Афғонистон ва Осиёи Миёна

safiri_Afghoniston_A_OrzuЧакида:

Дипломатия - фанни оштӣ додани манофеъи мухолиф мебошад. Ба баёни равшантар; таъомули манофеъи миллии кишварҳо дар як ҷуғрофиёи минтақавӣ, метавонад сулҳ ва суботи пойдорро ба армуғон оварад. Зеро ҳар гуна бӯҳрон, ҷангу ҷидол сабаб мегардад то манофеъи кишварҳои минтақа садама бибинад. Ба ҳамон таносуб сулҳ ва субот метавонад бистари мусоиди таъомули миллӣ ва таъмини манофеъи кишварҳоро фароҳам намояд.

Доктор Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон махсус барои "Миллат"

Бо чунин чашмандозе бар онам таъомули манофеъи миллии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистонро нимнигоҳи гузаро баррасӣ намоям.

Муқаддима

Таърих чи гуна достон шудани инсон аст. Чигунагии шаклгирии ҷамъиятҳои инсонӣ, ҷавомеъ ва марзҳои сиёсӣ яке аз фарбеҳтарин ҷабҳаҳои асоии ин достони шӯрангез аст. Дар ҷуғрофиёи минтақавӣ ва ҳавзаи тамаддунии мо, ду вожаи Ориёно ва Хуросон, бозтобдиҳандаи пайванди жарфи мардумоне аст, ки дар сайри таърихӣ бо ҳамгироӣ ва ҳамдилӣ зиста, фарҳанг ва маданият офаридаанд; ва ба ҳамон таносуб масоҳиби ҷангҳои минтақавӣ ва талхи сайтарраҷӯи(қудратхоҳи) нируҳои истеъмориро бо ҳам чашида ва таҷриба кардаанд.

Ориёно, баёнгари чигунагии пайванди фарҳангӣ, маданӣ ва сиёсии мардумоне аст, ки ҷуғрофиёи маданӣ ва фарҳангияшон аз Кошғар то Баҳри Сиёҳ густурда аст. Ба бовари фарҳехтагон, чаҳордаҳ кишвар сарнавишти фарҳангӣ ва маданияти муштарак доранд. Аз ҷумлаи ин чаҳордаҳ кишвар, даҳ кишвар узви созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО ҳастанд. Ин кишварҳо агар битавонанд манофеъи миллиро бо манофеъи тамаддунӣ мавзун ва мизон намоянд, бо ҳамгироӣ ва ҳамдилӣ мабнои таомули манофеъро пайафкананд, метавонанд "Роҳи Абрешим"-ро дар дунёи ҷаҳонишуда бо вижагии иқтисодии бе марз, эҳё намоянд. Дар замоне ки баҳси "набарди тамаддунҳо", "гуфтугӯи тамаддунҳо" ва "эътилофи тамаддунҳо" матраҳ аст, метавон натиҷа гирифт, ки ҳаросат аз ҳувияти миллӣ ҷуз бо ҳаросат аз ҳувияти тамаддунӣ мумкин нест. Барои пайвастани табиӣ ва мантиқӣ ба фароянди ҷаҳонӣ шудан, бояд дар ҷиҳати эъҷоди манотиқи муттаҳид аҳаммият дод. Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон ва Туркия метавонанд "минтақаи муттаҳид"-ро дар ин қисмате аз ҷаҳон эҷод намоянд. Ин даҳ кишвар дорои ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддуни муштараканд, ҳувияте ки бо воқеъгароии сиёсӣ метавонад пойдевори асосии таъомули манофеъро пайафканад. Албатта бо таваҷҷуҳ ба нақши бузурги "Гуркониёни Ҳинд" дар тадовуми фарҳанг ва тамаддуни муштарак, ҳаргиз наметавон дар фароянди эъҷоди ҳамгароии сиёсӣ ва иқтисодӣ, Ҳиндустонро нодида гирифт. Бидуни тардид бо убур аз чолишҳои куҳани таърихии Ҳиндустон ва Покистон, Ҳиндустон метавонад мумеди (мададрасон, ёрирасон ) фароянди сулҳу субот ва тавсеъа дар минтақае бошад, ки бо ҷуғрофиёи Ҷануби Осиё ва Осиёи Марказӣ қобили таъриф аст.

