То интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Русия камобеш як даҳрӯзаи дигар боқӣ мондааст, даҳ рӯзе, ки интихобкунандаи оддии ин кишвар дар ихтиёр дорад ва бояд мавқеъ бигирад, ки ба кадом номзад раъй медиҳад. Бояд гуфт, алъон панҷ номзад- Владимир Жириновский, пешвои ҳизби либерол-демократҳо, Геннадий Зюганов, райиси ҲК, Андрей Миронов, сарвари ҳизби "Русияи боадолат", Михаил Прохорови миллиардер (тариқи худпешбарӣ) ва Владимир Путин, нахуствазири феълии Русия даъвогарони курсии раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишваранд ва маъракаи таблиғотиашонро роҳандозӣ кардаанд. Акнун мо тоҷикон низ дар баробари шаҳрвандони Русия то 4-уми март интизор мешавем, ки ин интихобот чӣ натиҷаеро ба бор хоҳад овард, аммо бо истифода аз фурсат ба бархе аз нуктаҳои рӯшану торики сабқат мурур менамоем. Албатта, аз дидгоҳи манофеъи миллӣ ва аз даричаи сиёсати Тоҷикистон.
Путин боз хоҳад омад
Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки навобаста аз сару садоҳо ва гирдиҳамоиву парчампартоии қисмате аз сокинони ин кишвар бо тарафдории ин ё он номзад, Владимир Путин шонси бештари баранда шудан дар ин сабқатро дорад. Дар ҳамин замина, Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсӣ мегӯяд, аввал ин ки тардиде вуҷуд надорад, ки Путин боз хоҳад омад. Ӯ мегӯяд: "Путин аз нигоҳи назарияи усули сиёсӣ вақте дубора қасди баргаштан ба қудратро кард, иштибоҳ кард. Аз назари усул, ин иштибоҳ аст ва онро бояд бигӯем. Яъне, аввал урфи пазируфташудаи демократиро пушти по гузошт. Аммо ин иштибоҳи хуб буд, ё бад, ин масъалаи дигар аст".
Путинро бо Пётри 1 монанд мекунанд
Дарвоқеъ Путин дар замони ҳукуматдориаш барои Русия хидматҳои чашмрасеро анҷом дод. Нахуст авзои Қафқози Шимолиро, ки дар минтақаи Чеченистони он ҷанг идома дошт, ба вазъи оддӣ баргардонид, ҳарчанд бо истифода аз силоҳу танку тӯп ин оромӣ ба даст омада буд. Иқтисоди фалаҷу мурдаистодаи Русияро ба по хезонд ва дар рӯёрӯи қудратҳои ҷаҳон обрӯи Русияро боло бурд. Путин ба ин васила ба сарони олам ҳушдор дод, ки меросбари Шӯравӣ- Федератсияи Русия ҳаққи сухан гуфтанро дар ҳар ҳолат аз ин ба баъд дорад. Аксари мардуми Русия чӣ русу ғайри рус ин сиёсати Путинро қабул доранд ва ҳатто бархе ӯро ба Пётри 1 монанд мекунанд.
Ҳамзамон, Хилватшоҳи Маҳмуд, ҷомеъашинос ба ин назар аст, ки Путин дар тӯли 8 соли шахси аввал буданаш дар Русия (2000-2008), як кишвари аллакай ба қисматҳо ҷудошуда ва ба зону афтодаро аз вартаи ҳалокати ногузир берун кашид. Пеши роҳи аз ҳампошӣ ва парокандашавии он давлатро гирифт. Миллати рус, ки дигар ба ҳоли худ гузошта шуда буду аз ифтихори қаблияш нишоне боқӣ намонда, акнун дар симои Путин пешвои ҳақиқиро ёфт: "Бинобар ин, ба назари инҷониб Путин президенти ояндаи Русия аст ва ҳеч ҷои шакку тардиде дар ин амр нест".
