Бурҷи иззати тоҷикон шикаст, дигар сулҳ маънӣ надорад

Айши мо талх шуд

Safar_Gazeta_dar_MoshinХабари шаҳодати Устод Бурҳониддин Раббониро шаби 21 сентябр, ки дар як маҳфили хайр бо гурӯҳе аз дӯстон қарор доштам, аз масъули "Миллат" шунидам. Кӯҳе болои шонаҳоям нишаст. Ҳама аҳли он маҳфил аз террор шудани Раҳбари ҷиҳод, муқовимат ва сулҳи Афғонистон, поягузори Давлати исломии Афғонистон Устод Бурҳониддини Раббонӣ ғамгин шуданд. Касе аз аҳли он маҳфил, ки одамони касбу кор ва синну соли мухталиф буданд, напурсид, Раббонӣ кист, зеро барои ҳама ин ном ошнову азиз буд. Фардои он шаби шум дар идораи "Миллат" бо дӯстону ҳамкорон гирди ҳам омадем ва мавзӯъи сӯҳбати мо шаҳодати Устод Раббонӣ ва вазъияти Афғонистон буд. Раҳматкарими дӯсти арҷмандам пешниҳод кард, ки як нафар бояд ба намояндагӣ аз нашрияи "Миллат" ва Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- "Афрӯз" ба Кобул биравад ва дар ҷанозаи Устоди муаззам ва мукаррам, профессор Бурҳониддини Раббонӣ ширкат бикунад, таслияти мардуми бедори кишварро ба хонавода, дӯстону ҳамсафони Устоди марҳум ва ҳама мардуми Афғонистон бирасонад. Барои анҷоми ин масъулияти бузург номзадии банда пешниҳод шуд ва онро барои хеш шараф дониста, субҳи рӯзи панҷшанбе барои дарёфти раводид ба Сафорати Афғонистон рафтам. Он ҷо хонум Фотима Толиқонӣ, як бонуи озодаву донишвар, ки шеър ҳам мегуфтааст ва ба ҳайси муовини раиси Консулгарӣ хидмат мекунад, чун фаҳмид, ки ҳадафи сафари банда ширкат дар ҷанозаи раисҷумҳури пешини Афғонистон аст, дар машварат бо Сафири кабири Афғонистон дар Тоҷикистон оқои Абдулғафури Орзу дар 20 дақиқа раводидро омода карданд ва ройгон бароям тақдим намуданд, ки аз ин хидмати эшон хеле сипосгузорам.

Нияти нек ними давлат

Баъд аз зӯҳри он рӯз дар истгоҳи бозори "Саховат" ронандае меҷӯстам то бандаро бо мошинаш ба нуктаи гумрукии Панҷи поён бубарад, яке "Ҷип"-е пешам истод ва мақсадамро арз кардам. Гуфт, ки бародар, биншин то Кобул мебарам. Ронандаи "Ҷип", ки Зулфиқор номаш буда ва дар Душанбе зиндагӣ мекардааст, дар шаҳри Кобул дар телевизиони "Тулӯъ" маъмурият дошт. Аз чунин бобарор омадани кор бениҳоят шод шудам ва ба худ гуфтам, ки рӯҳи Устоди шаҳиду бузургвори мо мадад кард. Нуктаи назорати гумрукӣ ва марзиро аз ду ҷониб бе мушкил пушти сар кардам. Кормандони ҳарду ҷониби ин нукот хурсанд буданд, ки як ҳамватан ба ҷанозаи як дигар ҳамватани бузургаш меравад. Чун вориди Қундуз шудам, дидам, ки шаҳр саросар мотамзада, пур аз парчамҳои сиёҳ буд ва дар девору тирезаи ҳама муассисоту идораҳо ва манзилҳои мардум расми Устод Раббонӣ насб шуда буд. Дар даромадгоҳу баромадгоҳи ин шаҳр аксҳои бузурги шаҳидони гулгункафан, мардони шӯҷоъ ва сипаҳсолорони бузурги Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, генерал Муҳаммаддовуди Довуд, Мавлонои Саидхелӣ овезон буд. Акнун ба суфуфи ин бузургмардони тоҷики шаҳид Раҳбари ҷиҳод ва муқовимат, Устоди ҳама мардони муборизи Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ низ пайваст.

