Сутуни муқовимат шикаст: Генерал Довуд террор шуд

Аз террор ва шаҳодати генерал Муҳаммаддовуди Довуд, фармондеҳи пулиси тамоми саҳафоти шимоли Афғонистон, ки мактаби сиёсӣ ва низомии Аҳмадшоҳи Масъуд захми амиқе ба пайкари худ хурд ва марзҳои Тоҷикистон бештар осебпазир шуд, панҷ сол мегузарад ва ҳар рӯзи даргузар ин ҳақиқатро ошкор ва бармало месозад.

«Миллат» воқеияти имрӯзро дар соли 2011 пешгӯӣ карда буд, ки онро манзури хонанда мегардонем.

 Талафоти тоҷикон

Террори Муҳаммаддовуд танҳо аз миён бурдани як тоҷики саркаш, баландболо, доно, қудратманд ва хушсимо набуд. Ин террори як марди ҳадафманд ба манзури осебпазир сохтани мактаби Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва боз кардани роҳи тавсеъаталабӣ ба шимол аст. Бо шаҳодати генерал Довуд Тоҷикистон як ҳамкор ва дӯсти содиқи худ дар муқовимат ба гурӯҳҳои тавсиъаталаб ва тундравро аз даст дод.

Акнун агар дар хотир дошта бошем, суханони Аҳмадшоҳи Масъудро дар апрели соли 2001 дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки гуфта буд, Толибон василаест барои ба умқи стратегӣ дар Осиёи марказӣ даст ёфтани Покистон ва кишварҳои манфиатдор ва пуштибони онҳо (манзур Ғарб-Р.Д.). Акнун бо террори шахсиятҳои муқовимат ин роҳ ба сӯйи умқи стратегӣ ҳамвор мешавад. Аммо нигаронии ман аз он аст, ки дар Тоҷикистон ба умқи ин суханон аз суфуфи мақомот кам касоне расидаанд ё нарасидаанд. Як гиламандии дӯсти ман Довуд ҳам ҳамин буд, ки дар идомаи матлаб ба он бар хоҳем гашт.

 Нахустин ошноӣ

Аммо ошноии ман бо генерал Довуд аз тирамоҳи соли 2001 аз замоне оғоз шуд, ки ӯ омода мешуд, то Тахорро аз Толибон озод намуда ва дар қасди поксозии Қундуз аз дасти ин гурӯҳ буд. Дар як нишасти хабарие, ки барои бештар аз 100 нафар журналистони хориҷӣ ороста буд, ман дар сафи пеш ва дар рӯ ба рӯи ӯ дар болои сабза дар чамани Тахор менишастам. То поён ба суолу посухҳои ӯ гӯш додам ва иҷозаи суол хостам, бо хоҳиши ҳамкоронам аз шабакаи ТВ Чех. Баробари он ки худамро муаррифӣ намудам, Муҳаммад Довуд (раҳмати Худо бар ӯ бод!) аз ҷояш баланд шуд ва бо табассуме, ки симои зебояшро мақбултар мекард, номамро ба забон овард ва дастамро гирифт ва гуфт, ки ҳар шаб гузоришҳоятро мешунавам. Ва шунида будам, ки ин ҷо ҳастӣ. Ин барои ман ғайри интизор буд. Аз ӯ пурсидам, ки кай амалиётро барои озодии Қундуз оғоз мекунад, чун як ҳафта боз ин ҳама хабарнигор интизори ин кор аст? Гуфт, ҳар вақте агар ҳамла ҳам кардам, инро эълон намекунам. Мутмаъин бошед ва барои рафиқонат ҳам бигӯ, ҳеҷ ҷенроле чунин кореро намекунад. Аммо агар дар Қундуз амалиёт оғоз шуд, хабарашро, бо шӯхӣ афзуд, номамро гирифт ва гуфт, ки қабл аз дигарон хоҳад дошт. Албатта ман ва ҳамаи хабарнигорони дигар ҳам ин посухро қаблан медонистем. Аммо интизории ду ҳафта ҳамаро дилгир карда буд, ки боз ҳам интизори суқут ё озодии Қундуз бимонем ё ба Тоҷикистон бар гардем. Вале Довуд гуфт, ки аз ин бештар хабари муҳим барои шумо дорем, ки хоса барои Тоҷикистон шояд ҷолиб бошад ва он ҷо кушта шудани Ҷумъаи Намангониро барои аввалин бор эълон кард. Ва гуфт, ки Тоҷикистон аз ин дарди сар халос шуд, инро гузориш кунед ва ман пурсидам, ки дақиқан? Гуфт: Мутмаин!

