Бачаи Саққо ё Ҳабибуллоҳхон кӣ буд?

(Анҷом)

Афғонистони солҳои бистуми садаи бистум

HaBBIBUllOkhONNNNИнтиҳои солҳои 1920 - ум Афғонистон яке аз кишварҳои бесуботтарини Шарқ буд: Амири нав - Амонуллоҳхон, ки тавонист то соли 1919 кишварро ба давлати мустақил табдил диҳад, баъдан тавассути ислоҳоти саросемавор ва ғайришаръию қобили қабул нагаштаи мардумӣ, онро ба як бунбасти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангие кашид. Ин ислоҳот, ки иборат аз "муосирсозӣ" ва ғарбгароӣ буда, қавонин ва муқаррароти шариъати исломиро камтар ба эътибор мегирифт, натавонист аз суйи ақшори васеъи мардум дастгирию пуштибонӣ ёбад. Буҳрони молиявию иқтисодӣ ва ноқаноатмандию норизоятии шадиди ақшори мухталифи мардум, хосатан муқовимати руҳониён тирамоҳи соли 1928 ва тобистони соли 1929 пояҳои давлату ҳукумати Амонуллоҳхонро мустаъзаф сохтан гирифт. Аллакай дар ин давра дар саҳнаҳои сиёсии кишвар ашхоси зиёди наве ҷилвагар мешуд. Яке аз чеҳраҳои дурахшонтарини мухолиф ба ҳокимияти Амонуллоҳхон - Бачаи Саққо (Ҳабибуллохон) буд, ки ҷонибдоронаш аслан мехостанд давлати наверо таҳти унвони "Кобулистон" таъсис диҳанд.

Баъзе аз муаррихин ва коршиносони шуравӣ ибтидои кору пайкори сиёсии Бачаи Саққоро мансуб ба моҳи ноябри соли 1928 медонанд, ки гӯё сирф баъди ибтидои юриши қавму қабойили шинворӣ дар музофотҳои шарқӣ Бачаи Саққо талаботҳои сиёсие нисбати қатъи ислоҳоти Амонуллоҳхон пеш гузошта бошад. Мунтаҳо, баъзе муаррихине низ ҳастанд, ки ӯро як шахси "ғоратгар" ва "қочоқчӣ" низ васф кардаанд. Ин ҳангом набояд фаромӯш кард, ки Бачаи Саққо агар аз сарватмандону тоҷирони калон ва масъулини ришваситон сарватҳое ба ғанимат гирифтааст, аммо тамомии ин дороиҳоро ба мардуми фақиру бенаво тақсим мекард ва дар ин бора ҳикоёту шаҳодатҳои расмию ғайрирасмии зиёде низ вуҷуд доранд. Чунин тариқи мубориза ва муқовимат ба Бачаи Саққо имкон дод, ки дар байни ақшори мухталифи ҷомеа маъруфияту маҳбубияти зиёде касб кунад ва ҳатто Амонуллоҳхонро низ дар аввал маҷбур намуд, ки гузаштҳое низ намояд. Подшоҳ аз тарсу ҳаросе, ки дошт аксари саққоиҳои маҳбусро раҳо карда, озодӣ бахшид ва рутбаи низомии Бачаи Саққоро то дараҷаи полковникӣ боло бурд.

Аз чойфурушӣ то тахти Кобул

Аслан Бачаи Саққо тоҷики асилзода буда, писари нафаре аз мавзеи Калакон (Кӯҳдоман) бо номи Аминуллоҳ буд ва падару писар ҳам аз ашхоси муҳтарами руҳонӣ маҳсуб буданд. Бачаи Саққо муриди шахсиятҳои барҷастаи руҳонӣ - Бузургҷони Муҷаддадӣ аз Саройхоҷа ва Шамсулҳақи Муҷаддадии Куҳистонӣ аз қарияи Гулбаҳор буд. Бачаи Саққо, ки аз айёми туфулият ҳеч наметавонист ноадолатию нобаробариҳоро таҳаммул кунад ва сараввал ба ҷониби Парачанор фирор намуд ва баъдан вориди Пешоваршаҳр гашта, чанде барои пайдо кардани қути лоямут ба тиҷорати чой шуғл варзид. Ба Ватан баргашта, Ҳабибуллоҳ - Бачаи Саққо зуд соҳиби маъруфияту маҳбубияте гашт ва ин ҳама маҳбубиятро дар хутути байни роҳҳои шимол то пойтахт бештар касб карда буд. 11 - уми декабри соли 1928 дар ҳузури мардуми зиёде ӯ подшоҳи Афғонистон расман эълон гашт ва ба ин амал бештар аз ҳама охундзода Соҳиби Тағомуллои Ҳамидуллохон ва дигар пешвоёни муаззами рӯҳонӣ мусоидат карданд. Баъди чанд рӯзе дастаҳои низомии Бачаи Саққо бо баҳонаи пуштибонӣ ва кӯмак ба низомиёни ҳукуматӣ ба шаҳри Кобул наздик шуд ва қариб буд, ки онро ба якборагӣ ишғол кунад. Ин ҳангом ҳукумат тавонист қариб ба сесад ҷангии Бачаи Саққо сад нафарро муқобил гузорад, ки асосан афсарон ва муҳассилини коллеҷи низомӣ буданд. Подшоҳ кӯшиш намуд, ки аҳолии осоиштаро ба муқобили Бачаи Саққо мусаллаҳ намуда бархезонад, вале аксари мардум мусаллаҳ гашта, ба ҷонибдории Бачаи Саққо пайвастанд. Амоннулоҳхон ҳанӯз ҳафтаи нахусти моҳи январи соли 1929 - ум таҳти фишори дастаҳои ҷангии Бачаи Саққо Кобулро тарк карда, фармоне содир кард, ки усулҳо ва пояҳои асосии ислоҳоти бемавриду бемавқеъи худро бекору беэътибор менамуд ва сохтори ҳокимияти кишварро дигар карда буд. Ӯ ахиран хост дар кишвар Сенати Болоиро бо доштани ҳуқуқи тасдиқи тамоми тасмимоти ҳукумат ва Шӯрои Мардумӣ тасдиқ кунад, қонунугузории ҷориро таҷдиди назар қарор дода буд, идора ва сохтори муҳтасибҳоро ҷиҳати назорати ахлоқ ва маънавиёти ҷомеа таъсис медод. Чанде баъдтар бо назардошти пешгирии хунрезии фаровон аз тахти шоҳӣ низ Амонуллоҳхон даст кашид ва эълон дошт, ки ин ҳамаро ба манфиати бародараш - Иноятуллоҳхон менамояд. Иноятуллоҳхон дар таърихи кишвар таҳти унвони "Шоҳи серӯзаи Афғонистон" ворид шудааст, чаро ки тибқи қарордод ва шартномаи байни англисҳо ва саққоиҳо ӯ низ пойтахтро тарк намуд ва ба Амонуллоҳхони дар Қандаҳор паноҳёфта, пайвастанӣ шуд. Ҳарчанд шоҳи ноком ва ислоҳотчии ноозмуда фавран аз тахти шоҳӣ даст кашида, оид ба таъсиси "Ҳукумати Миллӣ" эълон дошта буд, кишвар амалан ба якчанд марказҳои худмухтор ва нимамухтори ҳокимиятӣ тақсим шуд. Фақат "Кобулистон" - и Бачаи Саққо, музофоти Қандаҳор, "Ҷумҳурии Ҳирот"   - и Абдурраҳими Раҳим ва чанде дигар нақшу мавқеи калидӣ доштанд.

