Медведев Путинро ҳалола кард

DETAIL_PICTURE_626578Саҳнаи интихоботи президентии Русия мисли ҳиллаи шаръии ҳалолаи тоҷикиро мемонад, ки баъд аз сеталоқа шудани зан ва фурупошии оила марди хонахароб бо хоҳиши худ, барои баргардонидани зан ва бунёди оилаи аз даст рафтааш, занашро муваққатан ба ақди никоҳи каси дигаре медарораду боз дар як муддати кӯтоҳ аз ӯ хоҳиши талоқи занашро мекунад, то зиндагии вай мувофиқи шариат дуруст бошаду рӯзи маҳшар назди офаридагораш сурхрӯй бархезад. Пайдост, ки В.Путин таи чанд соли роҳбарии бузургтарин кишвари дунё ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз ба "ин аҷуза кампире, ки аруси ҳазор домод аст" сахт дил бастааст ва тобу тоқати аз вай ҷудоӣ надорад.

Баъд аз ду даври президентӣ соли 2008 муҳлати роҳбарии Путин ба охир расид, агарчи аз як тараф ҳам конститутсия ва ҳам ғурури миллати шуҷоъу худогоҳи рус ба вай иҷозат намедод, ки мисли роҳбарони давлатҳои қафомондаю аз пой зада ба "хирадмандиҳои" сиёсати даврони роҳбариаш ва "муваффақиятҳою гулгулшукуфониҳояш" такя карда, барои даври сеюм ва ё мисли ҳамтои Туркманбошиаш як умр дар сари қудрат боқӣ монад, аммо аз тарафи дигар вай наметавонист аз тақдири меҳанаш, ки фақат чанд солаке қабл маҳз ба воситаи вай аз чанголи бетартибиҳо ва бесуботиҳои Елсини халос шуда буд, бепарво бошад. Бо пешниҳоди Путин Дмитрии Медведови ҷавон ва "симпатичний" аз ҳизби ҳокими "Единая Россия" дар интихоботи президентӣ бо лоиҳаи эҷоди ёрдампулӣ ба модарон (материнский капитал) вориди саҳна шуд ва бо андак ҷидду ҷаҳд пирӯз гардид.

Пример-зидент Путин

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбарии Медведов маълум буд, ки В. Путин агарчи аз рӯи зини қудрат фаромада, аммо аз пушти асп нафаромадааст ва лаҷоми аспи тақдири Русия ҳанӯз дар дасти ӯст. Вай пеш аз интихоботи президентӣ ва пирӯзии Медведов худро дар мақоми дуюмин мансаби олии давлат, яъне сарвазир (пример министр) пешниҳод ва ё аниқтарш таъин кард ва тамоми вазирони замони президентиашро бо андаке ҷойивазкунӣ дар зери итоати мубошири худ қарор дод. Ҳама итоати ӯро мекарданд ва дар сафҳаи аввали матбуот бештар номи вай зикр мешуд. Сарвазирони замони президентии Путин ҳама бечора буданд; бечора Фрадков ва бечораи дигар Зубков. Доираи фаъолияти онҳо хеле танг буд ва ҳеч вазну қадру қиммате надоштанд.

Замони сарвазирӣ Путин ҳам ба гапу ҳам ба кор аз ҳама ва ҳатто аз Медведови президент ҳам болотару бонуфузтар буд. Дар мулоқотҳои як ба як бо президент Медведов аз гуфтор ва тарзи нишасти Путин маълум буд, ки дар хона хуҷаин аст. Агарчи дар намоишҳои матбуот ӯ замонасозӣ карда, худро ҳамчун вазири мутеъу фармонбардор назди президенти кишвар Д. Медведов нишон дода, ба чашми мардум хок мепошид, аммо аз тамкину оромиш ва бо такяи даст рӯи миз нишастанаш маълум буд, ки вай аз касе наметарсад ва соҳибқудрати ниҳоии давлат аст. Вақте Медведови президент аз вазири молия Алексей Кудрин барои кадом ҳамоқат ва беадабиаш дар хориҷи кишвар ба ӯ пешниҳод ва таҳдиди бозандешии мавриди мансабаш мекунад, вазири доно ҳам беихтиёр мегӯяд, ки пас аз мулоқот бо сарвазир, яъне В. Путин тасмими худро барои дар ин вазифа боқӣ мондан ва ё намондан хоҳад гирифт. Алексей Кудрин сароҳатан изҳор кард, ки ҷаноби президент бе амр ва ризоияти Путин ҳеч касе нест, ки тасмими истеъфои вай ва ҳар каси дигарро ба танҳоӣ бигирад. Дар кашмакашҳои мушкилоти интиқоли газ аз давлати ҳамсояи Украин, ҳамлаи Амрико ва НАТО ба Осетияи Ҷанубӣ аз ҳама бештар Путин серташвиш буд. Суханҳои ба зӯр аз даҳон баромада ва канда-кандаи ӯро ҷиддӣ қабул мекарданд ва дар матбуот пайваста ҳалу фасл мекарданд.

