Путин Асадро бар ивази интихоботи 4 март мефурӯшад?

Безории мардум аз режими алавиҳо

Bashor_asadВазъияти сиёсӣ дар Сурия то рафт печидатар мегардад ва тавре мушоҳида мешавад, бо чунин ранг гирифтани воқеъа даргирии шадиди тӯлонии дохилӣ онро интизор аст. Нооромиҳое дар ин кишвар, ки бар зидди режими беш аз 40 солаи алавиҳо, ки моҳи марти соли гузашта сар зад, то ба имрӯз давом дорад, ки диққати ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ кашидааст. Ҳар рӯз хабари куштори даҳҳо ва баъзан садҳо нафар бошандагони ин кишвар дар сархати расонаҳои олам пахш мешавад. Агар дар рӯзҳои нахустин бештар аз ҳамлаи низомиёни давлатӣ болои тазоҳургарон хабар медоданд, ахиран аз қувваҳои нави низомие ҳадс мезананд, ки алайҳи низомиёни ин кишвар муқовимат мекунанд. Рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳалаби ин кишвар ду таркиши пай дар пай сурат гирифт, ки ҷониби мақомоти Сурия дар он дасти хориҷиҳоро мебинад. Тибқи иттилоъ таркиши якум дар назди бинои Маркази истихборотии ҷосусии Сурия, ки дар мавзеъи Алмулҳиқалғарбӣ ва дигар дар назди хобгоҳи нирӯҳои дохилии воқеъ дар Ал - арқуб рух дод, ки дар натиҷа 28 нафар кушта ва беш аз 235 нафар захмӣ шудаанд. 

Ориф ал-Ҳаммод раҳбари нируҳои мухолифи "Лашкари озоди Сурия" дар шабакаи Алҷазира гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо нафарони ӯ даст доштанд, вале таркишҳоро инкор кардааст. "Ҳангоми ҳамла танҳо аз силоҳҳои зидитанкӣ ва хафифа истифода кардем", - ёдовар шудааст ӯ.

Аз дигар ҷониб нируҳои давлатӣ шаҳри Ҳумсро бо танку тайёраҳои ҷангӣ ба оташ кашидаанд ва тавре хабар медиҳанд, ҳамарӯза беш аз 100 нафар дар ин шаҳр кушта мешаванд. Инчунин дар дигар шаҳрҳои Сурия низ хабарҳои мухталиф дар бораи кушта шудани шаҳрвандони он мерасад. Бояд зикр кард, ки сабаби ин кашмакашиҳо аз он сар зад, ки мардум аз режими худкомаи алавиҳои Бани Асад ба хурӯш омада, ба майдонҳо рехтанд. То имрӯз тибқи иттилоъи расонаҳо беш аз 7 ҳазор нафар кушта шудааст ва ҳазорон нафар тарки ватан кардаанд. Дар ин росто суоле пайдо мешавад, ки Башор Асад кист ва чаро кишварҳои Ғарб ва мардум ӯро намехоҳанд?

Алавиҳо чӣ гуна дар Сурия ба ҳукумат даст ёфтанд?

Асосгузори сулола - Ҳофиз Асад, падари Башор мебошад, ки соли 1970 дар натиҷаи табадуллоти давлатӣ қудратро ба даст гирифта, ба режими чиҳилсолаи ҳизби БАЪС бунёд гузошт. ҳофиз Асад яке аз ҳамкорони наздики Шӯравӣ ва сарсахттарин душмани Исроил дар минтақа буд.

Соли 1982 ӯ ҳам шаҳри Ҳумсро бомбаборорон карда, тазоҳуротгаронро бо зӯри силоҳ дар ҳам шикаст, ки бино ба гуфтаи бархе дар он замон аз 17 то 40 ҳазор мардуми он кушта шуданд. Соли 2004 Ҳофиз Асад аз дунё рафт ва дар рӯзи дигар парлумони ин кишвар Башор Асадро унвони генералӣ дода, сарфармондеҳи қушунҳои Сурия таъин кард. Бо ворид кардани тағйирот дар қонуни асосии ин кишвар синни президентиро аз 40 ба 34 кам карда, рӯзи 24 июн Асади 34 соларо ба ҷойи падараш интихоб карданд. Бани Асад аз фирқаи алавиҳои Сурия буда, ки қисмати андаки ин кишваро ташкил мекунанд, ки болои қисмати аъзами сунниҳои сокини ин кишвар ҳукумат меронанд.