Бачаи Саққо, ки акнун Амир Ҳабибуллоҳи Ғозӣ унвон грифта буд, як шахсияти барҷастаи миллӣ гашт, аксари вазирону кабирони ӯ аз ҳаволии мавзеъҳои Куҳистону Куҳдоман интихоб ва таъйин шуданд. Ҳамин тариқ, на танҳо ӯ, балки аксари мақоми волоро дар ҳукумат тоҷикони асил ишғол карданд. Мунтаҳо, ӯ нафарони дигари мухолифи Амонуллоҳхон ва руҳониёни машҳурро низ дар умури ҳукуматӣ ҷалбу ҷазб карда буд. Ӯ нахустин тоҷике буд, ки тавонист нуфуз ва эътибори паштуҳои миллатгароро бамаротиб коҳиш диҳад. Аз ин ҷост, ки номи "Афғонистон" - ро ба "Кобулистон" иваз кардан мехост, чаро ки таҳти унвони "афғонҳо" бештар паштуҳо худро ном мебурданд. Мутаассифона, музофотҳои ҷанубӣ ва хосатан ақвому қабоили паштунишин ба ӯ ва ҳукуматаш шадидан мухолифат доштанд.

Ҳайъати ҳукумати «Кобулистон» ва хешони Бачаи Саққо

Санад ва ҳуҷҷатҳои дастраси бойгониҳои мухталиф шаҳодат медиҳанд, ки илҳомбахш ва пири сиёсию маънавии Бачаи Саққо, ки баъдан сардори маъмурияти Шоҳ Ҳабибуллоҳи Ғозӣ низ таъйин гашта буд - Шерҷон Сайидзода буд, ки қабл аз ин ҳаводис ҳокими Саройхоҷа ва Куҳдоман буд. Шерҷон Сайидзода дар навбати худ писари руҳонии машҳуре бо номи Соҳибзодаи Мирхоҷахон аз мавзеъи Қалъаи Баланди назди минтақаи Саройхоҷа буд, ки замоне тавассути шоҳи собиқ Абдураҳмонхон ба Ҳиндустон бадарға гашта буд. Чанде баъд ӯ ба Афғонистон омада, ҷонибдори шоҳзода Насруллоҳхон (бародари Амир) мегардад ва маҳз дар ҳамин замина ӯ душман ва мухолифи Амонуллоҳхон мешавад. Шерҷон ҳамчунин тавассути равобити ҳасанаи худ бо бритониёиҳо машҳур буд ва ӯ чунин равобити худро пинҳон низ намекард. Тирамоҳи соли 1928 ӯ ҳатто маҳбус низ гашт, мунтаҳо, баъдан тавассути Бачаи Саққо ба озодӣ баромад. Бародари калонии ӯ - Атоулҳақ, ки бо шоҳзода Иноятуллоҳхон қаробат дошт, қумондони полке буд. Дар арафаи инқилоби Бачаи Саққо дар ҳайати Сафорати Афғонистон дар Маскав кору фаъолият дошт. Бачаи Саққо ӯро минбаъд Вазири умури хориҷа таъйин менамояд. Ду нафар фарзанди дигари Мир Хоҷахон - Муҳаммад Сиддиқ ва Муҳаммад Каримхон мутобиқан генерал буданд (қумандони артиш (нойиб - солор) ва сардори пулиси махфӣ дар Ҳукумати Бачаи Саққо). Дар шумули дигар ашхоси калидии ҳукумати Бачаи Саққо дар "Кобулистон" бояд чунин нафаронро зикр кард: Абдул Қодирхон ва Абдул Қуддусхон (ҳарду ҳам ба навбат мақоми вазири тиҷоратро соҳиб шуда буданд ва хоҳари худро ба Бачаи Саққо ба занӣ дода буданд). Ҳамчунин яке аз ашхоси бонуфузи дигар дар ҳукумати "Кобулистон" Хоҷа Бобухон буд, ки замоне Бачаи Саққоро дар хонаи худ паноҳгоҳ дода буд. Хоҷа Бобухон вазири умури дохила таъйин гашт, бародари ӯ - Хоҷа Мир Алам узви Лӯи Ҷиргаи соли 1928 ва ҷонишини вазири дифоъ буд. Ҳамчунин дар ҳайати ҳукумат писарони онҳо - писари Хоҷа Бобухон - Абухон, хатмуттаҳсили омӯзишгоҳи ҳарбию ҳавоии шуравӣ, сарфармондеҳи нируҳои ҳарбию ҳавоии кишвар таъйин гашт. Яке аз вазирони дигари умури дохила баъдан дар ҳукумат хешованди ҳамсари Иноятуллоҳхон - Абдулғафурхон буд. Нируҳои низомии мусаллаҳ дар ихтиёри Сайид Ҳусайн қарор доштанд, ки аз минтақаи