Ҳама ҷо акси Раббонӣ буд ва як акси порашудаи Карзай

Чизи бароям бойиси ҳайрат дар ин сафар он буд, ки аз Қундуз то ба Кобул дар ҳеч куҷо акси Ҳомиди Карзай, президенти феълии Афғонистон ба чашмам нахӯрд, танҳо дар шаҳри Пули Хумрӣ як акси Карзайро дидам дар канори акси Масъуди шаҳид, ки намедонам бар асари вазиши боди афғонӣ буд ё кори кадом як мухолифи ӯ, ки нисфаш пора шуда буд.

Афғонистони муҷоҳид мотамзада буд ва ҳарчӣ ба Кобул наздик мешудем, инро бештар эҳсос мекардам. Тамоми ронандагон дар шишаи пешу пушти мошинҳои хеш бо нишони эҳтиром акси Устод Раббониро часпонда буданд.

Аз тоҷик буданам ифтихор кардам

Соати 2- и шаб вориди шаҳри Кобул шудем. Дарвозаи шаҳрро беш аз 50 нафар кормандони амниятӣ ҳимоят мекарданд. Мисли ҳама дигар посгоҳҳояшон чун фаҳмиданд, ки тоҷикам ва аз Тоҷикистон омадаам, бо чеҳраи боз "Буру ба хайр" гуфтанд. Воқеъан дар Афғонистон аз тоҷик буданам ифтихор кардам. Ҳама ҷо эҳтироми мани тоҷик, меҳмони тоҷикистонӣ хуб муроот мешуд. Шаби хешро дар меҳмонхонаи "Афғон- Помир" рӯз кардам ва субҳи барвақт ба ёри дерин, бародарам Латифи Пидром, вакили мардум дар Парлумон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон телефонӣ дар тамос шудам. Пидром бо бузургони қавм, давлатмардон ва сарони танзимҳои ҷиҳодӣ машғули такфини ҷанозаи Устод Раббонӣ буда ва бародараш Ҳошимро бароям раҳбалад кард. Бо Ҳошим ва дигар бародарони афғонӣ, ки ҳама аз тоҷикони Бадахшони Афғонистон буданд, ба сӯи манзили Устод Раббонӣ роҳ пеш гирифтем. Дар маркази Кобул ба ҷуз мошинҳои пулис ва амниятӣ дигар ҳеч нақлиёте равуо намекард. Чун пиёда ба наздики манзили Устоди бузургвор омадем, дидем, ки ҷанозаи эшон савори мошине ва корвони бешумори мошинҳо аз пушташ ба сӯи Қасри раёсати ҷумҳурӣ равон буд. Ҳошим бароям маслиҳат дод, то пиёда ба Қасри раёсати ҷумҳурӣ меравем, ки намози ҷаноза адо мешавад, беҳтараш ба Теппаи Вазир Акбархон, ки ҷисми мутаҳҳари Устод он ҷо ба хок супурда мешавад, биравем. Ва ин пешниҳод бароям мақбул афтод ва мо озими Теппаи Вазир Акбархон шудем.

Мақоми олии Устод

Теппаи Вазир Акбархон ҷои хеле баланду зебост, ки шаҳри Кобул батамом зери пои он аст ва манзили поки Раҳбари шаҳид, Қаҳрамони сулҳ, профессор Бурҳониддини Раббонӣ дар баландтарин мавзеъи ин Теппа макон дорад. Кобуле, ки беш аз 20 сол марди аввалаш, саркору раҳбараш Устод Раббонӣ буд, барои ҷовидон пеши назари Устод дар ҷилва аст, пеши чашмони Ӯст. Чун Устод дар зиндагӣ бузург ва баландмартаба буд, пас аз марг низ бузургӣ дид, ҷойгоҳаш дар ҳаёт олӣ буд, ҷанозааш низ дар баландтарин макони пойтахти кишвари азизаш мақом ёфт. Дар роҳ аз пои Теппа то марқади мубораки Устод Раббонӣ, ки ҳудуди ду километр масофаро дар бар мегирифт, 17 камарбанди амниятӣ, яъне посгоҳҳо гузошта буданд, ки ҳар нафарро бисёр бо эҳтиёт ва ҷиддӣ талошӣ ва тафтиш мекарданд. Ҳазорон мардум, ки барои хондани намози ҷанозаи Устоди Шаҳид ба Қасри раёсати ҷумҳурӣ роҳ наёфта буд, ба сӯи Теппаи Вазир Акбархон дар ҳаракат буданд. Дар пои Теппа чун аз журналист будани банда огаҳ шуданд, яке аз муҳофизони Ҳомиди Карзай монеъи рафтанам шуд. Гуфт, ки асбоби аккосӣ ва сабтро пеши мо гузор ва боло шав. Ман розӣ нашудам. Журналистони зиёди хориҷӣ ҳам он ҷо буданд ва интизори амри масъулини ҳукумати Афғонистон менишастанд, то барояшон иҷозаи вуруд бидиҳанд. Ба ҷуз рӯзноманигорони радио ва телевизионҳои Афғонистон дигар касеро иҷозаи пеш рафтан набуд. Ҳамин вақт назди мо "Ҷип"-е омада истод ва ҷавоне хушсурат, бо либоси низомӣ аз он поин шуд. Пурсидам, ки ин кист, гуфтанд, ки қумандон Амини Бадахшӣ аст. Наздаш рафтам, салом кардам ва худро муаррифӣ намудам. Чун тоҷик ва аз Тоҷикистон буданамро фаҳмид, амр кард, ки маро бо мошин ба назди манзиле, ки барои Устод Раббонӣ омода карда буданд ва интизори Safar_Izdihom_az_frontсоҳиби шаҳид ва шӯҳратёри хеш буд, бубаранд. Чун он ҷо рафтам, дидам маконеро, ки беш аз як гектар масоҳат дошт, барои манзили ахирати Устод ҷудо кардаанд ва дар миёна қабре зебо кандаанд. Қабре мисоли қабрҳое, ки дар Дарвоз мекананд, бе пешдолон ва барои рӯпӯш карданаш сағочсангҳо омода карда буданд. Гуфтанд, ки дар ин мавзеъ бояд боғу гулистони хушҳаво ва меҳмонсарои боҳашамат бунёд гардад.

