Чаро Чин аз узвияти Эрон дар СҲШ дифоъ кард

       Ё Эрон ба СҲШ чӣ медиҳад ва аз он чӣ интизор дорад?

        Чин ба сурати расмӣ эълон кардааст, ки аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳимоят мекунад. Раиси ҶХЧ Си Зинпин зимни сафари ахираш ба Эрон ва баъди дидору мулоқотҳояш бо мақомоти Теҳрон дар ин маврид баёнияе содир намуд. Вай гуфтааст, ки «Чин дархости Иронро дар мавриди дарёфти узвияти СҲШ ҷонибдорӣ мекунад».

        Қабл аз он, намояндаи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова низ гуфта буд, ки тавофуқ бар сари танзими барномаи ҳастаии Эрон роҳро барои баррасии дархости ин кишвар ҷиҳати узвият дар СҲШ боз мекунад.

       Бар асоси Оинномаи СҲШ кишваре, ки таҳти таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор дошта бошад, имкон надорад ба узвияти ин созмон пазируфта шавад. Вале феълан таҳримҳоеро, ки Шӯрои амнияти СММ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон нисбати ин кишвар ҷорӣ намуда буд, бардошта шудаанд. Ва Эрон метавонад дархости худро барои пайвастан ба узвияти комили СҲШ пайгирӣ кунад.

          Созмони ҳамкориҳои Шайнхай дар ҳоли ҳозир аз кишварҳое мисли Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Чин ва Узбекистон иборат мебошад. Соли гузашта Ҳиндустон ва Покистон низ ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд, ки дар ҳоли ҳозир муқаррароти дарёфти ҳаққи комили узвият дар созмони мазкурро такмил мекунанд. Эрон дар ҳоли ҳозир узви нозир дар СҲШ мебошад. Эрон дар замони ҳукумати ҳаштсолаи Маҳмуди Аҳмадинажод, хоса дар солҳои охири роҳбари ӯ бисёр кушиш ба харҷ дод, то узви CҲШ шавад. Аммо ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи он кишвар аз сӯи Шӯрои амнияти СММ дар соли 2008 ва инчунин ройзании Амрико дар дохили мақомоти бархе аз кишварҳои узви СҲШ алайҳи узвияти Эрон боиси он шуд, ки ин кишвар натавонад узвияти созмони мазкурро касб кунад.

        Суоли матраҳ ин аст, ки Эрон аз касби узвият дар ин созмон чӣ ҳадаферо думбол мекунад ва дар воқеъ чӣ суде метавонад аз қарор гирифтан дар радифи Чин ва Русия бубарад? Ва аз сӯи дигар ҳам оё СҲШ ба унвони муҳимтарин созмони ҳамкории кишварҳои минтақа чӣ ниёзе ба Эрон дорад? Ва то куҷо узвияти Эрон аз нигоҳи иқтисодӣ, ҳавзаи нуфуз ва амнияти минтақаӣ ба имконоти СҲШ хоҳад афзуд? Яъне нафъи мутақобилаи Эрон ба кишварҳои узви СҲШ ва баръакси он дар чист? Ва оё ба суди кишварҳои узви кунунии СҲШ ҳаст, ки Эрон ба узвияти комили ин созмон пазируфта шавад?

         Баҳси пазируфтани кишварҳо ба узвияти СҲШ солҳо ба ин тараф дар маҳофили коршиносӣ ва расонаҳо вуҷуд дорад. Ва суол ин аст, ки густариши ҷуғрофиёи СҲШ аз ҳисоби узвияти дигар кишварҳо то куҷо ба суди ин созмон ва чӣ андоза ҳам барои ин ташаккуули минтақаӣ мушкилсоз аст.   

        Ба ҳар сурат, кабули дархости Ҳинду Покистон барои узвият дар СҲШ дар соли 2015 баёнгари ин аст, ки роҳбарои кишварҳои узви ин созмон густариши ҳавза ва ҷуғрофиёи созмони мазкурро ба манфиати он медонанд.

