Набард дар хонаводаи президент; поёнии як императорӣ

karzai_hatБо поён ёфтани охирон рӯзҳои ҳукумати Ҳомид Қарзай ба унвони раиси ҷумҳурии Афғонистон, аъзои хонаводаи вай, дар ҳоли ҷидоланд, талош меварзанд, ки қудратро ба даст гирифта ва мавқеъияти худро ҳифз намоянд.

Қайюм Карзай, яке аз бародарони Карзай дар фикри ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баъд аз итмоми давраи кории Карзай дар соли 2014 аст.

Бародарони дигараш дар ҳоли набард бар сари тоҷи шоҳӣ, яъне бузургтарин тарҳи инкишофи манзил дар императории хонаводаи Карзай дар Афғонистонанд. Набард бар сари ин тарҳ, ки ба "Ойнумина" шинохта мешавад, иттиҳомоти дуздӣ ва сӯйиқсадро ба вуҷуд овардааст.

Қайюм Карзай мегӯяд, ин хонавода аст, мешавад, ки гоҳе нороҳат мешаванд ва бо гузашти замон бар он ғалаба мекунанд, ман умедворам, ки онҳо бар ин мушкил ғалаба кунанд.

Як бародари дигари Карзай, яке аз дастёрони деринаи Аҳмад Валӣ Карзайро дар талош барои огоҳӣ аз маҳалли пул ва дороии Аҳмад Валӣ Карзай зиндонӣ кардааст. Аҳмад Валӣ Карзай маъмулан муттаҳам ба ба даст овардани фоида дар кору бори тиҷорати маводи мухаддир ва қарордодҳои вобаста бо фасод буд. Агарчи вай ин иддаъоҳоро рад мекард. Ӯ дар соли гузшта террор шуд.

Он гуруҳ афғонҳое, ки бузургтарин нафъбарандагони ҷанг будаанд ва аз қарордодҳои низомии Амрико, муъомилаҳои тиҷорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, фасоди давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддир сарватманд шудаанд, аз имкони хуруҷи неруҳои Амрико ва НАТО то соли 2014 ва ҳамин тавр ҳамзамон аз рафтани Карзай аз қудрат дар он сол, нороҳатӣ ва парешонанд.

Хонаводаи раиси ҷумҳур Карзай, ки бисёре аз онҳо шаҳрвандони Амрико ҳастанд, ки баъд аз суқути Толибон тавассути Эътилоф ба роҳбарии Амрико дар соли 2001 ва рӯи кор овардани Карзай ба Афғонистон баргаштаанд, аз ҷумла касонеанд, ки аз ҳисобҳои моли шумори зиёди тоҷирон ва нуфуз дар дохили ҳукумат, бештарин нафъро бурдаанд.

karzai_familyЧандин нозири сиёсӣ дар Кобул мегӯянд, ки талошҳои Қайюм Карзай, ки солҳо дар Амрико зиндагӣ кардааст ва замоне ҳам ба унвони узви парлумони Афғонистон кор карда, ба иллати хастагӣ ва безории мардум аз Ҳомид Карзай ва ранҷиши густурда аз вуҷуди фасоди зиёде, ки давлати вайро ларзон карда, натиҷае нахоҳад дошт.

Ҳатто бархе аз шарикони тиҷории хонаводаи худи Карзай низ дар миёни ин мунтақидон ҳастанд. Абдуллоҳ Нодӣ, яке аз шаҳраксозони афғон дар Верҷиния, ки дар тарҳи хонасозии Оинумина ҳам шарик аст, талош дорад, ки худро аз ин пружаи тиҷорӣ берун бикашад. Ӯ мегӯяд: "Мо як давлати номашрӯъ ва ғайримасъул дорем ва далели он ҳам Карзай ва хонаводааш аст".

Аммо ҳама медонанд, ки собиқаи набард бар сари расидан ба курсии президентӣ ба марги Аҳмад Валӣ Карзай дар соли 2011 иртибот мегирад.

