Заволи қудрати нарми русҳо

Маскав дар гузаштаи начандон дур маркази андешаҳои чапгарои дунё буд. Иттиҳоди Шӯравии вақт, худашро қудрате муаррифӣ мекард, ки аз сотсиализм ва адолати иқтисодӣ дифоъ мекунад. Шӯравӣ мегуфт, ки аз ҳаққи тағзия (ғизоворӣ), маскан ва пӯшоки тамоми мардуми бебизоати дунё дифоъ мекунад. Идеологияи расмии он кишвар ҳам, ки иборат буд аз марксизм–ленинизм, дар бештари маҳофили равшанфикрии дунёи севум, тарафдор дошт. Гуфтумони мусаллат дар маҳофили равшанфикрии маҷмӯъи дунёи севум, марксизми русӣ буд. Дар Эрон ҳам ҳизби Тӯда бо илҳом аз ҳамин гуфтумон шакл гирифт ва матнҳои идеологияи Иттиҳоди Шӯравиро ба форсӣ баргардонид. Баргардонҳои ҳизби Тӯда ба Афғонистон ҳам ворид шуд ва шуморе аз ҷавононро ҷазби худ кард.

Иттиҳоди Шӯравӣбо истифода аз марксизми русӣ сиёсати нуфузгузориашро дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба пеш мебурд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар он замон талош мекард то лашкаркашиҳои худ ба кишварҳои мухталифи дунёро тавҷеҳи идеологӣ кунад. Лашкаркашиҳои Шӯравӣ ба Югославия ва Афғонистон дар он замон, тавҷеҳи идеологӣ шуд. Шӯравӣҳо эълом карданд, ки сарбозони онон дар Афғонистон ва дигар нуқоти дунё вазоифи «интернатсионалисти»-и худро иҷро мекунанд. Ин гузора, тавҷеҳи ошкори идеологии ҳузури низомии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон буд.

Русияи имрӯз аммо ин қудрати нармро аз даст додааст. Русияи имрӯз ҳеҷҷаззобияте барои ҳеҷ кас надорад. Лашкаркашиҳои Путин ба ҷазираи Қрим ва ҳимоят аз нируҳои ҷудоихоҳдар Украина ҳеҷ тавҷеҳи идеологӣ надорад. Путин аз натсионализми русии ҳазфгаро (нобудсозии ҳамаи дигар андешаҳо ба ҷуз аз андешаи худ) илҳом мегирад. Равшан аст, ки натсионализми русӣ барои ҳеҷғайрирус, ҷаззобият надорад. Бархе аз мунтақидон марксизми русиро ҳам интиқод мекунанд ва ба ин боваранд, ки ҳатто идеологияи расмии Иттиҳоди Шӯравии собиқҳам, беш аз ин, ки хониши русӣ аз афкори Маркс бошад, навъе натсионализми русӣ дар пӯшиши орои Маркс буд. Бисёриҳо бо таваҷҷуҳ ба интиқод, марксизми русиро болшевизм мехонанд.

Аммо бо вуҷуди нирумандии натсионализми русӣ, хониши ленинистие аз афкори Маркс мавриди қабули равшанфикрони ҷаҳони севум дар нимаи дувуми қарни бистум буд. Бисёре аз ин равшанфикрон, марксизми русиро роҳи наҷоти ҷомеъаҳояшон аз ақибмондагӣ медонистанд. Аммо Русияи имрӯзӣҳеҷқудрати нармӣ надорад. Путин мисли императорҳои даврони бостон, барои густариши қаламрави кишвараш лашкаркашӣ мекунад, аммо ҳеҷқудрати нарме, ки битавонад ин лашкаркаширо тавҷеҳ кунад, надорад. Путин тақлиди Брежневро мекунад ва аз дунё барои кишвараш эҳтиром металабад, аммо мисли Брежнев, қудрати нарм дар ихтиёр надорад то ҳадди ақал барои бахше аз мардуми дунё ҷаззоб бошад.

Дар ин тардиде нест, ки зӯр, қудрати низомӣ ва истихборотӣ, нақши худро дар дунёи имрӯз дорад, аммо бо вуҷуди он ҳам як кишвар, вақте соҳиби эҳтиром, каромат ва иззат мешавад, ки аз қудрати нарм бархурдор бошад. Бояд арзишҳое биофаринад ва ривоҷдиҳандаи ин арзишҳо бошад. Ғарб ва Амрико имрӯз аз тамаддуни муосир намояндагӣ мекунанд. Амрико кишварҳои узви НАТО ё ба таъбири дигар, рақибони Русия, аз арзишҳое мисли демократия, ҳуқуқи башар ва озодиҳои фардӣ дифоъ мекунанд. Ин кишварҳо ҳар кадом улгуи демократия ҳастанд. Дар ин кишварҳо ҳуқуқдонон талош мекунанд то тазодҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандиро ба нафъи ҳуқуқи башар аз байн бибаранд. Дар ин кишварҳо ба раъйи мардум эҳтиром гузошта мешавад. Вақте мардуми Бритониё бар хилофи хости раҳбарони сиёсии он кишвар, ба «брекзет» раъй доданд, сиёсатмадорони он диёр ин тасмимро пазируфтанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам вақте як тоҷир мухолифи табақаи ҳокими сиёсӣ ба қудрат расид, ҳама онро қабул карданд. Аммо Русияи кунунӣ улгуи ҳеҷ чизи арзишманде нест. Путин ва тими ӯқудрати сиёсӣ ва иқтисодиро инҳисор (монополия) кардаанд. Як бор Путин нахуствазир мешавад ва бори дигар дубора бар маснади раёсати ҷумҳурӣ такя мезанад. Эшон мехоҳад то охири умр раҳбари Русия бошад. Ҳатто мунтақидони лафзӣ ва қаламии Путин ҳам зиндагии одӣ дар даруни кишварашон надоранд.

Ин вазъият сабаб шудааст, ки эҳтиром ва иззате, ки Русия як замоне дошт, аз байн биравад. То замоне, ки русҳо рӯйи қудрати нарми худ кор накунанд, эҳтиром ва иззати онон барнамегардад. Путин наметавонд бо иттикои сарф ба қудрати низомӣ, иззат ва шукӯҳи Русияро баргардонад. Таҳдиди ҳамсояҳои кӯчак ва додани дасти дӯстӣ ба гурӯҳҳои бунёдгаро барои ҳеҷқудрате иқтидор ва шукӯҳ ба армуғон наёвардааст. Кишваре соҳиби иқтидор, шукӯҳи ва иззат мешавад, ки дар канори қудрати низомӣ ва зӯр, соҳиби як иқтисоди нируманд ва қудрати нарм низ бошад. Иқтисоди Русия, ки мубтанӣ бар судури нафт ба Аврупо буд, пас аз яккатозиҳои Путин дар Украина дучори мушкил шудааст. Русҳо агар воқеан мехоҳанд соҳиби иқтидор бошанд, бояд рӯйи иқтисод ва қудрати нарми худ кор кунанд.

Манбаъ: « 8-субҳ»-и Кобул

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97