Куҳдоман буда, ҳанӯз соли 1928 бо Бачаи Саққо қаробат ва наздикӣ пайдо карда буд ва чанде ноиби амир - ноибуссалтанати "Кобулистон" ҳисоб меёфт. Вазири молияи "Кобулистон" Мирзо Абдулқаюм таъйин шуда буд, раҳбарии хазинаи давлатиро Оғо Сайид Аҳмад ва Ғулом Ҳазрат бар уҳда доштанд. Раҳбарии хазинаи шахсии Бачаи Саққоро - Мирзо Муҳаммад Айюбхон иҷро мекард. Яке аз дӯстони наздиктарини Бачаи Саққо - Малик Ҳусайн волии музофоти Кобул таъйин гашт. Бародари ӯ - Мирзо Муҳаммад Акбар - чанде раҳбарии хазинаи давлатиро ба уҳда дошт. Яке аз хешовандони ӯ бо номи Абдулғанихон коменданти Арки Амир таъйин гашт. Масойили вобаста ба гумрукро Зайнаулобиддин идора мекард.

Баъзе мансабҳои масъулро қисме аз собиқ масъулини маъмурияти Амонуллоҳхон ишғол карда буданд: Сардори ниругоҳи барқии Ҷабалуссироҷ Азизуллохон раҳбари коргоҳу корхонаҳои тавлидотӣ гашт, сардори идораи андоз ва андозбандӣ Мир Ҳошим дар ҳамин мансаби худ боқӣ монд. Мир Ҳошим нисбати сирқати боҷу хироҷҳои давлатӣ чанде муттаҳам дониста шуда, зиндонӣ гашт, вале чанде баъд тавассути миёнҷигарӣ ва васотати Муҳаммад Содиқи Муҷаддадӣ ба озодӣ баромад ва кору фаъолияти худро идома дод.

Аслан дасти рости Бачаи Саққо ва шахси нозиру ҷазодиҳанда бародарзодааш Ҳамидуллоҳ буд, ки унвони "Муйинуссалтанат" - ро низ касб карда буд.

Бачаи Саққо дӯстро аз душман фарқ накард

Бачаи Саққо то андозае такя ба собиқ мухолифини Амонуллоҳхон ҳам мекард, ки собиқан бо шоҳ кор кардаву аз ӯ норозӣ боқӣ монда буданд. Ба чунин гуруҳи мухолифини идеологӣ асосан авлоди афғонҳои сардор - наслҳои амир Дустмуҳаммадхон аз авлоди ҳамсараш (қабойили яҳёхайл) буданд, ки чеҳраи асосии онҳо Муҳаммад Нодирхон - собиқ вазири дифоъ маҳсуб буд, ки собиқаи ҷангию қумандонсолорӣ ва дипломатии зиёд дошт, мунтаҳо, бинобар сабаби ислоҳотҳои бемантиқи подшоҳи вақт бо ӯ мухолифатҳои шадиду ҷиддие дошт. Муҳаммад Нодирхон дар интиҳои солҳои 1920 - ум дар шаҳри Нитсаи наздики Пориси Фаронса сукунат ихтиёр карда буд. Ҳам Амонуллоҳхон ва ҳам Бачаи Саққо аз ӯ умеди зиёд доштанд. Ба хотири ба ҷониби худ кашидан ва ҷалбу ҷазби ӯ ба Фаронса гуруҳеро аз ҳисоби хешовандони наздикаш бо инъому атоҳои зиёде бо рисолати мушаххас фиристода буданд, ки дар раъси онҳо Аҳмадшоҳ ва Абдулазиз низ буданд. Вале, фиристодаҳо каме таъхир карданд ва амалан бо ӯ дар шаҳри Бомбайи Ҳиндустон вохӯрданд. Ҳамзамон Бачаи Саққо хост Шоҳ Маҳмуд, бародари хурдии Нодирхонро истифода кунад, то миёни қавму қабойили Хост, ки пахши юриш ва муҷозотҳоро алайҳи худ солҳои 1924 ва 1925 фаромӯш накарда буданд, тарғибу ташвиқот баранд. Шоҳ Маҳмуд чандин ашхоси ба худ наздикро ҳамроҳ гирифт ва ин рисолатро ҳамчун аз "асорат" озод шудан, истифода кард. Дар роҳ ашрофонро тарғибу ташвиқи баръакс мекард ва бо бародаронаш дар Парачанор пайваст ва барномаю лоиҳаи амалиётеро роҳандозӣ карданд, ки баъдан ӯро сари қудрат оварда тавонистанд. Моҳияти ин барнома аз он иборат буд, ки тавассути муттаҳиднамоии ақвоми афғонӣ ва Ҷиргаи умумӣ алайҳи Кобул ва Бачаи Саққо бояд амал мекарданд.

