Кишварҳои урупоӣ қурбони мушкили Эрон
Барномаи ҳастаии Эрон пас аз таҳоҷуми ИМА ва шаркиони ғарбии он ба Ироқ аз пурбаҳстарин мавзӯъ дар чанд соли ахири доираҳои сиёсии ҷаҳон аст. Ҳамчунин, Амрико ва Исроил чанд дафъа аст, ки таҳдиди амалиёти ҳарбиро болои Эрон эълом медоранд. Дар ибтидо ин баҳс як баҳси лафзӣ буд ва акнун ИМА ва Иттиҳоди Урупо даст ба таҳримҳои шадиди иқтисодӣ алайҳи Эрон заданд. Эрон, ки дар минтақаи Осиё ва Шарқи Наздик яке аз кишварҳои таъсиргузор дар сиёсати иқтисодӣ ва минтақавӣ мебошад, баъди ин гуна таҳримот ба мушкилоти сангин рӯ ба рӯ мешавад. Аммо ин мушкилро Эрон ба танҳоӣ пушти сар нахоҳад кард ва кишварҳои дигаре, ки бо Эрон доду ситади иқтисодӣ доранд бар пайи ин таҳримот ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Аз ҷумла бархе аз кишварҳои аврупоӣ.
Амрико ҳақ қоил нест, Эрон ҳам аз ҳақаш намегузарад
Масъалаи Эрону Амрико, ки солҳост роҳи ҳалли худро намеёбад, дар заминаи муттаҳам донистани ин кишвар бо эҷоди силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби ИМА ва дигар ҳампаймононаш сар задааст. Ин аст, ки Эрон беш аз 30 сол боз дар эмбаргои ғарбиён қарор дорад. Ин дафъа мехоҳанд, ки боз фишори бештаре сари Эрон биёранд, то аз идомаи барномаи ҳастаияш даст бикашад. Вале ҷониби Эрон борҳо эълом кардааст, ки роҳандозии барномаи ҳастаияш бо мақсади сулҳомез аст ва мехоҳад аз дороиҳои табиии кишвараш бо ҳадафи пешрафт истифода кунад. Ва Эрон ҳамчун як узви Созмони байнулмилалии ҳамкории ҳастаӣ (МАГАТЭ) барои коркарди ураниюм ба мақсади сулҳомез ҳаққу ҳуқуқ дорад. Ин як амри маъмул ва раднашаванда аст, ки ҳар кишвари дигар низ онро дорад.
Нафти Эрон дарди сари Эрон
Имсол аз оғози соли нави милодӣ ИМА, Иттиҳоди Урупо ва дигар ҳампаймонони онҳо бо таҳдиду таҳримҳо алайҳи Эрон иқдом карданд. Амрико нисбати чандин ширкату бонкҳои Эрон бо баҳонаи "даст доштан"-и онҳо дар барномаи ҳастаии ин кишвар таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ намуд, ки Иттиҳоди Урупо низ ин иқдоми Амрикоро дастгирӣ намуда, гуфтааст, аз харидории нафти хоми Эрон даст мекашанд. Рӯзи 24 январ Итиҳоди Урупо қарори таҳрим аз нафти Эронро ба тасвиб расонд, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ амалӣ мешавад. Ин иқдоми онҳоро Амрико ба хушнудӣ пазируфта, аз дигар кишварҳо низ талаб кардааст, ки ба ин таҳримот бипайванданд. Эрон, ки яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги нафту газ дар дунё мебошад (9 дар сади захоири нафти оламро дар даст дорад), акнун дар муомилоти иқтисодӣ ва содироти маҳсулоти нафтияш бо харидорони аслияш дар Урупо (Италия 40%, Юнон 50% ва Испониё 30%) бар пайи ин таҳримот дар як инзиво қарор мегирад. Аз ҷониби дигар ин таҳримот ба дигар бахшҳои иқтисоди Эрон - низоми бонкӣ, ширкатҳои воридотии технолиягиҳои нав ва дигар шаклҳои тиҷорат марбут мебошанд. Дар ҷавоб ба ин таҳримоти ИА, Эрон эълон доштааст, ки содироти нафти хомро ба як қатор кишварҳо қатъ хоҳад кард ва пештар низ ҳушдор дода буд, ки дар сурати таҳримот тангаи Ҳурмузро, ки аз муҳимтарин роҳи ҳамлу мавводи сӯхти олам аст, хоҳад баст.
