Истиқбол ва мухолифат ба бозгашти Ҳикматёр

Ду ҳафта ба ин ҷониб, сокинони Кобул хобҳои ошуфта ва ҳавлноки солҳои 1992-ро ба такрор мебинанд. Эҳтимоли бозгашти Гулбиддини Ҳикматёр, раҳбари ифротӣ ва бунёдгарои Ҳизби исломии Афғонистон ба Кобул ин хобҳои аз ёдрафтаро бедор мекунад. Кобул шаҳрест, ки ба вайрона табдилшудани он ба думболи ракетборони Ҳикматёр дар августи соли 1992 оғоз шуд ва солҳо идома кард. Акнун тавофуқи сулҳ бо Ҳикматёр аз пурбаҳстарин мавзуҳои як ҳафтаи ахир дар расонаҳои Афғонистон ва ҷаҳон буд. Далели ин гуфтумону баҳсҳо ҳам имзои санади тавофуқ миёни Шӯрои олии сулҳ ва ҳайати фиристодаи Ҳикматёр аст.

«Миллат»

Бар асоси ин тавофуқ бояд Ҳикматёр ба Кобул баргардад ва ба раванди сулҳ бипайвандад. Ҳукумат ва шахсан худи раиси ҷумҳур бояд аз вуруди Ҳикматёр тайи маросими вижае истиқбол намоянд. Тавофуқномаи мазкур замоне ба иҷро медарояд, ки онро Гулбиддин Ҳикматёр имзо гузорад ва ба думболи он Ашраф Fанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ онро муҳру имзои тайид бимонад.

Тавофуқномаи мазкур ба Гулбиддин Ҳикматёр ва аъзои Ҳизби исломӣ имтиёз медиҳад, ки озодона, бидуни мамониат ба Афғонистон бар гарданд ва ба ҳаёти мулкӣ бипайванданд ва дар умури давлатдорӣ саҳим бошанд. Бар асоси ин санад, Ҳикматёр имкон дорад дар се минтақаи Афғонистон, ки худаш ихтиёр мекунад қароргоҳ ва маҳали буду бош дошта бошад ва сарфу харҷи он ба уҳдаи давлат хоҳад буд. Ин санад ҳамчунин бозгашт ва ҷобаҷоии ҳудуди 20 ҳазор аъзо ва ҷонибдори ҳизби Ҳикматёрро аз Покистон ба саросари Афғонистон ва таъмини маоши онҳоро аз сӯи мақомот пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин азъои мусаллаҳи Ҳизби исломии Ҳикматёр метавонанд вориди ҷузву томҳои мусаллаҳи давлати Афғонистон шаванд.

Аммо ба назар мерасад, баргаштани Ҳикматёр ба Кобул кори саҳле нахоҳад буд. Зеро аксари бошандагони Кобул, аз ӯ хотираи хубе ба ёдгор надоранд ва ҳамлаҳои рокетии ӯро ба ин шаҳр далели хонавайронӣ ва оворагии сокинони Кобул медонанд. Зоҳири Танин, сардабири маҷаллаи «Инқилоби савр», дар замони режими Муҳаммад Наҷибулло ва Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) дар китоби худ таҳти номи «Афғонистон дар қарни ХХ», менависад: Ҳикматёр аз 19 августи соли 1992 ба ракетборони Кобул оғоз кард, ки ба шиддат бештар аз як моҳ идома кард ва дар натиҷаи он 65 000 (шасту панҷ ҳазор нафар) кушта ва ҳудуди 500 000 нафар ин шаҳрро тарк карданд.

