Путин омад, чиро интизоред?

putin_omad_gurezedАмонуллоҳи Раҳмат, муҳоҷири корӣ дар Маскав:

Боз омадани Путин барои муҳоҷирони меҳнатӣ ягон навигариеро намеорад ва муҳоҷирини мо ҳамон тавре буд, кору фаъолият мекунанд. Путин дар ин солҳо низ ҷое нарафта буд, аммо бояд зикр кард, ки Путин наметавонад ҳама чизеро ки мехоҳад, роҳандозӣ кунад. Зеро дар Русия тамоми умури давлат ва сиёсат мисле дар кишварҳои Осиёи Миёна аз як нафар вобаста нест ва он ҷо се шохаи давлатдорӣ фаъолият дораду инчунин ҷомеъаи шаҳрвандии қавӣ дорад. Пас гарчанде тими Путин дар он ҷо қавӣ аст, вале хоҳ нохоҳ ҳама чизро мустақиман наметавонад қабул кунад. Барои ҳамин фикр мекунам, Путин наметавонад ҳама ваъдаҳои пеш аз интихобот додаашро битавонад амалӣ кунад. Дигар ин ки имрӯз Русия низ ба муҳоҷирин эҳтиёҷ дорад ва танҳо тоҷикон муҳоҷир нестанд, аммо бояд зикр кард, ки назорат болои муҳоҷирин сахтар хоҳад шуд. Дар ҳар сурат будани Путин ба нафъи кишварҳои минтақа аст, зеро ӯ таҷрибаи хуби кор бо тамоми сарони ин кишварҳоро дорад, аз ҳама мушкилоти онҳо хуб огаҳ аст. То ҳанӯзам, ки Путин расман курсиро ба даст нагирифтааст, пурра наметавон гуфт, ки чи мешавад, вале метавон ҳадс зад, ки фишорҳои сиёсӣ нисбати ин кишварҳо камтар ҳоҳад шуд. Ин бор бештар сари масоили иқтисодии ин кишварҳо кӯшиш хоҳад кард. Русия маҷбур аст, ин кишварҳоро зери бағали худ бигирад, зеро таъсири Амрико дар ин минтақа эҳсос шуда истодааст ва барои суботи кишвараш ночор аст, ба ин иқдом даст занад. Бояд бигӯям, баъзан ҳангомаҳое, ки бархе аз расонаҳои мо дар нисбати ҳукумати Русия ва Путин барпо мекунанд, аз воқеият тамоман дуранд. Имрӯз беш аз ду миллион муҳоҷир дар Русия кор мекунад, ки тибқи иттилоъ наздик ба як миллиони онҳо шаҳравандии ин кишварро қабул кардаанд ва беш аз як миллиони дигар ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд. Беш аз ҳафтод ҳаштод фисади онҳо ғайрирасмӣ солҳои сол аст, ки кор мекунанду ватанро обод мекунанд. Аз назари қонун Русия ҳақ дорад, онҳоро ихроҷ кунад, зеро ҳеч кадоми онҳо молиёт намепардозанд ва боз даст ба ҷинояту дигар корҳои номашрӯъ мезананд. Дар маҷмӯъ, ҳукумати феълии Русия, ки дар давоми 12 соли ахир путинӣ буд, нисбати муҳоҷирон хайрхоҳ аст, вале ҷамъияти ин кишвар онро қабул надорад. Дар он ҷо танҳо як тоҷик не, беш аз 13 миллион муҳоҷирин кору фаъолият доранд. Боз Русия низ ба муҳоҷирин эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин ба ҳама бадбахтиҳое, ки ба сари муҳоҷирин меояд, танҳо ҳукумати Русия, мардуми рус гунаҳкор нестанд, зеро дар куштани муҳоҷирон худи тоҷикон низ даст доранд ва боз бисёре аз ҳодисаҳои нохуш аз надонистани қоидаҳои бехатарӣ низ рух медиҳад.