Нируҳои мухолифи давлат

Go_out_BasharНахустин мухолифони режими Сурия соли 2005 ташкил шуданд. Дар соли 2011 бо сар задани ҷунбишҳои мардумӣ дар ин кишвар иттиҳодҳои зиёди зиддиҳукуматӣ таъсис ёфтанд, ки моҳи августи соли 2011 дар Истамбул Шӯрои миллии Сурияро расман эълон карданд. Тавре Ёсир Табор сухангӯи ин созмон хабар додааст, дар ин Шӯро аксари ҳаракатҳову аҳзоби мухолифи ҳукумати кунунии Сурия шомиланд. Раҳбари шӯрои миллии Сурияро Бурҳон Галюн ба дӯш дорад, ки феълан муқими Фаронса мебошад. Тавре хабар медиҳанд, ин шӯро 60 дар сади мухолифини Башорро дар атрофи худ дорад.

То ба ҳол Фаронса, Либия ва Испания ин шӯроро ба расмият шинохтаанд. Тавре коршиносон мегӯянд, қувваи асосии ин шӯроро ҳаракати Бародарони мусалмон (Ихвонулмуслимин), ташкилотҳои демократӣ ва ҳаракатҳои курдӣ ташкил медиҳанд, ки аксаран дар берун аз Сурия қарор доранд. Танҳо Мишъал Таммо, раҳбари ҳизби курдии дохили кишвар ҷонибдорияшро аз ин Шӯро эълон кард, ки дар шаҳри Алқамиш кушта шуд.

Талоши кишварҳо барои наҷоти Сурия

Агар дар гирифтани тасмимҳои ҷиддӣ дар инқилобҳои Миср, Тунису Либия ва дигар кишварҳои арабӣ аксари кишварҳои ҷаҳонӣ ҳамфикр буданд, дар қазияи Сурия қудратҳои ҷаҳон ба ду ва ё се пора шудаанд. Қатъномаи намояндагони лигаи арабро, ки ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод шуда буду талаби истеъфои Башорро дар миён гузошта буд, Русия ва Чин бо истифода аз ҳаққи ВЕТО аз он ҷонибдорӣ накарданд. Аммо боқимонда сездаҳ кишвари дигари узви ин Шӯро ба тарафдории он овоз доданд, ки гуфта мешавад, мақсад аз он хотима додан ба нооромиҳо дар Сурия буд.

Ин мавзеъгириҳои Маскаву Пекинро Амрико ва кишварҳои Урупо шадидан маҳкум карда, Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико онро "мазҳака" ва "пуштибонии Чину Русия аз режими ваҳшиёнаи Асад" хондааст. Дабири Созмони Милал Пан Ги Мун ва Созмони ҳамкории Исломӣ, ки Русия дар он ба ҳайси нозир ширкат дорад низ аз ин иқдоми Русия ва Чин изҳори нигаронӣ кардаанд. Пан Ги Мун қарори ин ду кишваро "фоҷиаовар" унвон кард. Аммо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия интиқодҳои Ғарбро "наздик ба васваса" хонда, ба ҳимоят аз ВЕТО-и Маскав гуфт, ки тарҳи Шӯрои Амният амалан ба маънои тарафгирӣ аз як ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия мебошад.

Сару садоҳо, танқиду таҳриму таҳдидҳо аз ду ҷониб баланд шуда истодааст. Русия хабар додааст, ки дар Сурия гурӯҳҳои махсуси Британия ва Қатар фаъолият доранд. ҷониби ғарб иддаъо дорад, ки сипоҳиёни посдорони инқилоби Эрон бо Башор ҳамдастӣ доранд. Зарқовӣ, раҳбари шабакаи "Алқоида", ки душмани аслии Амрико буд, имрӯз аз нируҳои мухолифи Сурия пуштибонӣ карда, бо душманонаш дар як паҳлӯи сангар қарор дорад.

