Ғанӣ ва Абдулло дар пешорӯи озмуни суқут

 Расо ду соли пеш, 5 апрели соли 2014 интихоботи раёсти ҷумҳурии Афғонистон доир гашт. Ин интихобот пурҷанҷолтарин интихобот дар таърихи муосир дониста мешавад, ки баъди шаш моҳ натиҷаҳои он эълон шуд, вале боз ҳам дар навъи худ беназир буд, зеро на баранда ва бозанда, балки натиҷаи сиёсӣ дошт. Ду нафар довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби Камисюни мустақили интихоботӣ, яке ба унвони раиси ҷумҳур ва дигаре ба унвони раиси иҷроияи ҳукумат муаррифӣ шуданд. Ин ҳукумат, ки бо миёнҷигарии ИМА таъсис шуд, Ҳукумати ваҳдати миллӣ ном гирифт. Таъсиси ин ҳукумат он замон танҳо роҳи берун шудан аз бунбаст дониста мешуд, зеро Афғонистон ба думболи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар остонаи таҷзия қарор гирифта буд. Ва мебоист Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ин чолиш посух диҳад.

Вале акнун аз эҳтимоли суқути ин ҳукумат сухан зада мешавад. Ва чандгонагии сиёсӣ аз чолишҳои аслии пеши роҳи ин ҳукумат дар соли 2016 дониста мешавад.

 

 ПАНҶ ЧОЛИШИ АСЛӢ

 Фиристодаи хоси Дабири кулли СММ дупорчагии сиёсиро яке аз панҷ чолиши асосӣ дар баробари бақои Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар соли 2016 унвон кардааст. Ин дупорчагии сиёсӣ чист ва чӣ рабте ба бақои Ҳукумати ваҳдати миллӣ дорад?

Никола Ҳейс, фиристодаи хоси дабири кулли СММ дар поёни маъмурияти худ дар гузорише, ки ба Шӯрои амнияти СММ ироъа кардааст, гуфтааст, Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон барои он ки ба умри худ идома диҳад, дар соли 2016 бояд аз панҷ монеъаи аслӣ бигузарад.

Аммо ин панҷ монеъа кадомҳо мебошанд?

  • Бекорӣ ва рушди пасти иқтисодӣ
  • Идомаи шӯришгарӣ
  • Аз ҳам пошидагии сиёсии рӯ ба афзоиш
  • Вобастагӣ ба ҳимояти молии байналмилалӣ
  • Душвории раванди сулҳ.

Бояд гуфт, ки ба эътиқоди нозирон ва таҳлилгарони умур, мудирияти сиёсӣ дар Афғонистон аз аҳамияти бештаре бархурдор аст, зеро убур аз ин чолиш гузаштан аз чолишҳои боқимондаро осонтар мекунад. Аз назари раиси пешини ҳайати СММ дар Афғонистон мудирияти сиёсии ин кишвар ба дупорчагии раҳбарони сиёсӣ ва забонзада шудани мафҳуми ваҳдати миллӣ рӯбарӯ аст.

Ин дупорчагӣ дар мудирияти низоми сиёсии Афғонистон замоне аҳамият пайдо кард, ки ҷанҷоли байни ду тими интихоботӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба бунбаст расид. Саранҷом ду тими интихоботӣ бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло дар таъхихи 22 сентябри 2014 бар сари иштирок дар қудрат ба натиҷа расиданд ва Тавофуқномаи сиёсиро дар мавриди тақсими қудрат ва ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба сурати мусовӣ, яъне 50%-50% ба имзо расониданд. Ва ба бунбасти сиёсие, ки ҳудуди шаш моҳ тӯл кашид, поён доданд. Бар асоси ин тавофуқ натиҷаи интихобот эълон нашуд, балки аз ҷониби Камисюни мустақили интихоботӣ Ашраф Ғанӣ ба ҳайси раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло ба унвони раиси иҷроия эълон ва қудрати сиёсиро дар Афғонистон соҳиб шуданд.

Бояд гуфт, ки ин Тавофуқи сиёсӣ бо миёнҷигарии бевоситаи Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи ИМА ва мусоидати бевоситаи раиси ҷумҳури он кишвар Барак Обама ҳосил шуд.

 АСЛИ ТАВОФУҚ АЗ ЧӢ ИБОРАТ АСТ?

 Пас аз имзои Тавофуқнома ва ташкили ҳукумати шарикӣ бо номи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бар мабнои ин Тавофуқнома камисюни вижа таъсис дода шуд. Ин Камисюн муваззаф шуд, то иҷрои бандҳои тавофуқи имзошударо назорат кунад. Раҳбарии ин Камисюн ба ӯҳдаи Муҳаммади Нотиқӣ, сафири пешини Афғонистон ва аз ҷонибдорони тими интихоботии Абдулло Абдулло вогузор гашт. Ахиран ин Камисюн гузориши худро ба сарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ пешниҳод кардааст. Раиси ин камисюн гуфтааст, ки то кунун 80% тақозои ин Тавофуқнома иҷроӣ шудааст.

