Сарлашкари аср

Зуҳури Аҳмадшоҳи Масъуд дар синаи санг паёми бедорӣ ва озодагӣ

Masud9 сентябри соли 2001 аз дасти  қотили нобакор, сарлашкари аср - вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба қатл расонда  шуд ва имсол аз ин марги пурфоҷиа расо 11 сол мегузарад, лекин аҳли башар ин марди бузургро фаромуш нахоҳад кард.

Бузургии ин Шермардро шоири ширинзабони кӯлобӣ хеле хуб тасвир кардааст:

Ҳаққо шабеҳи ҳодисаи Карбало шудӣ,

Охир шаҳиди фитнаи хасми Худо шудӣ…

…Бо дасти ту шикаст тилисми сипоҳи сурх,

Мушкилкушои сеҳру тилисми бало шудӣ…

…Чун ту набуд марди фидоӣ азизи ҷон,

Ҷоно, фидот ҷони азизам, фидо шудӣ.

(Абдуқаҳҳори Мӯсо, Миллат, №36, 5.09-2012).

Мукофоти олӣ барои генерали мағлуб ва танзи Масъуд

Ходими намоёни давлати Тоҷикистон муҳтарам Сайидамир Зуҳуров дар нашрияи ASIA-PLUS (№68, аз 6 сентябри соли 2012) чунин ҳикоят мекунад: "Соли 2001 ба Душанбе генерали намоёни шӯравӣ Руслан Аушев ташриф оварда буд. Дар ҳамин вақт Аҳмадшоҳи Масъуд низ дар Душанбе буд ва Р. Аушев хост бо ӯ во бихӯурад. Дар вақти вохӯрӣ Аушев дар пеши бар Ордени Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ овехта буд. Орденро дида, Масъуд аз ӯ пурсид;  "ин чист ва онро барои кадом корнамоӣ гирифтед?"

Аушев бо фахр гуфт: -Ин Ордени Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аст ва онро ман барои иштирок дар ҷанги Афғонистон гирифтаам.

- Дар ёд доред, ки дар он ҷанге, ки дар Панҷшер ба муқобили ман карда будед, шикаст хӯрдед, - гуфт Масъуд ва афзуд, - магар давлати Шумо барои мағлуб шудан низ мукофоти олитаринро медиҳад? Аушев бо табассум гуфт: - "Масъуд дуруст мегӯяд, ман дар он ҷанг дар ҳақиқат шикаст хӯрдам, ҳатто мошинамро тарконданд ва ман ба зӯр ҷон ба саломат бурдам…" 

Зуҳури Шери Панҷшер дар Моҳи Май деҳаи дурдасти Бадахшон

Мехоҳам дар бораи як сафари кутоҳмуддатам ба деҳаи Моҳи Майи Афғонистон ҳикоят кунам, ки чӣ гуна шоҳиди ҳодисаи ғайриодӣ шудам, ки бевосита ба бузургфарзанди халқи Ислом шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд дахл дорад. Ман ба Афғонистон чандин маротиба сафари хидматӣ рафтаам, ҳатто мазори Носири Хисравро дар Юмгон зиёрат кардам, вале дар он сафарҳо ман тариқи пулҳо мегузаштам. Дар ин сафар мо бояд аз заврақ истифода мекардем, зеро дар ин ҷо на пул асту на роҳи мошингард.

13. 06. 2012. Соати 10 субҳ. Мо дар рӯ ба рӯи деҳаи Моҳи Май дар соҳили рости дарё қарор доштем. Дарёи Панҷ хеле серобу пурталотум буд. Вақте ки кормандон заврақро барои шино кардан омода мекарданд, ман қатраи оби дарёро ба кафи даст гирифта, ба оби дарё дида дӯхтаву ба фикр рафтам ва бо худ мегуфтам; обе, ки дар кафи даст дорам, аз куҷо бошад? Оё ин зарраи оби дарёчаи Вахон аст, ки аз доманаи Ҳиндукуши Афғонистон ибтидо мегирад, ё қатраи оби дарёчаи Помир, ки аз Зоркул ё ин якбора омехтаи дарёи Шохдара, ки аз дараҳои водии Чавшангоз ё дарёи Гунд, ки аз Челондӣ ва водии Булункул ибтидо мегиранд, иборат аст? Хубтар нигоҳ кардам ва дар кафи дастам дар об заррачаҳои зарду сурхро дидам ва фаҳмидам, ки дар ин ҷо оби дарёҳои Бартангу Язгулом, ки аз маъдани тилло хеле сарватманданд ва аз наздикии ағбаи Гулдара ибтидо мегиранд ва ба ин рӯдхонаи бузург оби дарёи Ванҷ, ки аз пиряхҳои Абдулқаҳору Хирсдара ҷорӣ мешавад, низ омехта аст. Ҳамаи ин обҳои номбурда аз назди Мазори ҳазрати Биби Фотимаи Заҳро, пири Фокмаҳмади парвозӣ, Шоҳбурҳони пок, Шоҳи тирандоз, Шоҳи вилоят, Мушкилкушо ва даҳҳо мазорҳои хурду бузург гузаштаанд ва аз ин ҷиҳат оби мазор гузаштаанд. Ман худро бо хаёл дар саргаҳи ин дарёву рӯдхонаҳо нишаста гумон мекардам, зеро дар мурури панҷоҳ соли корҳои илмию тадқиқотиям ман дар ҳамаи ин мавзеъҳо на як бору ду бор, маззаи оби сарду зулоли инҳоро чашидаам.

