Писари президентро ба интихобот роҳ надоданд

Нахуствазири қавӣ раиси ҷумҳури заъиф мешавад

Intikhoboti_KirghiztonnnИнтихоботи рӯзи якшанбеи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон қатъи назар аз пешбиниҳои бештари коршиносон, ки ба даври дуввум кашида шудани онро ногузир медонистанд, дар худи ҳамон рӯз поён ёфт. Албатта, бархе пирӯзии нахуствазири ин кишварро дар даври аввал низ имконпазир мешумурданд, аммо фосилаи 50 дарсадии миёни Алмазбек Атамбаев ва аслитарин рақибонаш комилан ғайриинтизор буд.

Пас оё метавон гуфт, ки ин интихобот бо тақаллуб сурат гирифт? Ба ин суол танҳо метавон ба таври нисбӣ посух гуфт, зеро шояд ҳоло баргузории интихоботи комилан одилона ва орӣ аз камбуд танҳо орзу ва ормон буда тавонад. Аммо дар мавриди интихоботи рӯзи якшанбеи Қирғизистон бо итминон метавон гуфт, ки мизони тақаллуб беш аз 6-8 дарсад нахоҳад буд. Зеро фазои сиёсие, ки баъд аз суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев эҷод шудааст, амалан тақаллуби бузург ва фарогирро ғайриимкон кардааст.

Зимни таҳияи ин матлаб ба омори ҳузури намояндагони аҳзоб дар ҳайати комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботии манотиқи Қирғизистон ошно шудам ва ин маврид ҷолиб буд, ки ҳатто дар як ноҳияи дурдасти Қадамҷойи вилояти Боткан 328 нафар намояндаи аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати ин комиссияҳо ҳузур ёфтаанд. Агар ба ин шумора теъдоди афроди муътамади номзадҳову нозирони онҳо ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматиро афзоем, хоҳем дид, ки қирғизҳо барои пешгирӣ аз имкони тақаллуби васеъ воқеан ҷиддитарин қадамҳоро бардоштаанд. Чизе, ки барои аҳзоби мухолифи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як орзуи дастнаёфтанӣ мемонад.

Танҳо курсии побарҷо?

Дар низоми нави сиёсии Қирғизистон нақши асосӣ бо парлумон ва ҳукумат буда, раиси ҷумҳур дар қиёс бо ҳамтоёни минтақаии худ, ба истиснои чанд ҳавзаи мушаххаси кор, бештар нақш ва ҷойгоҳи ташрифотӣ дорад. Пас чаро Алмазбек Атамбаев, ки ҳанӯз як сол ҳам нахуствазирӣ накардааст, мехоҳад курсии худро иваз намояд?

Дар ин робита ба чанд мавзӯъ метавон ишора кард. Яке ин ки Атамбаев чун раиси ҷумҳур ва раиси Ҳизби сотсиал-демократ, ки дуввумин ҷиноҳи бузург дар парлумони Қирғизистон мебошад, мехоҳад абзорҳои бештари нуфузро дар ихтиёр бигирад. То ҷойе ин амр қобили пешбинист, ки вай талош хоҳад кард, то муовини аввалаш Омурбек Бабанов (раиси ҳизби "Республика"), ки дар давраи интихобот иҷрокунандаи вазифаи нахуствазирӣ буд, ба курсии раёсати ҳукумат нишинад ва Омурбек Текебоев (раиси ҳизби "Ата мекен"), ки ба суди Атамбаев номзадии худро бозпас гирифт, ба раёсати парлумон бирасад. Дар ин сурат мудирияти Қирғизистон дар ихтиёри афроде қарор хоҳад гирифт, ки дар Қирғизистон ба унвони шахсиятҳои демократ ва дорои дидгоҳҳои муштарак ё ҳадди ақал ба ҳам наздик шинохта шудаанд.

Вале ин масъала низ истисно нест, ки Атамбаев курсии раёсати ҷуҳуриро, бо вуҷуди коҳиш ёфтани аҳамияташ, ба он хотир ба курсии нахуствазирӣ тарҷеҳ медиҳад, ки мехоҳад барои як давраи шашсола вазъи мушаххас дошта бошад. Зеро ҳамон гуна, ки ишора шуд, тибқи Қонуни асосии Қирғизистон низоми ин кишвар парлумонӣ буда ва дар сурати ба даст наовардани аксарияти курсиҳо аз сӯи як ҳизб, раиси ҷумҳур ташкили эътилофи ҳокимро ба яке аз аҳзоб вогузор мекунад. Атамбаев низ дар натиҷаи эътилофи ҳизби худ бо "Ата журт" ва "Республика" ба курсии нахуствазирӣ нишаст. Курсие, ки дар тӯли ним соли гузашта борҳо бо хатари фурупошӣ рӯ ба рӯ буд.

Ҳоло дигар Атамбаев мутмаин аст, ки дар шаш соли баъдӣ курсиеро дар ихтиёр дорад, ки бар хилофи курсии нахуствазирӣ касе наметавонад ба он ҷиддан чашм ало кунад.