 "Генерал не скрывал свои симпатии к таджикскому журналисту"

Намози шом наздик мешуд ва моҳи Рамазон буд ва гуфт, ки медонам рӯза дорӣ, агар хоста бошӣ бо ҳам ифтор кунем ва ба сӯҳбат идома диҳем. Албатта ман фурсати бештар ошноӣ ва доштани як манбаи хабариро ба унвони хабарнигор аз даст додан намехостам. Раҳораҳ аз сӯҳбати Довудхон бо ҳамроҳонаш ва тавассути телефон пай бурдам, ки вақте ҳама интизори амалиёт болои Қундуз будааст, Дустум аллакай аз самти шимол ва ғарб вориди ин шаҳр шуда ва Толибон ба самти Бағлон ва Чордара ақибнишинӣ кардаанд. Ин хабарро Довуд намехост, ки ба матбуот бигӯяд. Баъди хатми он нишаст ҳамкоронам Андрей Бабитский ва Яромир Штетиноро дидам, ки дар гузоришҳои худ навиштанд, ки "Генерал не скрывал свои симпатии к таджикскому журналисту".

Ифтори он шабро Шоҳиҷаҳон Нурӣ таҳия карда буд, ки он замон муовини фармондеҳ Довуд дар ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон буд. Шоҳиҷаҳоне, ки акнун раиси идораи амнияти Тахор буда ва ҳамроҳ бо Довуд дар амали террористии Тахор шаҳид шуд.

Ба назари ман чунин мерасид, ки Довуд вақте бо ҳамроҳони худ сӯҳбат мекард ва ё тавассути телефон, шояд фикр мекард, ки ман мутаваҷеҳи ҳамаи ҳарфҳои ӯ намешавам, ки ҳамаи ҳарфи худро бепарда мегуфт ва ё итминон ҳосил карда буд, ба ҳар сурат намедонам. Дар ҳамин моваро бародари Довуд телефони моҳвораро пеши ӯ овард ва гуфт, Устод аст. Ва Довуд сӯҳбат мекард ва мегуфт, ки Устод, ман гуфтам, ки сари ӯ нафар итминон нест, ӯ сад бор ҳам хилоф кард ва шумо ҳам сад бор сари ӯ итминон кардед, халос аст, шаб мекашам ӯро.

 Озодии Кундуз ва Довуд ба аҳдаш вафо кард

Баъди он гуфтам, ки Дустум вориди Кундуз шудааст? Бо каме ҳайрат гуфт, аз куҷо фаҳмидӣ? Гуфтам бо Устод Раббонӣ сӯҳбат кардӣ ва гуфтӣ, имшаб амалиётро шурӯъ мекунӣ. Ӯ бештар ҳайрат кард ва гуфт, фақат ҳамин шабро фурсат дорем, агар аз даст биравад, ҷанг бефоида ва тӯлонӣ мешавад. Гуфтам, ваъдаат ёдат наравад. Субҳи зуди рӯзи дигар, бо бародари Довуд ва Шоҳиҷаҳон вақте вориди Кундуз мешудем, онҳо ҳамеша таъкид мекарданд, ки хатарнок аст ва аз ҳамроҳии ман нигарон буданд, вале ман мехостам хабари озодии Кундузро аввал аз ҳама дошта бошам. Ҳанӯз ҷангҳои пароканда дар марказ ва атрофи шаҳр идома дошт. Генералро дар назди бемористони шаҳр дидам, гуфт, ки ҳамин аст, гуфтам, Кундуз озод шуд? Гуфт, дигар ҳамин аст. Хабарнигорони дигар соати 14 иҷозаи ворид шудан ба шаҳрро ёфтанд. Ин қавлу таваҷҷӯҳи як генерал буд. Ман ҳам то ҳанӯз ин қисса накарда будам ва албатта ҳаргиз ҳам намедонистам, ки ба унвони сӯгномае ба ёди азизи Муҳаммаддовуд рӯи сафҳа хоҳад омад.

