2001-2011: Даҳ соли ҳузури низомию сиёсии ИМА ва НАТО дар Афғонистон
ё тақсимоти ҳудудие, ки сабаби бадбахтию заҷри афғонҳо, мушкилоти тамоми форсзабонҳо ва омили аслии тӯл кашидани ноамнӣ гардид
Тақсимоти ноодилона ва ғайриқонунии хоки Афғонистон
«Хатти Дюранд» - сарҳади ҳиндуафғонист, ки 12 ноябри соли 1893 тибқи паймону қарордоди Мортимер Дюранд, котиби умури хориҷаи ҳукумати англоҳиндӣ бо Амири Афғонистон Абдурраҳмонхон баста шуда буд ва ҳудуди 2640 километри байни Афғонистону Покистони имрӯзаро фаро мегирад ва он дар натиҷаи се ҷанги пайиҳами афғонҳо бо англисҳо ба бор омадааст. Дар маҷмӯъ англисҳо бо афғонҳо дар солҳои 1809, 1855, 1857, 1879, 1893, 1905, 1919, 1921. паймону қарордодҳо имзо кардаанд. Яъне ҳашт маротиба афғонҳо Бритониёро маҷбур ба бастани паймону шартномаҳо кардаанд.
Паймону қарордоди «Хатти Дюранд» тавассути шартномаҳои байни Бритониё ва Афғонистон аз 8 августи соли 1919 ва 22 ноябри соли 1921 бори дигар тасдиқ ва тасвиб шудааст. Моҳи июли соли 1949 Афғонистон ба тариқи расмӣ ин шартномаро мавриди эътирози худ қарор дода, расман эълон намуда буд, ки ин паймону қарордодҳоро эътироф нахоҳад кард ва вуруди заминҳои паштунишинро ба ҳайату таркиби Покистони мустақил ғайриқонунӣ ва ғайри қобили қабул донист.
Солҳои 90 - уми садаи нуздаҳум Англия дар умури сиёсати худ ду вазифаи муҳимеро гузошта буд: аввалан, он кӯшиш мекард, ки сарҳадоти Афғонистонро ба марзҳои дуртар шимолтар бурда, афғонҳоро барои ишғол ва тасарруфи заминҳои Паҳнои Помир, ки аллакай худи Русияи подшоҳӣ низ нияти ғасби онҳоро дошт, ҳавасманд намояд; сониян, Англия мехост худро бо вазъу ҳолати стратегии хубу муфид таъмин намояд, ки минбаъд ба Афғонистон ҷиҳати тасарруфу тасхири он фишору таъсир расонида тавонад. Кӯшиши ҳокими маҳаллии Хунза дар шимоли ниҳоии Ҳиндустон соли 1891 оид ба хоҳиш кардан ҷиҳати сарпарастӣ ва васотати Русия ба Англия баҳонаю сабаби хуберо оид ба пурра мутеъ намудани ин хонигарии хурд ва муқаррар намудани сарҳадоти мушаххаси Афғонистон чӣ дар шимол аз ҷониби Русия ва чӣ дар ҷануб аз ҷониби Ҳиндустон фароҳам овард. Зимнан, Англия кӯшиш мекард, ки тамоми ҳудуди баҳсноки қавму қабойили «соҳибистиқлол ва мустақил» - и афғониро таҳти итоати худ дароварад ва ҳамин тариқ вуруд ва таъсири Русияро ба ин ҳудуд имконнопазир гардонад. Ва ин амал имкон медод, ки Англия ҳокими тамоми роҳу шоҳроҳҳои байни Ҳиндустону Афғонистон гардад. Англия ҳаллу фасли масъалаи ҳудудҳои қавму қабойилро ба манфиати худ ҳамчун сабаб ва заминаи имконпазири танзиму тартиби на фақат муносиботи англисҳою афғонҳо, балки муносиботи баҳсноки англисҳою русҳо низ дар Осиёи марказӣ медид. Ҳукумати англисию ҳиндӣ талаботи худро ба он андоза муҳим мешуморид, ки ҳатто ба Афғонистон бо ҷанг дар мавриди сарпечӣ ва худдории Амир Абдурраҳмонхон аз тасдиқу тасвибнамоии паймон оид ба сарҳадот ворид хоҳад шуд.