Нодирхон на танҳо пешниҳод ва тавсияи Бачаи Саққоро радду инкор намуд, балки аз ӯ тақозо намуд, ки силоҳу муҳиммотро таслим намояд ва пойтахтро низ ба онҳо супорад. Саққоиҳои ба ҳаяҷон омада, Нодирро аз ҷумлаи иттиҳодини эҳтимолӣ хатти бутлон заданд ва хонаи ӯро барҳам заданд, ба ӯ ва бародаронаш ғойибона ба ҳукми қатл эълом карданд ва барои сари онҳо мукофот низ эълон шуд. Ҳатто баъди ин ҳам Бачаи Саққо кӯшиш ба харҷ дод, ки Нодирхонро ба ҷониби худ ҷалбу ҷазб намояд, ба назди ӯ муҳоҷири ҳиндӣ Абдул Латифро фиристод, баъдан кӯшиш кард, ки Сардор Алӣ Шоҳро низ истифода барад. Рисолати сардори ҷавон - хеши Нодирхон - тибқи ҳадафҳои дарозмуддати стратегҳои Кобул, ки мабнӣ бар шарофатмандии ӯ буданд, воқеан ва амалан ҳам самараи баръакс доданд. Алӣ Шоҳ тамоми манзара ва аҳдофро баръакс ифода намуд ва ҷавонмардона ба Кобул омад, то ин ки ҳамтақдири хешовандони худ - гаравгонони Бачаи Саққо гардад. Мунтаҳо, қисмате аз ашрофони афғонӣ, аз ҷумла баъзе аз аъзоёни хонаводаи шоҳзода (шоҳзода Ҳаётуллоҳхон, Муҳаммад Кабирҷон, Азизуллоҳхон, Аминуллоҳхон - наслҳои минбаъдаи амирон Абдурраҳмонхон ва Ҳабибуллохон) ва ашрофони афғонӣ кӯшиши оҷилона ба харҷ доданд, ки нисбати шоҳи нав - Бачаи Саққо ҳусни тафоҳум нишон диҳанд.

Руҳониён пуштибони Бачаи Саққо

Аксари руҳониён ва муслимини Афғонистон низоми нав ва қудрати Бачаи Саққоро эътироф ва итоат менамуданд. Яке аз мушовирон ва пирони асосии Бачаи Саққо - Ҳазрати Бузургҷони Куҳистонӣ буд, ки ӯро алайҳи Амонуллоҳхон раҳбарӣ ва ҳидоят менамуд. Бо қавлу амалҳои худ амири навро ҳамчунин Мавлавӣ Охундзода Соҳиби Тағо дастгирӣ менамуд ва ҳатто барояш 2 ҳазор ҷангию низомии худро низ дар ихтиёр гузошта буд. Дар дарбор ва ҳукумати Бачаи Саққо ҳамчунин Мавлавӣ Муҳаммад Рафиқ яке аз муаллифони қарордод ва шартнома бо англисҳо наздикӣ дошт. Ҳамчунин метавон аз Мавлавӣ Абдулҳай ном бурд, ки хатмуттаҳсили мадрасаи Дарбанд буда, яке аз илҳомбахшони шӯриши Хост соли 1924 маҳсуб буд. Дар ибтидои шӯришу қиём ва юришҳои Бачаи Саққо ӯро ҳамчунин авлоду қарибони ҳазратхайлҳо ва моликони калону заминдорони Муҷаддадӣ, ки бузургнафарашон Шер Оғо буд, мавриди пуштибонӣ ва дастгирӣ қарор дода буданд. Шер Оғо пешвои маънавию рӯҳонии паштунҳои гилзойӣ аз қавми сулаймонхелҳои музофотҳои ҷанубӣ буд. Нафари дигаре аз ин қавму қабойил бародари ӯ - Муҳаммад Сиддиқ буд, ки ба руҳониёни куҳистонӣ ва шахсан Бачаи Саққо равобити ҳасана барқарор карда буд ва ҳар замон талабу тақозоҳо ҳам менамуд, ки Кобул зудтар ва оҷилан мавриди ҳамла ва тасарруф қарор дода шавад ва қумандону сарфармондеҳи низомии Муҳаммад Усмонхон - амаки ҳазратиҳои мавсуф, ки Шӯрои Давлатиро идора мекард, таъйин карда шавад. Худи Муҳаммад Усмонхон дар навбати худ шадидан мехост сарвари кишвар ва тахтнишин бошад ва ба Бачаи Саққо тавсияҳо медод, ки сарфармондеҳи нируҳои низомӣ ва ё вазири дифоъ гардад. Ҳарчанд тавсияю хадамоти ҳазратиҳо мавриди радду инкор қарор ёфтанд, аммо тасмимоти ибтидоӣ роҷеъ ба сохтори давлат ва давлатдорӣ дар машварат бо ҳазрати Шӯрбозор гирифта мешуданд. Яке аз нахустин чунин тасмимот таъсиси Шӯрои маъмурии исломӣ таҳти унвони Маҷлиси Танзимияи Исломия ва ё чуноне ки дар сарчашмаҳои англисӣ бо унвони Шӯрои Давлатӣ нишон дода шудааст ва сарвари он Мулло Аъзамхони Андорӣ - яке аз заминдорони калони Куҳдоман шуд.