Ба ҳар ҳол, Ориёно дар давраи пас аз Сосониён ба гунаи гӯиши Эрон давом меёбад. Эрони таърихӣ дар давраи исломӣ оҳиста - оҳиста бо ҳувияти Хуросони бузург идомаи ҳаёт медиҳад. Балх, Марв, Ҳирот ва Нишопур чаҳор марказ ва меҳвари Хуросони бузург аст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба шаҳодати таърих ва гувоҳии қасоиди Унсурӣ, Фаррухӣ ва ғайра шоҳаншоҳи Эрон аст; ва Рӯдакӣ худро шоири Хуросон меномад.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

 Ва дар қасидае, Наср бини Аҳмади Сомониро ба унвони амири Хуросон меситояд;

Хусрав бар тахти пешгоҳ нишаста,

Шоҳи мулуки ҷаҳон амири Хуросон.

То он ҷойе ки ҳофизаам ёрӣ менамояд, Рӯдакӣ як бор мамдуҳашро "Мафхари Эрон" хонда аст.

Шодии Бу Ҷаъфар Аҳмад бин Муҳаммад

Он маҳи озодагон ва Мафхари Эрон

Рӯдакӣ чаҳор сол дар порае аз Хуросон, яъне Ҳирот зиндагӣ мекунад ва шоири бузурги Хуросон, яъне Рӯдакӣ бо сурудани "Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме" ба зодгоҳаш бармегардад. Шоири бузург оинаи фарҳанги муштараки ҳамаи мардумонест, ки дар ҷуғрофиёи Хуросони бузург зистаанд, ба вижа рози пайванди амиқи Афғонистон ва Тоҷикистон аст.

Ҳамон гуна, ки фарҳехтагон медонанд, ки падари фарҳанги Узбакистон, амир Алишери Навоӣ, аз чеҳраҳои намоёни сиёсӣ ва фарҳангии Хуросони бузург аст. Амир Алишери Навоӣ дар Афғонистони таърихӣ мезист ва ба нақшофаринӣ дар эҷоди маданияти темуриён дар қарни нӯҳум дар Хирот ҷон ба ҷонофарин месупорад ва дар ҳамин диёр мадфун мегардад. Амир Алшери Навоӣ низ чун Рудакӣ, пайвандагари  фарҳанг ва тамаддуни Хуросони бузург аст. Мавлоно занҷираи пайвандии  Балх ва Қуния аст.

Низомӣ

Низомӣ, ки назми дари кори ӯст,

Дарӣ назм кардан сазовори ӯст.

Ганҷаро, ки бо Шерозу Ҳирот ва Самарқанду Кандаҳор пайванд месозад. Қанди шеъри Ҳофиз натанҳо коми мардуми Банголаро шакарин месозад ва тӯтиёни Ҳиндро шакаршикан менамояд.

Шакаршикан шаванд  ҳама  тутиёни Ҳинд,

З -ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Балки  бовар дорад, ки!

Зи шеъри дилкаши Ҳофизи касе нашавад огаҳ

Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

Пайванд ва ҳамгароии ин ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ, чунон сахт ва устувор аст, ки агар мардони сиёсат андаке бо нигоҳи равшан амал намоянд, бо таъомули пазириши манофеъи миллӣ ва ҳамгароии воқеъбинонаи сиёсӣ метавонанд таҷриба ва фазои тарихиро дар қарни 21 табдил ба породоюм намоянд.

Ба иборати дигар, кишварҳои минтақа бо ҷуғрофиёи сиёсии мустақил метавонанд фароянди ҷаҳонӣ шудан ва ҷаҳон шаклгирифта бо иқтисоди бемарзро, рози ҳамгароӣ ва рамзи субот ва тавсияи пойдори минтақавӣ намуда, бо соири манотиқи муттаҳид дар ҷаҳон, дод ва ситади мутобиқ ба воқеъ намоянд.