Хати Дюранд хашми қавму қабоили афғониро барангехт
Мортимер Дюранд дар Кобул ду паймону қарордодро ба имзо расонид. Дар паймони нахустин сарҳадоти байни русҳою афғонҳо вобаста ба соли 1873, ки дар асоси дарёи Ому муқаррар карда шуда буд ва зимнан Афғонистон муваззаф гашта буд, ки ҳудудҳои худ дар қисмати соҳилҳои чап (Рӯшон ва Шуғнон) - ро ба Бухоро, яъне амалан ба Русия бар ивази ҳудудҳои бухороӣ дар қисмати соҳилҳои чап (қисмате аз Дарвоз) вогузор намояд. Дар минтақаи қитъаи рӯди Ому сарҳади русию афғонӣ фақат соли 1895 муқаррар карда шуд.
Дар паймону қарордоди дуввум Мортимер Дюранд ризояти иҷбории Амирро оид ба муқаррар намудани сарҳадоти нави Ҳиндустону Афғонистон ба даст овард, ки он ҳоло ҳам «Хатти Дюранд» ва «Марзи Дюранд» номида мешавад. Ин марз ба ҷониби қаторкӯҳҳои Сулаймония нигаронида шуда, ба англисҳо афзалиятҳои ҳарбию стратегиеро таъмин мекард: назорат аз болои якчанд гузаргоҳҳои кӯҳӣ, ки ба Афғонистон бурда мерасонид ва соҳибияту моликият ба ҳавзаи паҳнои Чоҳгоҳ дар хатти марзии хушку беоби Балуҷистон ва ғайра. Хатти Дюранд мансубияту тааллуқоти миллии аҳолиро ба эътибор нагирифта, аксари ҳудудҳои қавму қабойили мустақили афғониро ба ҷониби англисҳо вогузор намуд. Ва ҳамаи ин дар ҳолате сурат гирифт, ки ҳудуди камтари он ба давлати Афғонистон мансуб шуд. Ҳадгузории топографии Хатти Дюранд дар маҳаллҳо ва нуқтаҳои маскунӣ ба сабаби муқовимати шадиди қавму қабойили афғонӣ мураккабу мушкилзо гашта буд ва қавму қабойили афғонӣ пайиҳам чандин маротиба шӯришҳо бардоштанд.
Дар навбати ахир сарҳади қисмати шимоли ғарбии гузаргоҳи Хайбар муқаррар карда шуд. Дар асоси шарту шаройити Паймони Сулҳи Равалпиндии соли 1919 афғонҳо муваззаф буданд, ки марзҳоро дар ин минтақаи баҳснок «дар асоси таъйиноти комиссияи ҳадгузории бритониёӣ» эътироф намоянд. Махсусияти «Хатти Дюранд» аз он иборат аст, ки марзу сарҳадоти давлатии собиқ Ҳиндустони Бритониё маҳсуб шуда, он ҳамзамон бо марзҳои маъмурӣ мувофиқат намекунад, чаро ки байни он ва «Хатти Дюранд» то ҳол ҳудуди баъзе қавму қабойили мустақили афғонӣ боқӣ мондааст.