ВВП дар даври аввал шояд пирӯз шавад
Тибқи омори ғайрирасмӣ ва назари коршиносон, тайи 10 соли ахир нуфузи Путин дар қиёс ба дигар сиёсатмадорони Русия даҳчанд боло рафтааст. Пурсишҳои ахир нишон додаанд, ки нуфузи Путин дар Русия ҳудуди болотар аз 50 дарсад аст ва ин дар ҳоле мебошад, ки рақиби наздиктарин ӯ, Зюганов танҳо 10 дар сад ҷонибдории мардумро ба даст овардаасту бас. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки имкони пирӯзии ВВП дар даври аввали интихобот мавҷуд аст, ҳарчанд худи ӯ таъкид карда буд, ки шояд интихобот ба марҳилаи дуввум биравад.
Дар нақш: Дмитрий Анатолевич Медведев
Тазаккур бояд дод, ки Дмитрий Медведев муддати чаҳор соли ахир зимоми ҳокимиятро дар Русия дар даст дошт, вале ба назари таҳлилгарон ҳамеша нафари дуввум буд ва ҳама тасмимҳои асосиро каси дигар ва ё ҳадди аққал боз ҳамон Путин мегирифт, гарчанде дар рӯзҳои нахустини президентӣ Медведев дар бархе аз нукот тасмимҳое мегирифт. Бархе гумон доштанд, ки ин амалҳои Медведев ба дарозо мекашад ва ӯ барои дувумин маротиба даъвогари курсии раиси ҷумҳурӣ мешавад. Соҳибназарон ба ин андеша буданд, ки маҳз сиёсату ҳукумати Русия майдони рақобати ин ду хоҳад буд, вале баъдан маълум гашт, ки ин ҳама стротегияи қаблан тарҳрезишудаи Путин аст ва Медведев дар саҳна аз "нақшбоз"-е болотар нест. Дмитрий Анатолевич дар даврони давлатдорияш муддати президентиро барои як давр шаш сол кард, аммо ин ҳам ба нафъи Путин тамом шуд, - мегӯянд коршиносони масоили сиёсӣ.
"Ош"-и Амрико бо Медведев "напӯхт"
Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, ки аз сиёсати сахт ва каме тунди Путин норозӣ буданд, умедвор буданд, ки бо Медведеви ҷавон созиш кунанд, аммо иқдоми ахирӣ, ки дар интихобот ширкат наварзид, онҳоро ба вартаи яъсу ноумедӣ кашид. Онҳо гумон доштанд, ки Медведев аз рафтори радикалӣ ва конструктивии Путин канор мегирад ва мешавад бо ӯ "созиш кунанд". Аммо, ахиран ба қароре расиданд, ки "тарҳи Медведев" иштибоҳӣ буд ва инак чашм ба мухолифини ҳукумати Русия дӯхтаанд. Бесабаб ҳам нест, ки як сол қабл стратегҳои сиёсӣ дар ИМА гуфтанд: "Сукони ҳукумат дар Русия дучархаеро мемонад, ки дар "пеш зине барои кӯдак дорад". Зини кӯдаконаро онҳо ба кӣ нисбат медиҳанд, албатта маълум аст. Онҳое, ки нафаҳмиданд, барояшон гӯшзад мекунем, ки ин "кӯдак" Дмитрий Медведев аст.
Пас, суоли матраҳ ин аст, ки агар Путин дигарбора ба қудрат бирасад чӣ суду зиёне барои Русия ва дигар кишварҳо меорад?
Путин тарҳи нав бармеандозад, агар…
Бозгашти Путин, Русияро метавонад бори дигар дар сиёсати бузурги дунё "ҷилва" диҳад. Русия, ё ба истилоҳ Владимир Путин тавонист, ки ҷаҳони ғарбро бори дигар ҳушдор бидиҳад, ки бо ин кишвар дигар бо шеваи таҳдиду зӯроварӣ намешавад кор гирифт.
