Баҳори Русия гарм хоҳад буд

Ҳизби Путин 77 курсиро аз даст дод

Bahori_RusiaИнтихоботи Думаи давлатии Русия, ки ҳафтаи аввали моҳи декабр баргузор гардид, овозаи аз эҳтироми бузургу густурдаи ҷомеъаи ин кишвар бархурдор будани ҳизби "Русияи воҳид" ва сарварони маҳбуби халқ будани Путин, Медведев, Гризлов ва Матвиенкоро то ҷое зери суол бурд. Дар интихоботе, ки пушти сар шуд, ҳизби ҳокими "Русияи воҳид", ки раҳбари он сарвазир Владимир Путин мебошад, дар муқоиса бо интихоботи чаҳор соли қабл камтар аз 14 дар сади райъи мардумро ба даст овард ва акнун 77 курсиро дар парлумон аз даст додааст. Мардум дар ин интихобот дар қиёс бо чаҳор соли қаблӣ аз Ҳизби коммунист ва Ҳизби "Русияи боадолат" бештар ҷонибдорӣ кардаанд. Интихоботи парлумонии Русияро агар масъулини давлат демократӣ хонда бошанд, Геннадий Зюганов, пешвои коммунистони Русия онро интихоботи сиёҳ унвон карда, хостори ба истеъфо рафтани Владимир Чуров, раиси Комисиюни марказии интихоботи Русия шудааст. Сергей Миронов, пешвои ҳизби "Русияи боадолат" ва Григорий Явлинский, бунёдгузори ҳизби "ЯБЛоко" ҳам аз қонуншиканиҳо ва тақаллуб дар ҷараёни интихобот ҳарф задаанд. Владимир Жириновский, пешвои либерал- демократҳо пешниҳод намудааст, ки аз ин ба баъд интихоботҳо дар Русия дар моҳи май, дар фасли шукуфоӣ ва бедорӣ баргузор шаванд, на дар фасли сардиву карахтӣ. Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии Амрико дар як нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Вилнюс аз қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатии Русия интиқод карда изҳор намуд, ки Маскав бояд ба тавсияҳои нозирони САҲА гӯш бидиҳад. Михаил Горбачёв, нахустин ва охирин президенти собиқи Иттиҳоди Шуравӣ низ хостори баргузории интихоботи ҷадид дар Русия шудааст. Ҳамчунин Комисиюни Хелсинки низ гуфтааст, ки Русия бояд ба уҳдадориҳои хеш дар масири демократия, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон арҷ гузорад. Раиси ҳизби "Русияи воҳид" Владимир Путин дар робита ба интиқодоти хонуми Клинтон изҳор дошт, ки "котиби давлатии Амрико ҳанӯз маводи нозирони Бюрои САҲА оид ба интихоботро ба даст нагирифта, интихоботи моро тафсир кард ва онро ноҳақу ноодилона номид. Ва бо ин ба баъзе аз фаъолони мо дар дохили кишвар паём дод. Онҳо ин паёмро гирифтанд ва бо кумаки Департаменти давлатии Амрико фаъолона ба кор сар кардаанд."

Мо ҳамеша дастнигари Маскав будаем

Пас аз эълони натоиҷи аввали интихоботи парлумонӣ нируҳои сиёсии Русия нигаронии шадиди хешро аз қонуншиканиҳо ва тақаллубкорӣ дар ҷараёни ин маъракаи муҳим ошкоро иброз дошта, ҷонибдоронашонро ба гирдиҳамоӣ кашиданд. Аз ҷумла дар шаҳри Маскав ду чунин тазоҳуроти эътирозии мардум баргузор шуд. Ва бузургтарин тазоҳуроти мардумӣ дар мавзеъи Болотнаяи шаҳри Маскав бо ҷамъи беш аз 30 ҳазор мухолифини давлат баргузор гардид. Шабакаҳои телевизионии расмӣ дар Русия аз ин тазоҳурот ва эътирозҳои норозиёни интихобот ночор гузоришҳое пахш намуданд ва Путину Медведев ҳам онро нишони мавҷудияти демократия дар Русия хонданд. Гуфта мешавад, ки агар интихобот воқеъан демократӣ ва бидуни қонуншиканиҳо сурат мегирифт, ҳизби Путин як каме бештар аз 40 дар сади овозҳоро метавонист соҳиб шаваду халос. Коршиносон гуфтаанд, ки ин интихобот ҳушдори ҷиддиест барои Путин, ки қасд дорад, пас аз се моҳ ҳамчун номзад дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ширкат намояд. Ва Путинро зарур аст, ки бори дигар хати машйи сиёсии хешро ҳанӯз ҳам ки фурсат дорад, бознигарӣ кунад. То куҷо Путин тайи беш аз як даҳсола ба хостаҳои хеш ноил гардид ва оё ӯ воқеъан Русияро бо он сиёсаташ ба ҷое расонид ё хайр, ин ҳоло мавзӯи баҳси мо нест, вале як нукта мусаллам аст, ки дар ёздаҳсоли Русияи путинӣ давлати мо бо вуҷуди шарики асосии стратегии Маскав дар минтақа буданаш ҳамеша дучори мушкилоти мухталиф бо Русия будааст.