На Ғарбу на Русҳо иттиҳоди тоҷиконро хуш надоштанд

Яке аз чеҳраҳои барҷастаи дигар дар маъмурияти Бачаи Саққо табааи бритониёӣ Маҳфузхон - ёвари Ҳамидуллоҳ - бародари Бачаи Саққо маҳсуб буд. Нақшу мавқеъҳои калидии дигарро дар маъмурияти Бачаи Саққо ва маъмуриятҳои баъдина волии музофоти Ҳирот - Абдул Раҳимхон, ки худро муассиси ба истилоҳ "Ҷумҳурии Ҳирот" ва чанд нафари дигар аз Шимоли Афғонистон, ки худро волии "Туркистон" - и Афғонистон ҳам ном мебурданд, буданд. Хосатан дар ин робита бояд аз заминдори калон, соҳибкору тоҷир Мирзо Қосимхон ва Халилуллоҳ ёдовар шуд, ки ахирӣ писари тавассути Амонуллоҳ қатлгаштаи муставфиулмамлакат - Муҳаммад Ҳусайнхон (соли 1919) буд. Дар баробари ҳамаи ин бубояд аз муҳоҷирини Самарқанду Бухоро, Марву Шоҳҷӯй, Тоҷикистони имрӯза низ   ёдовар шуд, ки бо Бачаи Саққо равобити ҳасана ва ҳамкориҳои низомӣ ҳам доштанд, ки маҳз ҳамин ҳамкориҳо ва ваъдаи Бачаи Саққо - "аз дасти русҳои болшевик озод намудани Аморати Бухоро" баъдан на ба русҳо хуш омад ва на ба бритониёиҳо, ки баъдан сари худи Бачаи Саққоро хӯрданд. На русҳо, на бритониёиҳо ва умуман на тамоми ғарбиҳо дар ҳеҷ замону макон аз сари нав дар як давлати бузургу калон муттаҳид гаштани тоҷикон ва тоҷикзабононро хуш надоштанд ва инро ҳамчун як амри табиӣ қабул карда наметавонистанд.

Адолат дар ҳукумати "Кобулистон"

Фақат номбар кардани баъзе аз мансабу вазифа ва симматҳо дар маъмурияти "Кобулистон" шаҳодат аз он медиҳад, ки сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимият дар сатҳи ҳукумат ва мақомотҳои маҳаллӣ вуҷуд доштанд ва нисбат ба замони Амонуллохон ҳам беҳтару қавитар буданд. Мунтаҳо, баъди сари қудрат расидани Бачаи Саққо зарурати таъсис ва эҷоди мақомоти қонунгузорӣ ҳам пеш омада буд. Сараввал ин Кумитаи Исломӣ унвон дошт, ки баъдан ба Идораи Марказии мардумию исломӣ мубаддал гардид. Ин мақом аз 28 нафар шахсият иборат буд ва 4 нафарӣ аз ҳар як музофот ва 2 нафарӣ аз манотиқ ва тавассути интихоботҳои дудараҷа такмил меёфт. Нахуст вулусволӣ ва марказҳои маъмурӣ як нафариро пешниҳод мекарданд ва баъдан онҳо аъзои раёсатро интихоб менамуданд. Нисфи онҳо дар шаҳри Кобул боқӣ мемонданд, қисмати дигар ба маҳаллу манотиқ ба ҳайси шахсони ваколатдору салоҳиятдори ин мақомоти қонунгузорӣ фиристода мешуданд. Ва ҳамин тариқ афғонҳо ва Афғонистон нахустин маротиба тавассути тоҷикон ва Бачаи Саққо оид ба тақсимоти мақомоти ҳокимият ба тариқи мушаххас тасаввурот ва таҷриба пайдо карданд.

