Ирон дар Шонгҳой бошад ё набошад?

Дар иҷлосияи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзи 24 июн дар Тошканд доир шуд, Ҳинд ва Покистон ба узвияти комилҳуқуқи ин созмон пазируфта шуданд. Ҳарчанд ҷараёни ба СҲШ пайвастани онҳо ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия то иҷлоси ояндаи ин созмон дар шаҳри Уфа такмил хоҳад шуд.

 Ба ин тартиб, марзи СҲШ то Осиёи Ҷанубӣ доман паҳн кард ва ду рақиби қадимӣ, Ҳинду Покистон барои бори аввал дар як чунин созмони минтақаии зери як чатр, қарор гирифтанд. Ин ду кишвар беш аз даҳ сол дар СҲШ узви нозир буданд.

Вале ба гуфтаи нозирон ва шореҳони расонаҳо, вақте ки масъалаи узвияти Ирон дар ин созмон аз сӯи бархе аз аъзо рад шуд, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин узвияти Ҳинду Покистонро то соли 2017 машрут донист. Путин гуфтааст, Ҳинду Покистон вақте метавонанд ба узвияти Созмони Шонгҳой бипайванданд, ки “барои расидан ба мақоми кишвари узв бояд ҷавобгӯи тамоми талабот бошанд.” Ӯ изҳори умед кардааст, ки ин ду кишвар тамоми шартҳои узвиятро то нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони Шонгҳой, ки қарор аст моҳи июни соли 2017 дар Қазоқистон доир шавад, иҷро хоҳанд кард.

Ин изҳороти Путин дар ҳолест, ки аъзои созмони Шонгҳой бо вуҷуди талошҳои Русия номзадии Иронро ба узвияти ин созмон напазируфтанд.

Бисёре аз коршиносони иронӣ ҳам СҲШ-ро созмони ҷиддӣ намедонанд ва бо бардоштани таҳримҳои СММ аз болои Ирон ба мақомоти кишвари худ тавсия медиҳанд, ки аз узвият дар шароити кунунӣ дар СҲШ худдорӣ варзад.

Абдунабӣ Сатторзода, муовини собиқи вазири хориҷа ва намояндаи миллии Тоҷикистон дар Созмони Шонгҳой низ гуфтааст, то ба ҳол дар чорчӯби ин созмон санадҳои бисёре имзо шуда, аммо корҳои амалии чашмгире анҷом нашудааст. Умдатан масоили мавриди баҳси аъзои СҲШ дар музокироти дуҷониба баррасӣ ва ҳал мешавад.

 Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи Русия дар СҲШ гуфтааст, ки бо вуҷуди талошҳо Русия муваффақ нашудааст, ки шариконашро қаноъат бидиҳад, то аз узвияти Ирон дар СҲШ пуштибонӣ кунанд. Вале афзудааст ӯ, Русия ба ин талошҳои худ идома хоҳад дод. Ирон дархости узвият ба СҲШ-ро дар соли 2005 пешинҳод карда буд, аммо ба далели ҷорӣ шудани таҳримҳои СММ алайҳи ин кишвар, пазируфтани ӯ ба узвияти СҲШ ба таъхир афтода буд. Тибқи асосномаи СҲШ кишварҳое, ки таҳти таҳримҳои СММ қарор мегиранд, то ҳалли мушкилоташон наметавонанд ба узвияти СҲШ пазируфта шаванд.

Ҳоло таҳримҳои СММ аз болои Ирон бардошта шудаанд ва Владимир Путин гуфтааст, далеле барои ради дархости Ирон вуҷуд надорад. Вале ба ҳар ҳол узвияти Ирон рад шуд. Агар Ирон узви СҲШ бишавад, ин созмон то Ховари миёна ва Халиҷи Форс доман паҳн хоҳад кард.

Дар соли 2009-2010 вақте Тоҷикистон мавриди таҳримҳои эълоннашудаи Узбакистон қарор гирифт ва Душанбе ба СММ ҳам дар ин замина гузориш дода буд, Маҳмуди Аҳмадинажод, танҳо раиси ҷумҳури як кишвари хориҷӣ буд, ки ба Тошканд ҳушдор дод, то аз ин иқдом даст бардорад. Аҳмадинажод гуфта буд, агар Узбакистон роҳи оҳани Тоҷикистонро маҳдуд мекунад, Ирон дар содироти молҳои Узбакистон тавасути қаламраваш маҳдудият ҷорӣ хоҳад кард. Ҳоло ба дурустӣ маълум нест, ки он изҳороти Аҳмадинажод он замон чӣ андоза амалӣ шуд ва ё чӣ натиҷа дод, аммо ин маълум аст, ки ӯ танҳо раиси ҷумҳуре буд, ки ошкоро аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда буд.

Ҳоло ба чӣ далеле Тоҷикистон ва Ирон як давраи дигаргунаи муносиботро таҷриба мекунанд. Акнун ин муносибатҳои замоне хуб, ҷои худро ба нобоварӣ ва гилагузорӣ табдил кардааст. Дар пасманзари ҳамин муносибатҳо бархе аз коршиносони иронӣ ба мақомоти кишвари худ маслиҳат ва пешниҳодҳое ироа медиҳанд, ки намешавад аз паҳлуи он нодида убур кард.

Ҳасани Биҳиштипур, таҳлилгари варзидаи иронӣ ва мудири пешини шабакаи телевизиони арабзабони Ирон «Ал-Олам» дар матлабе бо номи «Чаро Ирон барои пайвастан ба СҲШ бояд аҷала накунад», менависад, бояд бештар ба думболи густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Ховари миёна ва ҳавзаи халиҷ буд, то ба думболи СҲШ. Ӯ дар идома менависад, агарчанд пазируфтани Ирон зери суол аст ва худи СҲШ низ ба нафъи Ирон дар ин марҳила намебошад, аммо ба Ҳасани Руҳонӣ пешниҳод медиҳад, ки «ҷо дорад оқои Руҳонӣ, раисҷумҳур дар иҷлоси Тошканд ширкат кунад то пас аз беш аз як даҳа фурсати муғтанаме эҷод шавад то аз наздик масоили мавҷуд байн Ирон ва Узбакистон ба сурати дуҷониба дар олитарин сатҳ ҳал ва фасл шавад ва албатта паёми равшане ҳам барои давлати Душанбе бошад, ки бозиҳои ду ё чандҷониба дар ҳама ҷо имконпазир аст дар Риёз, Душанбе ва Теҳрон, фарқе намекунад».

Яъне Тоҷикистон бояд дар фикри ин ҳам бошад, ки агар Теҳрон ва Тошканд бо ҳам созомад кунанд, чӣ пайомаде барои Душанбе хоҳад дошт. Дар воқеъ ҷодаро набояд яктарафа дид. Зеро зимни сиёсат вақте манфиатҳо боло мегирад, мулоҳизаҳои таърихӣ, қавмӣ ва таборӣ ранг мебозад.

 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Миллат», №25, 29-07-2016

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97