Русия дар муқобили НАТО: Кӣ дар Осиёи Марказӣ пирӯз хоҳад шуд?

Rusiy_va_NATOЯк нишонаи абарқудратӣ, ин тавсеъаи барномаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои хориҷ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, аз ҳама пурқудраттарин абарқудрати ҷаҳон ИМА, дар ҳама ҷаҳон пойгоҳҳои низомии худро месозад, ширкатҳои бузурги он бозорҳоро, бо дастгирии ҳаматарафаи вазорати хориҷаи ИМА ишғол месозанд.

Ба думболи ИМА ба сифати абарқудрат кишварҳои Чин ва Русия ба шумор рафта, зӯри "мушакҳо" - и бозуи иқтисодӣ ва низомии худро ба намоиш мегузоранд. Аз муҳимтарин манотиқе, ки майли ин ҳар се абарқудратро бо ҳам бармехӯронад, Осиёи Марказӣ мебошад.

Чӣ гуна ва барои чӣ блоки низомии Русия (ОДКБ) дар муқобили хунсо намудани НАТО ба вуҷуд омад?

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) соли 2002 бо ибтикори Русия, дақиқтараш бо саъӣ Путин барпо карда шуд. Он замон ДКБ (ПАД) ҳамчун блоки низомӣ - сиёсӣ ба вуҷуд омад ва ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар асосӣ паймон дар бораи ҳамкориҳои бехатарӣ дар авоили солҳои 90 - ум онро ташкил намуда, ба имзо расониданд. Ба ҷуз аз Русия дар ин блок инчунин Узбакистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил шуданд.

Ин сохтори дифоъӣ, ҳамроҳ бо сохторҳои сирфан иқтисодӣ, ба унвони як вазнаи таъодул ба нуфузи Ғарб дар СССР-и собиқ аст. Ба хусус дар ин замон аз ташкил намудани блоки ҷонибдори  Атлантикаи шимолии ҷумҳириҳои собиқи шӯравӣ, ГУАМ (Гурҷистон, Укроин, Озорбайҷон, Молдов) сухан мерафт. Ин ҷо дар ҳақиқат то ташкили блоки низомӣ, кор то ба ин ҳад набуд, зеро ҳама чиз бо  итиҳодияҳои сиёсӣ маҳдуд шуда буд ва он комилан шикананда аст. Аз ин лиҳоз дар ин марҳила, Русия дар ҳар ҳол, дар майдони худ бо шарикони ғарбии худ бозиро бохт.

Ҳадафи асосии Созмон дар ду пунк ифода меёбад:

1. Таъмин намудани амнияти миллии аъзо аз душманони беруна. Ин дар ҳакикат барои бештари аъзоёни ин Созмон аз ҷумла (Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон), ки тарси ифротгароии исломӣ аз ҷониби Афғонистон, то замони ҳамлаи Толибон ба хоки ин кишварҳо таҳдид мекунад, вуҷуд дорад. Арманистон низ ҳар замон дар ҳолати даргирӣ бо Озарбайҷон аст.

2. Дастгирӣ намудани амнияти дохилӣ дар кишварҳои узв, инчунин муқовимати ҷамъиро барои ғасб намудани ҳокимият, ҳаракатҳои ҷудоихоҳона ва ифротгароёна. Ин пункт бидуни истисно барои ҳамаи кишварҳои узв муносиб ва созгор аст.

Манофеъи Русия дар он ифода меёбад, ки ҳадди ақал дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, истифода намудан аз таъсири на фақат торихӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки истифодаи ҳамаи бартариҳои комплекси саноъати низомӣ, ки то ҳол яке аз рақобатпазиртарин дар ҷаҳон аст, мебошад.

Инчунин ба як ҳолати дигар низ диққат бояд намуд: Туркманистон аъзои ОДКБ нашуд. Аз хатарзо будани авзоъ ба ҳамсоякишвари худ Афғонистон ва ба режими демократӣ набудани Тукманистон нигоҳ накарда, шомили ОДКБ нашуд. Аз ин бар меояд, ки ба ғайр аз муҳтоҷ будан ба ёрии низомӣ, кишварҳои аъзои ОДКБ - ро аз Маскав минимум ёрии иқтисодӣ ва депломатӣ низ зарур аст. Туркманистон бошад аз чунин дастгирӣ бениёз аст. Маҳз ҳамин пуштибонии иқтисодӣ, байни ОДКБ ва ҳарифи муқобилаш, НАТО фарқ мегузорад.

Фаъолиятҳои ОДКБ дар чи зоҳир мешавад?

Тамринҳои муштарак дар доираи ОДКБ бо низоми қобили таваҷҷуҳ гузаронида мешаванд. Барои мисол дар сентябри соли 2011 зери номгузории "Центр - 2011", ки зиёда аз 12 ҳазор аскарони низомӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд, гузаронида шуд. Дар ҳамин вақт, дар дигар ҷо низ омӯзиши нерӯхои низомӣ (онҳо низ 12 ҳазор) аз Белорус ва Русия, таҳти унвони "Щит Союза - 2011 баргузор гардид.

-Ягона шарти асосии омӯзиш аз рӯи факт иштироки низомиёни Русия ба шумор меравад. Машқҳои дутарафаи низомии Русия ва Тоҷикистон, ин мутлақо ҳолати корӣ аст, байни Тоҷикисто ва Қирғизистон бошад ин варианти афсонавӣ маҳсуб мешавад.