Бидуни шак, таҷониси (ҳамгароии) кишварҳои минтақаи мо бештар ва амиқтар аз кишварҳои Урупоӣ аст. Воқеъгароии сиёсӣ бо оҳанги дигарпазирӣ метавонанд таҷрибаи дурахшони Урупоро табдил ба воқеият намояд.

Аз даричаи дигар:

Хуросони бузург дорои чаҳор рубъ ё марказ будааст:

1.Балх

2.Марв

3.Ҳирот

4.Нишопур

Балх ва Ҳирот ҳам инак дар ҷуғрофиёи сиёсӣ Афғонистон қарор доранд. Марв, ҷузъи аз қаламрави Туркманистон аст ва Нишопур дар қаламрави Эрон қарор дорад. Дар таърих муосири Афғонистон Аҳмад Шоҳ Бобо, Амир Шер Али - хон ва ҳатто Шоҳ Шуҷоъ чун ба шоҳони Хуросон васф  шудаанд.

Яке аз вижагиҳое, ки ба Афғонистон нақши меҳварӣ дар ҷуғрофиёи бузурги фарҳанг ва тамаддуни муштарак медиҳад, танаввуи забонӣ аст. Забонҳои даҳ кишвари узви ЭКО, забонҳои зиндаи мардуми Афғонистон аст. Мардуми Афғонистон ба забонҳое такаллум мекунанд, ки забонҳои расмии даҳ кишвари узви ЭКО аст. Ин воқеяти содда, аммо муҳим, баёнгари нақши калидии Афғонистон дар фароянди таърихии тавсияи фарҳанг ва тамаддуни муштарак мебошад.

 Ҷуғрофиёи табии ва сиёсии Афғонистон ба гунае аст, ки Искандар барои расидан ба шибҳи қора бояд аз Афғонистон бигзарад.

Силсилаи Юнону Бохтарӣ баёнгари омезиши фарҳанги ғарбӣ ва шарқӣ  аст, мактаби ҳунарии "Грекобудик" нишонаи фарҳангии ин омезиш аст. Яъне бар, хилофи тасаввури "набарди тамаддунҳо", тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ дар хокҳои Афғонистони таърихӣ, таъомул менамоянд. Маданияти Юнону Бохтарӣ, натиҷаи ин таъомул ва омезиш аст.

Оини Будоӣ аз тариқи Афғонистон ба Шарқи Дур густариш меёбад, ба ҳамон таносуб дини мубини Ислом аз чунин сарманзил ба шибҳи қора ва Мовароуннаҳр интишор меёбад. Қарни 19 қарни кашокаш ва рақобати Британия ва таъорузгарони Русия дар Осиё буд. Мардуми Афғонистон ба хотири ҳаросат аз истиқлол ва озодии худ солиёни дарозе  ҷонбозӣ менамоянд. Ҷудо шудани Марв аз ду пораи дигараш, яъне Балх ва Ҳирот дар соли 1885 мелодӣ натиҷаи созиши ду қудрати комхоҳ дар он мақтаъи (катъшуда, буридашуд) аз таърих аст.

 Дар қарни 20, мардуми Афғонистон беш аз нуҳ сол бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ, мубориза мекунанд, ва дар поёни қарни 20 ва оғози қарни 21 қурбонии терроризм ва мафияи байналлмилалӣ мегарданд.

Пурсиш ин аст, ки ин ҳама фару  шукуҳи фарҳангиву тамаддунӣ ва муборизаи самарбахш бо таҷовузгарони рангоранг реша дар чӣ воқеияте дорад? Яке аз посухҳои мутобиқ бо вокеъ, воқеяти геополитики Афғонистон аст.