Тамоми кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва шаш кишвари Урупо ва Амрико сафирони худро аз ин кишвар бозпас хондаанд. Лигаи кишварҳои араб низ, ки дар ин қазия нақши миёнравӣ дошт, фаъолияти худро қатъ кардааст. Сабаби қатъи онро дар дастгирӣ наёфтан аз тарафи ҳукумати Сурия хондааст.

Эрон низ, ки аз инқилобҳои Мисру Яману Либия бо садои баланд пуштибонӣ мекард, дар ин масаъала такя ба Башор дорад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Чин ва Русияву Эрон, барои бақои Башор Асад пофишорӣ доранд?

Қазияи Сурия -меҳвари баҳси қудратҳо

Парвиз Мулоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки қазияи Сурия аз соири кишварҳои арабӣ куллан фарқ дорад. Ҳарчанд дар инқилобҳои Мисру Либия кишварҳои берунӣ даст доштанд, аммо ба андозае, ки дар Сурия аст, ба ин андоза рӯшан набуд. Дар он ҷо агарчи як ҳамраъйи ва пуштибониҳои кӯчаке аз ҷониби дигар кишварҳо буд, вале дар Сурия ин тазоҳурот кӯшиши бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Амрикову Англису Исроил аст. Дар Ховари Миёна, Сурия дар байни кишварҳои арабӣ баъди қазияи Кемп Девид, ки Миср бо Исроил сулҳ баст, ягона давлатест, ки мавқеъи рӯшани зидди исроилӣ ва амрикоӣ дошт. Кишварҳои ҷаҳони ғарб, ки дунболи як фурсате буданд ва мавҷҳои «баҳорӣ арабӣ» муносиб афтод, ки аз он хуб истифода карданд.

Сурия барои Русия ҳамчун меросбари Шӯравии собиқ, яке аз муҳимтарин кишварҳо дар минтақа аст. Фаротар аз ин яке аз бозорҳои бузурги фурӯши силоҳи ин кишвар ба ҳисоб меравад. Русия аз 13 миллиард доллар қарзи ин кишвар, ки аз замони Шӯравӣ буд, 10 миллиарди онро дар бадали ҳамкории минбаъда дар ин росто афв карда, шартномаҳои нав барои харидории силоҳ баста кард. Навобаста ба пофишориҳои Амрико ва Исроил мушакҳои зиддиҳавоии "С-300" ва тайёраҳои дастгиркунандаи МиГ-31 ро ба Сурия фурӯхт. Дар назар аст, ки дар шаҳри Тартус базаи мукаммали Нируҳои баҳрии Русия сохта шавад.

Парвиз Муллоҷонов ба ин назар аст, ки мавқеъгириҳои Русия ва Чин дар ин қазия дар алайҳи кишварҳои ғарбӣ ва Амрико бе сабаб нест: "Ман мутмаинам, ки агар режими Башор Асад суқут кунад, Эрон заъиф мешавад ва бо заъф ё аз байн рафтани ҳукумати кунунии Эрон тамоми минтақа дар таҳти таъсири Амрико ва ҳампаймононаш қарор гирифта, баланси қудратҳо дар минтақа тағйир меёбад. Ман наметавонам бигӯям, ки режими Башор сад дар сад мардумӣ аст ва мухолифини он ҳаққи эътироз надоранд, вале ман ба ин назарам, ки мавқеъгириҳои Русия ва Чин дар ин замина мантиқӣ аст".

Ин мавзеъгириҳои Русия то куҷо мантиқӣ аст, баҳсест, ки фурсат мехоҳад, аммо тавре намояндаи Қатар дар СММ иброз доштааст, бо ин амал Русия тамоми кишварҳои арабиро аз даст хоҳад дод, ки Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ ҷавоби таҳдидомези; "агар ин тавр гуфтан бигирӣ, Қатари ту то фардо намемонад"- додааст.

