Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

20 сентябр поёни умри қонунии Ҳукумати Ғанӣ ва Абдулло

Анҷумани волиёни Афғонистон мегӯяд, ки бино бар Тавофуқномаи сиёсии ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ, охири моҳи сунбула (20 сентябр) рӯзи поёни кори ин ҳукумат мебошад ва пас аз он Тавофуқномаи сиёсӣ ва идомаи кори ҳукумат машруъияти худро аз даст медиҳад.

Ба гузориш хабаргузории «Ҷумҳур», Анҷумани волиёни Афғонистон имрӯз чаҳоршанбе 24 август дар як нишасти хабарӣ дар Кобул, Ҳукумати ваҳдати миллиро ба нокоромадӣ муттаҳам кард ва таъкид варзид, ки ин ҳукумат маҳбубияти худро назди мардуми Афғонистон аз даст додааст.

Суқути пайи ҳами вулусуволиҳо ва муҳосираи чандин вилоят, иттиҳомоти фасод аз тарафи раиси ҷумҳур ва раиси иҷроия алайҳи якдигар, қонуншиканиҳои ҳукумат, поёни муҳлати дусолаи татбиқи Тавофуқномаи сиёсӣ ва гароишҳои сиёсӣ ба хотири фиреби миллат ва ҷомеаи сиёсии равшанфикрӣ аз мушкилоте аст, ки ба бовари ин Анҷуман, кишварро ба буҳрон рӯ ба рӯ кардааст.

Дар баёнияи ин Анҷуман омадааст, ки авзоъи нобасомони сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, вахимтар шуда ва эътибори кишварро ба истеҳзо кашондааст.

Анҷумани волиён мегӯяд, ҳамакнун рӯзона ҳудуди 300 нафар низомӣ ва ғайринизомӣ дар кишвар талаф мешаванд ва ин вазъият барои миллат натанҳо қобили таҳаммул нест, балки дардовар ва ғамангез мебошад.

Баёния афзудааст, ки раҳбарони ҳарду тими интихоботӣ дар муддати ду соли гузашта қодир ба эҷоди сохтори шаклии Ҳукумати ваҳдати миллӣ нагардидаанд ва заъфи онон дар ҳукуматдорӣ, қувои сегонаи кишварро мутаассир сохтааст.

Абдуҷҷаббор Тақво, раиси Анҷумани волиёни Афғонистон гуфтааст: "Мо барои берунрафт аз буҳрони машруъияти ҳукумат, тарҳе дорем, ки ибтидо бо ниҳодҳои муҳимми сиёсӣ ва маданӣ дар миён мегузорем то назари воҳид дар миёни тамоми ҷонибҳо ба вуҷуд ояд; Дар сурате, ки ин тарҳ мавриди таъйиди тарафҳои муҳим воқеъ гардад, қабл аз таърихи 29 сунбула, ки рӯзи хатми кори ҳукумат аст, онро эълом хоҳем кард".

Оқои Тақво дар бораи ҷузъиёти тарҳ чизе нагуфт, аммо афзуд, ки ин тарҳқабл аз эълом, бо Раёсати ҷумҳурӣ ва Раёсати иҷроия низ шарик хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, Анҷумани волиёни Афғонистон дар муддати ду соли гузашта мунтазир буд, тимҳои интихоботӣ маводи шашгонаи сохтори Ҳукумати ваҳдати миллиро татбиқ намоянд; Аммо мутаассифона раҳбарони ҳукумате, ки охирин рӯзҳои умри худро мегузаронад муваффақ ба татбиқи маводи Тавофуқнома нашудаанд, то мушкили кишвар ҳал шавад.

Ба гуфтаи вай, аз онҷое, ки мутобиқи Тавофуқномаи сиёсии ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ, Луи ҷиргаи Қонун асосӣ баргузор нашудааст, Анҷумани волиён аз тамомии ниҳодҳо, шахсиятҳои миллӣ ва сиёсӣ ва нухбагони кишвар мехоҳад, ки дар машвара бо ҳам кишварро аз буҳрони мавҷуда хориҷ ва роҳи бозгашт ба қонунро муҳайё созанд.

Ислоҳи низоми интихоботӣ ва заминасозӣ барои баргузории интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои вулусволӣ, баргузории Луи ҷиргаи Қонуни асосӣ ва тавзеъи шиносномаҳои барқӣ аз маводи муҳимми Тавофуқномаи сиёсии ташкили Ҳукумати миллӣ буд, ки бояд дар муддати ду сол анҷом мешуд. Аммо то ҳанӯз яке аз ин тавофуқот ҳам амалӣ нашудааст.

Маркази мутолиоти стратегии Афғонистон низ рӯзи гузашта бо нашри як назарсанҷӣ эълом кард, ки 51 дарсади мардуми Афғонистон хостори тағйири низоми сиёсии мавҷуд ҳастанд.

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97