Афғонистон- меҳвари пайванди чаҳор минтақаи муҳим аст. Интиҳои Ховари Миёна аст ва оғози Ховари Дур. Пул ва гузаргоҳи  пайвандсози Осиёи ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Осиё ба Осиёи Марказӣ аст.  Бинобар ин мавқеияти геопалитикӣ аст, ки дар сайри таърих стротегҳо, пажуҳишгарони сиёсӣ, фарҳанг ва низоми Афғонистонро мутасиф ба номҳои гуногун намудаанд; номҳои чунин:

1-Майдонгоҳи бузурги бостон  - Туэнби -

2-Қалби Осиё   - Муҳаммад Иқболи Лоҳури- 

3-Калиди фатҳи Қораи Осиё  - Ҷимз Каниз - 

4-Сақфи ҷаҳон - Ҳамидӣ

Роҳи Абрешим, роҳи расидан ба обҳои гарми Ҳинд ва тангаи Ҳурмуз ва ғайра баёнгари мавқеъяти геополитикии Афғонистон аст. Таҷовузгарон ва истилогарони шарқӣ чун: Чингиз, Ҳулоку ва Темур бо убури хунин аз Афғонистон роҳи худро ба самти Бағдод кушодаанд ва султаталабони ғарбӣ, мисли Искандар низ чаҳор сол бояд дар Афғонистон биҷангаду "ҳаммоми хун" барпо кунад, то битавонад  дарвозаи шибҳи қораро бикшояд. Истимрори мубориза бо мутаҷовизин ва истилогарони шарқӣ ва ғарбӣ сарнавишти дардноки мардуми Афғонистон буда, то он ҷое, ки лаҳзаҳои сулҳ ва оромиш чунон андак аст, ки дар сояи сангини истимрори мубориза ва ҷанг, нумод ва намуде надорад.

Воқеият ин аст, ки ҷанг ва сулҳ тавсия ва рукуд- дар як чашмандози васеъи таърихӣ амри минтақавӣ аст. Сарнавишти таърихии  кишварҳои минтақа ( Даҳ кишвари узви СҳИ) чунон ба ҳам гиреҳ хурда аст, ки ба осонӣ наметавон онро кушодд. Бо камоли таасур, ҷадалҳои куҳнаи таърихӣ, фароеанд тақобули манофеъро табдил ба роҳбурд намуда, дар натиҷа минтақаро даргири рақобатҳо  ва тазодҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ намудааст.

Барои ин, ки умқи буҳрони рӯ ба густаришро дарёбем бояд геополитикаи Афғонистон ва геоэкономикаи кишварҳои воқеъ дар Осиёи марказиро аз як чашмандоз мутолеа намоем. Дар он сурат дармеёбем, ки чаро Афғонистон қонуни буҳрон ва маркази таҳоҷум  терроризм ва   ва мафияи байналмиллалӣ шуда аст. Рақобат бар сари тасаллут ва дастёби ба манобеъи энергии Осиёи миёна, неруи инсонии фаровони рӯ ба афзоиши қораи Осиё, силоҳҳо ва колоҳои анборшудаи ҷаҳонӣ ниёз ба технологияи кишварҳои пешрафта, ба далели боздорандагӣ ва адами тавсия, ҳама ва ҳама сабаб гардида аст, то ҷидол ва фоҷеа дар ин ҷуғрофиёи ҳассосу муҳими калидӣ идома  ёбад. Танишҳои қавмигарӣ, идеология, терроризм ва мафия, реша дар чунин воқеъяте дорад.

Истифодаи абзории бархе дар кишварҳо аз терроризм ва экстремизм дар арсаи сиёсати хориҷӣ сабаб гардидааст, то тазодҳои фаромантақавӣ дар ҷуғрофиёи минтақа тазриқ шавад.

Агар кишварҳои минтақа бо андеша ва фаҳмиши сиёсӣ дар ҷиҳати мудирияти буҳрон воқеъбинона мушорикат наварзанд, буҳрони терроризм ва бунёдгароӣ ҳамаи кишварҳои минтақаро фаро хоҳад гирифт.

