Путин "имтиҳон" мегирад

imtihoni_putinnnВладимир Путин, сарвазири Русия ва ҳамзамон номзади асосии раисҷумҳури ин кишвар, дар нашрияи "Независимая газета"  мақолае зери унвони "Россия: национальный вопрос" (Русия: масоили миллӣ)  таъкид кардааст, ки наҳваи иҷрои қонун нисбати муҳоҷирон шадидтар шавад. Ӯ гуфтааст, ки Русия набояд "кишвари миллии русӣ" бошад, аммо ишора кардааст, ки  сокинони Русияро баъзе масоили марбут ба  муҳоҷирати омавии дохилӣ безобитаву ноором мекунад. Оқои ВВП пешниҳод кардааст, ки барои вайрон кардани  қоидаҳои муҳоҷират ва ба қайдгирӣ, муҳоҷирин бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Ӯ мақолаашро бо танқиди шадид аз мултикултураи (чандфарҳангии) Ғарб шурӯъ карда, овардааст: "Дар бисёре аз кишварҳо ҷамъиятҳои пӯшидаи миллӣ-динӣ фаъолият мекунанд, ки ба ҷомеъа на танҳо асимилятсия (омезиш) намеёбанд, балки мутобиқ шудан намехоҳанд. Ҳатто шаҳрчаҳои машҳури худро доранд ва бо забони он кишвар ҳарф задан наметавонанд". Ҷаноби Путин пешниҳод кардааст, ки аз соли оянда барои давом додани муҳоҷират ва ба даст овардани аснод бояд муҳоҷирин аз фанни "забон, таърих, адабиёт, ва асосҳои ҳуқуқ ва давлат имтиҳон супоранд".

Ин таъкиду пешниҳодҳои ғайримунтазираи Путин, ки чанде пеш даъвои бунёди Иттиҳоди АврОсиёро дошт, чӣ дар Русия ва чӣ дар хориҷ аз он боиси сару садоҳои зиёде гаштаанд. Бархе инро бо хушнудӣ пазируфта, ягона роҳи сохтани ҷомеъаи русӣ медонанд, вале иддае гуфтаҳои Путинро бар хилофи Қонуни асосии ин кишвар баҳогузорӣ кардаанд.
Мавриди зикр аст, ки Путин беш аз 8 сол сарварии Русияро ба дӯш дошту ба назари бисёриҳо тавонист як кишвари дарҳам шикастаро боз аз нав ба по хезонад. Гарчанде дар чаҳор соли ахир Дмитрий Медведев президенти расмии ин кишвар, вале тавре таҳлилгарон ҳадс мезананд идораи он дар дасти ҷаноби Путин будааст. Медведев, ки метавонист боз барои чаҳор соли дигар номзадияшро ба ҳайси президенти ин кишвар пешниҳод кунад, вале аз чӣ бошад, барои Путин "гузашт" карду шояд умед дорад, курсии сарвазириро ба мерос хоҳад гирифт. Путин воқеан дар тайи дувоздаҳ соли ахир сарвари ин кишвари бузургро ба дӯш дошта, боз мехоҳад аз сари нав дар курсии сарварӣ такя занад. Пас, суоли матраҳ ин аст, ки Путин чӣ касест? Милатгаро, ислоҳотгар, ё шаҳаншоҳи бузург?

Пардаи путинӣ

Владимир Путин аз нахустин рӯзи ба сари қудрат омаданаш, худро ҳамчун як чеҳраи нав дар сиёсати ҷаҳонӣ намоиш дод. Бо иқдомҳои  ҷиддӣ ва босуботи хеш тавонист Русияро бори дигар аз нав барқарор карда, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, ки чун вориси СССР "ҳаққи гап"- ро дар сиёсати бузург дорад. Нисбати муҳоҷирини корӣ низ чандин қонунҳои мухталиф қабул шуданд, ки ба андозае фаъолияти муҳоҷирини кории расмиву ғайрирасмиро маҳдуд кард. Қисмати аъзами муҳоҷирони кории тоҷик ғайрирасмӣ фаъолият доштанд. Ин буд, ки имрӯзҳо вожаи "депортатсия" (хонда шавад- бадарға) сари забони ҳама хурду бузурги тоҷик аст. Зеро ҳазорон- ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҳз бо ҷурми надоштани аснод аз Русия "бадарға"  карданд, ки ба солҳои раҳбарии Путин рост меояд. Инчунин, қонунҳои гирифтани  шаҳрвандии Русия чанд бор иваз шуд. Маҳз дар замони Путин шаҳвардони хориҷиро аз майдафурӯши дар бозорҳо ва мағозаҳои ин кишвар манъ карданд ва имрӯз ҳар муҳоҷири хориҷие, ки мехоҳад ба тиҷорат бипардозад маҷбур аст ҳуҷҷатҳои худро ба номи яке аз шаҳрвандони ин кишвар сабт кунад. Яъне маҷбур аст, ба яке аз сокинони ин кишвар "доля" (ҳаққу ҳуқуқи молӣ) бидиҳад. Иҷозатнома ва супоридани имтиҳони забони русӣ ва боз чандин монеаҳо маҳз дар замони Путин, ё ба истилоҳи дигар "тими путинӣ" рӯи саҳна омаданд, ки мушкилоти муҳоҷиринро бештар кард.

