Эрон як сол баъди лағви таҳримҳои байналмилалӣ

Дар пайи музокироти тӯлонӣ, ки дучори мушкилӣ ва бунбаст мешуданд, билохира дар таърихи 14 июли соли 2015 миёни вазирони корҳои ҳориҷии панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ИМА, Фаронса, Чин, Русия, Британияи Кабир ба изофаи Олмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санади роҳи ҳалли барномаи ҳастаии Эрон ба имзо расид. Ин Тавофуқнома, ки мавсум ба «БАРҶОМ» («Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак») мебошад, роҳи бозгашти дубораи Эрон ба таҳаввулот ва гироиши равобити байналмилалиро боз кард.

 Имзои тавофуқномаи Вена ба низоъи ҷиддии таърихи муосир хотима гузошт ва нигарониҳои Fарб аз имкони дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаиро то ҳадди зиёд рафъ кард. Ин тавофуқ фурсати барқарор намудани муносибатҳои харобшудаи иқтисодӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва тиҷоративу фарҳангии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ, Амрико ва кишварҳои узви ИА ва инчуин кишварҳои ҷаҳонро фароҳам кард.

Баъди имзои тавофуқнома Муҳаммад Xавод Зариф, вазири хориҷаи ҶИЭ ва Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии ИА зимни баёния аз ҳалли баҳсҳо перомуни барномаи ҳастаии Эрон, поёни музокироти бештар аз даҳсола ва баста шудани «парвандаи ҳастаии» Эрон хабар доданд. Дар айни замон ин ду ходими давлатӣ таъкид доштанд, санади мазкур миёни шашгона ва Эрон замонати сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон хоҳад буд .

БАРҶОМ барномаи дарозмуддати Эрон бо маҳдудиятҳои ҳамоҳангшудаи ҳастаӣ ва инчунин лағви таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Эрон вобаста ба ин барномаро дар бар мегирад. Бар асоси ин тавофуқнома бояд тамоми таҳримҳои якҷониба, яъне миллӣ ва байналмилалии иқтисодӣ технологӣ, молӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ бекор карда мешуданд. Ин тавофуқнома инчунин аз панҷ замима, аз ҷумла роҷеъ ба мушкилоти ҳастаӣ; таҳримҳо; ҳамкории ҳастаии ғайринизомӣ; комиссияи муштарак ва тартиби амалисозии тавофуқот иборат буд.

Дар ин замимаҳо, ба сурати мушаххас уҳдадориҳои Эрон ва ҷомеъаи байналмилалӣ дар баробари он кишвар зикр шудааст.

Уҳдадориҳои Тавофуқномаи Вена бар зиммаи Эрон мегузорад иборат аз инҳост:

1. Ғанисозии уран бештар аз 5% (U235) –ро қатъ мекунад;

2. Захираи урани аз 5% то 20% ғанисозишударо нобуд месозад;

3. Аз насби сентрифугҳои нав ба манзури ғанисозии уран худдорӣ мекунад;

4. Муҷаҳҳазсозии реактори Арокро, ки имкони тавлиди плутоний барои силоҳи атомиро дорад, қатъ мекунад;

5. Дастарсии ҳамарӯзаи коршиносони Агентии байналмилалии назорати ҳастаӣ (IAEA) ба иншооти ҳастаии Натанз ва Фордуро таъмин мекунад.

Дар муқобили ин ҷомеъаи байналмилалӣ дар симои шашгонаи музокиракунанда муттааҳид мешавад:

1. Дар зарфи шаш моҳ алайҳи Эрон ягон таҳрим ҷорӣ намекунад;

2. Таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон коҳиш дода мешаванд ва Эрон имкони дастрасӣ ба 7 млрд. долларро пайдо мекунад;

3. 4,2 млрд. доллари Эрон, ки аз фурӯши нафт ҳосил шудааст, озод мешавад;

4. Эрон ҳамчунин метавонад 1,5 млрд. доллар аз ҳисоби лағви таҳримҳо дар заминаи фурӯши тило, филизоти нодир, мошинолот ва фаровардаҳои нафтӣ ба даст орад.