Давлат ва мардуми Афғонистон бо таваҷчуҳи дақиқ ва дарки амиқ аз мавқеъияти ҷуғрофиёи Афғонистон хоҳони  интиқоли энергии фаровони Тоҷикистон ба Покистон ва Эронанд. Сохтани лӯлаи газ ва нафти Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд, таъминкунандаи манофеъи миллии мост, Афғонистон меҳвари пайвандии шабакаи роҳи оҳани Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон в Эрон аст. Ин кишварҳо метавонанд, бо густариши роҳҳо ва шоҳроҳҳои заминӣ, заминаи тиҷоратро ба ҳадди васеъи бигустаронанд. Қазоқистон ва Қирғизистон низ ба осонӣ дар ин ҷуғрофиёи тиҷорат ва ҳамлу нақли минтақа метавонанд нақши фаъол дошта бошанд. Дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ, яъне Чин ба гирифтани иҷозаи  вуруд аз тариқи шоҳроҳҳои мошинрав ва шабакаи роҳи оҳан ба ҷуғрофиёи тиҷорат ва тронзитии ин минтақа, метавонанд нақши босамареро дар ростои пойдор  шудани сулҳ ва суббот иҷро намоянд. Шакке нест, ки Федератсияи Руссия дар мадди аввал  вокуниши мусбат нахоҳад дошт. Вале, воқеъят ин аст, ки суботи минтақавӣ ба вижа Осиёи марказӣ- таъминкунандаи манофеъи дарозмуддати Руссия аст. Суботи минтақавӣ сабаб мегардад, то нируҳои фароминтақа, дар ин минтақаи ҳасос, ҳузури низомӣ надошта бошанд.

Хулоса, таъомули манофеъи миллии кишварҳои минтақа, омили асосии мудирияти буҳрон ва ниҳодина сохтани сулҳ ва субот дар ҷуғрофияи минтақавӣ аст.

Натиҷа:

Афғонистон ва Тоҷикистон ба изофаи чандин кишвари дигар дорои ҳуввияти фарҳангӣ ва тамаддунии ягонаанд. Сарнавишти таърихии муштарак, жарфи сохти пайванди фарҳанги мардумониро месозад, ки инак дар кишварҳои мустақили сиёсӣ, зиндагӣ мекунанд. Марзҳои сиёсӣ созандаи ҷуғрофиёи сиёсӣ мутафовит ба мисоли воҳидҳои мустақилли миллӣ аст. Аммо ин марзҳои сиёсӣ натавониста аст рамзи ҳуввияти ягонаи фарҳангӣ ва тамаддуниро комилан хадшадор намояд, ва аз ҳам бигуселонад. Дин, фарҳанг, забон, сунатҳои иҷтимоии ҳамранг бо убур аз таҳаввулоти талх ва ширини таърихӣ ҳануз машъали ҳамдилӣ ва ошноиро шӯълавар нигоҳ дошта аст.

Бо таваҷҷуҳ ба воқеятҳои қарни 21 ва чи гунагии фароянди ҷаҳонӣ шудан ва роҳбурди иқтисоди бемарз, эҷоди манотиқи муттаҳид, сарнавишти хатмшудаи ҷомеаи башарӣ аст. Эҷоди минтақаи мутаҳид дар гарави убур аз тақобули манофеъ ва расидани воқеъбинона ба таъомули манофеъ аст. Ҳамгироии сиёсӣ, фарҳангӣ ва иктисодӣ бистарест, ки пояи таъомули манофеъро пай меафканад. Гиреҳ хурдани манофеи кишварҳои минтақа, кафили сулҳ ва суботи минтақавӣ аст. Ҳар гуна бартариҷӯйи ва роҳбурди султаталабона вайронкунандаи сулҳ ва суботи минтақавӣ аст.

Истифодаи обзорӣ аз терроризм, экстремизм ва бунёдгароӣ, ба маънои сукут дар вартаи фоҷияӣ аст. Терроризм, мафияи маводи мухаддир ва фундаментализм ҳеҷ марзеро ба расмият намешиносад. Ҳамоҳангии ҷомиаи ҷаҳонӣ дар ростои мубориза бо терроризм, намунае аз коркарди терроризм ба васъати ҷаҳон аст.