Путин-пешвои ҳаракати миллатгароёни рус?

Ҳаракати нажодпарастони рус, ки баъди пошхӯрии Шуравӣ сар боло карда буд,  маҳз дар замони сиёсати путинӣ бештар сар бардошта, доираҳои фаъолияти худро васеъ намуд. Ҳатто худи коршиносони Русия низ ба ин назаранд, ки Кремл аз "калак"-ҳо пуштибонӣ мекунад. Амонуллоҳи Қадам, ки 20 сол боз дар Маскав шаҳди муҳоҷират мечашад, мегӯяд, як хатчаи миллатгароӣ дар омадани Путин буд: "Агар ба ёд биёрем ҳангоми ҷанг алайҳи Чеченистон ибораи "мачить в сартире", ки навъе ҷанги эълоннашуда аз ҷониби ӯ алайҳи мусулмонони Қафқоз буд, ки  ба миллатгароёни рус як илҳоми маънавиву идеологӣ бахшид ва онҳо он қадар нуфуз карданд, ки давлат то ҳадде қудрати идора кардани онҳоро аз даст дода, онҳо  на танҳо сиёҳсару муҳоҷирин, ҳатто чандин адвокату журналисту дигар ходимони давлатӣ аз дасти онҳо кушта шуданд. Ба амсоли Маркелов, Чувашов"
 Таърих ибораи таҳқиромези русҳо, «кавказский лицо»-ро ҳанӯз фаромӯш накардааст. ҳоло бошад, "азиатское лицо" ҷойгузини он шуда, ба тадриҷ намояш ба сӯи бадӣ ва паҳлӯи манфӣ меравад…
Ба ҳар шева, Путин ин дафъа эълом доштааст, ки дар сурати президент шуданаш фаъолияти тамоми ҳаракатҳои миллатгароро манъ хоҳад кард. Аммо тавре ишора кардем, ҳаракати нажодпарастони рус низ маҳз дар даврони Путин хело боло рафт. Ӯ ҳатто ба муҳоҷирони дохилии кишвараш, ки ақвоми гуногунанд таъкид кардааст, ки маданияти русро аз худ намоянд. Путин овардаст, ки  Русияро   "пешравии беназир" интизор аст ва "маҳак"-у "риштаи пайванкунандаи" он танҳо ва танҳо  "миллати рус ва маданияти русӣ"  мебошад.

Аз Столипин то Елтсин ва инак Путин

Путин аслан  як ватандӯсти кишвари худаш аст. Ӯ ҳаргиз миллатгаро нест. Танҳо мехоҳад, ки роҳбари як миллати боиззат ва як кишвари пешрафта бошад. Ҳадафаш ба по кардани як Русияи муқтадир ва тавоно аст, ки иззат ва азамати миллаташро таъмин карда тавонад ва ин айбе надорад, мегӯяд Раҳматкарими Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ.
 "Мо бо ченакҳои худамон ба Путин баҳо медиҳем, ки гӯё ғами моро намехӯрад. Ин иштибоҳ аст, ӯ бояд пеш аз ҳама дар фикри миллати худаш бошад, на дар фикри мо. Ӯ кори дуруст мекунад. Албатта иштибоҳ ҳам дорад. Аммо дар маҷмӯъ ба сари кор омадани ӯ ба нафъи ҳамаи олам аст. Чаро онҳое, ки дар Ироқу Афғонистон садҳо ҳазорро куштанд, дар Либия ҳазорон нафар бар асари сиёсати онҳо кушта шуд, Қаззофиро Саддомро бо бераҳмии гушношунид куштанд, (ҳарчанд ҳар ду ҳам ҳам парвардаи худашон буд) ва ҳоло мехоҳанд, ки болои Сурия ва Ирон ин балоро биоваранд ва одам бикушанд, миллатгаро нестанду Путин "натсист" будаст. Чаро. Ҳаргиз чунин нест».
-Путин дар пасманзари кори ин одамхудоҳо шахсияти покиза ва соф аст",- мегӯяд оқои Давлат.
Коршиносон бар ин назаранд, ки агар Столипин як сарвазири ислоҳотгар буду Елтсин демократ, пас Путин ҳам нахуствазири реформатор, президенти қавӣ ва сиёсатмадори рақами як дар понздаҳ соли ахири Русия маҳсуб мешавад, алъон ҳам кулли зарфият ва потенсиали зеҳнии он кишвар дар атрофи Путин гирди ҳам омадааст.

