Устод Ато Муҳаммади Нур: Мехоҳанд тоҷикро бе мард бисозанд ва бақияро мисли гӯсфанд чӯпонӣ кунанд…

 

atta-noor-2Мехоҳанд моро бе мард бисозанд, бе мардони пайкоргар бисозанд ва бақияро мисли гӯсфанд чӯпонӣ кунанд…

 

(Суханронии Ато Муҳаммади Нур дар сари тобути Устод Раббонӣ)

 

Дар робита ба шаҳодати раҳбари худ таҳқиқ мехоҳем. Мо бо иналлоҳи ва ино алайҳи роҷеъун гуфтан, дигар кифоят намекунем. Намешавад, ки бо такрори ин калом мо ҳамаи ноҷавонмардиҳо, хиёнатҳо ва душманиҳое, ки сурат мегирад, нодида бигирем. Намешавад, ки бо иштирок дар ҷаноза ва иштирок дар фотиҳахонӣ ва таслият гуфтанҳо интизори инро бикашем, ки ҳама гап такбир шуда ва ҳама бо мо ҳамдард аст. Мо мехоҳем, ки решаи ин қазия маълум шавад. Мо мехоҳем, ки хуни ҳеҷ шаҳиде, бар ҳадар наравад. Чунончи то кунун қазияи шаҳодати Қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд хомӯш аст ва ба миллат гузорише дода нашудааст, ки кор ба куҷо расидааст, ки он ҷинояткорҳо киҳо буданд ва чи тавр ба оғуши Қаҳрамони миллӣ роҳ ёфтанд. Мо намехоҳем, ки бо фотеҳахонӣ пайи ҳам якдигари моро бикушанд ва бо дастони худи мо дафн кунанд ва мо бигӯем, ки қаҳрамон будем ва шаҳид шудем. Ва ин хидмати мо ба хотири миллат буд. Бале хидмати мо ба хотири миллат аст, аммо мо намехоҳем, ки душманони мо ба содагӣ бар мо пирӯз шаванд.

 

Ошкоро бигӯем, ки мехоҳанд моро бемард бисозанд, бе мардҳои пайкоргар бисозанд, сарони моро аз мо бигиранд, қурбонӣ намоянд ва бақияро мисли гӯсфанд чӯпонӣ кунанд. Мо инро намехоҳем ва ҳаргиз чунин нахоҳад шуд.

 

Хонмуллохон то Маликзарин ва Довудҷони шаҳид, Шоҳҷаҳони шаҳид, Сайидхели шаҳид ва қабл аз он Омир соҳиби шаҳид ва кунун Раҳбари моро аз мо гирифтанд ва мехоҳанд, ки мо хомӯш бинишинем, ҳаргиз на!

 

Мо аз ҳаққи инсонӣ, исломӣ ва афғонии худ ҳимоят мекунем. Ман ҳамин ҷо эълон мекунам, ки ҳар қатра хуни шаҳиди худро мегирам. Боз ин ҷо мегӯям, ки интиқоми хуни шаҳиди худро мегирем, ин бе ҷавоб намемонад. Мо буздилона сари худро ба замин намегузорем, ки шамшери ҷаллод бар навбат ба сари ҳар кадоми мо биояд. Мо бо қомати баланд, сарафроз ва ҷонона аз арзишҳои худ, аз миллати худ, аз хуни шаҳидони худ ҳимоят мекунем.

 

Ҳаракоте, ки ҳоло ҳаст, аз сӯи давлат, маънош ин аст, ки бо ин гуруҳи шайтонӣ бояд сулҳ ҷараён дошта бошад. Сулҳ амри инсонӣ ва исломӣ аст, ки бо ҷону дили худ қабул дорем. Аммо сулҳ ба касе, ки аслан сулҳро намешиносад, маъно надорад. Чӣ гуна ба касе, ки ба модари мо раҳм намекунад, ба пиру раҳбари мо раҳм намекунад, ба савдогари бозор раҳм намекунад, ба масҷиди худо, ки танҳо ибодатгоҳи худованд аст, раҳм намекунад, чӣ гуна мешавад, сулҳ кард? Агар Ғарб триллион доллар сарф мекард, наметавонист ба ҳадде, ки Толиб исломро бадном кард, бадном кунад. Инҳо аз чодари зан, аз либоси зан буздилона истифода карданд, аз лунгии ришсафедони мо, ки сунбули шахсиятҳои кишвари мост, истифода карданд ва бадном сохтанд. Бо ин гуруҳи ваҳшӣ сулҳ намешавад.

 

Сарнавишти Ҷамъияти исломӣ чӣ мешавад? – садое аз издиҳом меояд.

 

Ҷамъияти исломӣ як ҳизби саросарии миллӣ аст. Таъкиду такрори ман ин аст, ба ҳайси узви вафодори Ҷамъият, ки Раҳбари шаҳидро ман ҳамеша падар гуфтам, ман ҳамеша ӯро падари маънавӣ хитоб кардам. Ва ҳаргиз нахостам, ки бо ҷузъитарин амали ман хами абрӯ ба пешонии раҳбари муаззаму бузургмард биояд. Тавонмандии ҳама чиро доштам. Тавонмандии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, танзим кардани мардум ва таъсиси ҳизбро ҳам доштам, аммо ҳаргиз нахостам, ки ба ихтилофи Афғонистон биафзоям ва раҳбари худро озурда бисозам. Акнун аз масъулини Ҷамъият мехоҳам, ки кори худро хуб пеш баранд ва Кунгураи худро доир кунанд, ин миллат аст, ки тасмим мегирад.

 

Суоли ман аз Қонунӣ, Аҳмадзиё, Исмоилхон, Абдуллоҳ ва ҳамаи дӯстон ин аст, ки оё қабул доред, ки пайи ҳам, яке пайи дигаре ёронатонро тавассути дастони худатон дафн бикунанд? Ин ҳама қурбонии беҳуда доданро мо дигар намехоҳем.

 

Ё басиҷ мешавем то душманро ба зону дар оварем ва ё дар ғайри он, бинишинем гиря кунем ва омода шавед, ки яке паси дигар якдигарро гӯр мекунем:

 

Бедордилонро ҳама шаб субҳи умед аст,

 

Бедор шав, эй хуфтадил, аз хоб чӣ хезад.

 

Маншин зи такопуй, агар раҳрави ишқӣ,

 

Чун оби равон бош, зи мурдоб чӣ хезад?!            

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97