То Афғонистон дупора нашавад, ором нахоҳад шуд

Покистон дӯст ва ҳомии Толибон

DuRANDDDШурӯъ аз тирамоҳи соли 1994 аз ҷониби нирӯҳои муассир, хадамоти махсус ва ниҳодҳои интизомию қудратии Покистон кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷониба ва мухталиф ба ҷунбиши "Толибон" афзоиш ёфт. Ҳамзамон, Покистон, Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳо, ки ба муҷоҳидин дар чорчӯбаи "Эътилофи ҳафтгона" замони муқовимат бо Шӯравӣ ва ҳукумати афғонӣ кӯмаку дастгириҳо менамуданд, ба тариқи қобили мулоҳиза коҳиш ёфт. Афзалияти нави Покистон дар ҳудуди Афғонистон лоиҳаю барномаи дигаре гардид, ки он вусъат гирифтани нирӯҳои низомии толибон буд. Ин созмони ҳарбию низомӣ ва сиёсӣ, ки тавассути ниҳодҳои низомии иктишофии покистонӣ таъсис ёфта буд, баръакси "Эътилофи ҳафтгона" комилан таҳти тобеияти покистониҳо қарор гирифт.

Такяи Покистон ба "Толибон" муносиботи байни Афғонистону Покистонро то ҷое сард сохт. Моҳи октябри соли 1995 намояндаи расмии профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар Исломобод аз ҳудуди Покистон расман хориҷ шуд. Моҳи декабри ҳамон сол Покистонро консули кулли Афғонистон дар Покистон низ тарк гуфт.

Баъди вуруди толибон ба шаҳри Кобул интиҳои сентябри соли 1996 Исломобод кӯшишҳо ба харҷ дод, ки нақши миёнҷигариро байни толибон ва нирӯҳои мухолифи муҷоҳидин иҷро намояд. Соли 1996 Покистон нахустин шуда ҳукумати толибонро дар Кобул расман эътироф намуд. Ин нахустин ва охирин ҳукумати афғонӣ буд, ки тавассути Покистон ташкил, эътироф ва мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор гирифт. Ҳукумати толибон воқеъан таҳти ҳимоят ва сарпарастии раҳбарияти низомию сиёсии Покистон амал мекард ва мехост мавқеи стратегии худро дар минтақа таҳкиму тақвият бахшад.

Исломобод ба Устод Раббонӣ фишор меорад

Исломобод на фақат толибонро дастгирии сиёсӣ менамуд. Ниҳодҳои қудратию низомии Афғонистон баъди соли 1996 таҳти назорати пурра ва мукаммали низомиёни покистонӣ қарор гирифта буд. Дар амалиёти низомӣ алайҳи нирӯҳои ба истилоҳ шимолӣ таҳти раҳбарии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ки амалан дар якчанд музофотҳои шимолӣ ҷараён дошт, ҷузву томҳои мусаллаҳи покистонӣ фаъолона ширкат доштанд, афсарони мутааддиди покистонӣ бошанд, дастаҳои низомии гурӯҳҳои мусаллаҳи толибонро фармонфармоӣ мекарданд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи нирӯҳои толибон сарбозони Аҳмадшоҳи Масъуд ҳазорҳо афсару аскари покистониро кушта, садҳои дигарро ба асорат ҳам гирифта буданд. Дар маҷмӯъ коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳудуди 25 дарсади ҳайати шахсии нирӯҳои мусаллаҳи толибон иборат аз покистониҳо буданд. Бояд мутазаккир шуд, ки дар ҳайати шахсии нирӯҳои толибон ба истиснои нирӯҳои низомиии покистонӣ намояндагон ва сарбозони чеченӣ, узбак, арабҳо ва чанде дигар миллатҳо ҳам меҷангиданд.

Моҳи декабри соли 1997 доираҳои расмию сиёсии Исломобод профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва чанде дигар аз сарони муҷоҳидинро барои сафари расмӣ ба Покистон даъват карданд, то тасмиме гирифта шавад, ки муқовимат бо толибон хотима ёбад. Он замон бо талабу тақозои қотеъонаи ҷониби покистонӣ дар шаҳри Теҳрон қарор шуд, ки минбаъд намояндагони профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳуқуқи намояндагӣ дар созмони Конфронси Исломиро аз даст додаанд. Ҳукумати Покистон пешниҳод намуд, ки дар Исломобод таҳти ҳимоят ва сарпарастии СММ конфронсе оид ба Афғонистон бо ширкати намояндагони кишварҳои бо Афғонистон ҳамҷавор гузаронида шавад. Ба сифати ҷонибҳои зомин ва кафил Покистон намояндаҳои ИМА ва Русияро ҳам даъват намуда буд.