Тоҷикистон ҳамеша тайи 80 соли охир ба Маскав пойбанд будаву лутфу иноятеро ҳам аз давлатмардони Кремл интизор будаву дида. Аз сабаби нотавонии низомӣ ва иқтисодӣ, пастии сатҳи рӯзгори мардум, ақибмондагии саноатӣ ва техноложӣ мо ҳамеша чашми умеду ёрӣ ба Русия доштем ва то ҳанӯз дорем. Ин нуктаи заъфи моро дар Кремл хуб дониста буданд ва медонанд, вале акнун кор то ҷое расида, ки дар шаҳрҳои барои мо тоҷикон ҳам азизу дӯстдоштании Маскаву Санкт- Петербург бачаҳои навхати моро мисли гӯсфанд сар мебуранд, вале як давлатмарди русро мижааш хам намехурад. Чанде қабл ҷаҳон шоҳид буд, ки барои аз ҷониби додгоҳи Тоҷикистон муҷозот шудани як халабони рус аз Медведеви президент сар карда, то Жириновскии моҷароҷӯ, аз Рогозини дар Брюсел нишаста, то Онишенкои духтур он қадар дар фарқи сари тоҷики бечора бо гурзу путку мушти таҳқиру тавҳину таҳдиду нафрин кӯфтанд, ки дигар ҳама сарҳисоби кори хешро ин ҷо як муддат гум карданд.

Баҳори арабӣ дари Русияро мекӯбад?

Банда дар дунё дигар давлатеро намедонам, ки як инсон бо сад умеду орзу барои кор, барои дарёфти рӯзӣ, барои намурдан ба муҳоҷирату муздурӣ биравад ва он ҷо саркали рӯсиёҳе чанд бо номи "скинхед" бигиранд ва он муҳоҷири бечораи бесоҳибро калакан кунанд. Ва бойиси афсӯс аст, ки дар Русияи паҳновар, ки даъвои гуманизм ва демократия мекунад, инсонро дар асри 21 ба тариқи асримиёнагӣ ба қатл мерасонанд. Ва албатта ин ҳама беназмӣ, беадолатӣ, риоя нашудани ҳуқуқи инсонҳо, бигзор агарчӣ дар нисбати тоҷики бепушту паноҳ ҳам бошад, ба обрӯ ва ҷойгоҳи Русия дар арсаи ҷаҳонӣ латма ворид мекунад. Ва албатта ҷомеъаи огоҳу бедори рус, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва аксари рушанфикрони ин кишвар аз сар задани ин гуна ҳаводиси нохуш ва ваҳшиёна қатл шудани одамон нороҳат мешаванд. Садои эътирози хешро ба сиёсатҳои давлати хеш мардуми рус дар интихоботи парлумонӣ изҳор карданд ва беш аз 50 дар сади интихобкунандагон аз Путин ва ҳизби ӯ ҷонибдорӣ накарданд, ки ин бешак чуноне болотар ҳам ишора кардам, як ҳушдори ҷиддиест барои сарвазири имрӯзии Русия, ки мехоҳад баъди се моҳ ба курсии президентӣ биншинад. Сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн ҳам дар торнамои хеш дар робита ба ҳамин навиштааст, ки "Владҷон, хабар дорӣ, ки даратро баҳори арабӣ мекубад?!" Ин сенатори амрикоӣ рӯшан нагуфт, ки Амрико ҳам дар омадани баҳори арабӣ ба Русия нақше дорад ё хайр?!