Бечора Медведов

Беҳтарин коре ки президент Д. Медведов дар чаҳор соли роҳбариаш анҷом додаст, ин амонатдорӣ ва садоқати вай аст, ки ин яке аз хислатҳои бузурги инсонӣ ва ҳатто пайғамбарист. Дар чаҳор соли президентӣ дар миёни чаҳор дарё тахтабанд шуду аммо доман тар накарда баромад ва ягон бор ба ин вазифаи олӣ чашм ало накард ва барои боз як даври дигар боқӣ мондан ҳеч саъю талоше наварзид. Агарчӣ дар тахти подшоҳӣ будан ва салтанат доштанро ҳар инсони оқил дӯст дорад. Ӯ худ хуб медонист, ки ӯро дар ин мақом на мардуми Русия, балки Путин бо шарт ва сирру асрори ба ҳама маълум мондааст ва боз Путин ӯро аз ин мақом хоҳад гирифт. Муҳлати президентии Медведов бо ду воқеаи дар ҳаёти Русия ва миллати рус нисбатан муҳим оғоз ва анҷом ёфт. Инҳо яке ҷанги Русия бо Амрикову НАТО дар Осетияи Ҷанубӣ ва дигар барканории охирин калламуш ва наҳанги даврони Елсинӣ мири шаҳри Маскав Юрий Лужков мебошад. Дар ҷанги дифоъи Осетия, агар Медведов президент мебуду Анатолий Сердюков вазири дифоъ пас тақдири ҷанг ҳатман ба коми Саакашвили ва ҳампаймонҳои ӯ хотима меёфт. Зеро ҳам Д. Медведов ва ҳам А. Сердюков шахсони тасодуфӣ ва ғайри ҳирфаӣ дар ду мансаби калидии Русия буданд. Кори ҳардуи инҳоро касе дар паси парда устодона иҷро мекард. Ва он албатта В. Путин буд. Барканории мири шаҳри Маскав Юрий Лужков низ барои Русия дар умум ва Путину командааш дар хусус аз воқеъаи ҷанги дифоъи Осетия камарзиш набуд. Юрий Михайлович дар замони президентии собиқи Русия Борис Елсин сар бароварда, дар сустиҳои сиёсати ҳукумати вай сахт реша давонда буд. Қариб бист сол шаҳри Маскавро ба таври систематикӣ идора мекард. Ҳам пули бисёр дошту ҳам ақлу ҳиллаву найранг. Шаҳри Маскав дар чанголи гурӯҳҳои мафиозиву бандитҳо буд ва ҳамаи онҳо мустақиму ғайри мустақим итоати Лужков мекарданд. Пролетарҳои тамоми яҳудиҳои давлатҳои собиқ иттиҳоди Шуравӣ ва ҳатто берун аз он, ҳаммиллатони вай як шуда, дар гирди ӯ ҷамъ омаданд ва тамоми бозору марказҳои савдои шаҳри Маскавро ғасб карданд. Аз ҳама аҷиб ва ҳайратовар он буд, ки болои он ҳама олудагиҳо ва даст доштан ба олами фасоди идориву криминалӣ садои баланди ӯ аз минбарҳои фарҳангӣ шунида мешуд. Нотиқи беҳамто буд ва ҳатто дар маросимҳои идона шеър мехонд, суруд месароид ва рақс мекард. Агар Путин намебуд, пас Медведов куҷову аз тарафи вай барканории Лужков куҷо. Ҳатто як сарояндаи нафақахур ба мисли Иосиф Кобзон аз барканории Лужков тавассути Медведев сахт хашмгин шуда, таҳқиромез гуфт, ки президент бояд ин иқдоми гирифтаашро "шарҳ" диҳад. Барои вай ва ӯ баринҳо ин кор хеле тааҷҷубовар ва аламовар буд.