Ҳамчунин дар аввали моҳи январи соли 1994 Гулбиддин Ҳикматёр бо Рашиди Дустум Шӯрои ҳамоҳангиро таъсис намуданд ва рӯзи 10 январи ҳамон сол аз замину ҳаво Кобулро мавриди ҳамла қарор доданд. Нируҳои Дустум, ки он замон ҳавопаймои ҷангӣ дар ихтиёр доштанд, манотиқи стратегии Кобул, мисли қасри раёсати ҷумҳурӣ, бинои Радио ва ТВ ва инчунин манораҳои пахши барномаҳоро ҳадаф қарор медоданд. Нируҳои Ҳикматёр ҳавопайо дар ихтиёр надоштанд, вале аз самти ҷанубу шарқ Кобулро ракетаборон мекард. То моҳи июни соли 1994 нируҳои ҳукумати Раббонӣ ин ҳамлаҳоро на танҳо рафъ намуданд, балки тамоми нируҳои Дустум ва Ҳикматёрро аз Кобул ва наздикии он ба дур партофтанд.

Вале бар асари ин ҳамлаҳо аз як сӯ Кобул ба харобазор табдил шуда буд ва аз сӯе ҳам ҳукумати муҷоҳиддин ба раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ заъиф ва дар идораи саросари кишвар дучори мушкил шуда буд.

Амалиётҳои Ҳизби исломии Ҳикматёр танҳо омили вайронии Кобул ва шаҳрҳои дигари Афғонистон нашуданд, балки сабаби аслии нокомии ҳукумати муҷоҳиддин ва бадном шудани он дар дохил ва хориҷ аз Афғонистон ва саранҷом шикасти он дар муқобили Толибон шуданд. Аз 11 танзими умдаи муҷоҳиддин, ки бар зидди Шӯравӣ ҷангиданд ва дар апрели соли 1992 ба қудрат даст ёфтанд, Ҳизби исломии Ҳикматёр гуруҳе буд, ки ҳукумати Раббониро қабул накард ва муқобили он пайваста ҷанг ва амалиёт пеш мебурд. Агарчанд даргирӣ миёни нируҳои давлат ва бархе дигар танзимҳо низ мушоҳида шуда буд, аммо ба зудӣ роҳи ҳал пайдо мекард.

Ҳикматёр дар ҳоле муқобили ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ меҷангид, ки худаш ба гунаи расмӣ ва ё ҳам муддате намояндааш Сабоун, сарвазири ин ҳукумат буд.

Кобул аввалин шаҳре набуд, ки Ҳикматёр орзуи тасарруфи онро карда, вале ин орзуяш то ҳануз амалӣ нашудааст. Ӯ қабл аз Кобул, ҳанӯз дар замони ҳукумати Наҷибулло шаҳри Ҷалолободро хост тасарруф кунад, шаш моҳ ин шаҳрро дар муҳосира нигоҳ дошт ва мавриди ҳамла қарор дод, вале натавонист онро ба даст биорад. Нируҳои ҳукуматӣ бо фармондеҳии генерал Осифи Диловар тавонистанд шаш моҳ шаҳри муҳосирашударо ҳифз кунанд ва билохира ҳамлаи Ҳикматёрро дафъ намоянд.

Аз он замон генерал Осифи Диловарро Ҳикматёр душмани қасамхӯрдаи худ медонист. Дар соли 1992, вақте ки муҷоҳиддин ба қудрати Кобул расиданд, Осифи Диловари боқимонда аз режими қаблӣ, ҳамчун мутахассиси умури низомӣ, аз сӯи Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳайси муовини вазири дифоъ тайин шуд.

Як баҳонаи Ҳикматёр барои ҳамла ба Кобул ва напазируфтани ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ҳузури ба гуфтаи ӯ «бақоёи ҳукумати коммунистии Наҷиб» ва хоса Дустум ва Осифи Диловар буд. Ӯ онҳоро ба таъбири худаш мулҳид ва хориҷ аз дин медонист.