Зиҳӣ, марде, ки мардум пас аз маргат ҳам интизорат биншинанд

Дар сафи пеш нишаSafar_Izdihomi_Mardumстам ва интизори овардани тобути Устодро мекашидам. Ҷавонмарде паҳлавонсимо ва зебо дар паҳлӯям нишаст. Худро шинос кардам, ӯ ҳам дар навбати худ гуфт, ки генерал Муҳаммадқосими Ҷангалбон ҳастам, раиси идораи амнияти вилояти Панҷшер. Беш аз панҷ ҳазор мардум берун аз қабрҷои Устод Раббонӣ монда буд ва кормандони амнияту пулис амр гирифта буданд, ки ба ҷуз ашхоси саршинос, нухбагони давлат, қумандонҳои ҷиҳодӣ ва сарварони идораҳои амнияту пулис, ки аз минтақаҳои мухталифи Афғонистон омада буданд, то расидани ҷанозаи Устод касеро иҷозаи вуруд надиҳанд, аз ин рӯ мардум дар он макони панҷарабаста ва пушти дарвозаи оҳанӣ зери офтоби сӯзони Кобул аз соати 5- и саҳар то соати 12- и рӯз интизор менишаст.

Ғиреви Амруллоҳи Солеҳ ва ҷунбиши мардумӣ

Safar_Amrullohi_NasrullohiНогоҳ ҳамин вақт буд, ки дидам мардум ба ҷунбиш афтод ва садоҳое олуда ба сақату нафрингӯӣ ва наъраи такбир баланд шуд. Аз рӯи тақозои вазифа инҷониб аз ҷой боло шудам ва пеши панҷара рафтам. Ҷавоне ба сӯи муҳофизони идораи раёсати ҷумҳурӣ, ки масъулияти амнияти ин маконро бар дӯш доштанд, хитоб кард: "Хоинони муздур! Толибе беҳувияту бепадарро мегузоред ба манзили Раҳбари мо меравад ва Ӯро мекушад, ба мо иҷозаи хондани ҷанозаи Устоди шаҳидамонро намедиҳед ва пушти панҷара нигоҳ медоред." Мардум бештар ба шӯр омад, суханони он ҷавон бомбае буд, ки издиҳомро тарконд. Аз ҳар сӯ садоҳои "Марг ба Карзай!", "Марг ба Амрико!", "Марг ба Покистон!", "Марг ба (ICI) Ойсиой!", "Марг ба душманони Ислом!" баланд шуд. Аз генерал Ҷангалбон пурсидам, ки ин ҷавони шӯҷоъ кист, ки суханаш мардумро ба шӯр оварда, гуфт, ин Амруллоҳи Солеҳ аст, раиси пешини амнияти шаҳри Кобул, ки аз тоҷикони Панҷшер аст. Ҳамин дам мардум нирӯҳои амниятиро сангборон карданд, шишаҳои мошинҳои муҳофизони Карзайро шикастанд, бар сари онҳо сангу хок рехтанд. Нирӯҳои амниятӣ барои тарсонидани мардум беист ба осмон тир мекушоданд, вале фаромӯш карда буданд, ки ин Афғонистон аст ва касе дигар аз тир наметарсад. Тирпаронӣ дар Афғонистон мисле, ки як вақт "хлопушкакафонӣ" дар Душанбе буд, ҳамин ранг аст. Мардум аз тир кушодани нирӯҳои амниятӣ худро таҳқир, шуда дониста ва дарвозаро бо зӯрӣ боз карда, ворид шуданд.