Зарари таҳримҳо ду сӯяанд
Баъди чунин иқдомот коршиносони дохилу хориҷ ҳадс мезананд, ки Эрон метавонад дар як марҳилаи ноҷӯри иқтисодӣ қарор бигирад. Ҳамчунин коршиносон таъсири ин таҳримотро ба ҷониби дигар низ беътасир намедонанд. Аз ҷумла профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик роҳандозии чунин иқдомотро барои ҳарду ҷониб манфӣ арзёбӣ мекунад: "Эмбарго ба иқтисодиёти ҳар ду ҷониб таъсир мерасонад. Ҳам ба Эрон ҳам ба Урупо. Аммо мавриди зикр аст, ки Амрико аз Эрон тамоман нафт харидорӣ намекунад, вале Урупо бо Эрон алоқаи зичи иқтисодӣ дорад. Эрон технологияи муосирро аз ин кишварҳо дар бадали фурӯхтани нафт мегирад ва онҳо бошанд аз нафти Эрон сахт вобастагӣ доранд. Аз ин нуқтаи назар, кӣ бештар зарар мебинад, ин ҷо матраҳ нест. Зеро дар ин ҷо ҳар ду тараф зарар мебинад". Ҳамчунин ба назари профессор Умаров баъди ин қиммати маводи сӯхт дар тамоми олам ва махсусан, дар Урупо боло хоҳад рафт, ки ба иқтисодиёти онҳо зарба хоҳад зад ва имкон дорад, қиммати як бушка нафти хом аз 140 то 200 доллар боло биравад.
Таҳримҳо амали таблиғотии Амрико
Вале коршиносони дигар роҳандозии таҳримотро як амали таблиғотии Амрико ва Иттиҳодияи Урупо медонанд ва амалӣ шудани онҳоро баъид намедонанд. Беҳрӯзи Забеҳулло, таҳлилгари минтақаӣ бар ин назар аст, ки эълон таҳримҳо ва роҳ андохтани онҳо дар ҳоли ҳозир бештар шакли як фишорро доранд, то он ки амалӣ шаванд: "Ин навъ бархӯрдро мо борҳо дар муносибати Русия бо ҷумҳуриҳои пасошуравӣ мушоҳида кардаем. Системаи иқтисодии Эрон мустақил буда, муомилоти тиҷорӣ ва иқтисодии густурдае бо Иттиҳоди Урупо надорад, ки бо эъмоли ин таҳримот, авзои он осебпазир гардад, зеро Урупо муштарии танҳо 17% нафти Эрон аст. Давлати исломӣ тавлидкунандаи анвои коло ва маҳсулот буда, аз назари иқтисодӣ як кишвари комилан худкифо аст. Мусалламан, Иттиҳоди Урупо ин тасмимро таҳти фишори Амрико гирифтааст, аммо ба далели гирифтории худ ба буҳрони иқтисодӣ, иҷрои онро ба шаш моҳи оянда вогузор кардааст".
Эрон ба "рӯзи сиёҳ" омодагӣ дидааст
Бо вуҷуди ин ки коршиносону таҳлилгарон чунин муносиботи сардро як амали ҷидии таъсиргузор ба нархи маҳсулоти нафтӣ дар оянда медонанд, аммо Эрон таҳримоти ҷомеаи ғарбиро чандон таъсиргузор ба иқтисоди худаш намедонад. Зеро харидорони аслии нафти Эрон аслан кишварҳои осиёӣ - Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон мебошанд.
Дар ҳоле ки Теҳрон қасд дорад, ки дар вокуниш ба ин тасмими Итиҳодияи Урупо аз фурӯши нафт ба ин Итиҳодия даст бикашад, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар сурати қатъи равобити иқтисодӣ миёни ин кишварҳо ва манъи интиқоли маблағҳо ба қурби пули ин кишвар таъсири худро мегузорад. Алакай дар Эрон қурби пули миллӣ хеле пойин рафтааст.
Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи Академияи улуми кишвар, ки чанд рӯз пеш аз сафари Эрон баргаштааст, мегӯяд: "Ҳар ҷое дасти Амрикову Урупову Исроил аст, ба манфиати мардум нест. Бубинед, ки Ироқу, Либияро ба чӣ ҳол оварданд. Ва ҳоло доранд атрофи Сурия ин корро анҷом медиҳанд. Мардуми Эрон омодаанд ба ин таҳримҳо ҷавоб бигӯянд. Аммо бояд бигӯям, ки ба қурби пули дохилӣ таъсир расонида истодааст. Масалан, агар порсол як туман як доллар бошад, имсол ду туман як доллар шудааст. Таҳриму чанг дар ин минтақа хоҳ нохоҳ таъсиргузор аст. Аммо Эрон кишвари содда нест ва барои рӯзи сиёҳ омодагӣ дорад. Ӯро наметавонанд мисли дигар кишварҳои минтақа бо чанд баҳона ба зудӣ аз байн бибаранд ва ё бишикананд".
Ҷониби Эрон ҳамеша изҳор доштааст, ки дар ҳар шакле омода аст, ки посухи Амрико ва ҳампаймононашро бидиҳад. Ҳатто дар сурати шурӯъи ҷанг низ.
Бояд гуфт, ки Русия бо Эрон тасмим гирифтаанд, ки дар муомилоти иқтисодӣ дигар на доллари амрикоӣ, балки бо рублу риёл аз ин ба баъд мубодила кунанд.
Таҳримот ба Эрон ва Тоҷикистони шарики стротегӣ
Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин давлатест, ки Тоҷикистонро ба расмият шинохтаву равобити зичи фарҳангиву сиёсиву иқтисодӣ дорад. Дар тамоми бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ сармоягузорӣ мекунад. Эрон дар тамоми самтҳои иқтисодии Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон бештар кумаки худро мекунад. Нақби "Истиқлол", Ниругоҳи барқию обии Сангтӯда-2, сохтмони биноҳо ва роҳҳои кишвар аз ҷумлаи пружаҳои бузургеанд, ки ин кишвар дар бахши иқтисоди Тоҷикистон амалӣ менамояд. Вале бо эъломи таҳримот аллакай дар муомилоти иқтисодии Эрону Тоҷикистон мушкил сар задааст. Чанд рӯз пештар Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳоло дар интиқоли маблағҳо мушкилот пеш омадааст. Ҳамчунин ба гуфти ҷаноби Шарифзода дар панҷ соли пешомад Эрон бояд ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи як миллиард евро сармоягузорӣ мекард. Акнун, ки Эрон таҳти фишор қарор гирифтааст, ба даст омадани ин сармоя дар гумон аст.
Бонки Тиҷорат яке аз бонкҳои калонтарини Эрон аст, ки ин таҳримот алайҳи он низ амалӣ мешавад. Ин бонк намояндагии худро дар Тоҷикистон дошта ва дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти мо сармоягузорӣ менамояд. Аммо тавре расонаҳо итилоъ додаанд, ин бонк аллакай баъзе тарҳҳоеро, ки бояд сармоягузорӣ мекард, мутаваққиф гузоштааст. Оё ин низ ба ин таҳримот вобастагӣ дорад? Зеро тамоми гардиши пулии он тавассути евро ва доллар сурат мегирифт. Аммо як масъули ин бонк дар Душанбе, ки аз шарҳи бештари масъала ба далели мушаххас нашудани вазъ канорагирӣ намуд, иброз дошт, ки мо бо тоҷирони дохилӣ сару кор дорем, ки ягон таъсире нахоҳад расид. Масъулони бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Душанб низ дар рӯшан кардани ин масъалаи марбут ба ин қазия худдорӣ варзиданд.
Ҳарчанд таҳлилгарон мегӯянд, ки ҷорӣ шудани таҳримот иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, вале мақомоти баландпояи Эрону Тоҷикистон гуфтаанд, ки равобити дӯстонаи Теҳрон-Душанбе ба ҳеч вачҳ таҳти таъсири ин таҳримот қарор намегирад.