         Эрон ба унвони узви нозир аз минбари СҲШ то кунун ба нафъи барномаҳои сиёсӣ, минтақаӣ ва глобалии худ истифода намудааст. Аммо дарёфти узвияти комил ба роҳбарияти Эрон имтиёзҳои бисёри сиёсии дигаре медиҳад.

          Аввал ин ки узвият дар як созмони минтақаӣ дар қатори Русия ва Чин, ду кишвари узви доими Шӯрои Амнияти СММ, дорои имконот ва зарфиятҳои бузурги низомӣ ва иқтисодӣ, ду маркази бузурги қудрат ва соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои амнияти СММ барои Эрон бисёр аҳамият дорад.

         Аз нигоҳи дигар Эрон мехоҳад дар симои СҲШ як ташаккулеро бубинад ва мебинад, ки ба густариши нуфузи Ғарб ва хусусан ИМА дар Осиёи Марказӣ то ҳадде рӯёрӯӣ мекунад. Ворид шудан ба узвияти СҲШ ба Эрон имкон медиҳад, ки манофеъи худро дар ин замина дар минтақа ҳимоят кунад.

        Аз нигоҳи амниятӣ ва дифоъӣ низ Эрон ба СҲШ ба унвони як созмони ояндадор назар мекунад. Барои мақомоти эронӣ баргузории размоишҳои муштараки кишварҳои узви созмон ва ширкати Эрон дар ин машқҳо низ бисёр муҳим аст ва ба дасти раҳбарони ин кишвар як корти дигари баранда дар ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ медиҳад. Ба ин тартиб, Эрон имкони табодули дониш, таҷриба, иттилоъ ва технологияро пайдо мекунад.

          Аз сӯи дигар, кишварҳои калидии СҲШ Русия ва Чин бо Эрон дар масъалаи он ки минтақа бояд амният ва суботи худро мустақилона ва бидуни мудохилаи берунӣ таъмин кунад, иттифоқи назар доранд. Ин ҳамоиши манфиатҳо заминаро барои густариши ҳамкориҳо бештар фароҳам месозад. Узвияти комил дар СҲШ ба Эрон имкон медиҳад, ки минбари ин созмонро барои матраҳ намудани барномаи усулии худ дар мавриди ҷорӣ намудани низоми амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ истифода кунад. Дар ин тарҳ ҷое барои бозигарони хориҷ аз минтақа, хусусан ИМА бар асоси пешбинии Эрон мавҷуд нест.   

       Эрон дар шароити феълӣ ба СҲШ ба унвони як фурсат, зарфият ва имконияти бузурги иқтисодии истифоданашуда нигоҳ мекунад. Эрон ба ин бовар аст, ки густариши ҳамкориҳо дар  доираи СҲШ дар натиҷа метавонад боиси шаклгирии бозори бузурги иборат аз чанд иқтисоди дар ҳоли рушди устувори ҷаҳонӣ (Чин, Ҳинд ва Русия) шавад. Аз ҷумла ба роҳ мондани тиҷорати имтиёзнок бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мутобиқсозии содироту воридот ба шароити кунунӣ дар чаҳорчӯби СҲШ посухгӯи ниёзҳои Эрон аст. Аз тарафи дигар, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз имконоти сармоягузориҳои Эрон, он ҳам дар ҳоле ки сармояҳои ҳангуфти ин кишвар аз қайди таҳримҳо раҳо мешавад, бархурдор шаванд. Инчунин ин кишварҳо имкон пайдо мекунанд, дар чаҳорчӯби муқаррароти тиҷоратии ин созмон дар содироту воридот ва расидан ба бандарҳои обӣ аз қаламрави Эрон имтиёз ба даст биоваранд.