Имрӯзҳо дар сархати саҳифаҳои рӯзномаҳои Кобул баҳси Ҳикматёр аст. Ин тавофуқи ба истилоҳ сулҳ хотираҳои хобида дар зеҳнҳоро дубора такон дода ва бедор кардааст. Бештари нависандагони ин мақолаҳо занонанд, ки хотироти талхи оғози ҳаракати ҷавонони мусулмон ба раҳбарии Ҳикматёрро қисcа мекунанд. (http://8am.af/1395/02/22/hekmatyar-afghanistan-taliban) «Ҳикматёр меояд, хуни ҳазорон Рустами достон дар гарданаш») Даҳҳо хонуме, ки вобастагони Ҳикматёр ба далели рӯи зебо, вале бе чодарӣ дар донишгоҳҳои Кобул ба рӯи симои онҳо тезоб (кислота) пошида буданд, солхӯрда шуданд, аммо ҳамчунон сокини Кобуланд ва муқобили омадани ӯ садо дар медиҳанд.

Ба навиштаи сарчашмаҳо Ҳикматёр барои расидан ба қудрат, ки ҳаргиз ба ӯ муясар нашуд, ҳамеша аз мантиқи хушунат ва террор кор гирифтааст. Фаромуз Оҳанг, дар мақолаи худ бо номи «Ҳикматёр ва хаёли ботили иқтидор» бо зикри ин нукта менависад, ки Ҳикматёр ҳамеша дар муқобили мухолифони худ, балки ҳамразмонаш, ки сари ихтилоф бо ӯ дар масъалаи кучаке доштанд, аз ҳарбаи куштор истифода кардааст.

Ҳикматёр то замоне, ки тавонист дар муқобили ҳукумати Раббонӣ ва Масъуд ҷангид ва билохира дар муқобили нируҳои давлат ва аз суи ҷануб дар муқобили Толибон шикаст хӯрд. Ӯ дар соли 1996 ба сафи ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ пайваст. Вале дар сентябри ҳамон сол Толибон Кобулро тасарруф намуданд ва баъди як сол ӯ аз Мазори Шариф ва Тахор ба Ирон паноҳанда шуд. Ҳикматёр дар соли 2001 дубора ба минтақаи қабоили миёни Афғонистон ва Покистон бар гашт ва алайҳи нируҳои Амрико ва НАТО, ки бар асоси тавофуқи Бонн ба Афғонистон омада буданд, эълони ҷанг дод. Ӯ Афғонистонро ишғолшуда ва ҳукумати Карзайро омили дасти Амрико унвон кард ва нируҳояш дар ҷанг бо қувваҳои давлатӣ буданд. Агарчанд дигар ниру ва тавони чандоне надошт ва надорад.

Ба ин далел аст, ки бо вуҷуди эълони омодагии Ҳикматёр барои пайвастанаш ба барномаи сулҳ ва истиқболи бархе мақомот аз ин иқдоми ӯ, расонаҳои чопии Кобул ва шабакаҳои иҷтимоӣ мамлу аз мавҷи мухолифат бо бозгашти Ҳикматёр ва додани имтиёз ба ӯ мебошад.

Ҳатто Сибғатулло Муҷаддадӣ, аввалин раҳбари ҳукумати муҷоҳиддини Афғонистон дар соли 1992 дар баёнияе мухолифати худ ба банди 9 ва 11 тавофуқномаи сулҳ бо Ҳикматёрро эълон кардааст. Ин ду банд ба Ҳикматёр додани имтиёз аз суи давлат ба ӯ ва истиқболи расмии Ҳикматёр аз суи Ашраф Ғаниро пешбинӣ мекунад. Муҷаддадӣ гуфтааст, «Ҳикматёр агарчанд дар мубориза бо таҷовузи Шӯравӣ саҳм дорад, аммо дар тули ҷиҳод ва баъди он муртакиби иштибоҳ ва хиёнатҳои зиёде шуд, ки боиси вайронии фаровон гаштааст». Ӯ мегӯяд, додани имтиёз ба Ҳикматёр зери по гузоштани ҳуқуқи садҳо раҳбари дигари муҷоҳиддине аст, ки муқобили Шӯравӣ мубориза карданд.

