Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаби умумии тоҷикӣ - 34.4%
Мактаби умумии русӣ - 11.5%
Литсейи Президентӣ - 13.1%
Литсейи Байналмиллалӣ (собиқ туркӣ) - 6.6%
Мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" - 23%
Дигар - 11.5%

“Падари толибон” кушта шуд. Ӯ кӣ буд?

Рӯзи ҷумъаи 2 ноябр Мавлоно Самеъулҳақ, яке аз илҳомбахшони ҳаракатҳои ифротии мазҳабӣ дар минтақа, маъруф ба падари маънавии толибони Афғонистон, раҳбари Ҷамоати уламои исломии Покистон дар шаҳри Ровилпиндӣ кушта шуд.

Ӯ як шахсияти мазҳабӣ ва сиёсиии бо нуфуз, аммо ҷанҷолбарангез дар миёни покистониҳо ва афғонҳо буд. Падари ӯ Мавлоно Абдулҳақ, ки машҳур ба Асрорулҳақ буд, чанд даҳаи пеш дар Хатак, дар иёлати Хайбарпаштунхоҳи Покистон, мадрасаи диниро ба номи Ҳаққония таъсис дода буд. Ин мадраса баъдҳо бо ҳазорон шогирд ба писараш Самеъулҳақ ба мерос монд, ки яке аз маконҳои омодасозии толибони тундравони мазҳабӣ ва террористон дар минтақа мебошад.

Мавлоно Самеъулҳақ, раҳбари Ҷамъияти уламои исломии Покистон, ду давра узви Маҷлиси Сенати Покистон буд. Садҳо донишомӯзи мадрасаи Ҳаққония тайи чанд даҳа дар Афғонистон дар баробари давлатҳои мухталифи Афғонистон ба дастур ва фатвои Самеъулҳақ ҷангиданд ва пас аз суқути ҳокимияти гуруҳи “Толибон” дар Афғонистон, худи ӯ ҳамеша Афғонистонро кишвари ишғолшуда мехонд. Ва ҷиҳодро дар Афғонистон раво ва дар Покистон нораво медонист. Мавлоно Самеъулҳақ замоне Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари пешини гуруҳи “Толибон”-ро аз шогирдони барҷастааш хонда буд ва ӯро "инсони фариштамонанд" тавсиф карда буд. Мулло Умар дар воқеъ дар мадрасаи Ҳаққония таҳсил намуда буд. 

Гуфта мешавад, аксари аъзои нахустини гуруҳи “Толибон”пеш аз омадан ба Афғонистон (1994) дар мадрасаи Ҳаққония донишомӯз буданд ва ба ҳамин далел Самеъулҳақро “падари маънавии толибон" мехонанд. Ӯ дар соли 2013, дар дидор бо Ричард Авалсон, сафири ИМА дар Исломобод аз Амрико хост нируҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад ва бигузорад толибон дубора ин кишварро ба назорати  худ дароваранд.

Самеъулҳақ ба сафири ИМА гуфта буд: "Ба толибон як сол вақт бидиҳед, ҳамаи Афғонистонро хушҳол хоҳанд сохт. Ҳамаи Афғонистон бо онҳо хоҳанд буд. Вақте амрикоиҳо берун шаванд, ҳама ин чизҳо дар як сол иттифоқ хоҳад афтод. То замоне, ки амрикоиҳо дар Афғонистон ҳастанд, афғонҳо маҷбуранд барои озодии худ биҷанганд."

Ахиран бо тамоми таҳдидоте, ки давлатҳои Афғонистон ва ИМА аз ҷониби Самеъулҳақ эҳсос мекарданд, бо ӯ дар тамос шуда буданд ва хоҳони ҷалби ҳимояташ барои раванди сулҳи давлати Афғонистон бо гуруҳи “Толибон” буданд. Сафирони Афғонистон дар Покистон Ҷонон  Мӯсозай, Умари Зохирвол бо дастури Ҳукумати ваҳдати миллӣ бо Мавлоно Самеъулҳақ мулоқотҳо доштанд ва талош намуданд ризояти ӯро барои ҷалби толибон ба гуфтугуҳои сулҳ ҷалб намяонд.

Мавлоно Самеъулҳақ дар Карочӣ, Пешовар ва Исломобод хонаҳои муҷаллал ва ё боҳашамате дошт, аммо бештари вақташро дар манзилаш дар "Баҳирия тован", маҳаллаи муҷаллалое дар шаҳри Ровилпиндӣ, дар наздикии Исломобод сипарӣ мекард.

Ин пири 82 сола, ки ҳазорон тундрави интиҳорӣ дар мадрасаҳояш ба воя расида буд, талош мекард, то ҷанг дар Афғонистон ҳамчунон идома ёбад. Аммо ба дасти як террористи дигар, ки шояд бархоста аз шабакаи марасаҳои худи ӯ бошад, ба зарби корд кушта ва сипас тирборон шуд.

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97