Ислоҳоти Амир Ҳабибуллоҳхон

Яке аз нахустин ва муҳимтарин фармонҳои Амир Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққо) аз 18 - уми феврали соли 1929 - ум буд, ки номгӯи васеъи қарору дастурҳои ҷанбаи иҷтимоию маишатӣ ва иқтисодиро фаро мегирифт. Масалан, ин фармон фармони Амонуллоҳхон ва паштутаборонро оиди ба ҷои салому алайк - "аз сар кулоҳ гирифтан", ибораи маъмули исломиҳоро ҳамчун "Ассалому алайкум" ҷорӣ намуд. Ҳамчунин Бачаи Саққо барои занон пӯшидану ба бар кардани либосҳои исломию миллиро дастур дод, чаро ки замони ҳокимияти Амонуллоҳхон ба занҳо тавсия дода шуд, ки аз пироҳанҳои хеле кутоҳи аврупоӣ ва шимҳо истифода кунанд, ки ин ҳама дар навбати худ қаҳру ғазаби муслиминро ба бор оварда буд. Тавассути ҳамин фармон ҳамчунин фиристодани фарзандон ба мамолики ғарбӣ ҷиҳати омӯзиши идеологияи ғайриисломию бехудоӣ мамнӯъ эълон карда шуда буд. Дар худи дохили кишвар низ макотиби таҳсилотии ғарбӣ минбаъд аз фаъолият бозмонда шуданд. Бачаи Саққо талаботу тақозо ва эҳтиёҷу ниёзҳои мардуми мусулмонро ба эътибор гирифта дар кишвар тақвими солшумории исломиро ҷорӣ карда, рӯзи ҷумъаро ҳамчун рӯзи хосаи муслимин рӯзи истироҳатӣ эълон намуд. Худи давлат ҳарҷу сарфи руҳониён ва шахсони муътабарро ба уҳдаи хазинаи давлат вогузор намуд. Дар кишвар ҳамчунин тавассути Бачаи Саққо пайравӣ ва ҳаводорию ихлосмандӣ маҳз аз мазҳаби Имоми Аъзам ва Ҳанафия дастур дода шуд. Бачаи Саққо ҳамчунин аз хонаводаҳои яҳудитаборе, ки дар қисматҳои шимолии кишвар сукунат доштанд, як қатор қавонину қойида ва муқаррароту маҳрумиятҳо низ ҷорӣ намуд ва барои онҳо расман эълон намуд, ки ин кишвар кишвари исломист ва тамоми миллатҳои ғайр ва ғайримуслимин бубояд аз қавонини шариат ва суннату анъанаҳои исломӣ риоят ва эҳтиром ба ҷо гузоранд.

Дар ҷода ва самту соҳаҳои иқтисодиёт давлат дар шахси ҳукуматдорони "Кобулистон" тавонист, ки мардуми бенавою фақирро аз баъзе андозу пардохтҳои барзиёд озод намояд ва ҳамин тариқ нуфузу эътибори Бачаи Саққо хеле боло рафта буд. Ҳамин тариқ, Бачаи Саққо ба ҷаҳониён нишон дода тавонист, ки ӯ танҳо як шахси таҳсилнакарда нест, балки баръакс шахси хеле хушзеҳну бофаросат ва боақлу бошуур низ мебошад.

Аз ҳама муҳимтарин ақида ва амалияю таҷрибаҳои нахустин дар ҷаҳони Бачаи Саққо ба ҳайси Амири нави Афғонистон аз он иборат буд, ки ӯ тавонист дар кишвар дар соҳаҳои низомию ҳарбӣ як қатор ислоҳотро муваффақона ҷорӣ намояд ва хосатан дар асоси ихтиёрӣ ва довталабона ба суфуфи нируҳои мусаллаҳ пайвастани ҷавонон корҳои шоистаеро ба субут расонида буд. Ҳатто ба аскарону афсарон музду моҳонаҳои хеле хубе низ таъйин карда буд, аз ин ҷост, ки қисмати аъзами ҷавонон ихтиёран, бошуурона ба суфуфи нируҳои мусаллаҳ мепайвастанд. Ҳатто қисмати аъзами собиқ муҳоҷирини Аморати Бухоро низ даъвати Бачаи Саққоро пазируфта, ихтиёран ба суфуфи нируҳои низомии ҳукуматӣ пайвастан гирифтанд. Ҳамин тариқ, нахустин маротиба Бачаи Саққо тавонист дар яке аз кишварҳои шарқӣ уҳдадорӣ ва муваззафоти ҳарбию низомии ҷавонон ва шаҳрвандонро барҳам занад, ки баъди панҷоҳу садсолаҳо кишварҳои ғарбӣ аз ин навоварӣ ва ислоҳотҳои Бачаи Саққо ҷонибдорӣ ва истифода намудан гирифтанд. Ана аз ҳамин ҷост, ки нисбати Бачаи Саққо ва ислоҳоту гомҳои мусбату муосири пешгирифтаи Бачаи Саққо рашку ҳасад ва душмании рӯйирости русҳою бритониёиҳо ва паштутаборон афзудан гирифт.

Муқовимати ҷаҳонӣ дар баробари "Кобулистон"

Бачаи Саққо Кодекси ҷиноятии Афғонистонро ба дини мубини ислом ва шариъати иллоҳӣ мутобиқ гардонид, ки ин боз ҳам муқовимати бехудоёнро нисбати ӯ афзоиш дод. Тамоми мушкилот ва муқовиматҳои ҷаҳонӣ натавонистанд садди роҳи Бачаи Саққо шаванд ва "Кобулистон" тавонист, ки асъор ва пули миллии худро низ ҷорӣ намояд: пули собиқи афғонӣ, ки қаблан "амония" (ба номи шоҳи собиқ Амонуллоҳхон) бароварда мешуданд ва ба ҷои онҳо тангаҳои нуқрагине бо сурати Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққои солҳои 1901 - 1919) сикка зада мешуданд. Мунтаҳо, тоҷирони калони паштутабор ҳар гунае, ки метавонистанд садди роҳ шуданд ва ин пулҳо натавонистанд дар сартосари кишвар дар муомила бошанд.