Дар маҷмуъ ба дарёи Панҷ қариб ҳазор чашмаю дарёчаҳо дохил мешаванд, ки зиёда аз 90% оби дарёҳо аз ҳудуди Тоҷикистон ва қариб 10% аз ҳудуди Бадахшони Афғонистон мерезанд.  Дар як вақт ба заррачаҳои сурхи дар об буда нигоҳ карда, гӯё ба дарё озори дил мекардам, ки чаро ӯ ҳар сол даҳҳо тонна захираи тилло ва миллионҳо тонна хоки ҳосилхези Тоҷикистонро бебозгашт ба баҳри Арал шуста мебарад ва дар ивазаш чизе ба кӯҳистон бознамеоварад. Маро садои заврақронон, ки заврақро даруни об ворид карда буданд, аз бистраи хаёл берун овард. Мисле ки аз хоб бедорам карданд. Ба заврақ нишаста, шино карда ба соҳили чапи дарё мерафтем ва шеъри Рӯдакии бузург; …Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ, Хинги моро то миён ояд ҳаме-ро…, замзама мекардам. Азбаски ҷараёни об хеле тезу тунд буд, заврақи пурқуввати мотордор моро бо машшақате ба соҳили чапи дарё расонд. Аз он ҷо моро се мототсикли дучарха ба тарафи поёнтар, ки дар он макон дар санге акси Аҳмадшоҳи Масъуд пайдо шудааст, бурданд.  Мо ин ҷо сангеро дидем, ки тақрибан 1,5 Х 1,5 м баландию паҳноӣ дошт. Он санг дар назди роҳ қарор дошт ва дар он санг акси Масъуди бузург нақш ёфта буд. Ба гунае, ки мегуморидӣ, ки онро наққоши моҳири Чин кашидааст. Ба нақли мардум, ин акс дар болои санг имсол дар аввали моҳи июн пайдо шудааст. Одамон ин маконро бо байрақҳои давлати Афғонистон ва дигар чизҳои ороишӣ ороста буданд ва ба ин ҷо одамон аз  деҳоти дуру наздик ба зиёрат меоянд.

Халқи Ватан мазори Ӯро саҷда мекунад…

Тақрибан дар масофаи 50-100 метр дуртар, дар санги дигаре, ки 3 м баландӣ ва 4 м паҳноӣ дорад, бо ҳарфҳои бузурги хатти форсӣ калимаҳои Аллоҳу Муҳаммад навишта шудааст. Албатта ин мӯъҷизаи илоҳист ва онро Ҳақтаъоло на тан-ҳо барои мардуми Афғонистон, балки берун аз он ато фармудааст. Ин манзараро дида беихтиёр даст ба дуъо бардошта гуфтам:

Санги Ватан, акси туро нақш мекунад,

Хоки Ватан, ҷисми туро нарм мекунад.

Нури Ватан, рӯҳи туро пок мекунад,

Боди Ватан, бӯи туро мушк мекунад.

Оби Ватан, ашки туро тоза мекунад,

Халқи Ватан, мазори туро саҷда мекунад.

Ай бандаи Худо, Ту аз авлоди кистӣ?!

Чаро дар Моҳи Май на Панҷшер?

Дарвоқеъ ин сирри илоҳист. Аммо аз чи сабаб ин аксу навиштаҷот дар Моҳи Май садҳо километр дуртар аз зодгоҳу мазори шери Панҷшер пайдо шудааст?

Моҳи Май 1800 хоҷагӣ ва 18 000 аҳолӣ дорад. Хеле деҳаи зебою хушманзара буда, қисми поёнии он дар баландии 1600 м, қисми миёнаи он дар баландии 2000 ва қисми болоии он дар баландии 2800 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Деҳ дар нишебии 35-40 дараҷа ҷо гирифтааст.