 Фарқи генералҳо

Баъди суқути Толибон Довуд борҳо ва борҳо чун муовини вазири дохила ба Душанбе омад ва ҳар бор ҳам бо вуҷуди серкорӣ фурсат меёфт ва сӯҳбат мекардем. Ӯ аз ҳамкорӣ ва кӯмаки бархе аз генералҳои тоҷик ҳам бо миннатдорӣ ёд мекард. Ба хусус мегуфт, мо аз ҷенерол Зуҳуров хеле қарздорем, ки мавзӯъи мақолаи дигар аст.

Аммо боре як фармондеҳи дағдағадори Фронти халқиро ҳам чунин гумон кардам. Баъди як размоиш аз ӯ аввалин суолро кардам, ки ба шиддат нороҳат шуд ва гуфт, ки "ни какие вопросы на таджикском". Аз ин бархурди генерали тоҷик хабарнигори собиқи шабакаи "Мир" илҳом гирифт ва гуфт, ки дуруст ва ба русӣ сӯҳбат кард. Инро барои муқоиса бо тафаккур овардам. Ҳоло ин фармондеҳи собиқ спортчӣ шудааст.

 Сутуни муқовимат шикаст

Муҳаммад Довуд як тоҷики ватанпарасти содиқ, ҳадафманд ва сулҳписанд буд. Ӯ як сутуни мӯҳками мактаби Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ муовини вазири умури дохила буд ва ҳадафаш аз омадан ба шимол таъсиси ҷабҳаи муқовимат ва басиҷ кардани нерӯҳои собиқи Ҷабҳаи шимол бар алайҳи Толибон буд. Террори ӯ як амали машкук аст. Дасти иттиҳомро дар ин террор хеле аз худи ҳамсангарони Ӯ ба сӯи омилҳое дар дохили ҳукумати Афғонистон дароз мекунанд. Бархе онро кори дасти Покистон гуфтаанд. Аммо ҳарчӣ ҳаст, заҳри онро тоҷикон мечашанд. Муҳаммад Довуд мояи нигаронии душманони дохилӣ ва хориҷии мактаби Масъуд буд. Довуд баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузаштаи Афғонистон маълум кард, ки аз сатҳи як генерал, фармондеҳ ва ҳатто вазир болотар рафтааст. Ва ба як марди ҳадафманде табдил шудааст, ки дар сари орзуву омол ва ҳадафе, ки дорад ва содиқ ҳаст, ҳаргиз муомила нахоҳад кард. Рози террори ӯ ҳам дар ҳамин аст. Айнан мисли куштори Аҳмадшоҳи Масъуд, ки то кушта нашуд, назми сиёсии дунёро одамхудоҳо натавонистанд дигар кунанд.

 Ёдат ба хайр, ҷанговари адабиёти тоҷик

Муҳаммад Довуд ҳам ҳамонест, ки агар дар филмҳо дида бошед, Масъуд машғули шеърхонист ва аз ӯ мепурсад, ки ӯ қумондон соҳиб чӣ мехоҳад, бо ишора ба як қумондоне, ки аз ҷабҳа бар гаштааст ва ҷуръати сухан намекунад. Довуд, ки фармондеҳи ҷабҳаи Тахор буд мегӯяд, қумондон соҳиб мехоҳад бигӯяд, ки шумо ин ҷо баҳси адабиёт доред, вале Толиб болои Фархор тааруз кардааст. Масъуд бо каме андеша мегӯяд, ба ӯ бигӯ, ки ин ҷанге ҳам, ки мо мекунем, барои наҷоти ҳамин адабиёт аст.

Ёдат ба хайр, дӯсти генералам Муҳаммад Довуд, ҷанговари адабиёти тоҷик.

Раҳматкарими Давлат

Аз бойгонӣ

Миллат №22/31 майи 2011

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97