Имтиҳон барои "кашталкандаҳо"

Ҷаноби Путин пешниҳод кардааст, ки ҳар муҳоҷир бояд аз адабиёту таърихи Русия имтиҳон бисупорад. Ростӣ дар аввал каме хандаовар низ менамояд, ки барои як аробакаш ва кӯчарӯбу сохтмончӣ донистани таърих рус чӣ зарурат дорад? Русия аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ҳақ дорад, ки аз муҳоҷирини корӣ талаб кунад, ки забони ин кишварро биомӯзанд ва аз тарафе ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳам ҳаст. "Албатта донистани таърих ва забон ба сурати ҳатмӣ шарт нест. Аммо онҳо чизе талаб доранд ин аст, ки ба таъриху фарҳангашон эҳтиром гузошта мешавад. Ин як навъ водор кардани муҳоҷирон ба фаросат ва инсоф аст. Ман хурсанд мешавам, ки русҳо муҳоҷирони кашталкандаи моро водор кунанд, ки Достоевский, Чехов ё Тургеневро бихонанд ва бифаҳманд, ҳатто агар нафаҳманд ҳам агар бихонанд, давлати калон аст. Чӣ бадӣ дорад?",- гуфт ҷаноби Р. Давлат.

Роҳи нави фасод ва ё дарвозаи бахти путинӣ

 Дар кишварҳои аврупоӣ барои муҳоҷирини корӣ курсҳои махсуси омӯзишӣ ташкил мекунанд, то муҳоҷирин ба забону маданияти ин кишварҳо ошно шуда битавонанд ва озодана фаъолият кунанд. Бинобарин ҷониби Русия низ ин иқдомро пеш бигирад омӯхтани забон ва таърихи ин кишвар барои корҷуён аз фоида холӣ нахоҳад буд. Ба хусус барои корҷӯёни тоҷик. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои ахир ба Русия муҳоҷирони мо дигар мавсимӣ не, балки барои иқомати чансола ва будубоши доимӣ сафар мекунанд ва омӯхтани урфу одатҳои кишвари кордеҳ барои зудтар ворид шудан ба ҷомеъаи онҳо кӯмак мекунад. Аммо агар супоридани имтиҳон мисле ҳамон супоридани имтиҳони соли гузашта бошад, ки аз ҳар як муҳоҷир пеш аз имтиҳон 2500 рубли русӣ пардохт мекарданд вой бар ҳоли муҳоҷирин. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия мехоҳад бо ин роҳ ҷайби буҷаи хешро ғанӣ гардонад. Аз дигар  ҷониб ин боз барои миёнравҳо ва бархе аз мақомотҳои марбута "дарвоза"-и нави фасодро боз хоҳад кард. Зеро на ҳама муҳоҷири тоҷик метавонад, ки рафта имтиҳон супорад, пас маҷбур аст бо қиммати якчанд маротиба боло онро "харидорӣ" кунад. Банда ки солҳо дар он кишвар будаам ва ба хубӣ медонам, ки бештари муҳоҷирини кори мо тавассути ин ё он корманди масъулин ва ё миёнаравҳои онҳо рухсатномаи кор  ва ё варақаи ба қайдгирии муваққатиро аз будаш боло бигиранд. Таври мисол, ба қайдгирии муваққатӣ, ки дар маҷмӯъ 500 рубл буд, бо нархи 3000 рубл асли он ва аз 1000 то 1500 ҷаълии он фурӯхта мешуд.