-Дар тамринҳои низомӣ ҳолатҳои мухталиф ба кор гирифта мешаванд: аз ҷилавгирӣ аз таҷовузи хориҷӣ, ихтилофот то ё табаддулот дар ҳудуди кишварҳои аъзо. Ҳолати ахир баъди воқеъаҳои хунини соли 2010 дар Қирғизистон ва махсусан баъди унвон гирифтани "баҳори арабӣ" бештар ҳолати актуалӣ ба худ гирифт. Президенти Белорус Александр Лукашенко, сарвари кишваре, ки соли 2011 дар ОДКБ раҳбарӣ намуд, изҳор дошт, ки аз нерӯҳои дастаҷамъӣ ОДКБ барои пешгирӣ аз табаддулоти давлатӣ истифода карда шавад. Дар айни ҳол теъдоди нерӯи вокунишҳои зудамал 19 ҳазор сарбозро ташкил медиҳад.

Иҷрои бисёре аз барномаҳои муштарак, ки боси мухолифат мешавад:

-Густариши ифротгароӣ дар интернет:

-Муҳоҷирати ғайриқонунӣ:

-Гаридиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

-Мушорикат дар амалиётҳои ҳифзи сулҳ.

 Аз авохири соли 2006 кишварҳои узви ОДКБ хоҳиши ширкат варзидан дар амалиётҳои сулҳомези СММ-ро баён намуданд. Дар моҳи апрели соли 2011 муншии кулли ОДКБ Николай Бордюжа иброз дошт, ки ОДКБ метавонад дар амалиётҳои сулҳомези Либиё ширкат варзад.

Буҳрони ОДКБ: он ба Русия ва Осиёи Марказӣ чи таҳдид мекунад?

Роҷеъ ба он ки ОДКБ дар ҳолати ногувои буҳрони иқтисодӣ қарор дорад, тамоми таҳлилгарон ҳамфикранд.

Дар воқеъ аз ҷоҳталабиҳои Кремл ба назар мерасад, ки бо рақиби худ НАТО рақобат карда наметавонад. Сабаби ин мавқеъи ягона надоштан ва мухолифатомез будани бархе ақоиди мухоли узви ин созмон мебошад.

 Мухолифатҳои дохилӣ:

1. Байни ин кишварҳо як қатор гуногунандешҳо вуҷуд дорад. Бештари кишварҳо ба ҳамдигар бовар надоранд. Масалан Русия барои Озарбойҷон ЗРК С-300 дастрас менамояд ва Ереванро мутақоид сохтанӣ мешавад, ки ин барои амнияти он кишвар ҳеч хатаре надорад, аммо ҷониби Арманистон бошад бо қатъият ба ин амал мухолифат дорад.

2. Дар замони сар задании нооромиҳои соли 2010 дар Қирғизистон ОДКБ руйкарди муштарак дар мавриди нооромиҳоро ба ҷо оварда натавонист.

3. Дар айни ҳол сарварони боқимондаи кишварҳои аъзои ОДКБ дар нооромиҳои Қирғизистон аз ворид кардани нерӯҳои сулҳхоҳи русӣ дар ҳудуди ин кишвари соҳибистиқлол тарсиданд ва ба амалиёти фаъол даст назаданд.

Мухолифатҳои берунӣ:

1. НАТО ва ба хусус Амрико роҳҳо ва василаҳои мувофиқи амалкард бо аъзоёни СПАД - ро пеш гирифтааст. Барномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ барои ҳар аъзои алоҳидаи ин Созмон амал мекунанд.

2. Амрикоиҳо бо таври фаъол муносибатҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамвор месозанд, сар карда аз баровардани қувваҳои низомӣ аз хоки Афғонистон ва ба ихтиёри ин кишварҳо гузоштани қисме аз онҳо ва кумакҳои молӣ ба ивази базаҳои низомӣ.

 Аломати возеҳи буҳрон дар Созмони ОДКБ ин баромадани Узбакистон аз СПАД буд. Дар авоили июли 2012 Тошканд аз ОДКБ берун шуд. Ин иқдоми Тошкандро чунин тавзеҳ бояд дод:

- ба унвони як василаи фишор болои Маскав:

- инчунин бори дигар иддаои раҳбарӣ намудан дар минтақа:

- инчунин мухолифат нишон додан ба хамкориҳои иқтисодии Маскав ба Остона:

- инчунин боз кардани дастҳои худ барои мудохила дар умури ҳамсояҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Аммо Маскав моил нест роҷеъ ба ин амалкарди Узбакистон фикри худро ба намоиш бигузорад:

- зеро дар навбати аввал Узбакистон дар соли 1999 созишномаро барои як муҳлат имзо накард, аммо соли 2006 баъди сард гаштани муносибатҳояш бо Ғарб худ барои шомил шудан ба ин Созмон ибрози назар кард.

- дувум, Ташканд худро ҳамчун партнёри беэътимод ба намоиш гузошт. Кор то ҷое рафт, ки президенти Белорус Александр Лукашенко дар октябри соли 2011 ба Шӯрои ассамблеяи парлумонии ОДКБ пешниҳод намуд, ки масъала дар бораи аъзогии Узбакистонро дар Созмон дида бароянд. Лукашенко изҳор намуд, ки бозии сетарафаи Узбакистон ӯро имкон намедиҳад то амалан шомили ОДКБ шавад.

- саввум Узбакистон бо таври намодӣ ё формалӣ ба Созмон баргашт, зеро тамоми муддати аъзо буданаш дар ОДКБ ба ягон ҳуҷҷати муҳим имзо нагузоштааст.

"Дар ҳолати муаллақ қарор дошт. Шумо медонед, ки ин кӯшиши якум бор баромадани Тошканд аз СПАД нест ва инчунин охиронаш", - изҳор намуд Вазири дифоъи Русия Анатоли Сердюков.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97