Қирғизҳо на танҳо Соли нав, Инқилоби Октябрро низ ҷашн мегиранд

treeАксар  фикр мекунанд, ки ҷумҳуриҳои пасошуравии Осиёи Миёна аз ҳам фарқи чандоне надоранд ва аз ҳар ҷиҳат мушобеҳи ҳамдигар  мебошанд. Аммо баррасии мухтасар ҳам, бароямон бармало месозад, ки ин бовар чандон саҳеҳ нест. Агар мо ба ҷомеъаи ин кишварҳои тозаистиқлол  танҳо аз назари сукунати аққалиятҳои миллӣ ва қавмӣ бинигарем, ин тафовутҳоро хоҳем дид.

 

Маълум аст, ки муҳоҷирати иҷбории даврони сталинӣ аз ҳама бештар симои милии Қазоқистону Қирғизистонро тағйир дода, болои се ҷумҳурии дигари минтақа камтар таъсир гузошта аст. Ҳоло ҳам дар сарзамини Қирғизистон намояндагони беш аз 88 қавму миллиятҳо зиндагӣ доранд. Тибқи омори мавҷуд дар ҳудуди 30% аҳолии ин ҷумҳуриро намояндагони аққалиятҳои миллӣ ташкил медиҳанд. Чунончи, шумораи ҳамзабонони мо 55 дар Қирғизистон ҳазор нафар ҳисоб мешавад.

Бо гузашти наздик ба 25 сол аз касби истиқлол, ҷойгоҳи забони русӣ ба масобаи забони расмӣ (қирғизӣ забони давлатӣ мебошад) чандон зиёд зарбаро мувоҷеҳ нагардидааст. Хусусан дар вилоятҳои шимолӣ, ки пойтахти кишвар, шаҳри Бишкек ҷузъи он мебошад, ниёз ба забони русӣ ҳоло ҳам махсус аст. Чунин вазъ барои қирғизҳо имтиёзро низ дар бар доштааст. Бо таваҷҷуҳ ба раванди афзояндаи муҳоҷирати корӣ, ки асосан ба Русия сурат мегирад, ин вазъу ҳолат ба қирғизҳо имкон медиҳад, бо балад будани забони русӣ, дар муқоиса бо тоҷикону узбекҳо, худро дар муҳити бегона мутмаинтар эҳсос намоянд.

Ва ҳануз, ки фаромӯш накардаам, боз дар мавриди як вижагии ин ҷумҳурии ҳамсоя: Миёни 15 кишварҳои пасошӯравӣ, Қирғизистон, ягона ҷумҳуриест, ки то кунун дар тақвими расмии худ, 7 ноябрро ба унвони рӯзи ғалабаи Инкилоби Октябр нигаҳ доштааст ва он бо ранги сурх тасвир шуда аст. Ҳоло ҳам соҳибназарон ва нухбагони ин ҷумҳури ба ин ақида устуворанд, ки маҳз аз барақати ҳамин руйдоди таърихӣ, қавми қирғиз соҳиби сарзамини воҳид, мактабу маориф, зерсохторҳои  иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Банда шахсан аз ин мавзеъ ҳимоят мекунам ва онро қадрдонӣ ба гузашта ва воқеъияти  таърихӣ мешуморам.

Ахиран дар шаҳри Токмоки вилояти Чуй, бо ташаббуси Бунёди Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешин ва Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон, ҷамъомади илмиву амалӣ доир гардид ва банда ҳам ба унвони муовини раиси Созмони тоҷикон ба номи устод Рудакӣ дар он ширкат намуда  ва суҳбат кардам. Роза Отунбоева, бо сароҳат эълом намуд, ки касирмиллиятӣ барои кишвараш неъмати бузург аст ва масъулон бояд аз он ба суди ҷомеъа ва кишвар истифода намоянд. Дар поёни ҳамин нишаст намоиши ҳунарии намояндагони 15 миллияти сокини ҷумҳурӣ муаррафӣ  шуд ва мавриди пазироии гарми тамошогарон қарор ёфт. Яъне, одамон аз кишвари худ берун нарафта, тавонистанд бо фарҳангу  ҳунари чандин қавму миллатҳои гуногун ошноӣ пайдо кунанд.

Дар Қирғизистон алорағми мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, талош мешавад чашну маросимҳои давлатӣ ва айёми мазҳабиро таҷлил ва қайд намоянд. Ин мушкилот, хусусан, ҳамин сол чашмрас гаштаанд. Танҳо тайи як соли 2015 қурби арзи миллӣ - сом ба мизони 27% қоҳиш ёфта, дар як вақт миқдори пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русияву Қазоқистон ба чумхурӣ низ ба мизони қобили мулоҳиза кам шуд. Ин матлабро Алмаз Атамбоев, раисҷумхури Қирғизистон дар нишасти матбуотии солонааш дар Бишкек қайд намуда ва мушкилоти пешомадаро бархоста аз авзоъи иқтисодии Русия шумурд, ки ба дунболи таҳримҳои олами Ғарб рӯи кор омадааст. Дар як вақт сарвари кишвар изҳор дошт, ки ҳукуматаш ҷиҳати ҳифзи қурби сом дар соли 2016 иқдомоти лозимро анҷом хоҳад дод. Вай дар зимн ибрози умед намуд, ки мардум даври суфраи солинавӣ бо хонаводаҳои худ чамъ омада, таҳвили солро бо орзуҳои азлии инсонҳо, ки беҳбуди рӯзгори фарзандону пайвандон мебошад, ҷашн мегиранд.

