдоми Трамп паёмадҳои густурдатаре барои Ирон хоҳад дошт.

Дидори Ким Чен Ин раҳбари Кореяи Шимолӣ бо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар Сингапур

Ким ва Трамп раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар торихи 12 июн дар “нишасти торихӣ”- и худ дар Сингапур бо якдигар гуфтугӯ карданд. Гуфта шуд, ки онҳо барои наздикии кишварҳояшон ба якдигар ба тавофуқ  расиданд. Кореяи Шимолӣ қасди халъи силоҳи ҳастаии худро эълом кардааст.

Арабистони Саъудӣ-ронандагии занон

Аввали июн қонуни мамнуъияти ронандагии худрав барои занон дар Арабистони Сауъдӣ лағв шуд. Дар ҳоле, ки акнун занон ба таври расмӣ маҷоз ба ронандагӣ ҳастанд. Бархе аз фаъолони ҳуқуқи зан, ки солҳо барои расидан ба ин ҳақ мубориза карданд, дар зиндон монданд. Чанд рӯз пас аз лағви мамнуъияти ронандагӣ барои занон ду мард ба худрави як зан юриш бурданд ва онро оташ кашиданд.

Индонезия- Сулавеси пас аз зилзила

Зилзилаи шадид ва сунамӣ Индонезия боъиси кушта шудани дасти кам 2 ҳазор нафар ва нопадид шудани беш аз 5 ҳазор нафар шуд. Бар асари ин офат шаҳри соҳилии Пало тахриб шуда ва ҳудуди 60 ҳазор нафар бе хонумон шуданд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97