Маҳкумияти Карзай барои ҳимоят аз Толибон дар Кобул

Шӯрои нухбагони ҷавони вилояти Панҷшер Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистонро «ҳоми»-и гуруҳи террористи Толибон хонда ва хостори муҳокимаи вай шудааст.

Ин Шӯро дар эъломияе мегӯяд, ки аз идораи Бонн (ҳукумати муваққатӣ) (2001) то Идораи интиқолӣ (2002), касе чеҳраи воқеии Ҳомид Карзайро нашинохт. Аммо чеҳраи воқеии ӯ пас аз як интихоботи фармоишӣ вағайридемократӣ дар соли 1383 барои мардум ошкор шуд. Шӯрои нухбагони ҷавони Панҷшер меафзояд, ки Карзай пас аз расидан ба қудрат, дар рушд ва тақвияти гуруҳи Толибон ва шикасти раванди мардумсолорӣ ва демократия аз ҳеч навъ талоше дареғ накардааст. Ин Шӯро муддаӣ аст, ки Ҳомид Карзай дар қатли сарбозон, афсарон ва шаҳрвандони бегуноҳ нақши ғайриқобили инкор доштааст. Шӯрои нухбагони ҷавони вилояти Панҷшер дар эъломияе, ки ба расонаҳо фиристода мегӯяд: «Ӯ дар ақиби ҳар амали ҷинояткоронаи Толибон дар пойтахт ва соири шаҳрҳо ва манотиқи кишвар қарор дошт ва дорад. Ба гувоҳи муайидоти (ёфтаҳои) ҳиссиву таҷрибӣ ва шаҳодати ақл, вай заминасози ҳамалоти интиҳории Толибон дар Кобул ва террори шахсиятҳои муқовимат, ба вежа Мустафо Козимӣ, ҷенерол Муҳаммад Довуд Довуд, Мавлоно Абдурраҳмони Сайидхелӣ, инҷинер Муҳаммад Умар, Хон Муҳаммадхони муҷоҳид, доктар Абдуллоҳ Лағмонӣ, Аҳмадхони Самангонӣ ва дигарон ва раъси онҳо раҳбари шаҳид, Устод Бурҳонуддини Раббонӣ мебошад. Ӯ дар раҳоии зиндониёни Толиб, ки амалан дар майдонҳои ҷанг боздошт шуда буданд, нақш бозӣ кард ва бар асоси изҳороти вазир дифоъи пешини Амрико, ӯ бистари таҳаррукот ва фаъолиятҳои тахрибии гуруҳи ваҳшии Толибон ва террористонро ба шимол фароҳам намуд, то дар масоҳати ҷуғрофиёии муқовамат, яъне шимол, буҳрон ва оташи ҷанг ба вуҷуд биёяд».

Ин Шӯро меафзояд, ки Ҳомид Карзай бо муҳандисии тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ду соли пеш, заминаи бесуботии сиёсиро фароҳам кард. Шӯрои нухбагони ҷавони вилояти Панҷшер ҳамчунин таъкид мекунад, ки Ҳомид Карзай дар мавзеъгириҳои ахири худ фаъолиятҳои террористии Толибонро машруъ (қонунӣ) тавсиф кардааст. Ин Шӯро мавзеъгириҳои оқои Карзайро «хоинона ва ғайриқобили бахшиш» тавсиф карда мегӯяд: «Хости мо аз Ҳукумати ваҳдати миллӣ ин аст, ки дар нахустин иқдом номи Ҳомид Карзай, ин ҳомии террор ва даҳшатро, ки бар сари фурудгоҳи Кобул номгузорӣ шудааст, ҳазф шавад ва ӯ дар пайванд ба изҳороти зидди манофеъи миллӣ мавриди бозпурсӣ ва муҳокима қарор гирад. Дар сурате, ки ба ин хостаҳо таваҷҷуҳе сурат нагирад, барои таҳаққуқи ин хостаҳо, мо дар якҷоягӣ бо дигар гуруҳҳои маданӣ ва адолатхоҳ, иқдомотеро рӯйи даст хоҳем гирифт ва масъулият ва ҳаққеро, ки Қонуни асосии ноқис ва маълули кишвар барои мо тарсим намудааст, анҷом хоҳем дод».

Ҳомид Карзай ахиран дар мусоҳибае бо Бӣ –Бӣ- Сӣ аз Толибон ба унвони фарзандони Афғонистон ёд карда ва гуфта буд, ки мушкиле нест, агар бахшҳое аз Афғонистон, як вилоят ё чанд вилоят ба дасти Толибон суқут кунад.

Ҳомид Карзай баъди се моҳи террори Аҳмадшоҳи Масъуд дар 8 декабри соли 2001 дар Конфронси Бонн ба унвони роҳбари идораи муваққати Афғонистон пазируфта шуд. Дар Бонн Ҳомид Карзай ва Саттори Сират ба ин мақом номзад шуданд. Ҳомид Карзай ҳамагӣ ду овоз ба даст овард, вале ба раҳбарии Афғонистон интихоб шуд.

Интихоби Карзай дар натиҷаи худфурухтагӣ, нодонӣ, беиродагии пайравони Аҳмадшоҳи Масъуд, хусусан Юнуси Қонунӣ ва Муҳаммад Қасими Фаҳим мумкин шуд. Вақте дар Конфронси Бонн Юнуси Қонунӣ бар ивази ваъдаҳои зиёди амрикоиҳо ба интихоби раҳбари нави Афғонистгон мувофиқат кард, Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури қонунӣ ва барҳоли Афғонистон дар Кобул буд ва ба ин амр мухолифт намуд. Аммо ба гуфтаи шоҳидон аз сӯи Фаҳим таҳдид ба марг шуд ва маҷбур шуд, ки ҳукуматро дар 22 декабри соли 2001 ба Ҳомид Карзай таслим кунад. Пайравони роҳгумзадаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳоле ба шинондани Карзайи қавмгаро ба ҷои Устод Раббонӣ розӣ шуданд, ки амалан то ин таърих, 22 декабри соли 2001 сад 99% қаламрави Афғонистон тавассути нируҳои Эътилофи шимол қарор гирифта буд. Бо гузашти чанд сол, бо истифода аз бе ҳадафӣ, нодонӣ ва бетаҷрибагии Фаҳимхон аксари ҷонибдорони Масъуд аз масъулиятҳои калидӣ канор зада шуданд.

То ин ки дубора баъди соли 2007 Бурҳониддини Раббонӣ ба майдони амалии сиёсат бозгашт ва дар соли 2009 доктор Абдуллоҳро дар интихобот ҳимоят кард ва амалан онро ба пирӯзӣ расонид. Аммо ӯ пирӯзии таъминшударо боз ҳам мисли соли 2001 фурӯхт. Устод Раббонӣ қасд дошт дар интихоботи соли 2014 шахсан номзад шавад. Ва агар ин иттифоқ меуфтод, ӯ номзади берақиб мебуд, ва касе ёрои рақобат дар баробарашро намедошт.

Ин буд, ки дар 19 сентябри соли 2011 тавассути як унсури ношинохта дар манзилаш шаҳид шуд.

 

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97