«Агар тавофуқи ҳастаӣ бо Ғарб намебуд, Эрон муфлис шуда буд»

Тавофуқи атомии байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ вориди дувумин соли худ шуд. Аз як соли пеш, ки иҷрои «Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак» ё БАРҶОМ оғоз шуд, чӣ чизҳои тозае равшан шуда, ки қаблан иттилое аз онҳо вуҷуд надошт?

 Ҳамзамон бо ҳукми иҷро даромадани БАРҶОМ эълом шуд, ки шуморе аз зиндониён дар Эрон ва Амрико бо ҳам мубодила шуданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бар сари як ихтилофи молӣ байни ду кишвар бидуни додгоҳи расмӣ мусолиҳа шуда ва маблағи 400 миллион доллар ба ҳамроҳи 1 миллиарду 300 миллион доллари баҳраи он ба Эрон интиқол дода шудааст. Доналд Трамп чанд моҳ баъд аз ин давлати Барак Обамаро ба пардохти "боҷ "ба Эрон дар баробари озодии шаҳрвандони амрикоӣ муттаҳам кард ва ҳукумати Эронро "гаравгонгир" номид.

Эрон дар ибтидо иртибот байни мавзуи озодии зиндониёни амрикоӣ ва дарёфти 1 миллиарду 700 миллион долларро рад мекард, аммо дар охири тобистони имсол Маҳмуд Алавӣ, вазири иттилооти Эрон гуфт, ки бо назари оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва тасмими Шӯрои олии амнияти миллӣ аз сӯи вазорати иттилоот дар бораи мубодилаи зиндонёни эронӣ ва амрикоӣ бо Иёлоти Муттаҳида музокира шуда ва имтиёзоте барои кишвар "аз ҷумла бозгардонии 400 миллион доллар" гирифта шудааст. Алавӣ дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки "ин 400 миллион доллар ба ҳамроҳии 1 миллиарду 310 миллион доллар суди онро барои кишвар овардем ва умедворем, ки давлат муваффақ шавад ин пулро низ аз чанги онҳо хориҷ кунад."

400 миллион доллар пул, ки 1 миллиарду 300 миллион доллар ба он баҳра изофа шуда буд марбут ба пардохтҳои Эрон барои хариди силоҳ аз Амрико буд, ки бо вуқуъи инқилоби феврали соли 1979 ба Эрон таҳвил дода нашуда буд.

Рӯзномаҳои амрикоӣ ба нақл аз мақомҳое, ки номашон фош нашуд гузориш доданд, ки Амрико ҳамзамон бо озодии 4 амрикоии зиндонӣ дар Эрон муодили 400 миллион доллар пули нақдро ба сурати маҳрамона бо ҳавопаймо ба ин кишвар фиристод. Пеш аз ин расонаҳои Эрон як филми мустанадро пахш карда буданд, ки нишон медод ҳавопаймои зиндониёни амрикоӣ вақте иҷозаи парвоз аз хоки Эронро гирифт, ки ҳавопаймои ҳомили пули нақд дар Теҳрон ба замин нишаст. Мақомҳои Амрико гуфтанд, ки ин маблағ аз бонкҳои Швейтсария ва Нидерланд ба сурати арзҳои ғайри долларӣ бо як ҳавопаймои бенишон ба Теҳрон фиристода шуд.

Дар тавофуқи БАРҶОМ қудратҳои ҷаҳонӣ мутааҳҳид ба рафъи тамоми таҳримҳои атомӣ алайҳи Эрон шудаанд. ИМА ба таҳримҳои фаромарзии худ алайҳи Эрон поён дод, аммо мамнуъияти ҳамкорӣ ва муомилоти шаҳрвандони Амрико бо Эрон по барҷо монд. Музокира бар сари рафъи ин таҳримҳо аз пешниҳодоти Амрико ба Эрон буд, аммо мақомҳои аршади эронӣ мегӯянд, раҳбари Эрон бо музокира дар ин бора мухолиф будааст.