Шуморе аз аъзои Маҷлиси сенои Афғонистон низ ба бандҳое аз тавофуқномаи миёни ҳукумат ва Ҳикматёр мухолифат намудаанд. Аъзои маҷлис мегӯянд, ки Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр бояд баъди имзои тавофуқномаи сулҳ силоҳу муҳимот ва маводи мунфаҷираи дар даст доштаашро ба давлати Афғонистони таслим диҳад.(www.jomhornews.com) Аъзои Маҷлис мегӯянд, дар матни тавофуқномае, ки мунташир шудааст, роҷеъ ба таслим додани силоҳҳои Ҳизби исломӣ ҳеч ҷое ишора нашудааст.

Изҳори назари Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати Афғонистон низ дар мавриди бозгашти Гулбиддини Ҳикматёр боиси баҳсу нигарониҳо шудааст. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори Би-би-сӣ (ВВС) дар мавриди он ки «ҳампаймонони шумо дар Ҳизби ҷамъияти исломӣ аз бозгашти Ҳикматёр нигаронанд, Шумо барои итминон додан ба онҳо чӣ мегӯед?», посух медиҳад, ки бозгашти Ҳикматёр ба хайри сулҳ аст. Ӯ ҳатто мегӯяд, ки дар гузашта вақте Ҳикматёр ба ҳукумати муҷоҳиддин пайваст, шарафи аз як суфра бо ӯ нон хӯрданро надошт, вале агар ин навбат ин фурсат муясар шавад, бо ӯ нон хоҳад хӯрд. Ин суханон боиси мавҷи норизоятӣ аз доктор Абдуллоҳ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто носазо гуфтан ба унвони ӯ шудааст. Доктор Абдуллоҳ гуфт, ки муовини аввали ӯ инҷинер Муҳаммадхон аз Ҳизби исломии Ҳикматёр аст ва Арғандвол, раиси шохаи дигари Ҳизби исломии сабти номшуда дар интихобот аз ӯ пуштибонӣ намуда буд.

Вале бояд гуфт, ки худи Ҳикматёр дар интихобот аз Қутбиддин Ҳилол, намояндаи худ эълони пуштибонӣ намуд, ки камобеш 2% овоз ба даст овард.

 АММО МОЯИ АСЛИИ НИГАРОНӢ АЗ СУЛҲ БО ҲИКМАТЁР ЧИСТ?

 Истиқбол аз сулҳ бо Ҳизби исломӣ ва Ҳикматёр аз сӯи давлат ва бархе ниҳодҳо як амри табиист, ба унвони истиқбол аз хатми хушунат, ҷанг, куштор ва баргашти субот ва омадани мардум ба сари зиндагӣ ва хонаву кошонаи худ. Сулҳ амри зарурӣ ва ҳатмист. Хоҳ бо Ҳикматёр аст ва хоҳ бо ҳар гуруҳи дигаре. Овардани гуруҳҳои хушунатгар ба сари музокира ва сулҳ низ маҳорат мехоҳад ва аз хатми ҷанг ба ҳар василае бошад, фақат бояд истиқбол кард, мантиқи ақли солим ва хирад ҳамин аст.

СММ гуфтааст, ки тавофуқномаи сулҳ бо Ҳизби исломиро баррасӣ мекунад.

Аммо дабири кули НАТО зимни баёнияе аз ин тавофуқ истиқбол кардааст ва онро ба унвони коҳиши хушунат ва ҷанг дар Афғонистон донистааст.

Аммо иллати аслии мухолифат ва ё мояи нигаронӣ аз бозгашти Ҳикматёр чист? Оё ин мухолифатҳо танҳо дар заминаи зеҳният ва хотироти нохуши сокинони Кобул аз замони ракетаборони ин шаҳр дар соли 1992 – 1994 сурат мегирад? Ва ё замина ва омилҳои дигаре ҳам мавҷуд аст, ки ин нигарониҳоро ба бор овардааст?