Бар асоси созишномаи Вена ҷониби Эрон замонат дод, ки барномаи ҳастаӣ хусусият ва таъйиноти сулҳомез ва ғайринизомӣ дорад. Ба ин манзур Эрон уҳдадор мешавад, ки дар зарфи 15 соли оянда: бештар аз 300 кг урани ғанишудаи то 3,7% намедошта бошад; ғанисозии уранро то ҳадди 3,7% анҷом намедиҳад; иншооти нави ғанисозии уранро бунёд намекунад; реакторҳои нави тавлиди «оби сангин» намесозад; теъдоди сентифугҳоро се маротиба коҳиш медиҳад; миқдори боқимондаи сентрифугҳоро ба назорати АБНҲ месупорад; урани бисёр ғанишуда ва плутонии таслиҳотӣ тавлид намекунад ва ғ.

Эрон вазифадор шуд, ки тамоми корҳои ғанисозии уран ва барномаҳои илмӣ-таҳқиқотии худро танҳо дар корхонаи ҳастаии Натанз идома медиҳад ва фаъолиятҳои мазкур дар дигар иншоотҳо қатъ хоҳанд шуд. Аз ҷумла дар корхонаи ҳастаии Форду ҳеҷ гуна ғанисозӣ ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом намешавад ва нигаҳдори маводи ҳастаӣ дар ин корхона манъ мешавад. Иқтидори реактори тавлиди оби сангини Арок набояд бештар аз 20 мегаватт бошад.

Дар баробари иҷрои тааҳудоти созишнома ба Эрон замонат дода мешуд, ки тамоми таҳримҳои вобаста ба барномаи ҳастаӣ ҷоришуда алайҳи кишвар аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷудогона бекор карда хоҳанд шуд. Дар натиҷа Эрон имкони дастрасии дубора ба тиҷорати озод, технология, манобеи молӣ ва энергетикиро пайдо хоҳад кард.

Созишномаи Вена лағви таҳримҳоро ба сурати умумӣ ва якбора пешбинӣ намекунад, балки бекор кардани ин таҳримҳо ба сурати тадриҷӣ оғоз мешавад, ки АБНҲ (IAEA) ҷараёни иҷрои шартҳои созишнома аз ҷониби Эронро таъйид кунад.

Президенти ИМА Барак Обама аз имзои тавофуқнома истиқбол намуд ва онро гоми муҳим ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ унвон намуд, дар айни ҳол таъкид намуд, ки «тавофуқ бо Эрон, на бар асоси эътимод, балки асосан бар мабнои озмоиш буёнд хоҳад ёфт» . Аз ин хотир Барак Обама ҳушдор дод, ки ҳар замон имкони бозгашт ба низоми таҳримҳо мавҷуд аст, агар Эрон ба уҳдадориҳояш бар асоси созишнома амал накунад.

Бештари роҳбарони кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз имзои созишномаи ва ҳалли мусолиматомези қазияи ҳастаии Эрон ҳимоят намуданд. Владимир Путин дар вокуниш ба имзои ин тавофуқнома гуфт: «дунё имрӯз нафаси озод кашид» .

Танҳо Исроил ба сурати ошкор имзои созишномаи ҳастаии Эрон ва «5+1»-ро маҳкум кард. Раҳбарияти Исроил дар вокуниш ба ин созишнома, онро «иштибоҳ ва таслим» (дар баробари Эрон) унвон кард .

Роҳбарияти Тоҷикистон аз ибтидои пеш омадани баҳси барномаи ҳастаии Эрон ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези он иброз намуда буд. Тоҷикистон имзои созишнома миёни Xумҳурии Исломии Эрон ва гуруҳи кишварҳои «5+1»-ро мусбат ва таърихӣ номид ва онро барои Эрон ва кишарҳои узви гуруҳи 5+1 табрик гуфт. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин замина, ки рӯзи 14 июли соли 2015 нашр гардид, аз ҷумла зикр шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад. Мо ин тавофуқ ва комёбиро ба роҳбарият ва мардуми шарифи Эрон ва инчунин кишварҳои гурӯҳи «5+1» самимона табрик мегӯем. Аз нахустин рӯзҳои музокироти атомии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мо бар ин мавқеъ будем, ки мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст. Боварӣ дорем, ки тасмимҳое, ки дар натиҷаи музокирот дар Вена рӯзи 14 июли соли 2015 гирифта шуданд, ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод» .