Баъд аз маросими зиёрат ва аксбардории ин мавзеъи муқаддас мо (ходимони илмии Институти биологии Помир Маҳмадшо Қадамшоев, Мунира Карамхудоева ва корманди АКФ Афғонистон Ҳукуматшоҳи Ванҷӣ) дар боғу саҳроҳои Моҳи Май тадқиқот ва бо мардуми деҳа семинор гузаронида, аз пирони деҳа ҳодисаи пайдошавии акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва навиштаҷот дар санг савол кардам. Ҳама яксон ҷавоб доданд, ин Сири илоҳист ва ин аксҳо дар аввали моҳи июн ногаҳон дар як шаб пайдо шуда, рӯзона онро кӯдакони гӯсолабон дида, ба мардум хабар додаанд. Ба он ҷо рафта бо чашми хеш онро дидаву он маконро оро дода, ба зиёратгоҳ табдил додаанд. Онҳо мегӯянд, ҳайъати гурӯҳи мо аз ҷумлаи аввалин хориҷиёнанд, ки шоҳиди ин ҳолат шудаву ин маконро зиёрат кардаем.

Ислом ду сарлашкари бузург дорад, ки яке аз он Масъуд аст

Аксарияти коршиносони низомии дунё ҳирфаияти Аҳмадшоҳи Масъудро дар умури низомӣ бо лашкаркашони бузург Искандари Мақдунӣ, Амир Темури Самарқандӣ, Наполеон Бонапарт ва дигарон қобили қиёс медонанд. Аммо ба андешаи манн, аҳли ислом ду лашкаркаши бузург дорад, яке сарлашкари Пайғамбари Муҳаммад - Амирҳамзаи Араб ва дигаре Аҳмадшоҳи Масъуд. Амирҳамзаи Араб 1400 сол пеш душманро бо зарби гурзу шамшер ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар охири асри XX ва аввали асри XX1 бо зиракӣ, кордонӣ ва маҳорати лашкаркашиаш душманро нобуд мекард ва агар аз аҳли ислом намебуд, ва дунё дар пояи адолат барқарор мебуд, ба ӯ алакай унвони Генералисимус медоданд, ки ӯ дар ҳақиқат сазовори ин унвони баланд аст.

Дар суҳбат бо журналистон; -Михаил Сердюков, Владимир Снегирев, Мирзо Шукурзода ва дигарон Масъуд сирри мувафаққиятҳои ҳарбияшро аввал аз хости Худо ва баъдан аз разведкаи пурқувваташ ҳисоб мекард. "Одамони ман ҳатто дар Штаби Генералии Артиши шӯравӣ ва дар даруни дигар разведкаҳо кор мекарданд."- бо ифтихор гуфтааст Масъуд. Бар зидди Масъуд разведка ва қушуни пуриқтидори Советӣ, қушуни Ҳукумати Афғонистон, разведкаи Амрико- ЦРУ, Исроил, Покистон ва дигар давлатҳо кор мекарданд. Амрикоиҳо Масъудро "Неуловимый Джо" (дар вақти Ҷанги бузурги ватанӣ разведкаи Америка И.В. Сталинро "Дядя Джо" унвон карда буд), генерал Вареников гуфта буд, ки агар Масъудро дастгир кунад, ҳамон замон ба дор  мекашад. Умуман разведкаи дунё дар пайи сӯиқасд ба ҷони Масъуд буд, аммо ҳама вақт ӯро Худои Таъоло дар паноҳи хеш нигоҳ медошт.

Артиши ҷаҳон дар Афғонистон бо рӯҳи Масъуд дар ҷанг аст

Солҳои  охир дар Афғонистон ҷангиёни Амрико, Канадо, Бритониё, Фаронса, Итолиё, Олмон, Австралиё, артиши ҳукумати Афғонистон ва бисьёр давлатҳои дигар ба муқобили ( кӣ?) меҷанганд ва қариб ҳар рӯз талафоти зиёди ҷонию техникӣ медиҳанд. Наход дар Афғонистон миқдори террористон чунон бисёр аст, ки тамоми артиши дунё онҳоро нест карда наметавонанд? Ё шогирдони ҷонфидои Масъуд бисёранд, ё арвоҳи поки ӯ бо таҷовузкорон шабу рӯз меҷанганд? Масъуд шикастнопазир аст. Зеро ному пайкори ӯ абадзинда аст, на танҳо аксу ёди ӯ дар дили ватанхоҳони ин сарзамин нуҳуфтааст, балки акси ӯ дар сангҳои ин мулки сангистон рух мекунад ва ба мардум паёми бедорӣ ва озодӣ медиҳад.

Хоки муқаддаси Афғонистон дар панҷоҳ соли охир ду шахси бузург - Аҳмадшоҳи Масъуд ва Аҳмад Зоҳирро офарид, ки яке бо ақлу фаросат, зиракӣ, ҷасорату мардонагӣ ва дигаре бо ҳанҷараи садояш, бо сурудҳои дилангезаш душманро мағлуб сохтанд. Афсӯс, ки Худованд чунин фарзандони фавқулоддаро дар садсолаҳои таърих яку дуто инъом мекунад.

Матни Маҳмадшо қадамшоев

Аксбардорон ҳукуматшо ва Мунира


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97