Қатли вай тавассути марде, ки гумон мешуд яке аз муҳофизони вафодори вай бошад, халои қудратро дар Қандаҳор ва хонаводаи Карзай ба вуҷуд овард. Раиси ҷумҳур Карзай бародари дигари худ, Шоҳвалӣ Карзайро ба ҷои бародари мақтулаш ба унвони раиси қавми пупалзаӣ; қабилаи Карзай мансуб кард.

Ҳеч кас интизори зиёде аз Шоҳвалӣ надошт, ӯ сокит буд ва то хадди зиёде зери сояи Аҳмад Валӣ Карзай гум шуда буд.

Аммо Шоҳвалӣ Карзай дар як соли гузашта дигаргун гаштааст. Ба изофаи нақшаш ба унвони бузурги қавм, вай ба унвони тарҳи Ойнумина - пружаи бузурги шаҳраксозӣ дар ҳавзаи Қандаҳор, ки тавассути AFCO, ки ширкати тиҷории мутаъаллиқ ба бародари дигари Карзай, яъне Маҳмуд Карзай ва чаҳор шарики вай роҳандозӣ гардидааст, кор мекунад.

Онҳо 3000 хона сохтаанд ва тарҳҳое барои сохти 14700 хонаи дигар доранд. Ин хонаҳо дар даҳҳо ҳазор гектар замине сохта шудаанд, ки ба гуфти мақомҳои низомии афғон, ба сурати ғайриқонунӣ аз Вазорати дифоъи Афғонистон ғасб шудаанд.

Шоҳвалӣ Карзай, ки баъд аз марги Аҳмад Валӣ Карзай ҷасуртар гардид ва дар чанд моҳи гузашта ширкати тиҷоратии худро дар Қандаҳор ба вуҷуд овард ва махфиёна тамоми пулҳои нақдро аз ҳисоби бонкии ширкати хонасозии Ойнумина ба ҳисоби тиҷории худ мунтақил кард.

Ба гуфтаи чандин тан аз шарикони AFCO, Шоҳвалӣ Карзай дар ҳудуди 55 миллион долларро мунтақил кардааст.

Вақте ки Маҳмуд Карзай аз ин кори бародараш хабардор шуд, аз Шоҳвалӣ хост то пулро боз гардонад. Аммо Шоҳвалӣ имтиноъ ва исрор кард, ки вай як шарики дигар дар пружаи Оинумина дорад. Маҳмуд ва шариконаш ин ҳарфи вайро қабул накарданд ва ҳар ду тараф ба як бунбасти душвор расиданд.

Шоҳвалӣ Карзай интиқоли пулро ба ҳисоби худ рад намекунад; аммо вай иқдоми худро бо гуфтани ин ки вай ин пулро ба хотири мардуми Қандахор ҳифозат мекунад, дифоъ мекунад. Вай гуфтааст, ки агар пулро намегирифт, Маҳмуд Қарзай онро махфиёна ба Дубай мунтақил мекард ва пружаи Ойнумина ҳам монанди Кобулбонк - пружаи тиҷории дигари Маҳмуд ба варшикастагӣ мувоҷеҳ мешуд.

Маҳмуд Карзай як чеҳраи аслӣ дар расвоии марбут ба суқути Кобулбонк - бузургтарин бонки ин кишвар дар соли 2011 маҳсуб мешавад. Ин бонк 900 миллион доллар дар муъомилоти дохилӣ, ки аз он ҳам бештар гуфта мешавад, ба ҳисобҳои бонкии махфиёна дар Дубай мунтақил шуда буд, зарар кард.

Қайюм Карзай мегӯяд вай талош кард, ки байни онҳо сулҳ эҷод кунад, аммо натавонист ва ноком мондааст. Раиси ҷумҳур Карзай ҳам майле барои ҷонибдорӣ аз ягонтои бародаронаш нишон надодааст; агарчи ҳукумати вай аз қазияи хабар дорад. Бонки марказии Афғонистон саранҷом мудохила намуда ва ҳисоби бонкии ширкати Шоҳвалӣ Карзайро масдуд кардааст.

"Ню Йорк Таймс"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97