Созишномаи Вена рӯзи 19 июли соли 2015 барои тасвиб ба Конгресси ИМА пешниҳод шуд. Шӯрои амнияти СММ дар рӯзи шашуми имзои созишнома онро баррасӣ намуд ва роҷеъ ба иҷро шудани он қатънома қабул кард. Катънома тартиби бекор кардани таҳримҳо алайҳи Эронро муайян мекунад: бар асоси қатънома тамоми таҳримҳое, ки алайҳи Эрон амал мекунанд, ба сурати тадриҷӣ дар давоми даҳ сол бояд лағв карда шаванд, дар сурате ки агар ҳукумати Эрон ҳама талаботи пешбини намудаи созишномаро иҷро кунад.

Қатъномаи ША СММ пешбинӣ мекунад, ки баъди нахустин гузориши ҳайати АБНҲ роҷеъ ба оғози иҷрои шартҳои созишномаи Вена аз ҷониби Эрон амали 7 қатъномаи қаблии ША СММ алайҳи Эрон боздошта мешавад. Ин гузориш бояд то 15 декабри соли 2015 ба ША СММ пешниҳод шавад. То ин муддат ҷониби Эрон бояд созишномаро дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ тасвиб кунад ва омодагии худро барои иҷрои он эълон намояд. Дар сурати мавриди амал қарор гирифтани созишнома дар марҳилаи аввал Эрон имкон пайдо мекунад, ки ба 100 млрд. доллар сармояҳои ҳабсшудаи худ дар хориҷ аз кишвар, дастарсӣ пайдо кунад.

Озод кардани сармояҳои Эрон, дубора ба системаи молӣ ва бонкии байналмилалӣ ҳамроҳ шудани ин кишвар дар рафти татбиқи созишнома ба мушкилоти зиёд дучор шуда, боиси норозигиву эътирози бархе аз мақомоти Эрон ҳам гардидааст. Аз ҷумла раҳбари рӯҳонии Эрон С.А.Хоманаӣ кишварҳои ғарбиро дар иҷро накардани уҳдадориҳояшон муттаҳам кард ва гуфт: «агар амирикоиҳо БАРҶОМ-ро пора кунанд, мо онро оташ хоҳем зад» .

Ин эътирозҳо вақте садо доданд, ки бонкҳои эронӣ дар доду гирифт ва интиқоли пул ба мушкилӣ мувоҷеҳ гаштанд ва бонкҳои аврупоӣ ва амрикоӣ аз ҳамкории ҳамаҷониба бо ширкатҳо ва бонкҳои Эрон худдорӣ намуданд. Вале баъди изҳороти Ҷон Каррӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА, ки гуфт бонкҳои аврупоӣ бояд бидуни ҳарос бо бонкҳои Эрон ҳамкорӣ кунанд, вазъ каме ба беҳбудӣ тағйир кард. Бонкҳои аврупоӣ ва амрикоӣ баъди лағви таҳримҳо ҳамчунон бо эҳтиёткорӣ бо бонкҳо ва ширкатҳои эронӣ ҳамкорӣ мекарданд, то таҳти фишор ва ё ҷарима қарор нагиранд.

Муддати амали созишномаи мазкур 10 сол пешбинӣ шудааст ва дар зарфи ин муддат, яъне баъд аз 10 сол аз замони имзои созишнома, дигар ҳеҷ банди он қобили эътибор ва иҷро нест. Ҳамчуноне, ки ҳамаи 7 қатъномаи СММ алайҳи Эрон бо гузашти ин муддат, яъне 10 сол аз замони имзои Созишнома, ғайри қобили эътибор мешаванд.

Р. Давлатов,

Р. Абдуллоев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97