Фармондеҳи пулиси Урузгон бо фармони Карзай ба Толибон пайвастааст

Ӯ ҳамчунин 29 танк ва 100 сарбозро низ таслим кардааст

Шермуҳаммад аз бузургони қавми пуплзай ва аз дӯстони мавриди эътимоди Ҳомид Карзай, ки бо ҳимояти оқои Карзай ба ҳайси фармондеҳи нируҳои назми оммаи вилояти Урузгон кор мекард, рӯзи сешанбеи 11 октябр бо сад тан аз нируҳои таҳти фармони худ, ҳамроҳи таслиҳотиҳангуфи низомӣ ба Толибон пайвастааст.

Ҳомид Карзай, ки ахиран аз саҳнаи сиёсат бо талошҳои раисҷумҳур Ғанӣ ва ҳалқаи сиёсияш ба ҳошия ронда шудааст, шадидан нигарони аз даст додани ҷойгоҳи сиёсӣ ва мардумиаш мебошад.

Ӯ дар охирин моҳҳои ҳокимияташ дар Кобул бо вуҷуде, ки тавассути нируҳои СРУ ба қудрат расида буд, ба Амрико пушт гардонд ва алайҳи манофеъ ва барномаҳои ИМА аз минбари раёсати ҷумҳурии Афғонистон сангар гирифт.

Ӯ пас аз ин ки қудратро ба қабилаи рақибаш «Аҳмадзай» таслим кард, талош намуд низоми ваҳдати миллиро заиф ҷилва дода ва дар ростои барномаҳои ҳукумат мушкил халқ кунад. Ӯ аз як ҷониб, аз сӯи ҳалқаи сиёсии ҳоким ба ҳошия ронда шуд ва аз сӯи дигар барномаҳояш тавассути Амрико таҳти саботаж қарор гирифт.

Карзай ахиран бо ҳимояти ошкор аз Толибон, мавриди хашми умуми мардуми Афғонистон ва маҷолиси сиёсӣ қарор гирифта ва ҷойгоҳи сиёсиашро осебпазир ва ларзон дид.

Дарёфтҳо нишон медиҳад, ки Карзай пас аз дармондагиҳои ахираш, ки тавассути ҳалқаи сиёсии ҳоким ва ИМА муҳосира шуд, ба нируҳои вафодораш ва махсусан ҳаводоронаш дар Урузгон дастур додааст, ки аз ҷанги алайҳи Толибон, ки аксаран аз қабилаи худаш мебошанд, даст бардошта ва заминаро барои қудратмандии ин гурӯҳ, ки битавонад низоми ҳокимро ба чолиш кашида ва барномаи Амрикоро низ дар минтақа халал расонад, фароҳам созанд.

Ба нақл аз манобеъи боэътимод Шермуҳаммад, фармондеҳи нируҳои амн ва назми оммаи вилояти Урузгон пас аз дастури Карзай мабнӣ бар даст бардорӣ аз ҷанги алайҳи Толибон ва ба даъвати Мавлавӣ Аҳмадуллоҳ Мутеъ, масъули комиссияи ҷалбу ҷазби гурӯҳи Толибон, ки машҳур ба Нонӣ аст, бо таҷҳизоти ҳангуфти низомӣ ба ин гурӯҳ пайвастааст. Бар асоси гузориши расонаҳои покистонӣ, Аҳмадуллоҳ Мутеъ, як рӯз баъд аз пайвастани Шермуҳаммад ба гурӯҳи Толибон дар як мадраса дар Куветаи Покистон тавассути нируҳои амниятии Покистон боздошт шуд ва боварҳо бар ин аст, ки боздошти Мавлавӣ Мутеъуллоҳ тавассути ҳукумати Покистон, рабти мустақим ба ҳаракоти ахири Ҳомид Карзай ва пайвастани дӯстони наздики ӯ ба гурӯҳи Толибон дорад.

Ин ҳотамбахшии Ҳомид Карзай ба гурӯҳи Толибон, дақиқан пас аз он сурат мегирад, ки ӯ чанд ҳафта қабл дар як мусоҳибааш бо БӣБӣСӣ, ба сурати сареҳ аз ҷанги Толибон алайҳи мардуми Афғонистон ҳимоят карда ва гуфт: Фарқе намекунад агар Толибон минтақаеро тасарруф карда ва бар мардум ҳокимият кунанд.

Дар инҷо шумори таҷҳизоте, ки тавассути Шермуҳаммад, фармондеҳи нируҳои амн ва назми оммаи вилояти Урузгон ба гурӯҳи Толибон супурда шуда, рӯйхат шудаанд:

29 адад танки зиреҳӣ; 28 адад ранҷ ровер; 22 адад мототсикл, 4 адад мошини низомии КАМАЗ, 120 мил туфанги АМ 16 амрикоӣ, 25 мил норинҷк андоз (РПГ), 9 мил ДШК, 20 мил туфангчаи амрикоӣ, 150 ҳазор адад тири пулемёт, 300 ҳазор тири АКМ, 4 адад дурбини шаббин, 2 ҳазор тири РПГ-7, 4 адад генератор, як мухобираи Куҳдон, 25 дастгоҳ мухобираи кӯчак.

Мухтор Вафоӣ,

рӯзноманигор

 

 

 

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97