Раҳматкарим Давлат мегӯяд: "Путин ба ҳар ҳол, аз ҷумлаи маъдуд раҳбаронест дар дунё, ки аз Вашингтон фармон намепазирад. Ва агар ба ҳамин минвол идома кунад, сиёсати ӯ ба нафъи кулли дунё хоҳад буд. Ба назар мерсад, ки баъди дубора интихоб шудани Путин сиёсати ӯ дар дар қиболи масоили дунё тағйири ҷиддӣ хоҳад дид. Ӯ як Путини дигар хоҳад буд. Агар иштибоҳҳои гузаштаи худро такрор накунад. Хатое, ки ба ҳамлаи Амрикову иттифоқчиёни он ба Афғонистону Ироқ мухолифат накард. Дар Балкан ҳам муваффақ нашуд. Либияро аз даст дод. ҳоло бояд аз Сурия ва Эрон ҳимоят кунад. Агар ин корро бикунад, муваффақ мешавад ва эътимод ба ӯ ва Русия дар дунё бештар хоҳад шуд. Вале агар Сурияро бифурӯшад, халос аст. ҳоҷати гап дар бораи дигарон нахоҳад буд. (Албатта ин ба он маъно нест, мо аз президент-подшоҳони мусулмон ҳимоят мекунем.)
Путин рақиби тавоно
Мешавад гуфт, Ғарб (ё ҳамон Аврупову ИМА) ҳамеша дар чеҳраи Путин диктаторро медид ва ба ҳеч васила бозгашти ӯро ба ҳайси нафари аввал дар сиёсати Русия намехост. Гузашта аз ин, ин кишварҳо аз Путин ҳамчун як шахси амниятӣ ва чеҳраи огоҳ аз сиёсати "ғарбгарӣ" метарсанд. Чаро? Чаро ки Путин дар тӯли солҳои президентияш бори дигар тавонист, ба Амрико бигӯяд, ки дар тасмимҳои бузург бояд бо Русия машварат кард ва сиёсати якқутбаи Амрикову тарафдоронаш дархури замон нест.
Ба назари коршиносон, ИМА ва соири дигар кишварҳои ғарбӣ дар симои Путин рақиби тавоноро мебинанд, ин аст, ки бозгашти ӯро ба ҳайси раиси ҷумҳур "рӯзи сиёҳи Русия" меноманд, аммо бозгашти ӯ "шоми сиёҳ"-и худашон аст, аммо барои Русия шояд бозгашти Путин "тӯлӯъи нав" бошад.
Тоҷикистон аз Путин чиро интизор аст?
Шояд бархеҳо бигӯянд, ки ин интихоботи Русия асту ба мо чӣ рабте дорад, ки ин қадар путингӯйиҳо боло рафтаанд. Посух ин аст, ки Русия солҳои дарозе дар ин сарзамин ҳукумат дошт ва алъон яке аз шарикони стротегии Тоҷикистон шинохта мешавад ва иқтисоду сиёсати дохилии кишвар ба он сахт вобастагӣ дорад. Тамоми маводи сӯзишвории Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад ва дигар молҳои ғизоиву саноатӣ низ. Солона беш аз 2 баробари буҷаи кишвар маблағҳои пулии муҳоҷирин ба Тоҷикистон ворид мешавад ва ҳудуди беш аз яку ним миллион ҳамватани мо тайи 20 соли ахир ба таври мавсимӣ-доимӣ дар сарзамини русҳо ба сар мебаранд. Гузашта аз ин иншоотҳои муҳими стратегии Тоҷикистон ё пойбанди Русияанд ё аз шарикони он. Акнун дар мавриди пойгоҳи 8 ҳазор нафараи низомиёни Русия (дивизияи 201) чизе намегӯем. Пас, ин кам аст? Мешавад, ки ба маъракаи сиёсии Русия баҳо надиҳем ва ё аз он чашм пӯшем? Не.