Ҷиноҳи муосирин ва муҳофизакорон

Вале бояд хосатан мутазаккир шуд, ки дар маъмурияти Бачаи Саққо низ ду ҷиноҳ пайдо шуда буд; яке ҷиноҳи муосирин ва дигаре ҷиноҳи муҳофизакорон. Муҳаққиқин ба шахсони пешрафта ва муосиргарои "Кобулистон" - и Бачаи Саққо қабл аз ҳама бародарон Шер Ҷон ва Атоулҳақро дохил мекунанд. Худи муҳаққиқин ва ҳатто дипломатҳои собиқи шуравӣ ҳам Бачаи Саққоро ба ҷиноҳи муосирон ва пешравҳо мансуб медонистанд. Идеяи таъсиси Маҷлис (Порлумон) - и умумиафғониро ҳам ба Бачаи Саққо бештар аз ҳама волии Ҳирот - Абдул Раҳим талқин мекард, вале Бачаи Саққо ин таклифу дархостҳоро баъди хатми муқовимату мухолифатҳо амалӣ кардан мехост.

Яке аз мунаққидони шадиду сарсахти Бачаи Саққо - доктор Абдул Ғанӣ, ҳиндуи мусулмоншуда, собиқ табиб ва духтури инфиродии амир Абдурраҳмонхон ва муассиси литсеи "Ҳабибия" низ вуҷуд доштани ду ҷиноҳи мухталифро дар маъмурияти ӯ тасдиқ кардааст. Ӯ зикр мекунад, ки заминаи ин ихтилофҳои назарӣ дар маъмурияти Бачаи Саққо вобаста ба роҳу шеваҳои мухталиф буданд, на манфиатҳою ғаразҳои мухталиф. Ба қавли ин мунаққид, Малик Муҳсин ва Сайид Ҳусайн низ бо роҳу тариқатҳои мухталиф ба дарбори Бачаи Саққо роҳ ёфта буданд, вале бузургтарин ва мутафаккиртарин вазири маъмурияти Бачаи Саққо - Шер Ҷонро эътироф кардааст. Ҳатто замони ҳукуматдории Бачаи Саққо рӯзномаи давлатии "Ҳабибулислом" ҳам нашр мешуд, ки он замон ҳатто дар баъзе кишварҳои ғарбӣ ҳам давлатҳо чунин рӯзномаи ҳукуматҳои марказиро надоштанд.

Тавтиъаи ҷосусони русу инглис

Бадбахтона, таҳти таъсиру таҳрикоти англисҳою ҷосусони русӣ аллакай дар нимаи дуввуми соли 1929 музофотҳои Ҳирот, Маймана, Қатағану Бадахшон ва Қандаҳор оҳиста - оҳиста нисбати маъмурияти марказии Бачаи Саққо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кардан мегирифтанд.

Дар Туркистони Афғонистон дар ибтидои моҳи феврал дастаҳои низомии Сайид Ҳусайн ҳокимияти Бачаи Саққоро барқарор карда буданд, вале баъди экспедитсияи нокоми шуравию афғонии В. Примаков - Ғулом Набихон (байни моҳҳои апрелу майи соли 1929) ҳокимияти нимамухтори ақаллиятҳои миллӣ шуданд, ки минбаъд аз Бачаи Саққо камтар ҳимоят ва дифоъ мекарданд.

Пуштибонии Англия аз "Кобулистон" ва маккории Шуравӣ

Дар қариб 330 рӯзи мавҷудияти худ "Кобулистон" ҳамин тариқ имкон пайдо накард ва мушаххастар гӯем, чунин имкон ба он надоданд, ки эътирофи байналмилалӣ пайдо кунад. Дар Кобул ба тариқи фаъол фақат сафоратҳои Иттиҳоди Шуравӣ, Туркия ва Эрон кор мекарданд. Ҳарчанд дар ин айём ба Бачаи Саққо аз кумаку дастгириҳои рӯйирост онҳо худдорӣ мекарданд, дар ҳар сурат ғаразу манфиатҳое, ки доштанд, дар ин кишвар боқӣ монда буданд. Дар ҳолати буҳронии моҳҳои апрел ва майе, ки дар Афғонистон рӯй дода буд, қариб буд Бачаи Саққо бо Иттиҳоди Шуравӣ расман ҷанг эълон кунад.

Бо Англия ҳам Бачаи Саққо дар ибтидо равобити ҳасана барқарор карда буд. Ҳатто рӯзе, ки Бачаи Саққо вориди Кобул мегардид, лоиҳаи қарордоди байни Афғонистон ва Англия омода шуда буд. Ин ҳамон қарордоде буд, ки англисҳо бо Афғонистон замони Абдурраҳмонхону Амонуллоҳхон доштанд. Вале бо сабабҳои муваҷҷаҳе Бачаи Саққо аз имзо кардани чунин қарордоде бо англисҳо даст кашид. Хосатан Шер Ҷон ва Мавлавӣ Муҳаммад Рафиқ Бачаи Саққоро сахт ташвиқу тарғиб мекарданд, ки чунин қарордодро ба имзо расонад. Дар ин робита котиби миссия (рисолат) - и англисҳо Маҳбуб Алихон низ сахт манфиатдор буд. Барои имзо накардани чунин як қарордоде яке аз сарварони қавму қабойили моманд Мавлавӣ Фазлуррабб низ муқовимати шадид нишон дода буд. Дар маҷмӯъ, Англия ба тариқи гоҳ рушод ва гоҳ пинҳонӣ мехост аз маъмурияти Бачаи Саққо дастгирӣ кунад ва дар лаҳазоти зарурӣ аз Бачаи Саққо алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода кунад.

