Фашизми Пок – Паштунӣ: Террори тоҷикон

Дар миёни хоку хун медидӣ саре…

Rabboni_va_MasoudШаҳодати Бурҳонуддин Раббонӣ ҷаҳони тираву торикро бо ҳама тирагиҳояш бори дигар такон дод. Ӯ медонист, ки рӯзе ин ҷаҳонро бо ҳама касодҳояш тарк мекунад ва дар муқобили ҷангҷӯёну ҷангхоҳон бо сари баланд ва синасипар истода буд, аммо шояд ҳеч гоҳе чунин ноҷавонмардиро ҳатто аз душманони буздилаш ҳам интизор надошт, ки дар либоси "дӯст" қасд ба ҷони азизаш хоҳанд кард. Ӯ тӯли 50 соли умри худро дар мубориза ба хотири истиқлолу озодии Афғонистон бахшид. Ҳатто лаҳзаеро барои худ, ки бояд ба хушнудӣ пардозад, ихтисос надод.

Медонист, ки ҳар лаҳзаи фориғ шуданаш аз сиёсату давлатдорӣ ишколотеро ба сари миллаташ ба бор меоварад. Ба хусус аз он бим дошт, ки накунад рӯзе гурӯҳе аз кӯчиёну биёбонгардон сари қудрат биёянду он ҳама ғановату фарҳангу торихи мутамодии ин кишвари воқеан афсонавиву шарқиро аз байн бибаранд. Ин пешбинии пайғамбарона буд ва толибони тундраву душмани ислом бо ҳама ҷаҳолату зулмот мисли мӯру малах ба хоки Афғонистон рехтанд ва ҳар чизеро чӣ аз наботот ва чӣ аз ҷинси ҷондор фурӯ бурданду ваҳшиёна ба қатл расонданд. Танҳо ӯ буд, ки зидди ин ҳама ваҳшоният мушт боло кард ва то лаҳзаи пирӯзӣ бо онҳо размид. Ҳадафи ин гурӯҳи бо ном "мусулмон" аз байн бурдани фарҳангу дастовардҳои мардуми шимоли Афғонистон буд. Ин ҷо масъалаи маргу зиндагӣ дар миён буд.

Як асри генотсиди тоҷикон дар Афғонистон

Таърихи талхи мардуми тоҷикро дар Афғонистон таърихнависони тамоми дунё, аз ҷумла донандагони хуби таърихи Афғонистон хеле моҳирона ва барозандаву нозук баён намудаанд. Дар ҳама ҷо мебинем, ки сипаҳсолорон, раҳбарону уламои тоҷикзабонро ба як ваҳшонияте қатл ва аз байн бурдаанд. Ва имрӯз ин амали зишт бар алайҳи тоҷикон шиддат гирифта, куштори пешвоёни он идома дорад. Ҳатто бар алайҳи шоҳон аз табааи тоҷик, ки дар таърихи Афғонистон ҳамагӣ ду нафар буданд; яке Амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Сақо ва дигаре Устоди равоншод Бурҳонуддини Раббонӣ ин разолатро раво диданд ва ҳар дуро бо як ваҳшонияте, ки ақли одамӣ онро дар зеҳни худ ҷо намедиҳад, ба қатл расондаанд.

Куштори пешвоёни тоҷик дар тамоми давру замон дар Афғонистон сабабҳоеро доро буд, ки ҳама бар пояҳои қавмигариву нажодӣ бунёд ёфта буданд. Кӯчиҳои Афғонистон, ки ҳамагӣ аз қавму қабоили паштун иборат аст, таҳаммули онро надоранд, ки ба сари қудрат миллате ҷуз паштун биншинад. Торих инро собит сохта ва мо мекӯшем намунаеро аз ин амали нажодпарастона ба хонандагон ёдовар шавем.

Омадан ва рафтани Бачаи Сақо

Барои нахустин бор Ҳабибуллоҳи Калаконӣ машҳур ба Бачаи Сақо, соли таваллудаш 1890, вафоташ 13 октябри соли 1929 ба қудрат расид ва камтар аз як сол салтанат кард.

