Сентябри шум ва ё террори Устод Раббонӣ ба манфиати кист?

rabbani7878727 - уми сентябри соли 1996 тасхир ва тасарруфи Кобул тавассути нирӯҳои Толибон ва қатли собиқ раисҷумҳури Афғонистон доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ ва бародари ӯ, 9 - уми сентябри соли 2001 марг ва шаҳодати омирсоҳиби шаҳир, сипаҳсолори силаҳшӯр, шахсияти маъруф Аҳмадшоҳи Масъуд, 11 сентябри соли 2001 инфиҷори биноҳои мӯҳташами тиҷоратии дугона дар Ню - Йорк тавассути "нирӯҳои номаълум" дар Амрико ва "сабаби аслӣ" - и вуруди нирӯҳои низомии Амрико ва НАТО (беш аз 40 давлати дунё ва беш аз 140 ҳазор афсару аскар) ба Афғонистон, террори генерал Муҳаммаддовуди Довуд, як тоҷики озода ва чеҳраи шинохтаи Афғонистон ва инак шоми рӯзи 20 - уми сентябри соли равон ба шаҳодат расидани яке аз лашкардорони шаҳир, муҷоҳиди асил, раисҷумҳури Афғонистон дар солҳои 1992- 2001, профессори улуми иллоҳиёт, муҳаққиқи ҷомеъашинос, сарвари Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва раҳбари Эътилофи Шимол, шахсияте, ки тайи 10 сол бо ғосибони Шӯравӣ ва дар 15 соли ахир бо Толибон муқовимату мухолифат дошт ва яке аз басиҷгарони нирӯҳои миллии тоҷиктабор алайҳи таассуби толибонию паштугароӣ, Устод Бурҳониддин Раббонӣ тавассути маводи мунфаҷирае, ки дар саллаи ду нафар толибонӣ роҳандозӣ шуда буд ва дар радифи Сафорати ИМА дар Кобул иқомат дошт, аз воқеъоту ҳаводиси нангину маргбору мӯҳлике ҳастанд, ки ҳама ҳалқаи як силсилаанд ва пушти ин ҳама дасисаву фитнаҳо шикастани рӯҳи муқовимати Тоҷик дар Афғонистон меистад. Марг ва шаҳодати Устод Раббонӣ дар арафаи иҷлосияи таърихии Маҷмаи умумии СММ, ки ахиран бояд баргузор шавад, роҳандозӣ шуд, ки хеле мармуз аст. Суолҳои зиёде бепосух мемонанд: Чаро Амрико наметавонад дар Кобул ҳатто бинои сафорати худро муҳофизат намояд, ки дар ҷавори он шаҳид Раббонӣ сукунат дошт? Чаро толибон ва нирӯҳои номаълум ин дафъа маҳз профессор Бурҳониддин Раббониро ҳадафи ҳамлаи интиҳории худ қарор доданд? Агар қаблан Ҳомид Карзайро "мири шаҳри Кобул" ном мебурданд, имрӯзҳо шояд ӯро "мири хонаи худ" унвон кардан бомантиқтар бошад. Чанде қабл зимни инфиҷори ҳамсояиморат Рашид Дустум то чанд муддат аз хонаи худ фирор карда буд, вале профессор Бурҳониддин Раббонӣ раёсати Шӯрои Олии Сулҳро ба ӯҳда дошт ва мехост, дар айёми пирӣ то ҷое, ки метавонад ба ватан, кишвар ва миллати худ хидмати дигаре карда бошад!

Имрӯзҳо мардум дар Итолиё гурӯҳе аз зилзиласанҷҳо (сейсмологҳо) - ро ба додгоҳ кашидааст, ки чаро рӯзу соати зилзиларо мушаххасан муайян карда натавонистанд то ҳудуди 20 нафаре, ки ба шаҳодат расидаанд, зинда мемонданд. Масъулияти маргу шаҳодати ин ҳама фидоиён ва чеҳраҳои саршиноси тоҷиктаборро дар Афғонистон, Амрикою НАТО ба ӯҳда мегирифта бошанд ё на?

Rabboni_ruzi_marg_01Ин ҳама ҳаводис дар қалби Афғонистон дар ҳолате рух медиҳанд, ки Амрико ва НАТО нируҳои худро батадриҷ аз хоки кишвар баровардан доранд! Вале, онҳо шӯравӣ нестанд, ки ба тариқи пурра ҳама ҷузву томҳои худро баякборагӣ хориҷ намоянд! Гумони ғолиб он аст, ки Амрико ва НАТО шояд чанде аз бригадаҳои таъйиноти хосаи худро дар қаламрави Тоҷикистон ва ё Узбакистон дар ҷавори Афғонистон мустақар намояд! Бахусус имрӯзҳо, ки нафарони зиёде аз Бритониёи Кабир ва Амрико дар хоки Тоҷикистон даст ба омӯзишу таҳқиқи психологияи мардум задаанд ва онҳо одатан чанд муддат қабл аз тарҳрезии амалашон дар кишварҳои мавриди назар чунин "тадқиқотҳое"- ро роҳандозӣ мекунанд. Ҷои ҳамаи ин аъмол Амрикою НАТО ва маҳофили сиёсии ҷаҳониро зарур аст, ки дар фикри бо ҳам муттаҳид кардани тамоми паштуҳои Афғонистону Покистон иборат аз музофотҳои Қандаҳор, Урузгон, Ҳилманд, Пактиё, Пактико, Нангарҳор бо Пешовару Кветтаю Своти Покистон бошанд, то аз дарди сари тамоми ҷаҳон халосӣ ёбад ва "Хатти Дюранд", ки иштибоҳан ва ё бо ғаразҳое тавассути инглисизабонҳо тарроҳӣ шуда буд, ислоҳ ёбад!

Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури Афғонистон буд, ки баъди ба сари қудрат расидани толибон дар соли 1996 ҳукумати марказии ӯ суқут карда бошад ҳам, тавассути сохторҳои байналмилалӣ ӯ то соли 2001 ба сифати раҳбари қонунӣ расман эътироф мешуд. Бурҳониддин Раббонӣ соли 1940 дар шаҳри Файзободи музофоти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик аст. Аз соли 1963 устоди Донишгоҳи Кобул буд ва аз ҳуқуқи исломӣ дарс мегуфт. Ӯ чанде то соли 1968 муҳассили Донишоҳи Ал - Азҳари Миср дар риштаи фалсафаи ислом буд. Баъди табаддулоти Довуд Шоҳ соли 1973 ба Покистон рафта, дар шаҳри Пешовар паноҳгоҳ меёбад. Солҳои 1979 - 1989 мустақиман дар муқобилияту муқовиматҳо алайҳи нирӯҳои низомии Шӯравӣ ширкат дошт. Яке аз сипаҳсолорони Ҷабҳаи муқовимат маҳсуб буд, ки теъдоди муҷоҳидинаш то 20 ҳазор нафарро ташкил мекард. Бурҳониддин Раббонӣ соли 1985 шахсан дар пахш намудани шӯрише дар урдугоҳи минтақаи Бодабара ширкат намудааст. Соли 1992 ӯ ба Кобул баргашта, 28 - уми июн тибқи паймони Пешовар мақоми раисҷумҳури муваққатии Давлати Исломии Афғонистонро бар дӯш гирифт. 30 - юми декбри соли 1992 аъзои Шӯрое, ки аксарият ҳавохоҳи профессор Бурҳониддин Раббонӣ буданд, ӯро барои 2 соли минбаъда раисҷумҳур интихоб ва тасдиқ намуданд. Соли 1994 салоҳияту ваколатҳои ӯ тавассути Додгоҳи олии Давлати Исломии Афғонистон тамдид карда шуд. Шурӯъ аз соли 1996 ӯ яке аз сарварони бонуфузи Эътилофи Шимоли Афғонистон буд. 22 - юми декабри соли 2001 профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба тариқи расмӣ аз мақоми раёсатиҷумҳурӣ истеъфо дод. Ӯ то кунун сарварии ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва мақоми раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишварро ба ӯҳда дорад. Ӯ доктори улуми иллоҳиёт буда, чандин асарҳои илмию тадқиқотӣ бахусус оид ба осор ва аҳволи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таълиф намудааст.

Дар радифи аҳзоби сиёсию исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ сиёсатмадори мӯътадилтарин маҳсуб аст. Маъмулан намояндагони ҳизби ӯ чанде аз музофоту шаҳрҳо ва вулусволиҳоро раҳбарӣ менамоянд. Дар тамоми мақомоти қудратӣ ва доираҳои ҳукуматӣ намояндагони ҳизби Устод Раббонӣ фаъолият доранд. Ҳизби ӯ ҳама вақт кӯшиш бар он кардааст, ки аксарияти курсиҳои Порлумонро соҳиб шуда бошад ва раҳбарии онро низ ба уҳда бигирад. Акнун раҳбари ин ҳизб, ки тайи чиҳил сол онро сарварӣ мекард, марди муборизу муҷоҳид, Раҳбари муковимати Тоҷикон ва мардуми Афғонистон бар алайҳи истеъмори Шӯравӣ ва қудратхоҳии Толибон, тоҷикмарди озодаву фарҳехтаву донишманду сарфароз Устод Бурҳониддини Раббонӣ бо дасти сиёҳи душманони Ӯ, ки душманони тамоми миллати сарбаланди Афғонистон мебошанд, ноҷавонмардона террор шуд. Оё аз ин дида кори нангине дар Ислом ва мусалмонӣ ҳаст, ки ба манзили як Муҷоҳид, Худошинос, Олими дин, Раиси кишвар, Сарвари аршади Ҷиҳод, ба хонаи Устод ва Раҳнамову Раҳбари муқовимат, Бузурге чун Бурҳониддини Раббонӣ биёӣ ва Ӯ даст ба сӯят бо меҳрабонӣ дароз бикунад ва бигириву Ӯро бикушӣ. Фармоишгарону гунаҳкорони қатли Устод Раббонӣ ҳатман бояд ёфт ва муҷозот шаванд. Барои мо Устод Раббонӣ дар мақоми "Қатил- ли- Лоҳи фи сабил- Лиллоҳ" қарор гирифт. Мақому манзалате, ки орзу ва ормони ҳамешагии Ӯ буд. Мақоме, ки аз муборизаву талошу пайкор муродаш он буд. Мақоме, ки он мансуб ба муҷоҳидини асил ва авлиёи Худо тааллуқ дорад. Мақоме, ки хеле олӣ ва сутуда аст. Чун ҷойгоҳи Устод Раббонӣ дар зиндагӣ олӣ ва бошараф буд ва иншааллоҳ, ки баъди шаҳодат низ мақоми ин Олими дин, Арбоби давлату сиёсат, Дӯстдори Кишвару Миллат сутудатару раббонӣ хоҳад буд.

Ёди азизи Устоди гиромӣ ва Муҷоҳид, Ҳамшаҳрии оламшинохтаи мо ба хайр ва манзили охираташ ободу чун чеҳраи офтобии тоҷиконааш нурборон бод!!!

Ҷумъахон АЛИМӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97