Ояндаи қобили пешбинӣ

Раиси ҷумҳури нави Қирғизистон аз чеҳраҳои шинохтаи ин кишвар буда, тайи як даҳаи ахир борҳо курсии намояндагии парлумон, вазорат ва ҳатто нахуствазириро дар ихтиёр доштааст. Дар гузашта аз ҷумлаи сармоядорон ва соҳибкорони муваффақ ва хушноми кишвараш дониста мешуд.

Мусаллам аст, ки Атамбаев дар қиёс бо рақибони аслии худ дар ин интихобот (Адахан Мадумаров ва Қамчибек Ташиев) рӯҳияи анҷоми ҳаракатҳои тунд ва ғайри қобили пешбиниро надорад. Бинобар ин бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати хориҷии Қирғизистон дастхӯши ҳеч тағйир ва таҳаввули ҷиддӣ нахоҳад шуд ва равобити ин кишвар бо қудратҳо ва созмонҳои мухталифи байналмиллалӣ ба шумули Амрико ва НАТО идома хоҳад ёфт.

Шояд хонандаи ҳушманд ин суолро матраҳ кунад, ки пас чаро Атамбаев ба маҳзи дарёфти хабари пирӯзии қатъии худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зимни мусоҳибаҳои матбуотии худ бар зарурати поён додани ҳузури низомии Амрико дар соли 2014 дар кишвараш таъкид намуд. Дуруст аст. Таври маълум, вай баъд аз сарнагунии Қурмонбек Боқиев ба унвони яке аз чеҳраҳои меҳварии ҳукумати муваққат мавриди таваҷҷуҳи Русия қарор гирифт ва аз роҳи ҷалби кумакҳои мухталифи Маскав ба оддисозии вазъи печидаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвараш муваффақ шуд.

Замоне, ки ба курсии нахуствазирӣ нишаст, иртиботи вай бо мақомоти олии Русия ва бахусус Владимир Путин наздиктар шуд. Ин ниёзи дуҷониба буд ва ҳаст. Зеро, аз як тараф, Атамбаев нақши воқеии Русия дар масоили гуногун ва бахусус иқтисодии кишварашро мешиносад ва аз сӯи дигар, Маскав низ аз миёни нухбагони рӯи саҳнаи сиёсии Қирғизистон вайро қавитар ва дорои имконоти бештар дидааст.

Эҳтимолан дар лобалои дидорҳо ва қавлу қарорҳое, ки миёни Атамбаев ва мақомоти Кремл сурат гирифтааст, баҳси поён додан ба ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар баҳои ҳимоятҳои сиёсӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон аз вай матраҳ шудааст. Ва агар Атамбаев аз эҳтимоли баста шудани пойгоҳи Амрико мегӯяд, пас онро бояд паёмҳои мавриди интизори Маскав аз сӯи раиси ҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон донист.

Аммо ин ҳанӯз ҳама чиз нест. Ҳамон гуна, ки ишора шуд, калидитарин масоили сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Қирғизистон бо ҳузури мустақими парлумон ва ҷомеаи маданӣ ё худ шаҳрвандии ин кишвар ҳаллу фасл мешавад. Таври маълум, дар парлумони Қирғизистон умдатан аҳзобе ҳузур ёфтаанд, ки ё демократӣ мебошанд ва ё бархе аз онҳо дар гузашта ҳатто ба далели доштани иртиботи наздик бо Амрико ва кишварҳои ғарбӣ мавриди ҳамлаҳои бешумори расонаҳои русизабон қарор дошаанд.

Бо ин ҳол баёнияи Атамбаев дар мавриди зарурати қатъи ҳузури низомии Амрико сар аз соли 2014 дар кишвараш ба ҳеч ваҷҳ маънои ба содагӣ ҷомаи амал пӯшидани ин амрро надорад. Танҳо тавофуқи ҳама шохаҳои қудрат, ки ҳоло аз истиқлоли нисбатан воқеӣ бархурдоранду аз ҳисоби намояндагони аҳзоби мувофиқу мухолиф ташкил шудаанд, метавонад заминаи барчида шудани пойгоҳи низомии Вашингтонро фароҳам кунад.

Яъне Атамбаев метавонад ба таври огоҳона чунин мавзеъгирӣ кунад, то ризояти Маскавро ба даст оварад, аммо дар ниҳоят тавҷеҳи нокомиаш ин хоҳад буд, ки "... талошҳои мумкин анҷом шуд, вале на ҳама чиз дар ихтиёри ман аст..."

Аммо агар ҷиддитар ба қазия нигоҳ кунем, як нуктаро наметавон нодида гирифт. Ҳузури низомии Амрико ва Ғарб дар Осиёи Марказӣ миёни Маскав ва Вашингтон дар сатҳи калон ҳал шудааст ва барчида шудани он низ ба ҳамон сурат имконпазир аст. Мутаассифона, ин як воқеиятест, ки ҳатто феълан ҷомеаи пӯё ва пурҷӯши сиёсии Қирғизистон низ дар баробари он эҳсоси аҷз хоҳад кард.