MeHmonSHoh_Sharifov_0202Меҳмоншоҳ Шарифзода, ҷомеъашинос

Набояд фаромӯш кард, ки то интихобот ҳам аслан Путин дар сари қудрат буд. Дар ҳар сурат фикр мекунам, Путини бепарда хубтар аст аз Путини зери парда, ҳарчанд ки Путини аслро шинохтан мушкил аст. Вале агар тоза тарафи Русияро ба назар бигирем, омадани Путин ба сари қудрат барои тоҷикон,  агар онҳо сиёсатмадорони пухта бошанд, беҳтар аст. Аввал ин ки дар фарқият аз Жириновскии нимфашист ва масхарабози сиёсӣ ва коммунистон, Путин мавқеи мустаҳкам, равшан ва барои мамлакати худ хуб дорад ва фикр мекунам, Русияи ором ва инкишофёфта ба фоидаи Тоҷикистон ва тоҷикони муҳоҷири он аст.

Дуввум ин, ки Путин дар фарқият бо бисёр роҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, соҳиби харизмаи сиёсист, яъне тавонист то ҷое худро аз «қафаси оҳанин»-и бюрократия, аз хидматгории як авлод ё як гуруҳ, аз вобастагӣ ба воқеияти дуруғини калимаҳои замони нав (модерн), мисли «демократия», «ҷомеаи маданӣ» ва ғайра, ки дигарон мехостанд ҷорӣ кунанд,  озод нигоҳ дорад ва ба як сиёсатмадори «бефоида» табдил наёбад. Ин ҳамон фикр аст, ки Мавлоно фармуда буд; “Шоҳ он бошад, ки аз худ Шаҳ бувад”.

Сеюм ва асл ин аст, ки ин ҳама ба мавқеи давлати мо вобастагӣ дорад, ки то куҷо мо метавонем вобастагии худро аз Русия камтар намоем. Ба мо шахсиятҳои худшинос заруранд, то тавонанд, таркибҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаро барқарор кунанд. Танҳо он гоҳ мо метавонем, бо бушҳо ва путинҳо то ҷое гуфтугӯи баробар дошта бошем ва аз омадану наомадани Путин на биҳаросему на хурсанд шавем, вале чуноне ки мебинед, дар мо «сохтмони миллат» ва «идеологияи миллӣ» ҳеч ба охир намерасад.