Русия бояд сиёсати одилонаро пеш бигирад

Путинро зарур аст, ки дар робита ва бархурд бо кишваре чун Тоҷикистон, ки бо мушкилоти зиёд; бекорӣ, нодорӣ, бебарқӣ, адами саноат ва истеҳсолот қарор дорад, аз шеваи мулоимтаре кор бигирад. Акнун вақт аст, ки Русия бо кишварҳои хайрхоҳаш дар минтақа амсоли Тоҷикистон бо мулоиматӣ бархурд бикунад, барояшон кумак намояд, то пешрафта шаванд, ба ҳамсоҳои якрави мо, ки дар сояи пуштибонии Маскав зӯргӯ ва саркаш шудаанд, бифаҳмонад, ки ҳама узви комилҳуқуқи СНГ, ШОС, СПАД ва чанд созмони дигари минтақавианд ва бояд дар ҷаҳони номардӣ дӯстона зиндагӣ дошта бошанд. Вагарна фардо дер хоҳад шуд ва мо ҳам, ки аз мушкилоти беҳад хаста шудаем, бояд пушти як дигар зӯре биравем ва дар сояи давлати як дигар манфиатҷӯии шояд хайрхоҳтаре ҷомеъаамонро, мардумамонро обод кунем. Вагарна, ба қавли куҳистониҳо "Бо ин бачаи хубӣ рӯзе берун аз дар мемонем ва тӯъмаи кадом як гурге мешавем."

Дар лаби Медведев ханда буду дил ғамгин

Акнун биёем дубора сари интихоботи парлумонии Русия.  

Ҳизби Путин ба гирифтани 49, 3 дар сади овози интихобкунандагон соҳиб шуда, 238 курсии парлумон насибаш гардид, дар ҳоле ки дар интихоботи гузашта ин ҳизб соҳиби 64 дар сади райъи мардум ва 315 курсӣ буд, яъне имрӯз Путину Медведев дар болотарин мақоми қонунгузори кишварашон аз 77 ҷонибдори дошта маҳрум гаштанд, ки ин воқеъан бохти бузурги қудрати ҳоким аст. Ҳарчанд барои тасаллои дили худ ва ёронаш Дмитрий Медведев мегӯяд, ки ин нишони демократия аст, будани дигар аҳзоб дар парлумон фаъолияти Думаи давлатиро рангин ва шавқовар хоҳад кард, ин ба роҳи пешгирифтаи мо халале ворид намекунад ва ғайра. Ва он чӣ ҳам ки Путин мегӯяд, барои қабули қонунҳо 226 райъ зарур аст ва вакилони ҳизби "Русияи воҳид" метавонанд мӯътадил дар парлумон кор кунанд, инро ҳам сарвазири оҳанин барои таскини дили худ мегӯяд. Вагарна ман аз чеҳраҳои ошуфта ва лабхандҳои сохтаи Медведеву Путин дар он лаҳзаҳое, ки аз мағлубияти ҳизби ҷоноҷонашон "Русияи воҳид" тоза хабардор шуда буданд ва дар Ситоди интихоботии хеш бо журналистон ва мақомдорони ҳизбашон суҳбат мекарданд, дарёфта будам, ки осори шикаст дар мағзу ҷонашон таъсир дошт. Медведев бо лабханди сохта мужда расонид, ки мехоҳам бароятон бигӯям, ки "Русияи воҳид" вориди Думаи давлатӣ шуд. Ва чанд нуктаи ба қавли худаш муҳимро ҳам ишора кард, вале нороҳатӣ ва афсурдагии Путин ба чашм хубтар ошкор буд ва ӯ бо қиёфаи ҷиддитар ҳарф зад. Маълум буд, ки дигар ҷои шодиву рақсу бозӣ набуд. Ва инро Медведев ҳам фаҳмид, ки эълом дошт, "шампанский"- ро баъдан менӯшем. Он замон аз гулӯи Борис Гризлов, раиси Шӯрои воломақоми Ҳизби "Русияи воҳид" ҳам чизе намегузашт. Ӯ ҳам ба худ набуд. Валентина Матвиенко, Андрей Исаев, Сергей Шойгу, Олег Морозов ва Дмитрий Козак барин давлатдорон ва шахсиятҳои шинохтаи ҳизби "Русияи воҳид" ҳам ҳоли хубе надоштанд. Ҳарчанд Дмитрий Медведев ба сӯи ин ёрони хеш лабханди сохтае мекард, вале дилҳояшон аз нокомии болои ҳизбашон омада сиёҳ буд. Онҳо ҳам сохтаву зӯракӣ ба роҳбари давлат лабханд мезаданд, вале осори нокомии болояшон омада, дар чеҳраашон ҳувайдо буд.