Барои ёфтани посухи ин суол бояд боз ҳам ба собиқаи Ҳикматёру ҳизби ӯ ва таҳаввулоти се даҳаи ахири Афғонистон муроҷиъат кард.

Табиист, ки нахустин омили мухолифат бо Ҳикматёр дар заминаи хотироти талхи мардум аз ракетаборони солҳои 1992 шакл гирифтааст ва ин бештар мухолифати сокинон ва мардуми одӣ аст. Мардум хоҳиши бозгашт ба он хотираҳоро надоранд.

Далели мухолифати рақибони сиёсии ҳикматёр аз сулҳ бо ӯ чист?

Ҳикматёр дар солҳои 70-уми асри гузашта аз пешвоёни «Ҷавонони мусалмон»-и Афғонистон буд. Ин ҷумбиш дар ҳавои исломхоҳии сиёсии гуруҳҳои мусалмон дар Шарқи миёна, хоса Ихвонулмуслимин ба вуҷуд омада буд. Ин созмон аз устодон ва донишҷӯёни исломгарои донишгоҳҳои Кобул иборат буд ва дар соли 1973 ба Ҷамъияти исломии Афғонистон табдили ном кард. Ва Бурҳониддини Раббонӣ нахустин амири ин созмони исломгаро интихоб шуд. Чанд рӯз баъди он режими шоҳӣ дар Афғонистон тавассути Муҳаммад Довудхон сарнагун ва ин кишвар ба низоми идораи ҷумҳурӣ табдил шуд. Исломгароҳо режими Довудро низ қабул накарданд ва бовар доштанд, ки Довуд бо Иттиҳоди Шӯравии вақт наздик аст ва аз онҷо дастур мегирад.

Вале Бурҳониддини Раббонӣ ба аъзои Ҷамъият дастур дода буд, ки аз ихтилоф ва рӯёрӯии ошкори режими нав худдорӣ кунанд. Вале ҷавонони Ҷамъият хостори амалкардҳои радикалӣ буданд. Яке аз раҳбарони ин ҷавонон Гулбиддини Ҳикматёр буд. Довуд таъқиби мухолифони исломгарояшро шиддат бахшид ва бархе аз онҳоро боздошт намуд. Аммо бархе дигар ба Покистон паноҳ бурданд, аз ҷумла худи Бурҳониддин Раббонӣ низ. Ҳикматёр ҳам баъди озодӣ аз боздошт ба Покистон паноҳанда шуд. Ҳукумати Покистон ба раҳбарии З. Бутто аз оғози бидуни таъхири шӯриш муқобили режими Довуд ҳимоят кард. Ихтилофи назар миёни раҳбарони Ҷамъияти исломӣ дар бораи методи мубориза ва оғози муқобилаи низомӣ бо режими Довуд, саранҷом бо барканории амалии Бурҳониддин Раббонӣ аз раҳбарии Ҷамъияти исломгароҳои афғон шуд. Саранҷом, вақте ки амири Ҷамъияти исломӣ дар зиёрати ҳаҷ буд, Ҳикматёр бо истифода аз фурсат, барномаи оғози амалиёти мусаллаҳона муқобили режими Довуд ва сафарбарии исломгароҳо ба минтақаҳои Афғонистонро тасдиқ намуд. Қосимшоҳ Искандаров, афғоншиноси маъруф дар китобаш «Политические партии и движение Афганистана на второй половине XX века» менависад: «Зимни сафарбарии нахустин гуруҳҳои муҷоҳидон ба дохили Афғонистон, вақте Хоҷа Маҳфуз гуфт, ки сафарбарӣ бояд бо иҷоза ва амри амир сурат бигирад ва чи гуна Шумо ин амалро аз назари шаръӣ шарҳ медиҳед(?), Мавлоно Ҳабибу-ул Раҳмон (дабири Ҷамъияти исломӣ) дасти Ҳикматёрро боло кард ва гуфт, «ин аст амири мо. Ман ӯро эътироф кардам ва Шумо низ эътироф мекунед. Ва ҳамин тавр Г. Ҳикматёр амири Ҷамъияти исломии Афғонистон шуд». Баъди шикасти шӯриши мусаллаҳона алайҳи Довуд, ихтилофи миёни раҳбарони исломгаро бештар шакл гирифт ва оқибат ба таъсиси ду ҳизб, Ҷамъияти исломӣ ба раҳбарии Бурҳониддини Раббонӣ ва Ҳизби исломии ба раҳбарии Қозӣ Муҳаммад Амин (амалан Гулбиддин Ҳикматёр) мунҷар шуд. Вале ин ихтилоф ва ин душманӣ қабл аз ин ҳодиса оғоз шуда буд ва баъди он ҳам идома кард ва то акнун идома дорад. Ин ихтилоф боиси вайронии шаҳрҳо ва марги ҳазорон нафар шуд.