hikmatttҲикмат Раҳматуллоев, номзади илмҳои иқтисод

Омадани Путин танҳо як ҷойивазкунӣ буд, мисли бозии шоҳмот. Чун дар ин чор сол низ ҳокимияти иҷроия дар дохил дар дасти ӯ буд. Бинобар ин, наметавонам бигӯям, ки кадом як тағйироти ҷиддие рух медиҳад. Путин барои муҳоҷирини корӣ хело сабукӣ ҳам овард. Масалан, пештар ҳар се моҳ пас муҳоҷирин маҷбур буданд аз қайд гузаранд. Ҳоло патент гирифта, метавонанд муҳлати буду бошро то як сол тамдид кунанду корҳои хусусиро анҷом диҳанд. Инчунин варақаи иҷозаи кор агар касе дошта бошад, метавонад дар ширкату корхонаҳо рафта, кор кунад, аммо бо патент наметавонад, зеро кордиҳанда бояд барои коргар андоз супорад. Аммо аз назари геополитикӣ инро бояд қайд кард, ки Русия ҳеч гоҳ ҷонибдори он нест, ки Тоҷикистонро аз даст диҳад. Зеро кишварҳои пасошуравӣ сарҳади Русияро аз марзҳои ӯ дуртар нигаҳ медоранд. Ба қавли дигар ин як «буферная зона» барои ӯст. Дар мавриди вазъи иқтисодӣ, ҳоло дар Русия низ баъзан овозаҳое ҳастанд, ки Русия мехоҳад дар сохтмони ниругоҳҳои барқии Тоҷикистон саҳм дошта бошад. Шояд дар ин самт низ қарор дода шавад, зеро имрӯзҳо кишварҳои дорои захираи барқ нақши муҳим доранд ва Тоҷикистон яке аз чунин кишварҳост. Агар дар масъалаи минтақаи ягонаи гумрукӣ низ ба мувофақа расанд, ба фоида хоҳад буд. Аммо он чи дар мавриди муҳоҷирин гуфтем, инро низ бояд зикр кард, ки мушкилоти муҳоҷиронро бояд аз дохил ҳал кунем. Хадамоти муҳоҷират дар мо ташкил шуд ва агар намояндагони ин хадамот дар тамоми Русия фаъолият кунанд, ба манфиат хоҳад буд. Вале ман намедонам, имрӯз онҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд. Агар мисли замони Шуравӣ, рафта шартнома мебастанду донишҷӯён тобистон барои кор мерафтанд, инҳо ҳам чунин иқдомеро пеша гиранд, ба манфиат хоҳад буд. Имрӯзҳо муҳоҷирини мо дар таҳхонаҳо хобанд, ягон муоинаи тиббӣ нест, ҳатто аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам муҳофизат карда намешаванд, баракс пулҳояшонро кашида мегиранд. Агар масъулини хадамоти муҳоҷирин рафта, манофеъи муҳоҷиринро муҳофизат кунанд, беҳтар мешавад. Зеро то ин дам намедонам онҳо чӣ кореро анҷом додаанд.

Jamshud_MuhojirҶамшед Собиров, муҳоҷири корӣ:

Омадани Путин ба сари ҳокимият назар ба дигар рақибонаш беҳтар аст, яъне нисбати муҳоҷирон каме ғамхор аст. Нисбат ба муҳоҷирони дигар миллат, ба муҳоҷирони тоҷик назари хос дорад, масалан, дар вақти аввали ҳукмрониаш ӯ тавонист, каме ба муҳоҷирони тоҷик сабукӣ дода, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоят кунад. Аммо бо дубора ба сари ҳокимият омаданаш умед дорем, ки боз ягон навгоние нисбати муҳоҷирони тоҷик ва дигар муҳоҷирон хоҳад андешид. Хулас, аз ба сари ҳокимият омаданаш аксари муҳоҷирони тоҷик хушҳол ҳастанд ва аз Яздони пок умед дорем, ки пас аз чанд сол тоҷик дигар ба муҳоҷират сафар накунад.

Путин кист?

Ин ҳафта сомонаи нашрияи "Миллат", www.millat.tj пурсиши "Путин кист:….? -ро дар ихтиёри хонандагони худ гузоштааст. Putin_kistttЗимнан, пурсида мешуд, ки Путин, диктатор аст, ё ватанхоҳ, мансабталош аст, ё миллатчӣ(нацист) ва ё сайтараҷӯ (дунёталаб) аст ё як КГБ-шник? 

Аз 122 нафаре, ки дар ин назархоҳӣ раъй додаанд, аксари раъйдиҳандагон; яъне 49 нафар, ки 40, 2 %-ро ташкил медиҳанд, В.Путин, президенти тозаинтихоби Русияро як ватанхоҳ унвон кардаанд. 25 нафар аз ширкатдорон, ки 20,5 % -ро дар бар мегиранд, ӯро диктатор хондаанд. 20 нафари дигар, ки 16,4% ҳастанд, Путинро КГБ-шник, 16 нафар, ё 13,1 % миллатчӣ, 6 нафар, ё 4,9% мансабталош ва ниҳоят 6 нафар, ё 4,9% аз раъйдиҳандагон ӯро сайтараҷӯ унвон кардаанд.

 Натиҷаи назарсанҷии "Путин кист…?" дар сомонаи мо:

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97