Эрон дар чорсӯ танҳо нест. Дигарон ҳам ҳастанд
Ин иқдоми Амрикову Урупои ғарбиро Русия, Белорусия, Туркия ва боз чандин кишвари дигар маҳкум намуда, изҳор доштаанд, ки натиҷаи хубе нахоҳад дошт. "Ҳама гуна таҳримҳо якҷониба зиёноваранд ва шеваҳои фишори иқтисодӣ дар амалияи ҷаҳонӣ номақбул буда, боиси печидагии робитаи байни кишварҳо ва вазъи сиёсии ҷаҳон мешаванд", изҳор доштааст Вазорати умури хориҷаи Беларус. Инчунин Туркия низ гуфтааст, ки аз қаламрави худ барои зарбаҳои ҳарбӣ ба Эрон иҷозат нахоҳад дод. Аммо Тоҷикистон, ки як кишвари дӯсту ҳампаймону ҳамзабону шарики стротегии Эрон аст, то ба ҳол мавқеъи худро дар ин маврид рӯшан накардааст. Ин дар ҳолест, ки коршиносони дохилӣ мегӯянд, Тоҷикистон бояд ба таври расмӣ мавқеяшро рӯшан иброз дошта бошад.
"Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст…"
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки дар ҳамин шароит бояд Тоҷикистон бо Эрон муносибатҳои хуб дошта бошад, агар чанде давлати хурд ҳам бошем, бояд дастгирии сиёсӣ бикунем. Ҷониби Тоҷикистон ба ин таҳримҳои Амрико ақидаи хусусии худро бояд дошта бошад, зеро доштани муносибатҳои бародарона байни ду давлат хело муҳим аст. Агар вазъи Эрон бо ин таҳримҳо бад шавад, Эрон наметавонад тарҳҳои иқтисодии хешро дар Тоҷкистон то охир амалӣ кунаду лоиҳаҳои навро роҳ андозад. Ман гумон мекунам, ки дар ин сурат Эрон маҷбур аст, он барномаҳои бо кишварҳои хориҷӣ доштаи худро ихтисор кунад, аз ҷумла дар Тоҷикистон он кам мешавад».
Муносиботи Тоҷикистону Эрон то ва баъд
Соҳибназарон мегӯянд, ки Тоҷикистон низ барои илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ донад ва бояд сари ин масъала андеша кунад. Зеро байни ин ду кишвар робитаҳои хуби ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф вуҷуд дорад ва на танҳо ин: Тоҷикистону Эрон кишварҳои ҳамзабону ҳамдину ҳамфарҳанг ва аз як решаанд. Гузашта аз ин раҳбарони ин ду кишвар на фақат президенту ҳамтоянд, балки дӯсту бародари якдигаранд. Аз ин рӯ имкони роҳандозии муносиботи гуногунҷабҳаро дар дилхоҳ самт доранд.
Зимнан, Русия бо Эрон тасмим гирифтаанд, ки дар муомилоти иқтисодӣ дигар на бо доллари амрикоӣ, балки бо рублу риёл аз ин ба баъд мубодила кунанд. Коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистону Эрон низ метавонанд муносибатҳои иқтисодиро бо арзҳои миллӣ аз сар бигиранд. Чаро бояд маҳсулоти воридотии Эрон, ки тавлидоти худи ин кишвари исломист, бо еврову доллар ҳисобӣ шавад? Беҳтар аст, ки ин доду гирифт ва ё воридоту содирот бо арзҳои миллӣ- риёлу сомонӣ сурат бигирад. Ба гуфтаи ҳамин соҳибназарон, он вақт ҳам қурби асъори миллии ду кишвар боло меравад ва ҳамкориҳо тақвият меёбанд. Роҳи дигари ҳамкории иқтисодӣ истифода аз метали гаронбаҳо тило аст, ки ахиран бархе аз кишварҳо аз ин тасмим пуштибонӣ мекунанд.
Ҳоло дидаҳои интизор ба сӯйи Душанбеву Теҳрон дӯхта шудааст.
Интизорӣ сахт аст. Не?!
Аъзамшоҳи қӯқаншоҳ