Як решаи ин ихтилоф дар мансубияти таборӣ ва қавмӣ аст. Дар тирамоҳи соли 2014, вақте Ашраф Fанӣ ба унвони раиси ҷумҳур интихоб шуд, Гулбидин Ҳикматёр дар паёме ӯро табрик гуфт ва афзуд, ки раёсати ҷумҳуриро аз панҷшериҳо пок кардед, умедворам арк низ пок шавад ва заминаи сулҳу субот ва пешравӣ фароҳам мешавад. Манзур аз раёсати ҷумҳурӣ гуфтани ӯ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва ду муовинаш аст, ки барои аввалин бор дар ин мусаллас аз табори, ба гуфтаи ӯ паҷшерӣ ё тоҷик касе набуд.

Дар баҳори соли 1992 вақте талошҳои фиристодаи СММ Бен Севан барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ба натиҷа нарасид (яке аз иштибоҳоти Аҳмадшоҳ Масъуд ба эътирофи худаш мухолифат ба ҳамин тарҳ буд-М.С. Регистонӣ, «Масъуд ва озодӣ») ва амалан СММ аз қазия ба ҳошия ронда шуд, гуруҳҳои муҷоҳиддин ҳар кадоме дар талоши роҳёбӣ ба Кобул шуд. Тавре худи Гулбиддин Ҳикматёр иқрор кардааст, гуруҳҳои мусаллаҳи таҳти амри рӯзи 25 апрели соли 1992 вориди Кобул шуда қасри раёсати ҷумҳурӣ, бинои ҳукумат, вазоратҳои дохила, хориҷа ва иншооти муҳимро забт намуданд. Дар ҳоле ки қарор шуда буд, ки доктор Наҷибулло қудратро ба ҳукумати интиқолӣ таслим кунад ва бар асоси тавофуқ танзимҳои мусаллаҳ бояд вориди Кобул намешуданд ва рӯзи 24 апрел ҳам Аҳмадшоҳ Масъуд тавассути мухобира Ҳикматёрро аз оқибати вориди Кобул шудани хеш ҳушдор дода буд. Аммо чӣ гуна Гулбиддин Ҳикматёре, ки Ҷалолободро натавониста буд таслими худ кунад, тавонист ба осонӣ ва якшаба Кобулро тасхир кунад? Қосимшоҳ Искандаров дар таърихи «Политические партии и движения Афганистана во второй половине XX века» ба ин суол чунин посух додааст: «Это стало возможным в результате сговора пуштунских высших должностных лиц официальной, тогда еще, власти, таких как генерал М. Рафии, С. Лоик и других. По их приказу были открыты все ворота перед отрядами Г. Хикматяра, в том числе и ворота АРК, резиденция бывших королей, Президентский дворец и т.д.»