Медведев акнун умедаш ба эътилоф аст

Bahori_Rusia_02Стратегҳои давлати Русия дар моҳи сентябри соли равон ҳадс зада буданд, ки Смирнови мухолиф ҳатто наметавонад садди 7 дар садиро бигзарад, вале акнун ҳама кор баракс шуда буд. Интихоботи баргузоршуда чизи дигареро ба намоиш гузошт, ки он ҳамаро ва аз ҷумла Медведев ва Путинро низ ҳайратзадаву шокӣ намуда буд. Пас метавон хулоса кард, ки ҳеч гоҳ наметавон қудратро бо зӯргӯӣ ва аз хеш бузургтарошӣ ва лофи зиёд аз пешрафтҳо задан деру дароз нигоҳ дошт. Воқеъан Путин барои Русия ва мардумаш хидматҳое карда ва инро касе наметавонад нодида бигирад. Вале камтарин кӯшише барои эҷоди фишор болои озодиҳои мардум ва бо шеваҳои зӯриву номақбул саркӯб кардани рақибони сиёсӣ набояд ҷой дошта бошад. Ин ҳама сахтгириҳои Путин ва ҳизби ӯ бар зиёни ӯ кор кард ва акнун ҳизби коммунист дар Думаи ҷадид ба 92 курсӣ соҳиб шуд, ки дар парлумони қаблӣ 57 курсӣ дошт. Ҳизби "Русияи боадолат"- и Миронов акнун соҳиби 64 курсӣ шудааст, дар ҳоле ки дар парлумони пешин онҳо 38 курсӣ доштанд. Ҷонибдорони Жириновский ин навбат 16 курсӣ бештар гирифта ва акнун соҳиби 56 ҷой дар парлумон гаштаанд. Аҳзобе чун "ЯБЛоко", "Ватандӯстони Русия" ва "Кори ҳақ" ("Правое дело") садди ҳафт дар садиро убур накарданд. Ҳизби коммунист, "Русияи боадолат" ва либерал- демократҳо, ки ҳама аҳзоби мухолиф дониста мешаванд, дар маҷмӯъ 212 мандат ба даст овардаанд, ки ин ба онҳо имкони ба муҳосира гирифтани хостаҳои "Русияи воҳид"- ро дар парлумон барояшон медиҳад. Медведев ҳам инро хуб донистааст ва дар нахустин гуфтораш баъд аз эълони натоиҷи аввали интихоботи парлумонӣ ночор аз таъсиси эътилоф бо дигар аҳзоби ба Думаи давлатӣ роҳ ёфта суҳбат кард. Ва Путин ҳам дар ҷамъи масъулини минтақавии ҳизбаш гуфт, ки тасмим гирифтааст то дар ҳайати ҳукуматаш дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид кунад ва баъдан ба масъалаи иваз кардани баъзе волиҳои вилоёти Русия иқдом намояд. Яъне натоиҷи интихобот ӯро сахт такон дода ва дар андешаи ислоҳоти ҷиддии кадрӣ шудааст.  

Гризлов меравад, кӣ раиси Дума мешавад?