Шакке нест, ки ҳар кишвари, ҳар воҳиди миллӣ, дар паи таъмини манофеи миллии худ аст. Ва ин як амри  комилан машруъ ва маъқул аст. Аммо, воқеият нишон додааст, ки истифода аз абзор ва васоили номашруъ ва номаъқул чунон: терроризм, фундаментализм ва гуруҳхои мафиёи, раҳ оварде ҷуз буҳрон ва фоҷиа надошта аст. Ҳомиёни терроризм, худ қурбониёни терроризманд.

    Аз манзар ва чашмандози дигар; гиреҳ хӯрдани одилонаи манофеи кишварҳо танзимгари сулҳ, субот ва тавсияи минтақавӣ аст. Афғонистон ба унвони ҳалқаи занҷири пайвандгари  Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануб Шарқи Осиёи ба Осиёи Марказӣ, метавонанд нақши барҷастаеро гиреҳхурдани манофеи кишварҳо иҷро намояд. Интиқоли энергияи барқи Тоҷикистон ба вижа CASA= 1000, ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, мафҳуме ҷуз василаи манофеи Афғонистон, Тоҷикистон Покистон ва Эрон нест. Ба ҳамон таносуб интиқоли нафт ва гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд метавонад чолишҳои деринаи Покистон ва Ҳиндро камранг намояд ва гиреҳ хурдани  манофеи Ҳинд ва Покистон сабаб мегардад, то роҳбурди тақаббулӣ, табдил ба ҳамгироӣ ва таомул гардад. Дар натиҷа Афғонистон метавонад аз доираи таниши Ҳинд ва Покистон барояд ва фароянди сулҳ ва субот пойдор гардад.

   Пойдор шудани сулҳ, субот ва тавсия дар Афғонистон, ба маънои оромиши марзҳо ва дар натиҷа сулҳ, субот дар ҳама кишварҳои минтақа - ба вижа дар Осиёи Миёна аст. Зеро, кишварҳои Осиёи Миёна аз тариқи Афғонистон метавонанд ба Осиёи ҷанубӣ ва Ҷанубу шарқи Осиё, Эрону Туркия ва саранҷом кишварҳои воқеъ дар Ховари Миёна ва мағрибзамин муттасил гарданд. Ба расмият шинохтани геополитикаи Афғонистон ба маънои саҳм гузаштан бар сулҳ, субот ва тавсияи минтақавӣ аст.

Агар теорияҳо ва фарзияҳое ба мисли; ҷанги тамадунҳо, гуфтугуи тамаддунҳо ва эътилофи тамаддунҳоро ҷиддӣ бигирем, кишварҳои воқеъ дар як ҳавзаи тамаддунӣ чорае надоранд, ҷуз ин ки манофеи миллии худро бо манофеи тамаддун мизон ва мавзун намоянд. Ҳаросат аз ҳувияти миллӣ ҷуз бо ҳаросат аз ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддуни мумкин нест. Агар ин теорияҳо ва фарзияҳоро ҷиддӣ нагирем, пайвастани мантиқии табии ва воқеъбинона ба анҷоми ҷаҳонишудан, эҷоб менамояд, то сохтори минтақавии муттаҳидро пай афканем. Таъомули манофеъ ва ҳамгироӣи иқтисодӣ, бистари мусоид ва пойдевори воқейи чунин сохторе аст.

Афғонистон ба унвони меҳвар ва маркази тиҷорат ва ҳамлу нақли интиқоли газ, нафт ва барқи Осиёӣ Марказӣ ба Покистон, Эрон, ҳамаи кишварҳои воқеъ дар Осиёи Ҷанубӣ ва ҷанубу шарқи Осиё, Ховари Миёна ва берун аз он ба Осиёи Марказӣ, фаслеро мекушояд ки эҳё кунандаи "Роҳи Абрешим" дар карни 21 аст.

Агар чаҳор минтақаи муҳим Осиёи Миёна, Ҷануб ва ҷануб шарқи Осиё, Ховари Миёна ва Ховари Дур, битавонанд бо ҳамгироии воқеъбинона доду ситод намоянд, бидуни шак, қораи Осиё шоҳиди таҳаввули бузург дар қарни 21 хоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97