Интиҳои тобистони соли 1929 - ум ҳукумати Бачаи Саққо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод, ки эътирофи байналмилалӣ пайдо кунад. Англия ризоят дод, ки ҳайати вакилони афғонӣ ба тариқи хусусӣ аз Лондон дидан кунанд, Иттиҳоди Шуравӣ бошад кӯшиш мекард, ки нахуст бо худи Бачаи Саққо равобити ҳасана барқарор кунад. Дар ҳар сурат Иттиҳоди Шӯравӣ розӣ шуда буд, ки фақат дар қисматҳои шимолӣ бо Афғонистон ҳамкориҳои иқтисодӣ дошта бошад. Ин ҳангом дар Афғонистон намояндаи хосаи салоҳиятдори Иттиҳоди Шуравӣ ва се консулгарӣ фаъолият доштанд. Ҳатто Иттиҳоди Шуравӣ дар ибтидо байни Кобул ва Мазори Шариф ҳам равобити байналмилалии хутути ҳавоӣ барқарор намуда буд. Бо хоҳиши Бачаи Саққо Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул Ожонсии тиҷоратии худро ҳам ташкил карда буд. Вале ба ҳеч ваҷҳ Иттиҳоди Шуравӣ ба тариқи дипломатӣ ҳукумати Бачаи Саққоро эътироф намекард. Ҳарчанд Бачаи Саққо аз Иттиҳоди Шуравӣ фурӯши силоҳу муҳимотро дархост мекард, русҳо бо баҳонаҳои зиёде аз ин амр саркашӣ ва худдорӣ мекарданд. Комиссариати халқии умури хориҷии Иттиҳоди Шуравӣ ба чунин хулосаи маккоронаю айёрона омада буд: "На бояд ҳукумати Бачаи Саққоро эътироф кард ва на бояд аз ӯ дурӣ ҳам ҷуст!". Вале, русҳо воқеан ҳам дар шахси Бачаи Саққо сипаҳсолори дурандешеро медиданд.

Дар ҳар сурат ба Бачаи Саққо даст дод, ки ҳатто моҳи майи соли 1929 Қандаҳорро низ тасарруф карда, таҳти назорати худ дароварад.

Муборизоти қавмӣ

Чуноне ки маълум аст, дар давоми ҳокимияти Бачаи Саққо дар Афғонистон барои сари қудрат омадан байни миллатҳою қавму қабойил муборизаю муқовимат идома дошт. Собиқ волии Кобул, ки дар маркази музофоти Нангарҳор (шаҳри Ҷалолобод) - Алӣ Муҳаммадхон сукунат дошт, бо истифода аз вазъу баъзе нируҳои мусаллаҳ ва баъзе қавму қабойил 20 - уми январ худро амири музофотҳои шарқии Афғонистон эълон намуд. Ӯ тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастуру фармонҳои Амонуллоҳхон ва Бачаи Саққоро лағв намуд, то ҳамзамон ба пулу молиёти бештаре эҳтиёҷ дошта, тоҷирони ҳиндуи Ҷалолободро водор намуд, ки қарзу вомҳои худро пардохт намоянд ва даст бар ҷамъ намудани пардохти андозҳои се моҳ қаблӣ намуд. Кӯшиши тасарруфи шаҳри Кобул аз ҷониби Алӣ Аҳмадхон ба нокомӣ анҷом ёфт ва худи ӯ ба шаҳри Пешовар фирор намуд.

Дар чунин шароит баъзе аз қисматҳои паштутабор рӯ ба ҷониби Нодирхон оварданд. Бритониёи Кабир ҳам ҳамаҷониба аз тоҷикон рӯ гардонид ва рӯ ба ҷониби Нодирхон овард. Манофеъи Бритониёи Кабир оиди ҳимоят аз мардуми дорою сарватманд бо манофеъи Нодирхон тавъам омаданд ва Нодирхон бо Бритониёи Кабир ба муқобили мардуми фақир ва бенавои кишвар хиёнат ва ҷиноят намуданд. Дар ибтидои сентябри соли 1929 - ум мақомоти бритониёии истеъморгар мусоидат намуданд, ки якчанд ҳазор нафар аз қавму қабойили вазириҳо ва масъудиҳо, ки дар ҳудуди Ҳинди Бритониёи Кабир сукунат доштанд, рӯ ба ҷониби Нодиршоҳ оваранд. Баъдан сари қудрат омада, Нодирхон аз ҳукумати Бритониёи Кабир ба андозаи 175 ҳазор фунт стерлинг кумаки бебозгашт низ дарёфт намуд.

Дасти дарози хориҷиён дар сарнагунии ҳукумати тоҷикон

Дар интиҳои моҳи сентябри соли 1929 Нодирхон ва ҷонибдорони паштутабори ӯ ба амалиёти ҷиддӣ гузаштанд. 8 - уми октябр дастаҳои низомии Нордирхон ва бритониёиҳо Кобулро таҳти назорат ва тасарруфи худ дароварданд. Бачаи Саққоро тавассути боз ҳам хиёнат ва маккорию айёрӣ ба асорат гирифтанд ва 2 - юми ноябри соли 1929 - ум ҳамроҳ бо ҷонибдорони наздики худ қатл карда шуд.

Ин нукта муҳимтарин аст, ки ҳам Бачаи Саққо (Ҳабибуллоҳхон) ва ҳам Устоди шаҳиду шаҳир - профессор Бурҳониддин Раббонӣ, ки ҳарду ҳам тоҷик буданд, дар лаҳазоти мураккабтарини сарнавишти Афғонистон сари қудрат омада буданд ва яке ибтидои садаи бистум ва дигаре ибтидои садаи бистуякум тавассути нируҳои хориҷӣ ва авомили онҳо аз сари қудрат дур карда шуданд.

Ҷумъахон Алимӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97