Хате, ки беш аз сад сол дарди сари кишварҳои минтақа аст
Чуноне зикр кардем 12 ноябри соли 1893 дар натиҷаи бастани паймону қарордод байни Амир Абдурраҳмонхон ва лорд Дюранд «Хатти Дюранд» ба вуҷуд омад. Замоне, ки моҳи августи соли 1947 Ҳиндустони Бритониё ба тариқи сунъӣ дар асоси нишондодҳои рӯҳониятию ҷамоавӣ тақсим шуд, ба Покистон тамоми манотиқ ва ҳудудҳои мусулмоннишин ворид шуданд. Ин тақсимот, аз як ҷониб Покистон ва Ҳиндустонро мустазъаф гардонид, аз ҷониби дигар муносиботи байниҳамдигариро бо Афғонистони ҳамҷавор хеле мураккабу печида гардонид. Дар муддати шаст соли ахири муносиботи Афғонистону Покистон тамомии муракаббию мушкилот сирф бар асоси натиҷа ва оқибатҳои ҳамин «Хатти Дюранд» ба бор омадаанд. Дар натиҷа як муқаррароту тартиботи ноустувори минтақавие ба миён омад, ки дар он, аз як ҷониб, паштунтаборон, ки дар ҳарду ҷониби марзи Покистону Афғонистон, яъне «Хатти Дюранд», сукунат доранд, усулан дар ҳолату мақоми «миллати тақсимшуда» ба сар мебаранд, аз ҷониби дигар, Афғонистон амалан ва воқеан ҳам ҳеҷ вақт «Хатти Дюранд» - ро эътироф накардааст.
Афғонистон «Хати Дюранд»- ро эътироф накард
Бояд мутазаккир шуд, ки афғонҳои паштунтабор ҳамеша чунин ҳисоб мекарданд ва мекунанд, ки онҳо таърихан ҳуқуқи муомилаю муоширатро бо хешу ақрабо ва ҳаммилатони худ дар ҳар ду ҷониби марз доштанду доранд. Ин ҳудудро аксаран «Ҳудуди қавму қабойили идории федеролӣ» ҳам унвон мекунанд. Ва барои ин асосу заминаҳои ҷиддӣ ҳам вуҷуд дорад. Ҳудуди Паштунистон, ки дар маҷмӯъ қариб 150 ҳазор метри мураббаъро фаро мегирад, ҳудуди 8 - 9 миллион нуфус ҳам дорад ва то соли 1819 дар тобеияти империяи Дуррониҳо фаро гирифта шуда буд, ки баъди парокандашавиии он манотиқи шарқии онро ҳокимони сикхтабори Панҷоб соҳиб шуданд. Дар нимаи дуввуми садаи нуздаҳум заминҳои Паштунистон ба ҳудуди Ҳиндустони Бритониё мансуб ва мутааллиқ дониста шуданд. Паштуҳо бошанд чандин маротиба кӯшишҳо ба харҷ доданд, ки ҳокимияти бритониёиҳоро барҳам зананд. Махсусан солҳои 1897, 1919, 1923 ва 1930.
Моҳи июли соли 1949 Афғонистон расман изҳор дошт, ки паймону қарордоди мавсуф ба «Хатти Дюранд» - ро минбаъд эътироф нахоҳад кард ва аз ҳамин замон ягон ҳукумати минбаъдаи афғонӣ, ҳатто ҳукумати муваққатии толибон (1996 - 2001) ҳам, ки тавассути покистониҳо ҷонибдорӣ пайдор карда буд, ҷуръате пайдо накард, ки ин паймону қарордодро эътироф ва риоят намояд. Ҳамзамон масойили вобаста ва марбут ба марзи расмии байни Афғонистону Покистон то ба имрӯз кушода ва печидатарин боқӣ мондааст.
Афғонҳои паштунтабор, ки маҳз намояндагони онҳо ҳама вақт сари қудрат дар Афғонистон буданд, ба тариқи мутадовим кӯшиш мекарданд, ки тамоми паштунҳои ҳарду ҷониби марз дар доираи як давлат муттаҳид бошанд ва ҳама вақт як барномаи хосаи сиёсие таҳти унвони «Паштунистони Бузург»- ро мехоҳанд амалӣ созанд ва ин омил дар ҳама давру замон дар тамоми навъу шаклҳои муносиботи мухталифи Покистону Афғонистон зуҳур ва буруз кардааст.