Медведов амонати чаҳор сол қабл гирифтаашро боз ба соҳибаш бе хиёнат пас гардонид. Садоқат ва амонатдории худро дар назди пираш - В. Путин нишон дод. Аммо ҳамчун як шахс ва президент таърих ӯро чи гуна ёд хоҳад кард, боз танҳо ба таърих маълум хоҳад буд. Президент ва ё лухтаки президентмонанди саҳнаи театри Кремл.

Зинда бод Путин

В. Путин барои Русия аз замони сарвазирии аввалаш сар карда, то имрӯз хидмати бисёр кардааст ва бинобар ин дӯсту душмани зиёд низ дорад. Вай замоне ба сари қудрат омад, ки ҳам давлати Русия ва ҳам миллати рус бечораю аз по афтода буданд. Президенти онвақта Б. Елсин ҳам солхӯрда ва ҳам шаробии сахт шуда буд. Вай аз уҳдаи идораи давлат намебаромад. Ҳукуматро он замон духтараш бо дӯстписаронаш ва бисӯриҳо идора мекарданд. Русия бо ин ҳама бузургию сарватмандӣ дар арсаи ҷаҳон, ба истиснои Тоҷикистон, вазну қадру қиммати худро гум карда буд. Маскав ва дигар шаҳрҳои бузург бедарвоза гашта буданд ва дар натиҷа одамон аз бештари давлатҳои собиқ Шуравӣ ба онҳо мерехтанд. Ҷанг дар Чечня, яъне дохили Русия сар зада буд ва идома дошт ва бо дастгирии давлатҳои хориҷа забонаи оташаш ба тамоми минтақаи Қафқоз ва фаротар аз он таҳдид мекард. Давлат аз бисёре бонкҳои ҷаҳонӣ қарздор буд, аммо миллиардерҳои яҳудӣ мисли занбурӯғ ҳар рӯз пайдо мешуданд.

Путин омаду ба ҳамаи ин бетартибиҳо нуқтаи хотима гузошт ва киштии омодаи ғарқшавии тақдири миллати рус ва Русияро наҷот дод. Вай навбати сарвазирии аввалинашро низ дар охири солҳои навадум бо қудрату обрӯи президентӣ оғоз кард ва бо пирӯзӣ дар ҷанги Чечня ва саркӯб кардани террористон, ё ҷудоиталабони Чечня боварию эътимод ва меҳру муҳаббати худро дар дидаи мардум ҷой кард. Бо саркӯб кардани олигархҳо ва миллиардерҳои нафтдузду мафиозҳову хоинон ва эҷоди назму тартибу субот иқтисодиёти Русияи ба ишкам афтода, ба по хест ва дар натиҷа вазъи зиндагии мардум низ беҳтар шуд. Маҳз бо бар сари қудрат омадани В. Путин иқтисодиёти Русия пас аз фурӯпошии иттиҳоди Шуравӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Имрӯзҳо Русия аз ҳеч як бонки хориҷӣ қарздор нест ва бо 2 250 235 500 (ду триллиону дусаду панчоҳ миллиарду дусаду сию панҷ миллиону панҷсад) долар ҳаҷми умумии иқтисод (GDP-gross domestic product) дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад, дар ҳоле ки соли 1999 ин нишондод ба 620 миллиард баробар буду халос ва бо ин суръати афзоиш тибқи таҳлили мутахассисон дар 4-5 соли оянда, баъд аз Амрикову Чин ҳаҷми иқтисодиёти Русия ҷои саввумро ишғол хоҳад кард. Имсол Русия 96 миллион тонна ҳосили гандум ба даст овард ва боз 960 миллиард кВ соат қувваи барқ истеҳсол кард, ки ин нишондод низ дар ҷаҳон ҷои намоён, аниқтараш ҷои панҷум аст. Аммо соли 1999 Русия дар як сол танҳо 772 миллиард кВ қувваи барқ истеҳсол мекард. Экспорти молу ашё аз солҳои аввали роҳбарии Путин, аниқтараш аз соли 2000-ум, то ба имрӯз аз 75.5 миллиард то 377 миллиард, яъне 500% афзудааст. Маоши ронандаи метро дар Маскав имрӯзҳо ба 120 000 рубл, маоши муаллими мактаби миёна 30-35 000 рубл ва маоши ронандаи автобус ба 50 000 рубл баробар аст. Ҳаҷм ва қурби ин рақамҳо аз солҳои 2000-ум хеле фарқи калон дорад ва ин беҳбудиҳо ҳама самараи меҳнат ва саъю талоши пурмаҳсули ҷаноби Путин аст.