Ҳарфи мухолифон

Рақибони интихоботии Атамбаев аз дуздида шудани орояшон шикоят мекунанд. Адахан Мадумаров ва Қамчибек Ташиев, ки аз сӯи ҳизби "Бутун Қирғизистон" ва "Ата журт" дар ин интихобот ширкат карданд, аз чеҳраҳои матраҳи ҷануби Қирғизистонанд. Вале рӯзи якшанбе дар манотиқи ҷанубӣ хеле камтар аз нисфи интихобкунандагон ҳузур ёфтанд. Далели онро коршиносон дар он мебинанд, ки беш аз 500 ҳазор нафар сокини ин манотиқ, ки дар феҳристи интихобкунандагон омадаанд, ҳоло ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия ба сар бурда, имкони ширкат дар интихоботро надоштанд. Дар солҳои гузашта бо истифода аз имконоти идорӣ ва вобастаи ҳизби ҳоким будани намояндагони ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ ва ҳамчунин комиссияи марказии интихобот, орои онҳо ба тақаллуб аз сӯи Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев истифода мешуд.

Ду нафар ёдшуда дар шимоли Қирғизистон аз маҳбубияти хосе бархурдор нестанд ва иддаъои онҳо дар мавриди тақаллуб аз сӯи бештари мардум ва ҳатто ба шумули ҷонибдоронашон ҷиддӣ гирифта нахоҳад шуд. Пофишориашон умдатан ба он хотир аст, ки ранги зарди худро сурх нишон диҳанд ва дар ниҳоят битавонанд бо таҳдиди роҳандозии тазоҳурот ва доман задан ба баҳси манофеи Шимолу Ҷануб имтиёзотеро дар шакли курсиҳои вазоратхонаҳову ниҳодҳои молӣ ва иқтисодӣ ба даст оранд.

Беш аз ин ҳам ҳисобе нахоҳанд дошт, зеро замоне созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои бонуфузи дунё натоиҷи интихоботро мепазиранд, ба он маъност, ки мухолифини Атамбаев аз ҳимояти сиёсии хориҷӣ маҳрум мондаанд. Дар шароити Қирғизистон ин омил бисёр асаргузор аст.

Вижагии қирғизӣ

Қирғизистон демократияро бо додани қурбониҳои зиёд таҷриба мекунад. Аммо боз ҳам мавриди ин кишвар набояд ин интизорро дошт, ки дар як-ду соли оянда шоҳиди решакан шудани фасоду ришвахорӣ ва маҳаллу таборгароӣ хоҳем буд, ҳарчанд ин вазоифро Атамбаев аз авлавиятҳои сиёсати дохилии Қирғизистон медонад.

Мутаассифона, ба монанди дигар кишварҳои минтақа ин падидаи манфӣ дар Қирғизистон низ решаҳои амиқ дорад ва ба як низоми густарда табдил шудааст. Ва дар чанд соли пеши рӯ низоми нави сиёсии Қирғизистон бо ин низоми фосиди аз як сӯ ошкор, вале дар айни ҳол пушти парда, дасту панҷа нарм хоҳад кард. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин набард кӣ пирӯз хоҳад шуд. Зеро низоми дуввум дар сатҳи минтақаӣ ва байналмиллалӣ низ ҳомиёне дорад, ки алоқаманди бақои онанд.

Дар ҳар сурат муҳимтар таҷрибаи қирғизҳо ва натоиҷи он аст, ки барои соири кишварҳои минтақа ҳатман таъсир хоҳад дошт. Таъсири мусбат (як навъ улгу ва намуна шинохта шудани он аз сӯи нухбагони сиёсӣ) ва ё манфӣ (таҳаррук бахшидан ба иқдомоти аҳзоб ва созмонҳои мухолиф барои пиёда кардани иқдомоти мушобеҳ дар кишварҳои худ).

Ҷолиб аст. Рӯзи якшанбе ба далели мавҷуд набудани номи писари Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар феҳристи асомии интихобкунандгон ба ӯ иҷозаи овоз доданро надоданд. Ва ё ба далели бо худ надоштани шиноснома яке аз номзадҳои матраҳи ин интихобот ва раиси ҷиноҳи "Ата журт" дар парлумони Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар шаҳри Норин, ки ҳаммарзи Чин аст, соатҳо мунтазир монд, то шиносномааш аз Бишкек ба дасташ бирасаду раъйи худро бидиҳад.

Чунин коре танҳо дар Қирғизистон имконпазир аст ва ҳатто наметавон тасаввур кард, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ писари раиси ҷумҳурро бо сабаби набудани номаш дар рӯйхат аз дари ҳавзаи интихоботӣ баргардонанд...

Қосими Бекмуҳаммад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97