Акнун интизор меравад, ки Борис Гризлов, раиси Думаи давлатӣ ва дар собиқ милисаи рақами 1- и Русия аз мақомаш канор меравад ва мегӯянд, ба ҷои ӯ Виктор Зубкови 70 сола, муовини аввали Путин раиси Думаи давлатӣ интихоб мешавад. Ҳарчанд ба ин мақом аз номзадҳои дигаре низ ном бурда мешавад, амсоли Вячеслав Володин, ёри содиқи Путин, роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Русия, вале коршиносон бар ин назаранд, ки Володин дар интизори он аст, ки Путин зимоми раҳбарии Русияро дар интихоботи раёсатиҷумҳурии 4 марти соли 2012 ба даст мегирад ва ӯро роҳбари Дастгоҳи хеш таъин менамояд. Дар раёсати ҳизби "Русияи воҳид" овозаи аз мақомаш барканор рафтани Гризловро то ҳанӯз тасдиқ накардаанд. Иддае аз коршиносон мегӯянд, ки беҳтар аст раиси Думаи давлатӣ аз ҳисоби депутатҳои аҳзоби мухолиф, масалан Ҳизби "Русияи боадолат" интихоб шавад. Русия чунин таҷрибаро дорад. Нахустин раиси Думаи давлатии Русия дар замони ҳукумати Борис Елсин марде бо номи Иван Рибкин буд, ки бо вуҷуди аксариятро дар парлумон ташкил кардани намояндагони ҳизби коммунист маҳз Рибкини аз Ҳизби аграрӣ ба Дума роҳ ёфта дар моҳи январи соли 1994 раис интихоб шуда буд. Агар ин бор ҳам чунин кор сурат бигирад, бешак Сергей Миронов, собиқ раиси Шӯрои федератсияи Русия, ки дар остонаи интихоботи парлумонӣ як навъ зери фишори Кремл аз ин мақом барканор шуда буд ва Валентина Матвиенко, волии Санкт- Петербург ин мақомро соҳиб гардид, раиси Думаи давлатӣ хоҳад буд.

Баҳори Русия гарм хоҳад буд

Дар интихоботи Думаи давлатии Русия наздик ба 60 дар сади мардум ширкат намудаанд, дар ҳоле ки ин рақам дар интихоботи пешин беш аз 63 дар садро ташкил медод. Яъне таваҷҷуҳи мардум ба интихобот дар Русия коҳиш ёфтааст. Ин як навъ эътирози ҷомеъа ба ҳукумат ва қудрати ҳоким дониста мешавад, ки масъулин натавонистаанд хостаҳои мардумро бароварда созанд ё мардум ба баргузории интихоботи одилона ва шаффоф эътимод надоштаанд. Интихоботи парлумонии Русия бо пирӯзӣ ва ҳам бо шикасти ҳизби путинии "Русияи воҳид" ба анҷом расид. Акнун Русия ба маъракаи аз ин ҳам ҷиддитару сарнавиштсозтар- интихоботи президентӣ омодагӣ мегирад.Владимир Путин, номзади асосии ин маъракаи муҳим барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷиддӣ омодагӣ дида, чанд рӯз қабл Станислав Говорухин, ҳунарманди шинохтаи синамо ва коммунисти собиқро раиси Ситоди қаблаз интихоботии хеш аз ҷониби Ҷабҳаи мардумӣ таъин намуд. Геннадий Зюганов, Сергей Миронов, Григорий Явлинский, Эдуард Лимонов, раиси ҳизби "Русияи дигар", Михаил Касянов, сарвазири собиқи Русия, раиси ҳизби "Озодии мардум", ки акнун аз мухолифини сарсахти Путин маҳсуб меёбад, изҳор доштаанд, ки дар муқобили Путин ҳатман номзадии хешро барои соҳиб шудан ба қудрати сиёсӣ хоҳанд гузошт. Сергей Миронов ҳунарманди маъруфи саҳна Римма Марковаро сардори Ситоди қаблазинтихоботии худ таъин намудааст. Ва Михаил Прохоров, миллиардери рус ҳам эълом кардааст, ки дар интихоботи президентӣ вориди пайкор мешавад. Ӯ молики ширкати Полис Голд ва сарватмандтарин фарди Русия маҳсуб мешавад. Михаил Прохоров, раиси собиқи ҳизби "Правое дело" буд, ки дар интихоботи парлумонии моҳи декабр камтар аз як дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Ва коршиносон ҳам бар ин назаранд, ки баҳори Русия гарм хоҳад буд. Интизор мешавем.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97