"Бисмиллоҳхонро худи тоҷикон барканор карданд, на Қорӣ Вадуд"

bismilokhonҚорӣ Вадуд, қумандони амниятии ноҳияи Шуҳадои Афғонистон, баъди чанд ҳафтаи боздошт, раҳо ва ба вазифаи худ барқарор шудааст.

Қаблан расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла радиои «Озодӣ» эълон карда буд, ки Қорӣ Вадуд бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайи шурӯи ҳаводиси Хоруғ боздошт ва ба Кобул мунтақил шудааст.

Қорӣ Вадуд, қумандони амниятии вулусволии Шуҳадои вилояти Бадахшони Афғонистон, ки моҳи август боздошт шуда буд, яке аз ёздаҳ фармондеҳе унвон мешавад, ки дар феҳрасти ҷустуҷӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад.

Мақомоти Афғонистон расман иттилоъ дода буданд, ки боздошти ӯ бар асоси пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай сурат гирифта буд. Тоҷикистон ба Афғонистон феҳрасти 11 қумандони афғонро таслим кардааст, ки ба гумони Душанбе дар аъмоли террористӣ ва ҳам қочоқи маводи мухаддир даст дошта, бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хоки Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардаанд.

Рӯзи 25-уми июл Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон сафаре ба Тоҷикистон доштанд ва бо президент Раҳмон ва дигар мақомоти амниятии Тоҷикистон доир ба тақвияти амниятии марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон гуфтугӯҳое анҷом доданд.

Манобеъи огоҳ дар Бадахшони Афғонистон хабари озод шудани Қорӣ Вадудро тасдиқ мекунанд.

Радиои «Озодӣ» дар хабаре навиштааст, Қорӣ Вадуд бо як гуруҳи мафияи маводи мухаддир дар Покистон ва Афғонистону Тоҷикистон робита дошта ва ин гуруҳ тавонистааст, ки ӯро аз банд раҳо кунад. Ба иддаъои ин радио ҳатто барканории Бисмиллоҳхон вазири дохилаи Афғонистон низ ба боздошти қумандон Вадуд рабт дорад.

Аммо як манбаъи мувассақ дар парлумони Афғонистон ба "Миллат" гуфт, ки қумандон Вадуд дар ҳақиқат дар қочоқ саҳм дорад, аммо ба ҳеч ваҷҳ ба ҳадде қудрат надорад, ки Бисмиллоҳхонро канор бизанад. Ва барканории Бисмиллоҳхон таърихи комилан дигаре дорад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, вазири дохилаи Афғонистон бо ташаббуси вакилони Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Бағлон, Балх ва Бомиён раъйи адами эътимод гирифт ва барканор шуд. Ин вакилон густариши фаъолияти Толибон ва афзоиши бесуботӣ дар шимоли кишварро ба муомилагириҳои вазири дохила вобаста медонистанд, ки ба намояндагони Толибон ва ҳамқавмони онҳо дар пулиси маҳаллӣ имтиёз медодааст.

Бар иловаи ин мавриди дигаре, ки боиси норозигии вакилон дар парлумони Афғонистон аз фаъолияти Бисмиллоҳхон  гаштааст, сарусадо дар бораи гирифтани 25 миллион ришва барои нашри шиносномаҳои нави афғонӣ будааст. Шиносномаи кунунии Афғонистон бо забонҳои форсӣ ва инглисӣ навишта шудааст, аммо акнун дар тарҳи нави шиноснома, ки онро парлумон қабул накардааст, ду забони пашту ва инглисӣ лиҳоз шуда ва форсӣ лағв шудааст. Акнун вакилони ғайри паштун бовар доранд, ки Бисмиллоҳхон ба муомила пардохта ва бар ивази дарёфти пул розӣ шудааст, ки матни форсӣ аз тарҳи нави шиноснома лағв шавад. Ин боиси норозигии вакилон ва рушанфикрони ғайри паштун дар Афғонистон шудааст. Ва ҳамчунин боиси он, ки худи вакилони тоҷиктабор бар алайҳи вазири дохила иқдом кунанд. Вагарна Қорӣ Вадуд дар пояе нест, ки битавонад бо Бисмиллоҳхон дар Афғонистон рақобат кунад, ин қобили дарк нест.

Қорӣ Вадуд, аслан зодаи шаҳри Бораки вилояти Бадахшон аст. Ӯ дар гузашта собиқаи узвият дар Ҳизби исломиии Гулбиддини Ҳикматёрро доштааст. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ дар қочоқ даст дошта ва ҳоло низ дар он даст дорад. Ҳамин манбаъи огоҳ таъкид кард, ки эҳтимолан барои истихбороти хориҷӣ дар амри ҷобаҷоии гуруҳҳои тундрави хориҷӣ, узбакҳо, чеченҳо ва уйғурҳо дар Бадахшони Афғонистон низ дар кор буд ва ҷузъи ин барнома мебошад. Аз ин хотир мақомоти Афғонистон маҷбур шуданд, ки таҳти фишори ин гуруҳҳои истихборотӣ Қорӣ Вадудро раҳо ва ба мақоми худ барқарор кунанд.  

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97