Ашкҳои Путин ба марги худаш?

Ashki_PutinnДунё шоҳиди гиряи Путин шуд. Ӯ чаро ашк рехт? Агар ашки ӯ барои худаш буд, пас ӯ дар ҷанозаи худаш мегирист. Агар гиряаш барои ватанаш буд, шояд муваффақ шавад. Ман фикр мекунам, ки Путин ба бузургтарин ғалаткорияш дар зиндагӣ гиря мекард. Ин ғалат тасмими бозгашт ба ҳарики қудрат дар Кремл буд. Ҳамон лахзае, ки ин тасмимро гирифт, Путини пешво ва Путине, ки дар воқеъ даҳ соли пеш Русияро аз вартаи фурӯпошӣ ва беқонунии замони Елтсин наҷот дода буд, мурд. Зеро хатои сиёсиро ислоҳ кардан имкон надорад, ба фарқ аз ғалаткориҳо дар ҳар ҷабҳаи дигар.

Чаро Путин иштибоҳ кард? Зеро асри ХХ1 асри қабзи қудрат нест. Шахс ҳар чӣ қадар доно, тавоно ва хориқулодаву шахсияти истисноӣ ҳам бошад, қудрати дурудароз ва ҳукумати тулонии ӯро мардум қабул надорад. Хоса дар Русия, ки бахше аз Аврупои пешрафта аст. Ин баргирифта аз хислат ва табиати инсон аст. Шарти низоми ҷумҳурӣ, сохти демократӣ ва интихобот ҳамин аст, яъне даврӣ будани қудрат. Ва илло Путин ё ҳар каси дигаре, ки мехоҳад, ба сурати тулонӣ дар ҳарики қудрат такия зада бошад, на низоми ҷумҳурӣ зарур ва шарт аст, на интихоботе. Низоми ҷумҳурӣ ва демократия, ки асли асосии он интихобот аст, муҳимтарин дастоварди башар барои қаноъат додан ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба манзури пешгирӣ аз эътироз ва инқилоб аст. Чаро инсонҳо даст ба инқилоб ва тазоҳурот мезананд? Зеро худашонро таҳқиршуда эҳсос мекунанд. Қабзаи қудрат, кушодани ҳамаи хиёбонҳо ба рӯи худат ва гурӯҳат (дар мисоли Русия) ё қавмат (дар мисоли мусулмоннишинҳо),  ва бастани ҳатто паскӯчаҳо барои дигарон, ки ҳаргиз орзуи расидан ба қудратро надошта бошанд, дар асри имрӯз ҳатман исён ба вуҷуд меорад. Зеро низоми ҷумҳурӣ ва демократия ба мардум ин ҳақро медиҳад, ки дар қудрат саҳим бошанд. Яъне Путин мардуми Русияро ва касонеро, ки бо усули озодӣ ва ҳуқуқи башар эътиқод доранд, бо бозгашти худ то ҷое нороҳат кард. Аммо ҳанӯз фурсат дорад…

Аммо Путин бад хоҳад кард ё хуб? Бояд гуфт, ки Путин зимни корзори интихоботияш  ваъдаҳои хубе дода буд. Вале мо дар интихоботи соли 2000 -уми Путин ҳам шоҳиди ин ваъдаҳо будем. Муҳимтарин шиори сиёсатмадорони Русия ҳоло ғарбситезӣ шудааст, зеро медонанд, ки бо шиорҳои зидди ғарбӣ мардумро ҷониби худ ҷалб мекунанд. Ҳоло ҳам Путин аз ин усул хуб истифода кард. Агар ин шиорҳоро ӯ фақат ба хотири ҷалби назар карда бошад ва хоста бошад, ки мардуми худ ва мардуми оламро бифиребад, боз ҳам суқути худро наздиктар мекунад. Ҳоло танҳо мутавфиқ ё иттифоқчии Путин кишварҳои шарқӣ ва мусулмонӣ ва хоса Ирон боқӣ мондаанд. Вале намешавад, ки бо шиори зидди амрикоӣ ба қудрат бирасӣ ва баръакси он амал кунӣ, яъне бар зидди Шарқ. Ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва Ироқу Либӣ низ иштибоҳҳои Путин буданд. Ӯ ин корро дар мисоли Сурия хост, ки ҷуброн кунад. Аммо боз ҳам ба назар мерсад, ки дер кардааст. Аммо ба ҳар ҳол фурсатро комилан аз даст надодааст. Путин роҳи наҷоти худ ва Русияро дар ба вуҷуд овардани як иҷмоӣ минтақаӣ барои баробарӣ ба нуфузи Ғарб мебинад. Намедонам муваффақ мешавад ё не?

Вале медонам, ки Ӯ як роҳи наҷот дорад. Аз шаш соли даврони раёсати ҷумҳурии худ, як ё ду солро ҳукумат кунад ва талош кунад, ки барномаҳои асосии худро дар ин муддат пиёда намояд ва биравад. Он гоҳ ҳам худ, ҳам мактаби Русия ва ҳам демократияро наҷот хоҳад дод. Дар асри ҳозир, ҳеч кишвари кучакеро, ҳоло намегӯем паҳновартарин кишвари дунёро, намешавад бо зӯр ва таъадӣ идора кард.

Раҳматкарими Давлат


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97