Зимнан, Раҳматкарими Давлат дар ин маврид мегӯяд, вазъи муҳоҷирини ҳамватани мо тағйир намехӯрад, аммо бар сиёсати минбаъдаи Путин бояд бештар раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна биандешанд: "Интизорӣ ин аст, ки баъди бозгашти дубораи Путин мушу гурбабозии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, хосса Осиёи Марказӣ бо Маскав ба поён мерасад. Путин аз раҳбарони ин ҷумҳуриҳо хоҳад хост, ки мавқеъи худро ба сароҳати бештар рӯшан кунанд. Ё дар бозӣ бо Русия бошанд ва Маскав интихоби дигареро барои онҳо боқӣ нахоҳад монд. Шояд, ин аз назари усули сиёсат роҳи дуруст бошад. Бо омадани Путин пеш аз ҳама раҳбарони минтақа бояд нигарон бошанд, ки оё метавонанд бо шароити нави Путин ё Путини нав кор кунанд ё не? Агар ҳам истиқлолашон, ғарбгароияшон ва баландпарвозиҳояшон то ҷое маҳдуд мешавад. Агар не, Путин дар муқобилашон ҳатман иқдом хоҳад кард ва мардуми ин кишварҳо низ дар он сурат дар ҷониби Путин қарор хоҳанд гирифт".
Ба назари таҳлилгарон, мардуми оддӣ аксаран аз даврони путинӣ хотираи хубе надоранд. Аммо аз нигоҳи амалӣ ҳоло мо бояд интизор бошем ва бубинем, ки Путин мехоҳад ба чӣ манзур баргардад. Агар ба манзури ҳукумат кардан бошад, дақиқан ҳамон иштибоҳ аст ва ба бадномӣ дар таърихи Русия хоҳад монд. Аммо агар ин бозгашт битавонад, ки дубора Русияро ба қуллаи қудрат ва иззат дар ҷаҳон бинишонад, пас он "иштибоҳи ногузир" аст.
"Русия имрӯз шахсияти беҳтар аз Путинро надорад"
Боз ҳам доираи коршиносон меафзоянд, бозгашти Путин барои Тоҷикистон ва соири кишварҳои пасошӯравӣ дар ин шабу рӯз хуб аст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд: "Русия имрӯз шахсияти беҳтар аз Путинро надорад, ки дар сиёсати дохиливу хориҷии ин кишвар саҳим бошад. ҳатто ҳизби ҳоким низ. Будани ӯ дар ин шабу рӯз барои ҳама мусоид хоҳад буд. Барои Русияи имрӯз Путин беҳтарин номзад аст ва барои кишварҳои ҳамсоя низ. ҳадди ақал андешаҳояш барои мо шинос аст ва метавон тахмин кард, ки аз ӯ чиро интизор метавон буд. Эрон, Чин ва кишварҳои Ховари Миёна низ мушкиле бо Путин нахоҳанд дошт. Ҳатто Аврупо ҳам метавонад бо ӯ забон ёбад. Ба ҳамин шева танҳо Амрико мемонад, ки маҷбур аст, бо рафтори Путин созиш кунад, чуноне ки ҳашт соли президентии қаблии ӯро таҳаммул карда буд. Путин роҳбарест, ки метавонад назари худро таҳмил намояд, вале ҳамзамон ҳади худро мешиносад. Аз ин рӯ, мебинем, ки ғарб ҳам чандон нигарон аз дубора омадани Путин ба қудрат нест. ҳол он ки ӯ ҳеч гоҳ аз қудрат ҳам нарафта буд."
Путин: "Ман ҳастам"
Бо ба сари қудрат омадани Путин як чунин таҳаввулоти чашмгир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба амал намеояд, илло агар раҳбарони ин давлатҳо агар дубора ба "оғӯш"-и гарму нимсарди Кремл нараванд, байид аст, ки тағйиру ислоҳ ҳатмӣ хоҳад буд. Ҳамин эътирофи ахири Путинро метавон ҳушдоре ба роҳбарони феълии кишварҳои ОМ донист, ки гуфт: "Асокири рус дар ҳар куҷо аз манфиати мо ҳимоят мекарданд, дар Тоҷикистон, дар Қафқоз ҳам. Ҳатто дар бархе аз ҳолат ҷон бохтанд, аммо номус нигоҳ доштанд…"
Яъне, Путин бори дигар эълом дошт, ки "Ман ҳастам", интизори бозгашти ман бошед. Ман ҳамин тур фаҳмидам, шумо чӣ?
Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