          Саноати дар ҳоли рушди Эрон заминаро барои густариши тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Миёна фароҳам мекунад ва ин кишварҳо метавонанд бозори масрафи моли Эрон бошанд. Ҷамъияти Эрон ва иқтидори иқтисодии он кишвар дар таносуб ба ҷамъияти ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва иқтисоди ин кишварҳо ба сурати куллӣ бештар аст. 

        Аз сӯи дигар, иқтидор ва тавоноии низомии Эрон ва ниёзмандиҳои он ба таслиҳоти лозим барои кишварҳои узви СҲШ муҳим аст, ки битавонад бозори фуруши таслиҳоти Русия ва Чинро гарм нигоҳ дорад. Иштирок дар СҲШ барои Эрон низ ба унвони як имтиёз барои харидории таслиҳот ва технологияи пешрафтаи низомӣ бисёр аҳамият дорад.

          Узвият дар СҲШ барои Эрон имкониятҳои зиёдеро ҷиҳати фаъолият дар ҳудуди кишварҳои узв фароҳам мекунад. Дар сурати узвият иқтисод ва тиҷорати Эрон ба сурати рақобати озод, вале бар асоси меъёрҳои муайяншуда, метавонад вориди бозори Осиёи Марказӣ шавад. Он гоҳ монеъаҳое, ки ҳомиёни манофеъи ғарбӣ ва кишварҳои арабӣ барои вориди ин бозор шудани Эрон эҷод мекунанд, бардошта хоҳанд шуд. Зеро дар СҲШ қоида барои ҳамаи аъзо ягона амал мекунад.

         Бархе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки узвияти Эрон дар СҲШ боис мешавад, ки дар соли аввали узвият ҳаҷми табодули мол миёни ин кишвар ва аъзои боқимондаи созмон то 15% афзоиш пайдо кунад. Аз нигоҳи дигар ҳам ин коршиносон бовар доранд, ки пазируфтани Эрон боиси афзоиши нуфуз ва эътибори ин созмон аз назари геополитикӣ хоҳад шуд. Ва иқтисоди Эрон, хусусан сармоягузориҳо, навсозии саноат ва технологияҳои он кишвар ба суръат рушд хоҳанд кард. Ва Русия, Эрон ва Қазоқистон имкон пайдо мекунанд, ки барномаҳои ҳамкории худро дар бахши энергетикӣ бештар ҳамоҳанг созанд ва дар ҷиҳати таъини сиёсати пулӣ ва нархҳо муваффақтар амал намоянд.

        Ҳузур ёфтани Эрон дар СҲШ метавонад нақши ин созмонро дар ҳалли масъалаҳои мухталиф дар дунёи ислом низ афзоиш бидиҳад. Эрон ба сурати билқувва ва ба далели умумиятҳои таърихӣ ва динӣ ва имконоти ҷуғрофиёӣ ва молие, ки дар соири кишварҳои минтақа, аз Ховари Миёна то Афғонистон ва Осиёи Марказӣ нақши қобили инкоре дорад. Ва дар сурати узвияташ дар СҲШ бахше аз ин имконот барои аъзои дигари ин созмон низ қобили истифода хоҳанд шуд.   

        Ҷамъе аз таҳлилгарон муътақиданд, ки узви комилҳуқуқи СҲШ шудани Эрон имкон дорад, рӯҳияи зиддиамрикоӣ дар ин созмонро доман бизанад, вале аз ҷониби дигар, он метавонад ҳамчун аҳроми фишор ба ИМА истифода шавад.

        Бо таваҷҷуҳ ба имконот, зарфият, захоири табиӣ, ҷамъият, иқтидори энергетикӣ ва низомии қаламрави СҲШ, иддае аз коршиносон мегӯянд, агар Эрон ба узвияти СҲШ пазируфта шавад, ин созмон амалан, баъди СММ ва Иттиҳодияи Аврупо севумин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

  Раҳматкарим Давлатов,

ходими илмии

Институти забон, адабиёт,

                                                                                  шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97