"Русский нерусский"

Беҳтарин коре ки В. Путин дар давоми роҳбарии худ кардааст, ин миллатсозии ӯст. Миллатсозие, ки орзуву ормонашро садҳо тан аз равшанфикрони тоҷик бо худ ба гӯр бурдаанд ва аз он ки ҳукумати феълӣ ва ҳукуматҳои гузаштаи "ленинободиҳо" натавонистанд миллатсозӣ кунанд, кудрати дили даҳҳо тан аз равшанфикрони барҳаёти тоҷик шудааст, ки бархе аз онҳо ҳатто аз ин фарёд ҳам кашидаанд. Бар хилофи пешвоёни миллати тоҷик В. Путин дар ҳақиқат тавонист аз як миллати парокандаву парешон ва ғофилу майзадаи Рус як миллати худогоҳу тавоно, соҳибғурур, бовиқор, донишманд, бо маданият, ғаюр, солим ва иззатманд бисозад. Маҳз самари хидматҳои каҳрамононаву ватандӯстонаи Путин аст, ки миллати Рус ҳамчун як рӯҳ дар ҷисмҳои гуногун ва ҳамчун як путк гаштааст. Имрӯзҳо ҳар як рус медонад, ки вай рус ва славянин аст ва боқӣ ҳама ҳеч, яъне "нерусский". Маҳз дар даҳ соли охир аврупоиҳо Русия ва миллати Русро ҳам бад мебинанду ҳам эҳтиром мекунанд. Онҳо ба Русҳо ҳасад мебаранд ва бад мебинанд, ки чӣ қадар зуд ба по хестанд, ба онҳо баробар шуданд ва ҳатто аз чанде сабқат низ кардаанд. Тамоми Аврупо аз газу нафти Русия истифода мебарад ва ин истифодабарӣ ва вобастагӣ ҳар рӯз бештар мегардад. Ояндаи кулли Аврупо аз Русия вобастагӣ дорад ва Путин тавонистааст, ки аз ин неъмат миллаташро огоҳ кунад.

