Сарони Ғарб дар Порис аз монандиҳои соли 1930 ёд карданд

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз хатарҳои такрори миллатгароӣ ёдовар шуд. Вай дар суханрониаш дар Форуми сулҳи Порис даъват кард, ки низоъҳои ҷаҳон бо роҳҳои сулҳомез ҳал шаванд.

Ангела Меркел гуфт, Ҷанги аввали ҷаҳонӣ нишон дод, ки "ғурури низомӣ ва саркашиҳои миллатгароёна чи оқибатҳое ба бор меоранд".

Садри аъзами Олмон даъват кард, ки барои низоъи Сурия ва хунрезиҳои Яман роҳи ҳалли сиёсӣ пайдо шавад.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳам дар суханрониаш дар Форум аз густариши миллатгароӣ ҳушдор дод, ки ба гуфтааш, метавонад дар Аврупо вазъи солҳои 1930-ро такрор кунад.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ аз шабоҳатҳои монанд ба солҳои аввали асри 20 ва солҳои 1930 ёдовар шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97