Амрико мутаваҷҷеҳи Покистон шуд

То 11 сентбяри соли 2001 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фақат ба хотири коркарди барномаҳои ҳастаӣ таваҷҷуҳи хоса ба Покистон зоҳир мекард. Он замон ИМА ба ҳаёти сиёсии нобасомони Покистон ва Афғонистон, ки зуд - зуд ҳокимиятҳо иваз мешуданд ва ба бӯҳронҳои шадиди иҷтимоию иқтисодӣ гирифтор буданду нирӯҳои иртиҷоӣ дар байни паштунҳо ва балуҷҳо афзойиш меёфт, таваҷҷӯҳе зоҳир намекард.

Ҳаводиси фоҷеабори 11 сентябри соли 2001 ва оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон Вашингтонро маҷбур намуд, ки дар масъалаи ҷустуҷӯи доираҳои мухталифи покистонӣ оид ба пайдо намудани муттаҳидини худ зиёдтар фикру андеша дошта бошад. Котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл оид ба таҳкиму тақвияти муносибот байни Исломободу Вашингтон эълом дошт, ки ҳадафи аслию усулии муборизаи муштарак бо "терроризми исломӣ" мебошад. Мунтаҳо, солҳо муносиботи байниҳамдигарии ИМА ва Покистон самараи камтаре ба бор овард ва ба ин амал ба робитаҳои қавии байни исломгароён ва низомиёни покистонӣ халалҳо ворид шуд.

Ҳамкориҳои Мушарраф ва Ҷорҷ Буш

Ҳар чӣ буд, ба хотири барқарор намудани муносиботи ҳасана ва эҳсоси эътимоди байниҳамдигарӣ Парвиз Мушарраф ва Ҷорҷ Буш як навъ "стратегияи қаробат" - и зиёдмасрафро пешаи худ карданд. Тӯли чанд соли нахустини қаробати ИМА бо Покистон андозаи кӯмакҳои амрикоӣ ба Исломобод ҳудуди 10 миллиард долларро ташкил кард. Аксари ин маблағ сирф ба низомиён ва нирӯҳои мусаллаҳи покистонӣ равона шуда буд. Ҳатто дар ин муддат ИМА тавассути сохторҳои байналмилалии молиявӣ ба покистониҳо мусоидат намуд ва рушди иқтисодии Покистон қариб ба 6 дарсад расид.

Дар посух ба хубию кумакҳои ИМА Исломобод аллакай 20 ноябри соли 2001 тамоми намояндагиҳои расмии толибонро дар қаламрави Покистон мамнӯъ эълон намуда, беэътибор донист. Ба марзҳои наздики Афғонистон ҷузву томҳои низомии покистонӣ иборат аз 100 ҳазор нафар кашида шуд. Мубориза ва мунозиъоти мусаллаҳона байни нирӯҳои ҳукуматӣ ва нирӯҳои исломгаро ба талафоти зиёди байниҳамдигарӣ мунҷар шуд. Ҳудуди Покистон ба майдони амалҳои зиёди террористӣ мубаддал гашт. Худи Парвиз Мушарраф низ якчанд тавтеа ва сӯйиқасдҳоро ба ҷони худ пушти сар намуд.

Сиёсати Покистон ҳанӯз ҳамон аст

Муносиботи Покистон бо Афғонистон аз лаҳазоти нахустини суқути низоми толибон хеле муташанниҷ гашт. Қазияи марзии байни ду кишвар, ки то ҳанӯз ҳаллу фасл нашудааст, як нуқтаи баҳсбарангезтарини байни ду давлат боқӣ монд. Ба сабаби беназорат мондан ва озодона рафтуомад кардан дар ҳарду ҷониби марз ба он мусоидат карда, ки доираҳои сиёсии афғонӣ фақат ҷониби покистониро муттаҳам медонад ва воқеъан ҳам аксари дастаю гурӯҳҳои толибон маҳз тавассути ин сарҳадот вориди хоки Афғонистон бидуни кадом мамониате мешаванд. Дар навбати худ ҳукуматдорони покистонӣ ин даъвоҳоро беасос дониста, ёдрас менамоянд, ки дар марзи байни Афғонистону Покистон зиёда аз 80 ҳазор нирӯҳои низомии покистонӣ қарор доранд.