Солҳои президентии Елсин русҳо дар ватани худ мисли тоҷикон бечораю залил буданд. Қафқозиҳо болои ҷавонои рус дар замини Рус султа доштанд. Дар дискотекаҳо, ки асосан маҳали зуҳури низоъу ҷанҷол аст, ба духтарҳои рус дастдарозӣ ҳам мекарданд. Ба ҷуз дар худ сӯхтан аз дасти ҷавонони рус дигар чизе намеомад. Бозорҳо ҳама таҳти контроли яҳудиҳо ва қавқозиҳо, ки аксаран дузду роҳзан буданд, қарор дошт. Аммо ҳоло чунин нест. Ҳама дар дасти русҳост. Ҳар як рус медонад, ки вай рус аст ва дигарон аз ҷинси ба вай бегона. Барои инсоне, ки аз дарду ғами миллати носохтаву нимколахоми худ қаландар гаштааст, манзараҳои аҷибу хотирмон ва дарунсӯзи рафтори миллатгароёнаи русҳоро дида, дар ҳайрат ва тааҷҷуб меафтад. Барои мисол дар рӯзномаҳо ва саҳифаю эълонҳои рекламӣ ибораҳое чун "хонаамро барои иҷора ба миллати рус, ё ба инсони қиёфаи славянӣ дошта медиҳам", "қафқозиҳо, илтимос маро нороҳат накунед", ё "ба мо коргаре бо қиёфаи славянӣ лозим аст" хеле возеҳ ва осонбинанд. Ҳатто дар сайтҳои ошноӣ ва дӯстӣ духтарҳо бо овози баланд ва ҳарфҳои калон сароҳатан менависанд, ки бо Тоҷик ва Узбак шинос шудан намехоҳанд. Андак ҷинояти содиркардаи "нерусский"-ҳоро ба сатҳи баланд мебардоранд ва сад ҷинояти содиркардаи русҳоро бо вуҷуди камераҳои сабткунанда ва шоҳидони зиёд касе намебинад. Аз таъсиси гуруҳҳои патриотии скинхедӣ сар карда, то воқеъаҳои Кондопога (ҷанги русҳои маҳаллӣ бо ҷавонон ва чеченҳои маҳаллӣ), бетартибиҳо дар Манеж ( қатли як фанати футболи командаи Спартак аз ҷониби як мусулмони қафқозӣ), ҳодисаҳои шаҳраки Хатково (ҷанги ҷавонони рус бо тоҷикон), воқеаи қатли як ҷавони рус бо номи Иван Агафонов аз ҷониби як ҷавони қаҳрамони варзиш, ки мусулмони доғистоние бо номи Расул Мирзоев аст) ҳама дарсҳо ва манзараҳои возеҳи ташаккулёбӣ ва обутобёбии миллати рус аст.

В. Путин ободии мардум ва устувориашро мисли давлатҳои олами исломӣ дар дин ва дингароӣ дид, бинобарин ба рӯҳониёни мазҳаби православӣ барои даъват ба мазҳаб ва ҳидоят озодии мутлақ дод. Вай танҳо дар ҳашт соли президентиаш ҳамроҳ бо саррӯҳонии собиқи Русия марҳум Алексейи 2 дар бунёди 18 ҳазор калисо (масҷиди русҳо) саҳм гузоштааст ва худ ҳамроҳи ҳамсараш дар тамоми маросимҳои мазҳабӣ ҳатто соати як ё дуи шаб низ иштирок мекунад. Шаҳри Маскав лабрези калисо гаштааст ва дар ҳар сари роҳ таблуҳои даъватӣ - мазҳабӣ ба чашм мерасанд, ки мардумро ба дингароӣ даъват мекунанд. Илова бар ин барои пешгирии майзадагӣ, яъне "алкоголизм" доираи савдо, истеҳсол ва истеъмоли нушокиҳои спиртӣ ва сигорро ниҳоят танг кардааст ва аз тарафи дигар барои бунёди иншоотҳои варзишӣ ва ҷалб кардани ҷавонон ба варзиш аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Боз Путин

Агарчи интихоботи президентии Русия 4-уми март сурат мегираду баъдтар рӯзҳои 5-ум ва 6-ум-и март натиҷаҳои ниҳоӣ ба ҳама эълон мешавад, аммо аксари равшанфикрони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷии Русия ҳанӯз 4 сол қабл медонистанд, ки дар ин мусобиқаи курсии аъло кӣ пирӯз хоҳад шуд. В. Путин баъд аз чаҳор соли танаффус боз ба сари курсии подшоҳии дӯстдоштааш бармегардад. Вай акнун, хоҳу нохоҳ, то соли 2024 дар сари қудрат хоҳад буд, зеро дар интихоботи ояндаи соли 2018 низ ӯ боз дар "чаҳорчӯбаи конститутсия" ба таври "демократӣ" пирӯз хохад шуд. Таи чанд соли роҳбарӣ вай таҷрибаи зиёд ба даст овардааст ва барояш дар "боло истодан" аз "поин ба боло рафтан" сабуктар аст. Аслан аз қасри Кремл (ҷои кори президент) то Қасри Сафед (ҷои кори сарвазир) каме беш аз як ваҷаб роҳ аст. Ҳар ду дар сари роҳи хиёбони Кутузов ва дохили ҳалқаи сеюми автомобилӣ (3 - ое транспортное кольцо) ҷойгиранд.