Ҳабибуллоҳ дар давраи Амонуллохон вориди артиши Афғонистон шуд ва дар ҷанги севвуми афғону англис, ки ба истиқлоли Афғонистон анҷомид, ширкат дошт.

Ӯ дар ҷараёни ҷанги Мангал (мавзеъе аз ақвоми паштуннишин аст, ки дар ҷануби Афғонистон қарор дорад), ки дар он шуморе аз аҳолии ҷануби Афғонистон алайҳи шоҳ Амонуллохон ба мухолифат бархоста буданд, таҳти таъсири мухолифони давлати Амонуллохон қарор гирифт, ки шоҳро кофару мунҳариф аз дини ислом медонистанд.

Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз мубориза бар зидди режими Амонуллохон даст накашид ва гурӯҳҳоеро аз мардони шӯҷоъу далер гирди худ басиҷ сохт ва ҳамоно алайҳи шоҳ мубориза мебурд. Баъд аз муддате ӯ дар манотиқи Кописо, Парвон - дар самти шимоли Кобул маҳбуб шуд. Шоҳ Амонуллохон дастур ба боздошти ӯ дод ва Ҳабибуллоҳ ба Покистон фирор кард.

Дар китоби "Афғонистон дар масири таърих" фирори Ҳабибуллоҳро аз қавли худи ӯ чунин шарҳ медиҳад. "Ман аз тарси Амонуллохон бо писарони момои худ Сикандару Самандар ба Пешовар рафтам…, то мавқеи мусоид фаро расид ва дубора ба Афғонистон баргаштам".

Ҳабибуллоҳ ба Афғонистон бозгашт ва амалиёти худро ба қасди сарнагунии шоҳ Амонуллохон густариш дод ва зиёд тӯл накашид, ки ҷангҷӯёни ҷасури Ҳабибулло ба наздики Кобул, пойтахт расиданд ва баъд аз муддате ҷангу даргирӣ саранҷом сипоҳи чанд ҳазорнафарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар соли 1307 хуршедӣ баробар ба соли 1928 мелодӣ Кобулро тасарруф карданд. Шоҳ Амонуллохон, ки муқовиматро бефоида дид, дар ҳамон рӯз ба суди бародари бузургтари худ Иноятуллохон аз қудрат канора гирифт ва ба Қандаҳор рафт. Се рӯз баъд Иноятуллохон бо подармиёнии Муҳаммадсодиқи Муҷаддадӣ Кобулро тарк кард ва Ҳабибуллоҳи Калаконӣ вориди Арки Кобул шуд ва худро "Амири ғозӣ Ҳабибуллоҳ ходими дини Расулуллоҳ" номид ва бар тахти подшоҳӣ нишаст.

Паштунгароӣ ва ҳукуматҳои кутоҳумри тоҷикон

Rabboni_va_ReganДар ибтидои ҳукумати Ҳабибулло касе ба риштаи қавмии ӯ таваҷҷӯҳ накарда буд ва бештар сарони қабоили пашту ба исми мубориза бо подшоҳи кофир Амонуллохон бо Ҳабибуллоҳи тоҷик табори ҳамкорӣ карда буданд. Вале, вақте ки паштунҳои дурронӣ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки як тоҷики форсзабон дар раъси қудрат қарор гирифтааст, барои онҳо сахт ногувор омад, ки як ғайрипаштун дар Афғонистон ба қудрат расидааст.

Муҳаммадсодиқи Фарҳанг таърихнависи машҳури Афғонистон дар китоби "Афғонистон дар панҷ қарни ахир" навиштааст: "Пас аз хориҷ шудани шоҳи собиқ Амонуллохон аз кишвар, масъалаи қавмӣ дар сафи аввали мавзӯъот мавриди ихтилол қарор гирифт ва паштунҳо бо эҳсоси ин ки подшоҳӣ аз дасташон хориҷ шуда ва ба зуъми баъзе аз онон ба шахсе аз қавми дараҷаи пойинтар тоҷик тааллуқ гирифта, дар баробари давлати ҷадид мавзеъ гирифтанд".