Ба ҳамин тартиб, унсурҳои ҳукумати Наҷибулло ва худи ӯ талош намуданд, аз даст ёфтани намояндагони қавмиятҳои дигари ғайри паштун ба қудрати сиёсии Кобул ҷилавгирӣ кунанд. Ва наҷоту бақои ҳукумати қавмии худро дар таслими ҳукумат ба Ҳикматёр ва ворид намудани нируҳои ӯ ба Кобул диданд.

Вале дар муқобил нируҳои дигар танзимҳо низ, аз ҷумла Аҳмадшоҳ Масъуд талош мекарданд, ки мавқеъи худро дар Корбул ва атрофи он тақвият бахшанд ва дар таъсиси ҳукумати оянда саҳм бигиранд. Нируҳои Масъуд умдатан дар шимоли Кобул буданд ва роҳи Парвон-Кобул дар ихтиёри бунёдгароҳои араби вобаста ба Ҳикматёр буд. Дар баробари тавтиъаи генералҳои Наҷибулло барои вогузор намудани Ҳикматёр ба Кобул, генералҳои дигар, мисли Абдурашид Дустум, фармондеҳи фирқаи 53-юм, генерал Мумин Андаробӣ фармондеҳи фирқаи 70-ум, генерал Бобоҷон Бобоҷон, фармондеҳи гарнизони Кобул барои вориди Кобул шудани нируҳои Аҳмадшоҳ Масъуд кумак ва ҳамкорӣ намуданд. Бархе аз ин нируҳо тавассути тайёраҳои Дустум ба Кобул интиқол шуданд. Ва дар натиҷаи амалиёти муштараки нируҳои Аҳмадшоҳ Масъуд бо Абдулрашид Дустум ва генерал Бобоҷон Ҳикматёр мувоҷеҳи шикаст ва маҷбур шуд, ки рӯзи 28 апрел аз мавқеъҳои худ дар дохили Кобул канор биравад.

Аммо ин шикасти ӯ барои пойтахт поёни ҷанг набуд, саҳифаи нави як ҷанги вайронгар шуд. Аз он таърих то кунун Ҳикматёр дар пайи ситонидани орият аст. Вале то кунун ба мақсад нарасидааст.

 АММО КӢ БАРОИ ОВАРДАНИ ҲИКМАТЁР МАНФИАТДОР АСТ? 

 Феълан агарчанде худи Ҳикматёр дар ҳукумат нест ва дар шартномаи сулҳ бо ӯ ҳам ҳеч вазифае барояш дар назар гирифта нашудааст, аммо аксари афроди вобаста ба ӯ дар калидитарин мансабҳои давлатӣ ҷой доранд. Масъуми Стоникзай, собиқ сарпарасти вазорати дифоъ ва феълан сарпарасти Раёсати умумии амнияти миллӣ, Ҳаниф Атмар, мушовири амниятии раиси ҷумҳур, дабири Шӯрои амнияти миллӣ, Ҳамидулло Хон, сарпарасти феълии вазорати дифоъ ва аз афроди вафодор ба Ҳикматёр мебошанд. Садҳо афроди вобаста ба ӯ дар радаҳои поинтар, аз муовинати вазир, то волии вилоятҳо ва вулусволиҳо ҷой доранд. Омадани ӯ ба Кобул бидуни шак ин афродро аз ҳар нигоҳе тақвият мекунад. Як ноҳияи нигаронии мухолифони сиёсии Ҳикматёр ҳамин аст. Ин ҳалқаҳо дар дохили АРК аз манфиатдорони аслии бозгашти Ҳикматёр ба саҳнаи расмии Афғонистон мебошанд.

