Марат Мамадшоев, журналист:
Ман бар ин андешаам, ки ҳама гуна сару садо дар мавриди сурат гирифтани ҳамла ба Ирон ин як навъ ҷанги равонист ва танҳо ба хотири фишор овардан ба ин кишвар аст. Ҳамла ба Иронро баъид медонам. Ба ҳар ҳол шояд Исроил ин ҷангро воқеан бихоҳад, аммо бояд онҳо бидонанд, ки он қабл аз ҳама оқибати ғамборе барои худи Исроил хоҳад дошт. Фикр мекунам, инро он ҷо ҳам дарк мекунанд. Дар мавриди Амрико ман бо қотеъият мегӯям, ки нируи таъсиргузоре дар миёни раҳбарони Кохи сафед дида намешавад, ки хостори ин ҷанг бошанд. Ва дар ҳеч як ҳолате тайи 3-4 соли оянда онҳо ҳеч гуна қадаме барои ҳамлаи низомӣ нахоҳанд бардошт, ки боиси роҳандозии як ҷанги нав шавад.
Аммо як эҳтимол вуҷуд дорад, агар дар ин миён аз ҷониби Эрон ягон амали тундравона сар назанад. ман гумон мекунам, ки дар ҳоле ки дар Эрон ҳам афроди воқеъбин дар сари қудрат ҳастанд ва аз баёнияву изҳороти онҳо бармеояд, ки онҳо воқеан воқеъбин ҳастанд ва баъид аст, ки онҳо вазъро бо кадом як амале муташанниҷ бисозанд. Аз ин рӯ ин ҳама танҳо як баҳс аст ва фикр намекунам, ки эҳтимоли сар задани як ҷанги нав воқеият надорад. Фикр мекунам, тайи панҷ соли оянда ин баҳсҳо дар мавриди эҳтимоли ҳамла ба Эрон идома хоҳад ёфт, аммо ҳамлаи низомӣ сурат нахоҳад гирифт.
Ба ҳар сурат агар эҳтимолан ҳамлае ҳам сурат бигирад беҷавоб нахоҳад монд, ба хусус зарбаҳои муҳлике ба иттифоқчиёни Амрико, аз ҳама пештар ба Исроил ва иттифоқчиёни дигар, аз қабили кишварҳои ИДМ, Озарбойҷон имкон дорад, зада бишавад. Набояд фаромуш кард, ки артиши Эрон артиши Ироқ нест ва бофтаҳои ин кишвар аз ҳам тафовути зиёде доранд. Ба хусус мухолифини сарсахте ба мисли мухолифони Саддом дар Эрон вуҷуд надорад ва дар ҳолати ҳар гуна ҳамла ба ин сарзамин имкони муттаҳид шудани тамоми гуруҳҳо дар муқобили муҳоҷимон дар Эрон қобили пешгӯист. Аз ин рӯ пешгӯии сенарияи ин ҷанг кори осоне нест.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази татқиқоти стратегӣ
Ба гуфтаи коршиносон барои ҳамла болои Эрон як идда қудратҳои ҷаҳонӣ тайёрии зиёд дидаанд. Ва онҳо мехоҳанд, ки Эронро бишкананд. Вале саволе бар меояд, барои чӣ ? Агар барои барномаи силоҳи ҳастаӣ бошад, он як тарҳи иқтисодӣ аст ва он барои истифода дар ҷанг нест. Агар он қудратҳо мехоҳанд интиқоми таърихӣ бигиранд ва ҳамла кардан болои Эрон қасос гирифтан бошад, ин ҳам кори оқилона нест. Мо бо ягон шакли истифодаи зӯрӣ дар ҳалли ин масъала наметавонем розӣ бошем. Ин барои саршавии ҷанги ҷаҳонии сеюм сабаб хоҳад шуд, натиҷаҳояш вобаста ба нирӯи силоҳҳое, ки ҳоло вуҷуд доранд, на камтар аз харобиҳои ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳон хоҳад буд. Ба фикрам ақли солим ғолиб мешавад ва ҷангхоҳонро Худованд аз васвасаҳои шайтонӣ дур нигоҳ хоҳад дошт. Эрон кишвари дӯсти мо, давлати ҳамзабону ҳамфарҳанги мост. Мо бояд тамоми нирӯямонро барои сар назадани чунин ҳамлаҳо истифода намоем ва муколимаи ҷиддиеро оид ба ин масъала бо Эрон ва Амрико роҳандозӣ кунем. Чун беҳтарин роҳи аз чунин бӯҳронҳо берун рафтан машварату музокироту маслиҳат аст, на ҷангу таҳдиду бо зӯри силоҳ сухан гуфтан.