Маҳз ҳамин омил буд, ки ҳукумати Ҳабибуллои тоҷик беш аз чанд моҳ давом накард ва Муҳаммад Нодирхон, ки сафири Афғонистон дар Порис буд ва пештар яке аз фармондеҳони шоҳи собиқ Амонуллохон буд, ба Афғонистон баргашт. Рӯҳониён ва сарони қабоили паштун ҳимояти худро аз Нодирхон ва омодагии худро барои сарнагун кардани салтанати Ҳабибуллоҳ эълом карданд. Муҳаммад Нодирхон бо таҷдиди сипоҳ ва баъд аз чанд ҷанги хунин саранҷом дар моҳи октябри соли 1929 бар Кобул мусаллат шуд.

Қатлу ғорати толибонӣ аз замони Нодирхон то имрӯз

Муҳаммадсодиқи Фарҳанг дар китоби "Афғонистон дар панҷ қарни ахир" дар мавриди фатҳи Кобул аз сӯи сипоҳи Нодирхон, ки аз паштуҳо иборат буданд, ба маҳзи вуруд ба Кобул ба ғорати амволи дигар ақвом пардохтанд (мисли толибон, ки вориди Кобул шуда ба ғорат шурӯъ карда буданд - И.О.) ва ин ҳодиса дар зеҳни бошандагони шаҳри Кобул, ки чанд моҳ пеш назму насқи лашкари Сақовиро дар ҳангоми вуруд ба Кобул бо худдории эшон аз таҷовуз ба дороии мардум ба чашми худ мушоҳида карда буданд, интибоҳи хубе дар бораи дастгоҳи ҷадид ба ҷо нагзошт".

Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки дар Арки Ҷабал-ус-сироҷ (дар наздикии Кобул ҷойгир аст) паноҳ гирифта буд, бо подармиёнии Шамсулҳақи Муҷаддадӣ мавриди афви Нодирхон қарор гирифт ва Нодиршоҳ ба таъаҳуде, ки дар ҳошияи Қуръон навишт, қавл дод, ки осебе ба Ҳабибуллоҳ ва ёронаш нарасонад.

Ҳабибуллоҳи тоҷик ва 17 нафар аз ёронаш дар 15 уми моҳи ноябри соли 1929 ба сипоҳиёни Нодиршоҳ таслим шуданд, вале Нодиршоҳ ба қавли худ вафо накард ва онҳоро ба мардони қабоили ҷануб-паштунҳо, ки ба тозагӣ Кобулро фатҳ карда буданд, супурд.

Лашкариёни пирӯзи Нодирхон Ҳабибуллоҳ ва ёронашро пас аз шиканҷа бо гулӯла куштанд ва ҷасадҳои онҳоро барои чанд рӯз дар чамани (ин макон дар паҳлӯи теппаи шуҳадо, ки имрӯз онро микрораюни кӯҳна мегӯянд, қарор дорад) Кобул ба дор овехтанд.

Таърихнависони дохилӣ ва хориҷӣ мӯътақиданд, ки қатли Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва ҳамроҳони ӯ ба ин шакл иштибоҳи бузурги Нодиршоҳ буд. Зеро на танҳо ӯро дар байни омма ба сифати як шахси паймоншикан ва ҳатто савгандшикан муаррафӣ кард, балки бо додани ҳаққи муҷозоти афроди як қавм бар қавми дигар ҳайсияти давлатро дар чашму дидгоҳи умум таназзул дод ва тухми нифоқу бадбиниро дар байни афроди Афғонистон кишт намуд.

Марги Ҳабибуллоҳ Бачаи сақо ба маънои поёни наҳзати сақовӣ набуд. Дар солҳои 1930-1931 кӯҳдоманиҳо шӯриш карданд, ки бо бераҳмӣ аз тарафи Нодиршоҳ саркӯб шуданд. Аммо, ин иқдомот натавонист хотираи Бачаи Сақоро аз миён бибарад. Ӯ ҳанӯз ба номи "Шерри кӯҳсор" дар байни мардуми кӯҳистон зинда аст.