Муҳаммади Нотиқӣ, раиси ин Камисюн гуфтааст, ки бандҳои иҷрошудаи ин Тавофуқнома умдатан бар сари сохторҳои ҳукуматӣ аст. Расмият бахшидан ба кобинаи ҳукумат ба сарварии Раиси ҷумҳур ва шӯрои вазирон ба раҳбарии Раиси иҷроия, тайини мақомҳои ҳукматӣ, инчунин ислоҳоти низоми интихоботӣ аз ҷумлаи ислоҳоти сохторӣ маҳсуб мешавад. Дар моҳи декабри соли 2014 раиси ҷумҳур Ғанӣ бо судури фармоне Шӯрои вазиронро ба истилоҳ тафсири ҳуқуқӣ кард ва вазифаи Абдулло Абдуллоро ба ҳайси раиси ин Шӯро мушаххас намуд. Бино ба маълумоти мавҷуд, ду тим ҳамчунин бар сари тақсими 278 вазифаи давлатӣ миёни ҳам низ тавофуқ кардаанд. Аз ин миён 25 вазир, 16 раиси ниҳоди миллӣ ё мустақил, 34 волӣ ё раиси вилоят, 64 сафир ё намояндаи дипломатӣ.

Як мавриди дигари Тавофуқнома ислоҳоти низоми интихоботӣ аст. Ду фармоне дар ин маврид аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ содир шудааст, ки тарҳи ислоҳи низоми интихоботиро пешбинӣ мекунад. Ислоҳоти низоми интихоботӣ низ мушкилоти худро дорад ва ба кундӣ пеш меравад.

Гуфтанист, ахиран яке аз шахсиятҳои ҷанҷолбарангез дар интихоботи Афғонистон Муҳаммадюсуфи Нуристонӣ, раиси Камисюни мустақили интихобот истеъфои худро эълон кард ва раиси ҷумҳур истеъфои ӯро қабул кард. Бархеҳо истеъфои ӯро ба унвони боз шудани роҳи ислоҳоти низоми интихоботӣ медонанд. Аммо ба ҳар ҳол дар ин замина кори қобили мулоҳизае сурат нагирифтааст.

Мушкилоти дигаре ба қувваи худ боқист. Аз ҷумла бар сари таъйиноти шахсиятҳо бар мақомҳои калидӣ. Ба сурати мисол ҷонибдорони Абдулло Абдулло сарпарастии Маъсуми Стонкзайро дар мақоми вазорати дифоъ қабул надоранд, мисле ки ҷонибдорони Ашраф Ғанӣ сарпарастии Ато Муҳаммади Нурро бар вилояти Балх.

Ду нуктаи ҷанҷолии дигар ҳам матраҳ аст, ки ба унвони нақзи Тавофуқи сиёсӣ талаққӣ мешаванд.

  • Тавзеъ нашудани шиносномаҳои барқӣ ё электроник, ки ҳанӯз дар замони раёсати ҷумҳурии Ҳомиди Карзай расмияти қонунӣ пайдо карда буд ва бояд барномаи тавзеъи шиносномаҳо оғоз мешуд.
  • Таъхири интихоботи порлумонӣ ва шӯрои вулусволиҳо, ки замони маъмурияташон дар моҳи сентябри соли 2015 хатм шуд ва феълан бар асоси фармони раиси ҷумҳур ба кори худ идома медиҳанд.

Камисюни назорат бар иҷрои тавофуқи сиёсӣ дар гузориши худ ба сарони Ҳукумати вахдати миллӣ ин ду мавридро таъкид кардааст.

Агар ин ду маврид амалӣ мешуд, заминаи як интихоботи шаффофтаре, ба вижа барои баргузории Луи ҷирга фароҳам мешуд. Бар асоси Тавофуқнома баъди интихобот бояд Луи ҷирга баргузор шавад ва бо ислоҳи Қонуни асосӣ симати Абдулло Абдуллоро аз раиси иҷроия ба сарвазирӣ табдил кунад. Ин кор бар асоси тавофуқ бояд дар давоми ду соли умри Ҳукумати ваҳдати миллӣ анҷом мешуд.