Кишвари дигаре, ки "хостор"-и тағйири низом дар Сурия нест, Эрон мебошад, ки муносибатҳои ҳарду нисбатан самимона менамояд. Зоҳири Давлат, коршинос ва таҳлилгари масоили минтақаӣ дар бораи муносибатҳои Эрон бо Сурия мегӯяд: Равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии Эрон бо Сурия аз кишварҳои арабии минтақаи Ховари Миёна хеле собиқа дорад ва ҳамвора аз замони истиқлоли Сурия дар солҳои чилуми қарни гузашта бо иттифоқи назар дар бисёр масъалаҳои муштараки аҳдофи ҳарду кишвар, дар ҳадди хубу ҳамдигарфаҳмӣ боқӣ мондааст. Дур кардани "Сурияи арабӣ" аз "Эрони форсӣ" ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ оғоз шуда буд, аммо ҳар гуна кӯшиш барои қатъи робитаи ин ду кишвар барҳадар рафтааст.

Ба назар мерасад, ки вуҷуди хатари минтақавии муштарак ҳамчун Исроил ба ин ду кишвар, далели ҳифзи равобити Теҳрону Димишқ шудааст. Башшор Асад ба дархости сулҳи Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил, ки бозпас додани баландиҳои Ҷавлон ба Сурия ва қатъи робита бо Эрон дар баробари он буд, эълом дошт, ки қатъи робита бо Эрон муҳол, яъне ғайриимкон аст. Ҳамчунин пешниҳодҳои кумаки ИМА ва Исроил ба Сурия дар муқобили қатъи равобит бо Эрон аз ҷониби Башшор Асад рад шуда, онро "хандаовар" гуфт. Ҳатто дар замони ҷанги Эрону Ироқ равобити Теҳрону Димишқ канда нашуд ва Сурия барои Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон дар минтақаи Сузи наздик ба Лубнон иҷозаи истиқрор дод, то Ҳизбуллоҳи Лубнон бевосита аз Эрон ишора шавад…

Сайид Алӣ Хоманаӣ Сурияро наздиктарин кишвари Ховари Миёна ба Эрон дар тӯли 30 соли гузашта ва аз давлатҳои меҳвари муқовимат бо Исроил номидааст.

Додугирифти тиҷоратии байни Эрону Сурия беш аз 5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Муҳимтар аз ҳама тавофуқномаи ҳузури шаҳрвандони ҳамдигар бидуни виза (90 рӯз) байни ин ду кишвар амал мекунад, ки ин бешак баёнгари сатҳи баланди муносибати ҳарду давлат аст. Эрон дар иҷрои лоиҳаҳои таъмини барқи ин кишвар ширкати фаол дошта, ҳамчунин мошинҳои "Саманд" ва "Прайд"-и эронӣ дар Сурия зиёд истифода мешаванд. Дар бахши низомӣ соли 2010 Теҳрон ба Димишқ як сомонаи радари пешрафта дод, ки ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии Исроилро шиносоӣ кунад. Ҳадафи ин корро Теҳрон дифоъ аз корхонаҳои барномаи ҳастаии Эрон дар баробари ҳуҷуми мушакӣ, таъмини амнияти ҳавоии Сурия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баробари ҳамлаҳои ҷангандаҳои қувваҳои ҳавоии Исроил арзёбӣ намуда буд.

"Имрӯз ҳам, ки Сурия бо "ҷиноят алайҳи башарият" аз ҷониби як масъули СММ гунаҳгор дониста мешавад, Эрон ҳамоно дар паҳлӯи он меистад. Табиист, ки як давлати қудратманд дар минтақа ба ҳеч ваҷҳе намехоҳад ҳампаймони худро аз даст бидиҳад. Тағйири низом дар Димишқ бидуни шак равобити Эрону Сурияро сард карда, ҳамзамон мавқеи Ҳизбуллоҳи Лубнон сусту шикаста мешавад ва кумаки Теҳрон ба Ҳамоси Фаластин ҳам коҳиш меёбад. Дар ин ҳолат кишвари сеюм Исроил, ки рақиби феълии ҳамаи арабҳост, манфиат хоҳад бурд" -мегӯяд Зоҳири Давлат.  

Аммо бархе аз таҳлилгарон ба ин андешаанд, ки тағйири ҳукуматҳо дар кишварҳои дигари арабӣ натиҷаи чашмрасе надошт ва ба манфиати ҷомеъа, ба хусус Русия ва Чин анҷом наёфт.