Султон Мирзошоев, собиқ арбоби давлатӣ
Душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон Амрико ва Исроил дуғу пуписа карда мегарданд. Аммо президенти Эрон таъкид карда буд, ки агар ҳамла аз сӯйи душманони мо шавад, ҷазои сахт мегиранд. Вазъият дар ин чанд даҳсолаи ахир дар ҳоли тағйир ёфтан аст. Мо умед дорем, ки ҳамин хел ҷанг дигар нашавад. Ҷанг дар Югославияву Африқову Ироқу Афғонистон нишон дода истодааст, ки Пентагон дар сиёсати ҳарбияш дар ин минтақаҳо ба нокомӣ дучор шудааст. Пентагон бояд ҳушёр шавад ва дарк кунад, ки ҷаҳони имрӯза танҳо зери итоати НАТО ва Амрико нест ва аз ин рӯ каме бояд фикр кунанд дар ин бора.
Ман ҳамчун дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон орзу дорам, ки Эрон рушду нумӯъ кунад, тараққӣ ёбад, барои он ки дӯстии байни ҷумҳурии мо аз пештар бо Эрон мустаҳкам шуда истодааст.
Хуб мешуд, ки он касоне ки хоҳони ҷанг ҳастанд, бори дигар дар ин бора фикр кунанд.
Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири хабаргузории "Озодагон"
Ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона алайҳи давлати исломии Эрон ба ҳеч ваҷҳ сурат нахоҳад гирифт ва агар ҳар кишваре, ки дар сар ҳавои ҳуҷум ба марзу буми ин сарзамини кӯҳанбунёд мекунад, мутмаин бошед, ки ба ҳадаф намерасад. Эрон барои ғарбу Исроил ва ИМА на Ироқ асту на Либиё ва на Афғонистон. Сӣ сол боз дар қиболи Эрон таҳримҳои иқтисодӣ бо нишондоди Кохи Сафед пиёда мешаванд, сӣ сол боз нафти эронӣ дар ҷои истихроҷаш коркард намешавад, сӣ сол боз 80 дарсади кишварҳои дунё алайҳи низоми исломӣ мубориза мебаранд, аммо ба натиҷае нарасиданд. Амрико бо баҳонаи "силоҳи биологӣ" ва ё ана ҳамон "яроқи ҳастаӣ" ба Бағдод лашкар кашид, роҳбари Ироқро ба дор овехт, беш аз 1,5 миллион сокини осоиштаи ин кишварро дарбадару хок ба сар кард, аммо чизе наёфт, илло "тиллои сиёҳ"-и арзони минтақа, ки аз аввал ҳам андешаи ба даст гирифтани сарвати табии мазкурро дошт. Афғонистонро ҳам бо баҳонаи шикори Усома бини Лодан тасарруф кард, акнун, ки ӯро дар Покистон кушт, пас суоли матраҳ ин аст: Борак Ҳусейн Обама аз ин ба баъд низомиёнат дар Кобул чӣ мекунанд?
