«Аз деву дад малоламу инсонам орзуст»


khojaly 1Ё агар он ҳарзаҳоро нашр мекардем, аз мурдаҳо шарм медоштем

 (Бидуни озмун)

 Аз сафорати Озарбойҷон дархост омад, ки хабарнигорон метавонанд дар озмуни эълоншудаи ин сафорат ширкат кунанд ва баранда шаванд. Яке матлаб низ ба унвони идора фиристоданд, то нашр кунем. Аммо бо амри маъзарат, онро натавонистем чоп кунем. Зеро пур аз ҳарза буд, ва шояд рӯҳи шаҳидони ин ҳодисаро низ озурда месохт. Матлаб барои дилсӯзӣ ба ин шаҳидон на, танҳо ва танҳо ба хотири озмун навишта шуда буд ва бисёр беҳунарона.

Фоҷиаи Хоҷалӣ

Порлумони Озарбойҷон рӯзи 26 феврали соли 2007 муроҷиатномаеро қабул кард, ки аз созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон хоста мешуд, то онҳо фоҷиаи Хоҷалиро ҳамчун амали қатли омми озариҳо эътироф кунанд.

Соли 2010 Созмони конфронси исломӣ санаде қабул кард, ки тибқи он бояд кишварҳои узви ин созмон фоҷиаи Хоҷалирро ҳамчун ҷинояти зиддибашарӣ эътироф кунанд.

Соли 2012 Кумитаи умури байналмилаии порлумони Покистон ҳам фоҷиаи Хоҷалиро як ҳодисаи қатли омм донист.

Дар Небраска ва Ню Мексикои ИМА 26 феврал ҳамчун “Рӯзи поси хотири Хоҷалӣ” ёд мешавад.

Ба поси хотири қурбониёни ин фоҷиа дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон лавҳаи ёдгорӣ бунёд шуд. Филмҳо сохта шуд, даҳҳо матлабу гузориш солҳо боз дар матбуоти бархе аз кишварҳо дар бораи ин фоҷиа дарҷ мешаванд. Ҳамасола муҳоҷирони иҷбории Хоҷалӣ ба унвони СММ, Иттиҳодияи Урупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо муроҷиатнома ирсол медоранд ва дархост мекунанд, то ба ин фоҷиа баҳои воқеъӣ дода шавад.

Шаби пурдаҳшати 25 ба 26-уми феврали соли 1992 нируҳои мусаллаҳи арманӣ бо ҳузури хидматчиёни полки 366-уми ИҶШС мавзеъи Хоҷалиро ба тасарруфи худ дароварданд. Ин ҳамла ҳазорҳо куштаву захмӣ ва гумномро дар пай гузошт.

Ин минтақа дар Қарабоғ як минтақаи стротегӣ маҳсуб меёфт. Тавассути Хоҷалӣ роҳҳои Агдам – Шуша, Аскеран – Степанакерт мегузаштанд ва ҳамчунин инҷо ягона фурудгоҳи Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойгир буд. Ин мавзеъ аз соли 1988 ба минтақаи набарди манфиатҳо табдил шуд. Арманистон даъво пеш меовард, ки ҳукумати Озарбойҷон бо мустақар кардани беҷошудагони озарӣ ва туркҳои месхетинӣ, ки аксарият аз Узбакистон гуреза шуда буданд, дар ин мавзеъ мехоҳад вазъи демографӣ дар минтақаро ба суди кишвари худ тағйир бидиҳад.

Ин мавзеъ дар соли 1988 2135 нафар аҳолӣ дошт ва соли 1991 аҳолии он 6300 нафарро ташкил дод, аз ҷумла бо шумули беҷошудагони озарӣ аз Степанакерт ва дигар мавзеъҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, 54 хонаводаи турки месхетинӣ, ки дар пайи низоъ дар водии Фарғонаи Узбакистон фирорӣ шуда, дар ин мавзеъ ҷойгир карда шуданд. Соли 1990 ба Хоҷалӣ мақоми шаҳр дода шуд.

Соли 1991 Хоҷалӣ зери тасарруфи нируҳои мусаллаҳи арманӣ қарор гирифт ва пас аз хориҷ шудани нируҳои низомии ИҶШС аз Қарабоғи Кӯҳӣ ба тамомӣ дар муҳосираи нируҳои арманӣ монд. Ҳама роҳҳо ҷуз роҳҳои ҳавоӣ баста буданд. Ин шаҳр ба набардгоҳи аслии муборизаи милливу маъмурии Озарбойҷон ва Арманистон табдил шуд. Ҷанг онро ба харобазор табдил дод.

Дар пайи таҳқиқоти Созмони мудофеи ҳуқуқи инсон бо номи “Мемориал” зимни амалиёти ҷангӣ дар Хоҷалӣ то 4 ҳазор нафар мардум дар шаҳр будаанд.

“Мемориал” маълумот пешниҳод кардааст, ки дар Агдам ба ташхиси тибии судӣ 181 ҷасад ёфт шудааст. Давлати Озарбойҷон теъдоди қурбониёни ин ҳодисаро бештар медонад ва онро 613 нафар ҳисоб мекунад, аз ҷумлаи занону кӯдакон ва афроди солманд, ки қурбонии ин низоъ шудаанд.

Ҳукумати Озарбайҷон дар соли 1994 дар номае расмӣ ба унвони Котиби генералии СММ феҳристи 82 кӯдаки озариро пешниҳод мекунад, ки низомиёни арманӣ асир гирифтаанд.

Ҳодисаи даҳшат аз ин ҷангро шоҳидони он қисса мекунанд, ки он дар даҳҳо гузоришу филму китоб гирдоварӣ шудаанд. Қатл, таҷовуз, таҳқир изи ангушти ин ҷанги нобаробари таърих аст, ки аксарияти қурбониёнаш афроди мулкӣ ва бегуноҳу бесилоҳ будаанд. Ҷониби арманӣ ҳукумати маҳаллиро дар Хоҷалӣ гунаҳкор медонад, ки бо вуҷуди қаблан огаҳ шудан аз амалиёти низомӣ аҳолии осоиштаро берун накашидаанд. Аммо ҳукумати маҳалли мегӯяд, ки барои ин фурсат накардааст. Пас аз ин бармеояд, ки аҳолии осоишта дарвоқеъ қурбонии аслии ин низоъ шудаанд.

Расонаҳои амрикоӣ ҷиҳати манофеъи худ ва расонаҳои русӣ ва лагери наздик ба он манфиатҳои худро ба хости худ инъикос мекарданд, аммо дар ин миён қурбонии аслӣ мардуми аз сиёсат бехабар ва бедифоъ буданд. Қурбониёне, ки руҳи онҳо мунтазири баҳои воқеии таърих аст.

А. Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97