Ҷанозаи Устод шӯришгаронро ором сохт

Ҳамин вақт буд, ҷанозаи Устоди шаҳид ҳам расид. Аҳмадвалӣ Масъуд, бародари Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамроҳ бо падарарӯси Устод Раббонӣ аз Амруллоҳи Солеҳ хоҳиш карданд, ки аз тариқи баландгӯяк сухан бигӯяд ва мардумро ором кунад. Солеҳ мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуд ва хоҳиш кард, ки ором бошанд то ҷанозаи Раҳбари хешро ба хок супорем ва баъд дар хиёбонҳои шаҳри Кобул тазоҳуротро идома бидиҳем. Вазири дифоъ, генерал Вардакро дидам, ки дигар аз тарси мардуми ба шӯр омада осемасар роҳи гурезро пеш гирифт, чанде дигар мансабдорони афғонӣ ҳам фирор карданд. Салоҳуддини Раббонӣ, сафири Афғонистон дар Туркия, фарзанди аршади Устод Раббонӣ ҳам аз мардум сабру таҳаммул хост. Ба вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон, раиси ҷунбиши «Тағйир ва Умед», аз ҳамсангарониУстод доктор Абдуллоҳ иҷозаи сухан гуфтанро надоданд.

"Хуш омадед, хеши Падари мо!"

Safar_QabrБанда назди Ҷалолуддини Раббонӣ, як дигар фарзанди Устоди шаҳид, ки масъулияти раҳбарии телевизиони "Нур"- ро бар дӯш дорад, рафтам ва таслияти дӯстону ихлосмандони Устодро барояш расонидам. Ҷалолуддини Раббонӣ барои мо шаҳодати Устодро муборакбод гуфта, илова кард: "Хуш омадед, хеши Падари мо, хеши мо". Маро аз шунидани ин сухан хуш омад, ки хонадони Устоди бузургвор мисли худаш мо тоҷиконро хеши худ медонанд. Ҳангоми ба хок супурдани ҷанозаи Устоди Раббонӣ, Шаҳиди Қаҳрамони Сулҳ ғиреви мардум гӯши фалакро кар кард. Ҷавонони зиёдеро медидам, ки ашки сӯзон дар бари рӯ худро ба хок афканда, ғел мезаданд. Гӯё қиёмате барпо шуда буд. Пайкари устодро ба хок супурданду қиёмат идома дошт, мардум бар сари турбати Устод хун мегиристанд, ба хотири умедҳои барбодрафта, ба хотири захмҳои малҳамнашуда, ба хотири садҳазорон шаҳидони роҳи озодиву саодат, ба хотири Устоди ҳомии Ватан. Худро базӯр аз издиҳом берун кашидам ва бо ҷигари хунчакон ва ашк бари рухсор аз Теппаи Вазир Акбархон поин шудам…

Бурҷи иззат рафту шерони ватанро ашк бар рухсор кард

Шаби хешро дар манзили бародарам Латифи Пидром ба саҳар оварда бо ҷамъи бародарони афғонӣ, ки аз Бадахшони Афғонистон ба ҷанозаи Устод Раббонӣ омада ва шаб бо ҳам дар манзили Пидром будем, ба масҷиди Ҳазрати Абубакри Сиддиқ воқеъ дар маҳаллаи Баҳористони Кобул рафтем ва дар маросими фотеҳахонӣ ба рӯҳи Раҳбари ҷиҳод ва сулҳи Афғонистон ширкат намудем. Шаҳри бостонии Кобул ва кулли мардуми Афғонистон аз шаҳодати Устод Раббонӣ бо тамоми шукӯҳу ҷалол арҷгузорӣ намуданд. Дар тамоми масоҷиди ҷомеъи вилоятҳои Афғонистон намози ҷанозаи ғойибона баргузор шуд. Ҳатто дар вилоятҳое чун Кандаҳор, Пактико, Нангарҳор ва Нимрӯз, ки нуфузи Толибон зиёд аст, маросими хондани намози ҷаноза ва фотеҳахонӣ баргузор шуд, ки ин бешак гувоҳи марди миллӣ ва раҳбари мардумӣ будани Устод Раббонӣ буд. Ҷанозаи Устод Раббониро дар Қасри раёсати ҷумҳурӣ яке аз шахсиятҳои шинохтаи Афғонистон, Шайх-ул- ҳадис Абдураб Расули Сайёф имоматӣ кард, ки аз қавми пуштун аст. Расули Сайёф Устод Раббониро Бурҷи иззати Афғонистон ва Раҳбари миллат ва ҷиҳод унвон кард. То кунун ашки сӯзони бари рухсораҳои Ато Муҳаммади Нур, волии Балх, Латифи Пидром, узви Вулуси Ҷиргаи Афғонистон, Аҳмадвалӣ Масъуд, бародари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон пеши чашмони ман аст.