Шемон Перес, президенти Исроил аз ҷонибдории ҳамтоёни амрикоиву инглисаш рӯҳу илҳоми тоза гирифта ба Эрон ҳушдор медиҳад, ки "барномаи ҳастаии ин кишвар эҳтимоли ҳамлаи мусаллаҳонаро алайҳи Теҳрон зиёд мекунад". Табиист, ки яҳуди рақами 1 дар ҷои холӣ ин ҳарфҳоро намегӯяд, ӯро шарикони он сӯи уқёнусаш ба ин амал таҳрик менамоянд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки зарфияти артиши Эрон, миллати кабири Эрон ва гузашта аз ин ватандӯстии эрониён ҳанӯз побарҷост. Бо муҷарради таҷовуз ба ин хоки муқаддас мушкилоти фаровоне болои Тел-Авив хоҳад рехт, ки Перес онро дар шаби хобаш ҳам надидааст. Ховари Миёна ба қавле "набзи сайёра" аст ва Эрон қалби он. Нооромие, ки ҳоло дар Фаластин аст ва печидагиҳоро барои СММ эҷод кардааст, ин ҳоло муште аз хирвор аст. Худое накарда, агар Эрон биҷунбад. Байид аст, ки ҷанги севвуми ҷаҳон шурӯъ мешавад ва он гоҳ сари калобаи гуми ғарбиён ва бархӯрди адёну мазҳабро бубин.
Ва дар охир: Чаро ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Исроил ва ҳатто Покистон ҳақ доштаанд, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд, аммо Эрони исломӣ ҳатто ҳуқуқи даст ёфтан ба барномаи ҳастаии сулҳомез- коркарди осоиштаи ураниюм надошта бошад? Суолест, ки ба он мақомдорони аршади МАГАТЭ ва СММ бояд посух бигӯянд.
Ҷамшеди Қувват, коршинос
Фикр мекунам, ки Амрико дигар тавони ҳамла ба Иронро надорад. Дар ҳоле ки ҷаҳонро бӯҳрони сахти иқтисодӣ фарогир аст, мусаллам аст ин бӯҳрон Амрикоро, ки аслан иқтисоди олам аз ин давлати абарқудрат сахт бастагӣ дорад, низ дунболгир аст. Ва бо ин ҳама хароҷоте, ки дар ду самти ҷанг дорад, яъне дар Ироқу Афғонистон агар ҷабҳаи дигари набардро дар Эрон оғоз кунад, андешаи ман ин аст, ки ба шикасти сахт мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дигар ин ки Эрон ин Ироқу Афғонистон нест ва Амрико ин нуктаи муҳимро набояд аз хотир фаромӯш созад. Эрон аз ҷиҳати саноатӣ кишвари пешрафта аст, аз тарафи дигар ва аз ҳама муҳимаш ирониҳо барои як андеша, яъне ақидаи исломӣ хоҳанд ҷангид ва дар баробари ҳар ғосибу истилогар сахт истодагарӣ хоҳанд кард. Ва боз агар ин ғосибон Амрикову Исроил бошанд. Зеро Эрон аз ин ду кишвар ҳамеша бо лафзи душман ёд мекунад. Ва суъоли аз ҳама муҳим ин аст, ки чаро Амрико бояд болои Эрон ҳамла бикунад? Дар ҳоле, ки ба ду кишвари мусалмонӣ- Ироқу Афғонистон ҳамла бурдаву мардуми онҳоро бадбахт кардааст. Ин раво нест, ки ҷаҳон бояд ба он чӣ Амрико ва ҳамтоёнаш мехоҳанд, гӯш бидиҳад ва сари таслим фуруд оварад. Бовар дорам, ки агар ҳамла бар хоки азизи Эрон сурат бигирад, миллати сарбаланд ва худопарасти Эрон ба Амрико ва шарикони ӯ посухи дандоншикан хоҳанд гуфт ва мушти гиреҳхӯрдаи мардуми бедори Эрон бар фарқи сари зӯргӯёни олам сахт кӯфта хоҳад шуд. Амрико чандин сол аст, ки нақшаи ҳамла ба Эронро дар сар дорад. Агар ин як кори саҳлу сода мебуд, Амрико шояд чанд сол қабл ин нақшаи шуми хешро пиёда мекард. Агар Амрико метавонист дар дохили Эрон мухолифони ин давлатро пайдо кунад, дар ин сурат шояд метавонист то ҷое ба хостаҳои худ бирасад. Зеро таҷрубаҳои ҷангҳои пешинаш нишон медиҳанд, ки Амрико бештар бо ин ҳилаву найрангҳояш бар дигар давлатҳо тассалут ёфтааст. Ба ҳар сурат ман ҳама гуна зӯргӯӣ ва ҳамларо болои Эрон, ки як кишвари бо мо дӯст, ҳамдин ва хайрхоҳи Тоҷикистони мо аст, маҳкум мекунам.