25 июни соли 2008 ҳукумати Кобул нахустин маротиба Покистонро ба тариқи расмӣ муттаҳам дар тавтеа ва сӯйиқасд ба ҷони раисҷумҳур Ҳомид Карзай намуд, ки ин ҳодиса зимни доир намудани сафороии ҳарбӣ рӯзи 27 апрели соли 2008 рӯй дода буд. Дар Исломобод ин иттиҳомотро "дурӯғи хеле хуб омодашуда" унвон каранд. Баъзе тағйироту таҳаввулот дар муносиботи афғонҳо ва покистониҳо фақат баъди соли 2008 зуҳур карданд ва ин замон дар Покистон ҳукумати нисбатан демократие ташакул ёфт, ки раҳбарии онро Осиф Алии Зардорӣ ба ӯҳда гирифта буд. Мунтаҳо, стратегияи усулии тағйирёфтаи сиёсати хориҷии ин ду давлат ба тариқи куллӣ ва ҷиддан тағйир наёфта боқӣ мондааст.

Дар маҷмуъ бояд изҳор дошт, ки бидуни ба назму тартиб даровардани муносиботи афғонию покистонӣ эътилофи ғарбию амрикоӣ вобаста ба амну субот дар Афғонистон пешрафтҳое муҳим ва ҷиддӣ карда наметавонад. Бояд мардуми оддӣ ва оммаи васеъи халқ эътимод ва итминон ба он дошта бошанд, ки ҷангу муқовимат наметавонад зиндагии онҳоро беҳбуд гардонад. Худи Поксистон ҳам ҳамон қадаре, ки Афғонистон ниёзу эҳтиёҷ ба сулҳу осойиш дорад, ба ҳамон андоза онҳо ҳам доранд.

Аз фасоди Афғонистон аст фасоди Осиё

Омили дигар он аст, ки ноамнию бесуботӣ дар Афғонистону Покистон ба рушди кишварҳои ҳамҷавор таъсири манфӣ мерасонад, чаро ки Афғонистон дар чорроҳаи Осиёи ҷануби ғарбӣ ва марказӣ мавқеият дорад. Ноамнӣ дар Афғонистон ба амали ҳамойиши иқтисодии кишварҳои ҳамҷавор низ мамониатҳо эҷод мекунад. Дар ин робита қабл аз ҳама то маҳофили ҷаҳонӣ як лоиҳа ва барномаи мукаммалу хуб тарҳрезишудае дошта бошанд, ки он ҷанбаи низомию сиёсӣ дошта тавассути мусоидатҳои Русия, Чин, Ҳиндустон, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, СММ вазъи хутути музофотҳои сарҳадии шимолу ғарбии Покистон мавриди баррасию муҳокима ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд. Ва натиҷаҳои татбиқу таъмили ин барномаи байналмилалӣ ҳатман бояд ҳам барои афғонҳо ва ҳам барои покистониҳо қаноатбахш бояд бошад. То он замоне, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ урфу одат, суннату анъанот, таърихи сукунат ва ватандории паштунҳоро дар ҳар ду ҷониби "Хатти Дюранд" мавриди баррасию таҳлил ва омӯзиши ҷиддӣ қарор надиҳанд, ба пешрафтҳо нойил шудан амри маҳол аст.

Афғонистон дупора шавад, тинҷ мешавад

Воқеъият он аст, ки ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, бояд маҳофили байналмилалӣ бо ширкати мустақими раҳбариятҳои олии сиёсии ҳам Покистон ва ҳам Афғонистон муштаракан барои ислоҳи "Хатти Дюранд" кӯшиш намоянд, то паштунҳо аз ин баъд ҳам дарди сари форсзабонҳо ва ҳам тамоми дунё нагарданд. Бигзор ҷиҳати оромию субот дар Осиё ва ҳам тамоми дунё як давлате бо номи Паштунистон бо фарогирии ҳудудҳои паштуннишини Афғонистону Покистон ва марказаш шаҳри Қандаҳор арзи ҳастӣ кунад, давлате дигар Хуросон номаш ва марказаш шаҳри Кобул таъсис ёбад. Фикр мекунам, дигар қазияи Афғонистон роҳи ҳали дигаре надорад.

(Анҷом)

Ҷумъахон Алимӣ, махсус барои «Миллат»

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97