Аммо ҳанӯз ҳич нишонае аз тадбире барои баргузории чунин Луи ҷирга мушоҳида намешавад. Бино ба гуфтаи бархе аз мақомоти давлатӣ ҳанӯз камисюне ҳам барои ислоҳи матни Қонуни асосӣ ташкил нашудааст. Ташкили ин камисюн низ аз ҷумлаи ҷузъиёти ин Тавофуқнома мебошад. Вале Муҳаммади Нотиқӣ, раиси Камисюни назорат бар иҷрои Тавофуқнома дар гузориши худ гуфтааст, ки сарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ то кунун ин корро нодида гирифтаанд.

Дар поёни моҳи марти соли 2016 созмони назорат бар интихобот бо номи Бунёди интихоботи шаффоф ва одилона дар гузориши худ гуфтааст, ки Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар баргузор кардани ислоҳоти низоми интихоботӣ ноком будааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки дар яку ним соли гузашта Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ислоҳоти низоми интихоботӣ ба унвони як ниёзи ҷомеъаи Афғонистон нигоҳ накарда, балки ба ин масъала тавре бархурд кардааст, ки гӯё маҷбур аст таҳти фишор онро қабул кунад.

 

ҚАВМ МУҲИМТАР АЗ АҚИДА

 Исмоили Юн, вакили порлумони Афғонистон бовар дорад, ки иҷро нашудани шароити Тавофуқнома ва бароварда нашудани интизориҳои ҷонибдорони Ғанӣ ва Абдулло боис шудааст, ки онҳо норозӣ шаванд. Ин эътирозҳо боиси шакл гирифтани ду гуруҳи мухолифин дар баробари ин ду раҳбари ҳукумат шуд:

  • Шӯрои ҳаросат ва суботи Афғонистон тавассути ҳомиёни умдатан норозии Абдулло Абдулло ташкил шуд, ки Расули Саёф, Юнуси Қонунӣ, Бисмилохон Муҳаммадӣ ва Муҳаммад Исмоилхон аз шахсиятҳои пурнуфузи ҷиҳодӣ узви он мебошанд.
  • Ҷабҳаи навини миллии Афғонистон аз сӯи ҷонибдорони дар ҳошиямондаи Ашраф Ғанӣ бунёдгузорӣ шуд. Ба ин созмон Анварулҳақ Аҳадӣ, Муҳаммадумари Довудзай, Аюби Солангӣ, Қози Муҳаммадамини Вақод иборат аст. Гуфта мешавад, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури пешин ҳам аз ин ташкилоти иборат аз норозиёни ҷонибдори Ғанӣ ҳимоят мекунад.

Ба ин гуна, мешавад чунин хулоса баровард, ки амалан ин «дудастагӣ» дар сафҳои қудрат ба «чордастагӣ» табдил шудааст. Зеро ашхоси берун аз ҳукумат, ки вориди ин ду ташкилоти оппозитсионӣ ҳастанд, нуфузи зиёде болои мақомдорони сатҳи мухталифи ҳукуматӣ аз маҳал то ба марказ доранд.

Бар иловаи он шахсиятҳо, ҳизбҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки ба ин чор даста вобаста намебошанд низ дар ҷомеа аз имконот ва зарфиятҳои зиёде барои сафарбарӣ ё басиҷи мардум бархудор ҳастанд, ки сарфи назар кардани онҳо мумкин нест.

Як суол ин аст, ки ин ду ва ё чаҳор гуруҳ асосан ба меҳварияти чӣ арзиш ё ақида ва ё барномае шакл гирифтаанд ва аз чӣ қишрҳое таркиб ёфтаанд? Аз таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллӣ яку ним сол ва аз ташкили ин ду гуруҳи оппозитсиюнии ҷонибдорони онҳо чанд моҳ мегузарад. Ва бисёре аз назорагарони умур ба ин боваранд, ки ҳам тимҳои интихоботӣ ва ҳам гуруҳҳои ташкилшудаи оппозитсиюнӣ номутаҷонис мебошанд. Яъне таносуби қавӣ дар ин гуруҳҳо мутаносиб нест. Ва ин амр аз як ҷиҳат мушкилоти мавҷудро печидатар ва аз сӯи дигар ҳам ин гуруҳҳоро шикананда мекунад. Вале феълан ин гуруҳҳо ташкилоти худро нигоҳ дошта ва ҳамин тавр эътидолро дар ҷомеъа ҳифз карданд. Аммо замоне, ки масъалаи сиёсӣ ва мунозиъаи сиёсӣ пеш биояд, моҳияти ин гуруҳҳо хатарнок хоҳад шуд. Зеро ба эътиқоди хеле аз таҳлилгарони умур дар сиёсати Афғонистон таалуқи қавмӣ ба истилоҳ «фарбеҳтар» аз идеологияи сиёсӣ аст.