Бародари харсавору донишманди президент

Safar_Boboi_DehqonДар ин ҷо мехоҳам аз дидаву шунидаҳоям дар Кобул як ҳодисаи дигарро барои хонандаи азизи «Миллат» қисса бикунам, шояд хонданӣ ва шуниданӣ бошад. Шаб дар манзили Пидром як меҳмони ӯ марди хушсӯҳбате аз вилояти Бадахшон қисса кард, ки чун хабари шаҳодати Устоди муаззам ба волии Бадахшон мерасад, ба як нафар амр мекунад, ки аз рустои Афтал, ки Раҳбари ҷиҳод ва муқовимати Афғонистон профессор Бурҳониддини Раббонӣ он ҷо зода шудааст, бо мошин рафта бародари Устодро, ки як деҳқони оддӣ ва муллои донишманд аст ва Махсум номаш мебаранд, гирифта ба Кобул бубарад. Чун ронанда ба рустои Афтал наздик мешавад, мебинад, ки бобои Махсум харсавор сӯи шаҳри Файзобод меравад. Гумон мекунад, ки аз марги бародари оламшинохтааш ӯ хабар надорад, вале бехабар аз он ки бобои Махсум аз кадом радиои хориҷие аз шаҳодати бародари боиззат ва давлатмарди забардасташ огаҳӣ ёфтааст. Ронанда мепурсад, ки Бобои Махсум чӣ саргардон шудӣ, ба хайр бошад, ӯ оҳи бадарде мекашад, оби дидааш аз чашмон сарозер мешавад ва ҷавоб медиҳад, ки «ин саҳар Фарзанди падар саргардонум кардай, мерам Кобул». Ронанда мефаҳмад, ки Бобои Махсум аз шаҳодати бародараш Устод Раббонӣ бохабар аст. Ва як нафарро мефармояд, ки хари Бобои Махсумро гирифта ба деҳа баргардад ва худи ӯро бо мошин ба Кобул меорад.

Зиҳӣ Устод, Раҳбар ва Президенте, ки миллионҳоро ҷипсавору мерседесдору соҳиби қасру бӯстонсароҳо, мансабу мақомҳо карду бародараш Бобои Махсум дар деҳи дурдасти Бадахшон харсавор аст. Бе маъошу бе вазифа, дар кулбаи лойини падарӣ мезияд. Вале дар ҷанозаи бародари шаҳидаш ин деҳқони кӯҳистонӣ мисли олим сухан гуфт. Чӣ иттифоқе аҷиб ва ҳодисае дар ҷаҳони имрӯз хеле нодир, ки афсонаро мемонад. Бародари Президент бе вазифа, бе хонаву манзили мӯҳташам, як деҳқони харсавор! Касе бовар кард? НЕ?! Вале ин ҳақиқат аст. Ҳақиқатест, ки он бозгӯи Президент ва раҳбари мардумӣ будани Устод Раббонӣ аст.  

Ҳатман дар матлабҳои баъдӣ дар бораи баъзе аз ҷузъиёти ин сафари хеш ба Афғонистон, аз дидаву шунидаҳо, аз сӯҳбату гуфтугӯҳоям бо мардуми ин диёр қисса хоҳам кард. Рӯҳи азизи Ҳамшаҳрии Бузурги мо, Қаҳрамон ва Шаҳиди Сулҳ, Устод Бурҳониддини Раббонӣ гиромӣ ва ҷояш фирдавси барин бод!

Толибшоҳи САЙИДЗОДА, Душанбе- Кобул- Душанбе                            
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97