Камолиддин Тоҷикнажод, донишҷӯи бахшии риёзии яке аз донишгоҳҳои Туркия:
- Ба фикри ман, ин ҳамла нашуданист. Ва Амрико ҳеч вақт барои хостаҳои ғайримантиқии Исроил ба Эрон ҳамла нахоҳад кард, ҳарчанд дӯсти наздики он бошад ҳам. Дар сурати дигар Эрон вижагиҳои хосе дорад, ки ба маротиб аз Афғонистону Ироқ фарқ мекунад, яъне ҷанг ба Эрон бисёр кори печида аст ва худи Амрико аз ин бохабар аст.
Зиё Раҳмон, шоир
Иншооллоҳ ман мутмаъинам, ки ягон ҳамла болои кишвари бузурги Ирони дӯсту бародари мо сурат нахоҳад гирифт, ин гуна ҳушдорҳову зӯргӯиҳо солҳост, ки идома доранд. Ҳар ҳарфи носазое, ки дар ҳаққи Ирону мардуми он мегӯянд, онҳама душманиву бадхоҳии нирӯҳои дилсиёҳ, ки бар алайҳи ин мулки фирдавсталъат доранд, миллати ба нангу сарбаланди Иронро ҳушёртар месозад. Ман фикр мекунам,, ки ин ҳама як ҳамлаи расонаӣ аст, ин ҳама овозаҳоро доираҳои манфиатҷӯ дониставу хоста барои он паҳн мекунанд, ки вокуниши мардуми ҷаҳон, мусалмонон ва миллати Иронро сари ин мавзӯъ бидонанд. Ирон ба андешаи ман ба ҳар гуна тавтеъаҳои бадхоҳону нирӯҳои ашрор ҷавоб хоҳад дод ва ҷавоби сазовор ва ҳеч гоҳ бозичаи дасти абарқудрате нахоҳад шуд. Ва мо ҳама гуна ҳамларо болои мусалмонон маҳкум мекунем, ба хусус ҷангро ба муқобили Ирони азиз қабул надорем.
Дареғ аст, ки Эрон вайрон шавад,
Куноми шағолону гургон шавад!
Рамзия Мирзобекова, журналист
Ман ҳамчун зан қабл аз ҳама ҳар гуна ҳамлаву зӯргӯӣ ва қудратнамоии беҳударо хуш надорам. Ҳамчун як шаҳрванд мавқеъи ман ин аст, ки кишварҳое мехоҳанд Эронро барои гапнодароӣ ва якравиҳои сиёсиаш ва интиқодаш аз сиёсатҳои Ғарб муҷозот кунанд, бояд бидонанд, ки бар асари ҳама гуна ҷангу ҳамлаи низомӣ мардуми осоишта қурбон мешаванд. Вақте дод аз ҳимояи ҳуқуқи башар ва демократия мезанем, набояд хоста ва ҳуқуқи мардуми як кишварро, ки бо роҳи демократӣ барои хеш раҳбар ва парлумон интихоб кардаанд, нодида бигирем. Ҳама гуна ҷанг бадбахтӣ аст ва наҳсу касофат меоварад ва дар бадбахтии миллионҳо одам хушбахтии хешро ҷустану дидан камоли хирад нест. Эрон ҳам, ки як кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид аст, фикр мекунам мисли соири кишварҳои олам мехоҳад қудратманд ва ҳам соҳиби силоҳи ҳастаӣ бошад. Шояд дар сиёсатҳои Эрон каҷравию нофаҳмиҳое ҳам бошад, вале набояд қудратҳои ҷаҳонӣ аз ҷанг кор бигиранд. Ҷанг кори оқилон нест. Ва мо намехоҳем кишвари ҳамзабону ҳамдини мо гирифтори ҷангу харобиву ноамнӣ бошад. Чун қудратҳои зӯргӯ аз ҷанг ва ҳамла болои Эрони осоишта ҳарф мезананд, ин ҳама бар суди Эрон хоҳад буд. Ва дар пеши ҷомеъаи ҷаҳонӣ Эрон чун як мазлум ва Амрикову Исроилу дигар ҳамтоёни онҳо мисли як золим ҷилвагар мешаванд. Андешаи ман ин аст, ки нест бод ҷанг ва поянда бод музокироту мусолиҳаву гуфтушунидҳо.