Дар тӯли мусофиратҳои зиёде, ки дар ин кишвар доштем, медидем, ки чӣ гуна як қавме бар қавми дигаре тасаллут пайдо кардаву дуввумиро ба сони инсон намешумурад. Аслан густохона рафтор намудани қабоили паштун имкон додааст, ки ин қавм беш аз 200 сол худро молики комилҳуқуқи ин кишвар бидонад. Аммо, тоҷикҳо дар ҳар давру замон бо намоиш додани фарҳангу тамаддуни воло дар муқобили як қавми аз фарҳангу ирфон дуру ноошно ҳама чизашонро аз даст додаанд. Вақте инсон зиёд фарҳангӣ шуд, дар муқобили густохии қавме кӯчӣ ва ваҳшонияте, ки содир мегардад, ҳатман инони ихтиёрро аз даст медиҳад ва ҷасуриву далериашро тарсу ваҳм иваз менамояд.

Фашизм: Террори тоҷикон

Бо омадани Бурҳонуддини Раббонӣ ба сари қудрат ҳамин ақвоми ҷануб, ки ҳамагӣ паштунзабонанд, бо толибони тундрави душмани ислому тамаддуни башарӣ ба хотири аз салтанат пойин овардани як тоҷик бо ҳам иттиҳод ва паймони дӯстӣ бастанд. Ҷаҳон шоҳид шуд, ки ҳадафи толибон бо дастгирии ақвоми пашту билкул аз байн бурдану нест кардани тоҷикон буд. Танҳо сипаҳсолоре чун Аҳмадшоҳи Масъудро Худованд рисолат дод, то аз миллату ватанаш ҳифозат намояд ва чунин як аҳдофи шуму ваҳшиёнаро шикаст бидиҳад.

Имрӯз дигар вақти бо ҷоҳил аз адабу фарҳанг сухан гуфтан нест. Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давру замон фарҳангиён ба шикаст мувоҷҷеҳ гаштаанд ва ин ҳама дар дилу дидаи онҳо тарсу ҳаросро ба вуҷуд овардааст. Вақте толибон иддаъо доштанд, ки Афғонистон барои афғонҳост, (онҳо паштунҳоро дар назар доштанд), пас чаро тоҷикон намегӯянд, ки Афғонистон ин як исми сохта аст (ин мавзӯест доманадор ва баҳси дигареро тақозо менамояд) ва ин ватани бобоиву аҷдодии форсзабонҳост. Инро касе такзиб карда наметавонад. Умуман истилоҳ ва забони паштун ҳам маснӯъист ва як баҳси дигареро талаб менамояд. Пас чаро то имрӯз як қавм ҳамеша болои қавми дигаре қудрат дошта бошад? Дар ҳоле, ки ин қавм собит сохтааст, ки на ба Қуръон итминон дораду на ба аҳду паймону вафодорӣ. Ҳамин "аҳду паймонҳо" буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, генерал Муҳамад Довуд ва мавлавӣ Бурҳонуддини Раббонӣ дар чанд соли ахир паи ҳам қурбони ваҳшонияти гурӯҳе аз ҳамин ақвом қарор гирифтанд.

Дигар насиҳатгар намонд

Қатли Устод Раббониро солҳо гиря хоҳам кард. Ин бузургмард бо ҳамон дили бузурге ва тафаккуру тааққули солиме, ки дошт, тамоми ҳушу ёдаш ба сӯи тоҷикону Тоҷикистон буд. Ва чанде пеш насиҳатҳоеро аз ӯ дар сафҳаҳои рӯзномаи "Миллат" хонда будам, ки ҳанӯз ҳам суханонаш дар гӯшам садо медиҳад. Ӯ аз мардуми тоҷик даъват мекард, ки ба тавтеъаи душманон фирефта нашаванд. Маҳз Ӯ сабаб шуд ва мо дубора ба ҳам омадему дар фазои ором ба сар мебарем.

Ту барои мо ҳамеша зиндаӣ ва акси зебоятро бо ҳамон чеҳраи нурониат дар паҳлӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ҷо додаам ва ҳар субҳ бо умеди рӯзи нек ба сӯятон менигараму худро роҳат эҳсос менамоям, мисли ин ки нирӯе осмонӣ вуҷудамро тақвият дода бошад.

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97