Луқмаи қабл аз интихоботии Путин

Аҳли назар ҳамаи инро танҳо холгирии пешазинтихоботӣ баҳодиҳӣ карда мегӯянд, ки имрӯзҳо яке аз роҳҳои ба даст овардани "дил"-и сокинони русзабони Русия маҳз ба бозӣ даровардани қартаи муҳоҷират аст. Аксар шаҳрвандони рус ҳама нокомиҳои худро дар муҳоҷирин мебинанд ва гумон доранд, ки бо рафтани онҳо ҳама беҳ хоҳад шуд. Мавзӯъи муҳоҷират мавзӯи саризабонии тамоми ақшори ҷомеъаи Русия гашта, ҳамарӯза дар расонаву кӯчаву бозор ҳатман сари ин баҳсҳо сурат мегирад. Сабабгори  асосии он  тарғиботу ташфиқоти якҷонибаи расонаҳои ин кишвар ва як қатор сиёсатмадорони онанд, ки муҳоҷиринро дар назари онҳо сиёҳ нишон медиҳанд.
-Агар ягон осиёгӣ ҷинояте кунад гаштаву баргашта онро дар тамоми телевизионҳои ин кишвар намоиш медиҳанд. Имрӯз ҳатто дар ҷомеъаи ин кишвар як падидае наве  "мигрантофобия"- тарс аз муҳоҷир пайдо шудааст, ки дар тамоми сатҳи ҷомеъаи Русия вуҷуд дорад аз мардуми оддӣ сар карда то ба сатҳи зиёиву мақомот..Аз ин рӯ беш аз ҳаштод фисади мардуми рус зидди муҳоҷирин аст ва бо ин намоишу пешниҳодҳо мехоҳанд тарафдорони худро бештар кунанд.
Ин аст, ки шояд сиёсатмадорону толибони курсии раҳбарии Русия низ мехоҳанд аз ин хуб истифода кунанд. Аз ин рӯ на танҳо Путин, балки Прохоров низ дар барномааш гуфтааст, ки дар сурати ба сари қудрат омаданаш барои тамоми Мардуми Осиёи Миёна раводид ҷорӣ мекунад.
"Мушкилоти муҳоҷират имрӯз фарогири тамоми ҷомеъаи Русия гаштааст. Путин низ мехоҳад аз он истифода кунад. Зеро тибқи пурсишҳои сотсиологӣ рейтинги Путин дар нисбат пеш хело коҳидааст. Тибқи пурсишҳои ахир танҳо панҷоҳ дар сади ҷомеъа  ва ё аз он камтар тарафдории онро мекунанд дар сурате, ки ду моҳ пеш аз шаст фисад боло буд. Обрӯву нуфузи Путин зери таъсири мухолифони муттаҳидаи Русия  рӯз то рӯз поён меравад. Оне ки гуфтааст, ки муҳоҷирин дар сурати вайрон кардани қонун ба ҷавобгари ҷиноӣ кашида шаванд, як пешниҳоде беш нест. Аввалан, ки ӯ ҳоло президент нашудааст ва боз Дума ва Шӯрои Федеротсиюн ин пешниҳодро ҳанӯз напазируфтаанд…

Арғунҷоли камбағал дар ҳеч куҷо баҳра намегирад

Аксари таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Путин сад дар сад боз ба сари қудрат хоҳад омад. Бо вуҷуди он, баъзе гумонҳои дигар низ ҳастанд, ки шояд тамоми мухолифини Путин дар якҷоягӣ битавонанд мақому манзалати ӯро танг кунанд, агар ки курсии президентиро ҳам нагиранд. Кам боваркарданист, ки нерӯҳои мухолифи ин кишвар дар сурати ҳамгиройӣ ҳам ба ҳадаф бирасанд, ҳадди аққал дар 4 соли наздик.
Ба ҳар сурат пешниҳоди Путин дар мавриди имтиҳони муҳоҷирин санги навбатӣ хоҳад буд ба сари муҳоҷирони кории тоҷик. Соҳибназарон мегӯянд, агар ин тавсияҳои нахуствазири президентшав амалӣ шаванд, ҳудуди 2 миллион ҳамватани мо боз ҳам дар мушкили нав печида мемонанд. Рӯшан аст, ки 90 дарсади эшон, ё бо забони русӣ балад нестанд, ё камтар аз фарҳангу таърихи Русия огоҳӣ доранд. Бештари онҳо ҷавонанду аз пушти мизи мактаби миёна рост барои дарёфти қути лоямут ва таъмини рӯзгор ба Русия сафар кардаанд. Ҷойи таасуф ин аст, ки магар барои надонистани забон ва надоштани пул барои гирифтани аснод, он касоне, ки ночор сафар кардаанд, то нони фарзандонашонро пайдо кунанд, ки аз гуруснагӣ намиранд,ҷояшон маҳбас хоҳад буд?
Ватан, ки барояшон ҷойи кору маоши кофӣ таъмин накард, пас кӣ онҳоро ҳифз мекунад?

Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97