- Аввалан бояд гуфт, ки баъди инқилобҳо дар кишварҳои гирифтори баҳори арабӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ беҳтар нагардид. Нируҳои мухолифи давлати Сурия гарчанде намояндагӣ аз мардум мекунанд, вале дар асл бештар нируҳои интиқолӣ буда, аз берун идора мешаванд, - мегӯяд Ниёз Мирзоев, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ӯ ҳамзамон зикр кард, ки Сурия давлатест дар он ақвому мазоҳиби мухталиф сукунат доранд ва дар сурати шиддат гирифтани ҷанги дохилӣ, дигар аз таҳти контрол берун рафта, якпорчагии он зери суол меравад. Ниёз Мирзоев иброз дошт, ки ҳадафи ниҳоии Ғарб ва Исроил Эрон аст ва бо ин васила мехоҳанд ба он наздиктар шаванд, то садди роҳи рушди ин кишвар шаванд.

Чин, ки яке аз кишварҳои тавоно аз дидгоҳи тавлиди колову мол дар олам аст, ба назари коршиносон сар задани як ҷанги дигар дар минтақа ба иқтисодиёти ин кишвар хоҳ нохоҳ таъсиргузор хоҳад буд. Аз дигар ҷониб дар сурати ба сари қудрат омадани нируҳои ҷонибдори Ғарб ва Амрико дар Сурия низоми ин кишварро низ халалдор хоҳад кард. Тавре бархе аз сиёсатмадорон ҳадс мезананд, ки ҳадафи ниҳоии Амрико фишори бештаре болои Русия ва Чин аст, ки солҳои ахир аз дидгоҳи иқтисодӣ пешрафт кардаанд.

Ё ахиран ин се кишвар дарк кардаанд, ки ҳадафи охирини Амрико ва ғарб маҳз Чину Эрону Русияанд. Зеро Жириновский, ки ба хотири манофеъи Кремл овозапароканӣ мекунад, зимни суханронии хеш бо интихобкунандагон иброз дошт, ки имрӯз Сурия, фардо Эрон ва баъди он навбати Русия аст.

Ё ин боз баёнгари он аст, ки ҷаҳон боз аз нав ду қутба хоҳад шуд? Ин дафъа қутби Русияву Чину Эрон дар як паҳлӯи тарозу ва ИМА, Исроилу кишварҳои ғарбӣ дар дигар паҳлӯ. Агар пештар СССР алайҳи империалистон қад алам мекард, имрӯз се кишвари рӯ ба рушд ва мухталиф аз дидгоҳи сиёсиву миллӣ дар ин ҷанги сарди навин ҳамфикранд. Русияи демократӣ, Эрони исломӣ ва Чини коммунистӣ. Ё ҷанги саввуми ҷаҳонӣ ва ё ҷанги сарди қудратҳо боз шурӯъ мешавад?

Дар ҷангҳои қудраталабон ҳама вақт кишварҳои кӯчаку заъифу мардуми оддӣ қурбонӣ шудаанд. Дар Ветнам Шӯравӣ, дар Афғонистону Ироқ ИМА ва Урупои ғарби пирӯз гашта буд. Ин дафъа манфиатҳо дар Сурия бо ҳам бархӯрданд. Кадоме муваффақ хоҳад шуд, танҳо вақту замон аст, ки онро хоҳем дид, аммо ин дафъа дар майдон танҳо кишварҳои мусалмониянд, ки ду қисмат шуда ва қурбонии асосии ин набарди қудратҳо шудаву набардгоҳ гашта. Тағйири низомҳо ва қудратҳо дар ин авохир ҳамеша бар асоси манфиат ва хостаҳои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ сурат гирифтаанд ва илло агар ин кишварҳо аз он ҷонибдорӣ мекарданд. Аз ин рӯ дар масъалаи тағйири низом дар Сурия ҳанӯз дақиқ нашуда, ки он бар манфиати мардуми он сурат мегирад ва ё бар нафъи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ. Ҳоло ҷаҳони Араб таҷрибаи талхеро аз тағйири низом дар Ироқ ва Либия дорад.

Аъзамшоҳи қӯқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97