Дар робита ба ҷашну маросимҳо ёдовар шуда, наметавон аз баррасии чанд масоили номатлуб чашм пушид, ки гоху ногоҳ ҷомеъаи Қирғизистонро музтариб месозад. Бо истифода аз арзишҳои озодии баён, тайи чанд соли ахир, дар хусуси  ношоиста будани ҷашнгирии Соли нави масеҳӣ ва ҳатто иди Наврӯз мавод ба нашр мерасад. Маълум аст, ки муаллифони чунин даъвоҳо мустақил нестанд ва таҳти ҳидояту роҳнамоии бегонагон, пайт ёфта ин гуна даъворо ба рухи ҷомеъа мекашанд. Хушбахтона, ҷомеъаи Қирғизистон тавонистааст ин сару садоҳоро бо мантиқ посух гуфта ва дар масири рушд қадам гузорад.

Дар кулл, қирғизхо ба қадри айёми таътилу маросимҳои идона ва рӯзҳои истироҳатӣ мерасанд ва талош мекунанд онро хушоянду муфид сипарӣ кунанд. Дар ин росто, албатта сокинони пойтахт пешсаф ҳастанд ва то кунун шаҳри Бишкек то қадри имкон симои аврупоии худро тавонистааст нигаҳ дорад. Маъмулан, шаҳрҳои шарқӣ рӯзҳои истироҳат пуродамтару серғавғо мешаванд. Дар Бишкек бошад рӯзҳои шанбеву якшанбе одамон ва мошинҳоро хеле кам дучор мешавед. Зеро мардум дар айёми гармо ба саёҳати дарраҳои хушманзари болосари пойтахт ва ё соҳили Исиқ-Кӯл мераванд ва зимистон бошад ба лижатозӣ худро саргарм месозанд.

Хулас, Қирғизистон ба соли нави 2016 қадам гузошт ва масъулони кишвар ҷиҳати беосеб нигаҳ доштани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, дар ҳадди имкону тавон, барномаҳои мушаххасро тарҳрезӣ менамоянд. Ба гуфтаи коршиносон дар ду соли оянда (солҳои 2016-2017) Қирғизистонро лозим меояд бобати бозпардохти қарзаҳои хориҷӣ, маблағи бештарро  дар буҷа пешбинӣ намояд. Гузашта аз ин ҷиҳати бунёди неругоҳи барқи обии « Қамбар-Ата 1» ва ду неругоҳи болооби Норин ҷалби сармояи ҳангуфт лозим меояд. Ба иттилоъи Алмазбек Атамбоев, Русия бинобар мушкилоти иқтисодӣ, аз идомаи сармоягузории ин пружаҳои муҳими гидроэнергетики худдорӣ кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба нихоӣ шудани лоиҳаи бузурги CASA-1000, Қирғизистонро зарур аст, барои тезонидани бунёди неругоҳҳои ҷадидаш, даст ба икдом шавад.

Дар фарҷоми суҳбат, ба чанд  шабоҳате ишора карданиам, ки Қирғизистонро бо Тоҷикистон наздикӣ ва пайванд медиҳад. Қабл аз ҳама ду кишвар дар саргаҳи захоири обу энергетика қарор доранд ва дар сурати даст ба даст додан, метавонанд аз ин неъмати худодод барои  халқҳояшон ва рифоҳи кишварҳояшон суди бештарро биёваранд.

Банда бо доираҳои коршиносону соҳибназарон ва журналистони ин ҷумҳурӣ робитаи наздик дорам ва як ҳақиқатро мушоҳида кардам, ки дар кулл онҳо нисбати Тоҷикистон ва мардумаш дидгоҳи муғризонаву мутакабирона надоранд. Балки ҳамвора кӯшиш доранд, алорағми мавҷуд будани баъзе мушкилиҳо дар таъйини хатти марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон, аз сари мантиқ ибрози назар намоянд ва ба раванди ҳамсоягии нек халал ворид насозанд.

Фикр мекунам, дар Точикистон низ хамин гуна равия ва руҳия мавҷуд аст. Гузашта аз масъулони сатҳи олии ду ҷумҳурии ҳамсоя равобити наздику ҳамдигарфаҳмиро эчод кардаанд ва ин эътимоди мутақобил болои муносибатҳои дуҷониба таъсири мусбат боқӣ мегузорад.

tree2                                                          Қодиршои МУРУВВАТ,

 сардабири нашрияи «Паёми Ала-Тоо»,

Бишкек, барои «Миллат».

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97