Муқаррароти ҷаҳонии вазъшуда дар солҳои ахир барои мубориза бо пулшӯӣ мушкили фанние барои муомилоти бонкҳои эронӣ эҷод мекунад. Ҳамчунин нигаронӣ аз эҳтимоли таҳрим шудан аз сӯи Амрико боис шуд, ки муассисоти молӣ барои вуруд ба бозори Эрон муҳофизакор шаванд. Дар воқеъ ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо вуруд ба бозори Эрон даргири таҳримҳои ғайриҳастаии Амрико шаванд.

Барои аввалин бор дар январи имсол равшан шуд, ки Чин бахше аз 22 миллиард доллар пули Эрон, ки ҳосил аз содироти нафт ба ин кишвар дар давраи таҳримҳо бударо ба сурати вом ё қарз ба Эрон бозгардонда ва асли ин пул ҳанӯз дар Чин васиқаи бозпардохти вом аст. Акбари Туркон, мушовири раиси ҷумҳури Эрон гуфта буд, ки «ба далели таҳримҳо, чиниҳо қарор буд муодили ин пул, яъне 22 миллиард доллар ба Эрон вом бидиҳанд, ки дар ибтидо 4 миллиард долларро ба унвони суди вом каср карданд ва барои 18 миллиард воме, ки ба мо доданд 8 дарсад ҳам пули бима дар назар гирифтанд».

Мутобиқи тавофуқи БАРҶОМ ҳаҷми иҷозаи захираи оби сангини Эрон дар ҳудуди 130 тонна таъйин шудааст ва изофаи он бояд барои содирот ва фурӯш дар бозори байналмиллалӣ арза шавад. Аммо маълум нест, ки агар муштарӣ барои оби сангини Эрон пайдо нашуд, бо афзоиши захираҳо чӣ бояд кард? Уммон наздиктарин кишвар ба ҳукумати Эрон дар миёни кишварҳои Халиҷи форс ин бор ҳам ба кумак омада ва бо иҷора додани анборе дар яке аз шаҳрҳои бандарии ин кишвар, оби сангини изофии Эронро то замони пайдо шудани муштарӣ, нигаҳдорӣ мекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳудуди шаш моҳи пас аз ба ҳукми иҷро даромадани БАРҶОМ дар саҳни порлумони Эрон гуфт, ки таҳримҳои даҳсолаи ИМА дар аввалҳои январ лағв мешавад ва бозгашти он ба маънии зери по шудани тавофуқи ҳастаӣ мебошад. Зариф дар ҳудуди панҷ моҳи пас аз ин гуфтаҳо ва дар замоне, ки Конгресси Амрико қонуни таҳримро барои даҳ соли дигар тамдид кард, ба Комиссияи амнияти миллии порлумон рафт ва дар бораи он тавзеҳ дод. Аз қавли Зариф нақл шудааст, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи ИМА дар замони музокирот ба ӯ гуфта буда, ки аз дидгоҳи давлати Обама зарурате барои тамдиди ин қонун вуҷуд надорад.

Ба назар мерасад, ки натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва таҳаввулот дар Конгресс, дар тағйири ин вазъият нақши асосӣ доштааст. Ҳарчанд тарҳи Конгресс бидуни имзои Барак Обама ба қонун табдил шуд ва пас аз тамдиди ин қонун эълом шуд, ки бахшҳое, ки қарор набуда мутобиқи БАРҶОМ иҷро шавад боз ҳам зимни дастуре аз сӯи вазири хориҷа ҳамчун гузашта иҷро нахоҳад шуд.

Дар сурати набудани тавофуқи атомӣ миёни Эрон ва гурӯҳи 1+5 ҳар шаш моҳ як бор, муштариёни нафти Эрон мебоист бист дарсад аз хариди нафташон аз Эронро кам мекарданд. Содироти нафти Эрон дар замони тавофуқи муваққати Женева ба ҳудуди 800 ҳазор бушка дар рӯз расида буд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, агар БАРҶОМ иттифоқ намеуфтод, давлат ҳадди аксар метавонист ҳуқуқи кормандонро пардохт кунад. Аммо акнун 37 ҳазор миллиард туман барои буҷаи инкишофӣ дар назар гирифтааст. Ҳасани Руҳонӣ ба фосилаи чанд рӯз то аввалин солгарди БАРҶОМ гуфт, ки ин тавофуқ боис шуда даромади Эрон аз нафт ва газ ду баробар шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97