Аммо сарчашмаҳои боз аз мавридҳо ва ройзаниҳои пушти парда ҳам хабар менависанд. Хабаргузориҳо аз қавли як рӯзномаи покистонӣ ба номи «Амниятнюс» менависанд, ки «мавқеъияти Ҳикматёр ба далели ҳимояти Арабистон ва Туркия дар Афғонистон тақвият шудааст. Арабистон ба давлати Кобул пешниҳод кардааст, ки дар сурати ҳузури Ҳикматёр дар Кобул як миллиард доллар ба Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар сурати ворид шудани аъзои Ҳизби исломӣ ба Афғонистон Арабистон ваъдаи сармоягузории барномаҳои чандмиллиардиро кардааст».

Хабаргузории «Тасним» менависад, ки «раиси ҷумҳурии Туркия низ бо ирсоли паёме гуфтааст, ки дар сурати вуруди Ҳикматёр ба Кобул Эрдуғон барои истиқбол аз вай ба Кобул сафар хоҳад кард».

Ҳамчунин бар асоси навиштаи сарчашмаҳои мухталиф, Ҳикматёр аз гузаштаҳои дур робитае бо Раҷаб Таиб Эрдуғон дошта ва аксҳои мунташиршуда дар шабакаҳои интернетӣ гӯёи ин ҳол аст. Эрдуғон ва Ҳикматёр ҳарду як вижагии муштарак доранд ва он ҳам ин ки ҳарду шогирд ва парвардаи мактаби исломгароии сиёсӣ мебошанд, ҳарчанд исломгароии Ҳикматёр олуда ба хушунат ва нафрати бештар аст. Дигар ин ки ҳарду ҳам мехоҳанд аз ҳарбаи дин ба манофеъи қавми худ баҳра бигиранд ва мазҳабро дар хидмати миллати худ қарор бидиҳанд.

Аммо як пири аз пой уфтода ё ба истилоҳ як «муҳраи сӯхта» ба чӣ дарде аз кишварҳои сармоядор мехӯрад, ки мехоҳанд ба сари лунгии ӯ миллиардҳоро бирезанд? Ба назар мерасад, ки Ҳикматёр мисле дар ёдҳои сокинони Кобул нақше ҳавлнок ва фаромушнашуданӣ монда, дар зеҳни кишварҳои ғарбӣ низ ҳамчунон нақши як бунёдгарои оташин ва муборизи оштинопазири зидди русиро ҳак кардааст. Ва шояд дубора мехоҳанд, аз ҳузури ӯ ва нируҳояш, идғоми онҳо ба сафи нируҳои давлатӣ, ҳузури бидуни мамониати онҳо дар саҳафоти шимол, дар сохтусози халқаҳои ваҳшатафкании фишор болои ҳавзаҳои нуфузи Русия истифода кунанд? Ин мавзуи баҳси дигарест, ба он намепардозем… Фақат бояд гуфт, ки аз баҳри Худо Арабистон ва Туркия ба омадани Ҳикматёр пул намедиҳанд. Вақте сиёсатгузорони мо бидуни дидани матни тавофуқе қудрати хондани онро пайдо мекунанд, ҳамон вақт аст, ки мо метавонем ба чолишҳои пеши рӯи худ посух бигӯем, дар ғайри сурат тамошогаре беш нестем.

Аммо ин ҳама сару садо, гуфту мон, аз суи дигар нигаронӣ ва нидои хушҳолӣ дар баргаштани Ҳикматёр ва омадани сулҳ бо ӯ дар ҳолест, дар охирин лаҳзаҳо гуфта мешавад, ки шояд Ҳикматёр ҳаргиз ба Кобул бар нагардад. Зеро Аҳмад Саидӣ, кордори пешини Сафорати Афғонистон дар Исломобод ва Ҷовиди Кӯҳистонӣ, генерали собиқи Вазорати дифоъи ин кишвар ҳар кадоме ба таври ҷудогона навиштаанд, ки «Ҳикматёр мурдааст, ё ҳадди ақал баъди сактаи мағзӣ дар ҳолати кома ба сар мебарад».

Р. Давлат,

ходими илмии Институти забон,

адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97