Ихтилофоти Покистону Афғонистон
Дар навбати худ Покистон ба тариқи қотеъона изҳор карда буд ва ҳоло ҳам изҳор медорад, ки Афғонистон муваззаф аст то «Хатти Дюранд» - ро эътироф намояд ва ҳудуди 2640 километр то абад бояд марзи расмию давлатии байни Афғонистону Покистон боқӣ монад. Ҳамзамон, Покистон тасдиқоти афғонҳоро оид ба он нукта, ки ин марзу ҳудудҳо замони мустамликадории бритониёиҳо муқаррар карда шуда, Афғонистонро аз заминҳои паштунии худ маҳрум намудааст, инкор карда меояд.
Нахустин бор муносиботи Покистону Афғонистон ҳанӯз 61 сол қабл хеле муташанниҷ гашт ва он замон аллакай се сол аз таъсиси давлати Покистон гузашта буд. Он замон ҳатто Покистон алайҳи Афғонистон аз таҳдиди ҷангу муборизаи мусаллаҳона ҳам кор гирифт. Нирӯҳои ҳарбию ҳавоии Покистон он замон дар баробари ҳудудҳои паштунишини худ, ҳудудҳои паштунишини Афғонистонро ҳам мавриди бомбарон қарор дода буд. Хосатан манотиқ ва нуқтаҳои маскунии паштуннишини музофоти афғонии Пактиё мавриди ҳамла ва бомбборон қарор дода шуд.
Ин аъмоли сиёсию низомии Покистон ҳамчунин як қатор маҳрумиятҳои иқтисодии дигарро ҳам нисбати Афғонистон дар бар дошт. Қисмати аъзами тиҷорати хориҷии Афғонистон, ки роҳи баромаде ба дарёю уқёнусҳо надошту надорад, маҳз тавассути бандари покистонии Қарочӣ сурат мегирифт. Соли 1955 Покистон тасмим гирифт, ки Афғонистонро аз таъминоти маводи сӯхт маҳрум созад ва миқёсу андозаи амалиёти тиҷорати хориҷии худро бо Афғонистон ҳам хеле маҳдудтар намуд.
Дар интиҳои солҳои 70- уми қарни ХХ муносиботи Афғонистону Покистон боз аз нав муташанниҷ гардид. Ҳудуди Покистон ба як пойгоҳи асосии мубориза ва муқовимати мухолифини афғонӣ алайҳи ҳукумати марказии Кобул табдил ёфт.
Агар силоҳи ҳастаӣ ба дасти мутаассибин бирасад
Бояд махсус таъкид кард, ки табдили ҳудудҳои покистонӣ ба пойгоҳҳои мухолифини мусаллаҳи афғонӣ барои худи Покистон ҳам як дарди сари ҷиддие шуд. Бӯҳрони солҳои 1979 – 1989, ки марбут ба ҳузури низомии Шӯравӣ дар Афғонистон буд ва баъди фаъолтар шудани амалиёти муҷоҳидин алайҳи ҳукумати доктор Муҳаммади Наҷибуллоҳ барои худи Покистон ҳам мушкилотеро фароҳам овард, ки дар умури дохилаи ин кишвар низ мухолифатҳо сурат гирифтанд.