Дар чандин даҳаи гузашта гуруҳҳои сиёсӣ дар Афғонистон дар сатҳи сиёсати давлатӣ талош карданд, ки бо идеологияи коммунистӣ, (дар замони ҳукумати ҳалқиҳо ва парчамиҳо), бо идеологияи исломи сиёсӣ (дар замони ҳукумати муҷоҳиддин) ва бо даъвои демократӣ аз соли 2011 ба ин сӯ ба сохтани як милати воҳиди афғон ё афғонӣ даст ёбанд. Вале ҳамеша дар ними роҳи ин талошҳо омил ё унсури қавмӣ аз дили ин идеологияҳо бадар омада ва дар меҳвари гуфтугӯҳо ва муодилоту муомилоти сиёсӣ қарор гирифтааст. Чӣ дар гуфтугӯи таъсиси ҳукумати муҷоҳиддин, чӣ дар сиёсати Толибон, чӣ дар музокироти Бонн меҳвари аслии гуфтумонро тақсими қудрат миёни ақвом ташкил медод.

Дар соли 2014 низ замоне интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба бунбаст расид, маҳз тақсими қудрат бар мабнои тавозуни қавмӣ сурат гирифт ва боиси берун рафтан аз бунбаст гардид. Қонунҳои зиёде барои беасар кардани омили қавмӣ дар сиёсати кишвар қабул шудааст. Вале ҳамоно ин унсур пуррангтарин омили сиёсат боқӣ мондааст. Ҳоло коршиносон бовар доранд, ки дар шароити кунунӣ як роҳи ҳалли зудрасе, ки мушкили парокандагиро рафъ кунад, дар дастрас нест, вале бовар меравад, ки тадобире мавҷуд аст, ки бо рӯи даст гирифтани онҳо метавон ба пушти сар гузоштани чолишҳои соли 2016 кумак кард.

Бархе коршиносон ба ин боваранд, ки як шарти аз ҳам напошидани Ҳукумати ваҳдати миллӣ иҷро кардани Тавофуқномаи сиёсӣ аст. Аммо бархе ҳам ба ин боваранд, ки ҳукумат имкони амалӣ кардани ин тавофуқномаро дар муҳлати ду соли таъиншуда надорад.

Як шарти асосии Тавофуқнома баргузории интихоботи порлумонӣ ва шӯрои вулусволиҳост, то бар асоси он Луи ҷиргаи ислоҳоти Қонуни асосӣ доир шавад. Луи ҷирга иборат аз ваклиони ду маҷлиси порлумон ва аъзои шурои вулусволӣ мебошад. Дар ҳоле ки интихоботи ин ду зинаи намояндагӣ баргузор нашавад, доир намудани Луи ҷирга ғайри мумкин хоҳад буд. Интихоботи порлумонӣ ва шӯрои вулусволиҳо дар 15 октябри соли 2016 таъин шудааст. Аммо ҳоло кафолате вуҷуд надорад, ки интихобот дар он таърих баргузор мешавад ё не.

Масъалаи сиёсӣ дар дохили ҳукумат ва парокандагӣ ба ҳадде аст, ки намояндаи пешини СММ дар Афғонистон дар гузоришаш ба Шӯрои амният таъини тавофуқи ду тим бар сари таъини сарпараст бар вазорати дохила ва додситонии кулро як пешрафти муҳим арзёбӣ кард. Дар ҳоле ки чунин иқдоме дар шароити суботи сиёсӣ як амри одӣ ва муқаррарии кори давлатдорист.

Намояндаи вижаи дабири кули СММ соли 2016-ро соли бақои Афғонистон унвон мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар солиёни гузашта ин масъала дар миён набуд, балки мизони муваффақияти ҳукумат ба баррасӣ гирифта мешуд.

Ҳоло масъала ин аст, ки агар ҳукумат барои гузор аз ин чолишҳо муваффақ нашавад, на танҳо масъалаи бақои худаш дар садри ҷадвали нигарониҳо қарор мегирад, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ноҳия низ нигарон аст, ки дастовардҳои демократии аз соли 2001 ба ин сӯ зери суол қарор хоҳанд гирифт. Бинобар ин, убури ҳукумат аз озмун ва чолишҳо барои мардуми ин кишвар бисёр муҳим аст.

Масъалаи дигари қобили зикр, ин аст, ки бақои ин ҳукумат ва ҳифзи субот, ва ё аниқтараш ба бунбаст расидани Ҳукумати Афғонистон ва дучори буҳрони амиқтар шудани он кишвар ба сурати хоста ва нахоста барои кишварҳои фаросуи Ому, хоса Тоҷикистон, ки 1400 км марзи муштарак дорад, боиси нигаронист.

 Раҳматкарими Давлат

 

 

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97