Саҳнаи интихоботи президенти Русия театрӣ аст, ки В. Путин ҳам муаллиф ва ҳам иҷрокунандаи нақши асосии он аст. Агарчӣ ба фармони вай барои шаффоф гузаштани интихобот дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ камераҳои махсуси сабткунанда гузоштаанд, аммо ин роҳи ҳал ва поёни кор нест. Дар интихобот аз ҳама аҷиб ва муҳим хусусан барои Путин он аст, ки вай ягон рақиби ҷиддие надорад ва боз ҳисобу китоби ниҳоии интихобот низ дар дасти раиси Комиссияи марказии интихоботӣ В. Чуров ҳаст, ки он ҳам агарчи аз ҳизби Либерал Демократии Жириновский аст, лекин "земляки" бовафои Путин, яъне ленинградӣ аст. Жириновский агарчӣ ёва-ёва ҳар чиз мегӯяд, аммо ҳаргиз рақиб нест. Вай лӯхтаки ба ҳама маълум ва сад фоизаи Кремл мебошад. Ҳатто бештари вақтҳо лӯхтакиаш марзу буми ҳамоқатро рахна мекунад. Михаил Прохорови миллиардер низ лӯхтаки дигари Кремл аст. Ӯ инсоне аст, ки на зан дораду на фарзанд. Аз масъулият метарсад. Ҳаргиз намунаи ибрати дигарон шуда наметавонад. Инсоне, ки пешвои оилаи худ шудан ва будан наметавонад, сазовори роҳбарӣ ҳам нест. Фақат чанд вақт пеш сару садои фисқу фаҳшу аёшии вай дар курортҳои Куршавеллии Фаронса бо тӯдаи духтарон оламро фаро гирифта буд. Ҳама медонанд, ки ҳатто шаклу шамоили вай ба ин мақоми аъзам намезебад. Қади аз ҳад зиёд баланд ва чеҳраи гирифта. Раиси ҳизби навтаъсиси "Русияи боадолат" (Справедливая Россия) Сергей Миронов низ дӯсти ҷонӣ ва аз командаи Путин аст.

Рақиби ягона, асосӣ ва ҷиддии Путин чун ҳарвақта дар ин интихобот низ роҳбари ҳизби коммунистони Русия (КПРФ) Геннадий Зюганов мебошад. Зюганов ҳанӯз аз ибтидои фурӯпошии иттиҳоди шуравӣ ва шикасти ҳизби коммунист содиқона мубориза мебарад. Дар гап ва чеҳраи вай ҳамеша осори хастагӣ ва ноумедӣ намудор аст. Аз муборизаи беамон ва номардонаи калламушҳои даврони Елсинӣ хаставу ноумед аст. Вай мисли бисёре аз пайравони ҳизбаш пир шудааст. Нону намакхӯрдаҳои иттиҳоди Шуравӣ сол то сол кам мешаванд ва ҷои худро дар сафи ҳизб холӣ мегузоранд. Насли ҷавон адолат ва барномаҳои баробариву бародарии замони хокимияти ҳизби коммунистро нодида мегиранд ва ба андозае ба дунёи васеъи демократӣ ва ғарбгароӣ гумроҳ шудаанд. Агарчи барои вай ва ҳаводоронаш дар ҳудуди 15% овоз қоил шаванд, аммо дар асл ва яқинан 35%-40% раъй ба даст меорад. Хуллас Зюганов боз дар ин давра низ мағлуб мешавад ва боз нақшаи барпосозии давлати афсонавии коммунистӣ чун Иттиҳоди Шуравӣ ва ё ба ягон шакли дигар дар оғӯши гарми ҳасрату орзуҳо хоҳад хуфт.

В. Путин дар ин интихобот ҳатман пирӯз мешавад. Вай мисли роҳбарони давлатҳои қафомондаю аз по задаи Шарқ ба худ 98% -99% овоз намедиҳад, зеро ин тавр натиҷаро мардуми донои Русия ҳатман масхара медонанд ва фақат 51% ҳам намедиҳад, то рақибонашро барои интихоботи оянда боумеду рӯҳбаланд кунад. Вай ҳатман инсоф ва меъёрро риоя мекунад ва бо 65%, ё як андоза каму беш дар интихобот пирӯз мешавад.

Бобобек Гадоев, таҳлилгари тоҷик

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97