Маҳбуба Мусоева, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 37, ноҳияи Рӯдакӣ
Чун аз банда хоҳиш шуд, ки назарамро дар бораи ҳамла бар сари Ирон бигӯям, мехоҳам чун як фарди мусалмон дар ин мавзӯъ ошкор ҳарф бизанам. Аслан дигар ҳар ҷанге, ҳар муноқишае, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳад марбут ба Ислом ва куфр аст. Ва имрӯз аз кассе пӯшида нест, ки Иронии исломӣ марҷаи ифтихори муслимини ҷаҳон ҳам ҳаст. Ва Ирон аз зиёд ҷунбишҳои озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар кишварҳои мухталифи мусалмонии олам пуштибонӣ мекунад. Ирон қотеъона ва сарсахтона аз муборизаи мардуми ҷасури Фаластин дифоъ мекунад. Ирон аз муҷоҳиддини лубнонӣ ҷонибдор аст. Ирон ошкоро Амрикоро сақат мегӯяд ва Исроилро аслан давлат ҳам намеҳисобад. Раисҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод беҳарос ва озод аз минбарҳои дунёӣ бар алайҳи Исроилу Амрико шиор мезанад. Ва имрӯз дар канори Ирон ба бахти мусалмонҳо кишвари дигаре ҳамчун пуштибони Ислому мусалмонон зуҳур кард, ки он Туркияи исломист. Ва ин ҳама сахтгӯиҳои Ирон ва сархамнакарданҳои ин миллати сарбаланд дар назди қудратҳои ҷаҳонӣ албатта хоби Амрикову Бритониёву Исроилро ҳаром кардааст. Мусалмонон, ки тӯли ҳамин ду сад соли ахир сарафкандаву дастнигари ҷаҳони масеҳият буданд, имрӯз дар мисоли Ирону Туркия соҳиби қудрат ва соҳибсухан гаштаанд. Ва ҳамла ба Ирон маҳз дар кишвари исломӣ будан ва сар хам накардани раҳбарият ва миллати боғурури он пеши зӯргӯёни олам аст. Ин силоҳи ҳастаӣ доштан, нақзи ҳуқуқи инсон, ин ҳама баҳонае беш нест. Вале Ирон кишваре нест, ки пеши Амрико бо нишони таслим даст боло кунад. Агар Амрико ва Исроил аз райъи хеш барнагарданд ва болои хоки поки Ирони зебо ҳамла баранд, имонам комил аст, ки миллати муҷоҳиди Ирон мушти кӯбандае бар пешонии ғосибон хоҳад зад, ки ҳафт пушти ҷангхоҳони олам онро фаромӯш нахоҳанд кард. Ман ба ҳайси як устоди мактаб, ба ҳайси як модари тоҷик, ки бо модари иронӣ ҳамзабону ҳамхуну ҳамфарҳангу ҳамдин ҳастам ҳамла болои Ирони азизро маҳкум менамоям ва агар Худое нахоста ин ҳамла, ин амали бехирадона сурат бигирад, бешак дар канори мардуми азизи Иронам хоҳам буд. Модар ва ҷанг ҳамеша ду вожаи мухолиф будаанд, зеро яке ҷон канда мезояду дигаре офарида ва ҷигарбанди ӯро осон ба коми наҳси хеш мекашад ва мекушад. Ҷангҷӯёни ҷаҳон, аз ҷангу пархошу хунрезӣ андеша кунед, то ба нафрату ғазабу дуъои бади модарони олам гирифтор нашавед.