Парвоз ба кишвари таззодҳо - Афғонистон

 

Ҳамеша вақте ба вилояти Куҳистони Бадахшон сафар мекардам ба он тарафи марз, кишвари Афғонистон бо шавқ чашм медухтаму садҳо савол дар зеҳнам давр мезад. Бештар аз се даҳҳа ҷанг?!. Хеле орзу доштам, ки ин кишвари ғайриоддиро як бор бубинам. Ва инак ҳавопаймои мо ба самти Кобул парвоз мекунад. Аз ҳамон лаҳзае, ки вориди фазои Афғонистон шудем, парвозамон хеле сахт буд. Ҳавопаймо бо мушкилӣ фуруд омад... 

Барои ман ин сафар ба андозае як қаҳрамонӣ буд. Чун ба ҳар касе мегуфтам ба Афғонистон сафар дорам, дар посух мегуфтанд: " Аз ҷонат сер шудаӣ?!". Вақте вориди Кобул шудам ман фикр кардам, ки ба як сайёраи дигар сафар кардаам. Пур аз тарсу шавқу ҳаяҷон будам. Миёни он чизе, ки ман дар тули умрам дидаам ва он чиро ки дар Кобул дидам аз замин то осмон фарқ мекард. Гӯё ман савори мошини вақт шудааму чанд аср ақиб рафтаам, аммо асри қадиму автомату ҷипҳо... таззоди ҷолибе. 

Ман наметавонам бигӯям, ки Афғонистон бад аст ё хуб. 

Афғонистон кишварест афсонавӣ, ғайриоддӣ ва бостонӣ. Аввалин чизе, ки ман дар шаби торик дидам, биноҳои осмонбӯс буд, вале субҳ, ки аз он ҷодда гузаштем, дидам, ки он ҷо бино неву балки  теппае будааст ва руйи он боло ба боло дар танаи  теппа хонаҳои як-ду ошёна сохта шудаанд.

Санъати меъмории хонасозӣ бар фарози теппа хеле хушам омад. 

 Чизи дигаре, ки маро ҳич ором намегузошт ин мошинҳову одамони аз нуги по то бехи гуш мусаллаҳ ва меҳмонхонаву ресторанҳои дорои васоили амниятӣ буд. Аслиҳа дар дасти ҳам одами низомипушу ғайри он  ва на дар сари шона ва ё зери каш, балки рӯи ду даст, ангушт дар куланг ва дар ҳолати омодабош қарор доранд. Инсон барои як лабханд ҳудуди 40 мушакашро ба кор медарорад, аммо барои анҷоми як шиллик ҳамаги 3 мушак кофист. Ин омор тули сафар ҳич аз зеҳнам дур нашуд.

 Аммо навобаста ба ин ҳама хатару мушкилиҳо мардуми афғон тавонистаанд дар замирашон меҳру самимиятро нигоҳ доранд. Мардумонаш бисер хубу меҳрубон, ҳатто ҳамон силоҳбадастон(!). Ба хусус нисбат ба мо тоҷикон хеле эҳтиром қоиланду меҳрубонӣ мекунанд. Ман аз яко яки дӯстон барои ин ҳама меҳмоннавозӣ изҳори сипос мегӯям. Ба хусус барои Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, аз он ҷумла ҷаноби Консул.

 Дар нигоҳи аввал гӯё тамоми Кобул фақиру бечораанд. Аммо вақте бо дӯстон суҳбат кардам, маълум шуд, ки мардуми сарватманду бофарҳангу донишманд зиёд доштааст. Ҷо - ҷое хонаҳои баландошёнаи замонавӣ, кохҳои арӯсии боҳашамат, марказҳои тиҷоративу бутикҳои пешқадаме, ки аз NewYork ва Лондон ҳич камие надоранд, дида мешавад. 

Аз як хиёбоне рад шудем, ки ду тараф фурушгоҳҳои босалиқа ва дорои либосҳои бренд ва аврупоӣ буд. Аз дӯстони афғон суол мекунам, ки ин либосҳои нимбараҳнаву шик чи лозиманд онҳоро, кӣ ва дар куҷо мепушанд? Гуфт, хонумонамон дар назди шавҳаронашону дар ҷашну сур (маҳфилҳои пушидаи хоси занон) ба бар мекунанд!" Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сония метавон бо марг рӯ ба рӯ шуд. Сарфаҳми ин таззод ҳам нарафтам.

 Таззоди дигаре, ки боиси тааҷҷуби ман шуд, ин ҷоддаҳои мошингузар буд. Дар шаҳр чароғаки роҳнамо тақрибан вуҷуд надорад, ҳич гуна аломати роҳу қоидаву нозир нест. Мошинҳо бо суръати бисёр баланд ҳаракат мекунанд. Хатари дучори садама дар ҳар сония вуҷуд дорад, аммо худи садамаи роҳ дар Кобул вуҷуд надорад. Чандин маротиба бо чунин хатар рӯ ба рӯ шудем, аммо намедонам чи тавр ронанда дар охирин сония мошинро аз ин ҳолат берун мебарорад ва боз орому осуда ба ҳамон шаст роҳашонро идома медиҳанд. Ман ба дӯстони афғонистониам мегуфтам, ки дар Кобул аз террористон дида хатари марг дар роҳ бештар аст.

Аммо агар ҷиддӣ бигирем, воқеан ҳам дар Афғонистон сатҳи хатар хеле болост ва худи мардум ҳам инро медонанду таъкид мекунанд, ҳарчанд ба чунин усули зиндагӣ одат кардаанд.

Қисмати дигари сафарамон ин зиёрати мақбараи алмоси шарқ Аҳмад Зоҳир, устоди ҳунар Сорбон ва яке аз ёрони  ПаёмбарамонТамим Соҳиб Ансор буд. Ҳолати начандон хуби ин мавзеъҳо натиҷаи бешаз 30 солаи ҷанг дар Афғонистон аст, аммо боз ҳам мардум тавонистаанд онро побарҷо нигаҳ бидоранд

 Аслан Кобул ҷойҳои диданӣ хеле зиёд дорад, аммо ғайр аз хатари террор ҳамчунин инфрасохтори муносиб ҳам надорад. Масалан барои як сайёҳ ҳич шароите муҳайё нест. Медонам, Афғонистон кишвари муқаррарии сайёҳӣ нестаммо барои як лаҳза ҳама мушкилоташро фаромуш кардаму таъриху фарҳанги бостониашро пеши рӯ овардам ва Афғонистонро як кишваре пешрафтавузамонавӣ ба монанди Дубай тасаввур кардам.  

 


Дар кул дидану эҳсоси ин ҳама таззодҳо дар якҷоягӣ як навъ экзотикаи пурхатар аст. Дарки ин ҳама таззодҳо бисёр мушкил аст. Ман ку ба ватани орому осудаам баргаштам, аммо он мардуми меҳрубону самимӣ чӣ бояд кунанд? То кай чунин умр ба сар мебурда бошанд? Мунтазам руҳу равонам ба меҳани таърихиам сайр мекунад ва хаставу озурда бармегардад

 Сад офарин ба модари Афғонистониву ҳазор офарин ба мардумонаш!

Шаҳноз Комилзода,

«Ҳаво»

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97