Тамоюлҳои манфии он замон зуҳуркарда ҳоло ҳам ҷой доранд. Дар ҳудуди Покистони имрӯза низ ҳафтаю моҳе нест, ки мунозиъа ва ихтилофҳои хуношоми байнимиллӣ, байниқавмию байниқабилавӣ ва байнифирқавию сурат нагиранд. Аҳли тасаннун аксаран алайҳи аҳли ташайюъ ва ҳаводорони фирқаи Аҳмадия мубориза мебаранд. Муназзаман қатлу куштори аҳли насоро, ки дар ҳудуди Покистон сукунат доранд, рӯй медиҳанд. Дар натиҷа орзую омол ва ҳадафу мароми падарон - муассисони Покистони имрӯза – Муҳаммад Алии Ҷанноҳ ва Аллома Иқбол аз таҷассум ёфтану тааммул пайдо кардан ба дуриҳои дур рафта мерасанд. Амалан Покистон ҳоло ҳам ба як давлати то ба охир таъсиснаёфтае монанд гаштааст, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда соҳиб ва молики силоҳи ҳастаӣ низ мебошад. Ҳатто гумону хаёл кардан ҳам боиси ташвишу нигарониҳо мегардад, ки чӣ мешавад агар фаразан ин силоҳҳои ҳастаӣ ба дасти мутаассибини динӣ, ки тӯли ним аср боз алайҳи ҳукумати марказии Кобул ва ҳам бар зидди Исломобод дар муқовимату набарданд, бирасад?!
Покистон роҳи наҷотро ҷустуҷӯ дорад
Кӯшишҳои Покистон оид ба суботу осойиш дар дохили кишвар ва ҳамчунин мӯътадилу беҳтар гардонидани вазъи байналмилалии худ, Исломободро ба он водор намуд, ки аллакай дар ибтидои солҳои 90 - ум ҷиҳати эътидоли вазъ дар Афғонистон даст ба иқдомоти ҷиддӣ бизанад.
Покистон аз пешниҳоди Дабири кулли СММ дар соли 1991 оид ба ҳаллу фасли мушкилоти афғонӣ бо роҳу усулҳои сиёсӣ пуштибонӣ намуд. Покистон ҳатто паймону қарордоди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА - ро оиди манъи таъминоти аслиҳа ба тамоми ҷонибҳои даргири афғонӣ оиди ҳолат нисбат ба 1 - уми январи соли 1992 низ дастгирӣ намуд. Мунтаҳо, дар ниҳояти кор, Покистон худ ин паймону қарордодҳоро минбаъд беэътибор дониста, рияот ҳам накардан гирифт.
Баъди суқуту нузули ҳукумати доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ моҳи апрели соли 1992 Покистон нахустин шуда ҳукумати нави Кобул ва Афғонистонро ба расмият шинохт. То тирамоҳи соли 1994 - ум Покистон бо ҳукумати профессор Бурҳониддин Раббонӣ як навъ муносиботи мӯътадилро нигоҳ дошта меомад. Моҳи июли соли 1992 - ум паймону қарордоде оиди таъсиси комиссияи муштараки байни Покистону Афғонистон дар дараҷаю салоҳиятҳои вазирони умури хориҷа бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самту соҳаҳои мухталифи тиҷорат, иқтисодиёт, фарҳанг ва чанде дигар ба даст оварда шуд, вале, мутаассифона, он дар рӯи коғаз боқӣ монду халос. Ҳамчунин мулоқотҳое оиди хариди гази афғонӣ, ташкил ва созмондиҳии умури тармимотию таъмиротӣ оиди барқарорсозии шоҳроҳи нақлиётии Ҷалолобод - Кобул ба роҳ монда шуда буданд. Вале, ин паймонҳо ҳам татбиқу таъмил нашуда боқӣ монданд. Ҳатто Исломобод чанд дафъа кӯшишҳо ҳам ба харҷ дода истод, ки байни нирӯҳои мухолифи афғонӣ ба ҳайси миёнҷӣ баромад намояд, вале минбаъд ин ихтилофот шадидтар гаштан гирифтанд.
Ибтидои соли 1994 - ум ҳукумати Беназир Буту бо ибтикору ташаббусе баромад намуд, ки як конфронси минтақавие оид ба мушкилот ва қазияи афғонӣ бо ширкати тарафҳои даргири мухталиф ва намояндагони Покистон, Ирон, Арабистони Саъудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ташкил ва гузаронида шавад. Вале ин ташаббусу ибтикор ҳам бенатиҷа боқӣ монд.
(Идома дорад)
Ҷумъахон Алимӣ